По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.05.2015
 

Қатли муҳоҷири тоҷик зимни суҳбати телефонияш бо ҳамсар

Раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Маскав аз боздошти ду наврас ва як ҷавони 18-сола аз шаҳри Королеви назди Маскав иттилоъ дод, ки 3 майи соли равон шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба қатл расондаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ин гуруҳ таҳти роҳбарии Алексейи 18-сола, 3 май ба шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле ҳамла намуданд, ки аз кор бармегашт ва тариқи телефон бо ҳамсараш суҳбат мекард: “Ҷабрдида сарулибоси зебо доштааст ва ҷавонон тасмим гирифтаанд, ӯро ғорат кунанд. Аввал ӯро бо калтак зада, баъдан “отвертка”-ро ба гарданаш мехалонанд. Аз ҷароҳатҳои бардошта шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Муттаҳамон ӯро ғорат карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ноболиғон иқрор кардаанд, ки бо ҳамин шева як шаҳрванди дигар аз ИДМ-ро дар моҳи марти соли равон куштаанд: “Аз ҷониби муфаттишон далели даст доштани ин ҷавонон дар ду ҳолати куштор ҷамъоварӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ боздоштшудаҳо дар 9 ҳолати куштор дар пойтахту назди Маскав иқрор шудаанд ва феълан муфаттишон дурустии нишондодҳои онҳоро тафтиш доранд.

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Қатли муҳоҷири тоҷик зимни суҳбати телефонияш бо ҳамсар”

  1. Аноним Сказал(а):

    Гузаштагони мо бояд зидди гитлер чанг намекарданд онхо ориеи буданд итифокчихои онхо давлатхои мусалмон яъне сузишвориро ирак медод израилро ба фаластинихо тухфа карда буданд вале мо зидди онхо чангидем подоши хизматхои гузаштагонамон моро мекушанду мо часадхои худро мехарем вале ягон хукуматдорони рус инро намебинанд

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.507 seconds.