ҲАҚҚИ МАРДУМА ТЕ! ЭЪТИРОЗИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)
Як муҳоҷири ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Маскав бо талаби пардохти маоши ҳамватанҳояш ба таври пурэҳсос садо баланд мекунад, ба як қаҳрамони матбуоти Русия табдил ёфт. Ин ҷавон, аз ӯ Анзор ном мебаранд, дар видеои ТВ “Дождь” хитоб ба корфармоёнаш бо забони тоҷикӣ талаб мегузорад, ки “Ҳаққи мардума те!”
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии “Дождь”, рӯзи 11 апрел кормандони корхонаи давлатии “Жилищник” дар минтақаи Медведковои шаҳри Маскав дар назди дафтари ин корхона гирди ҳам омада, маоши худро талаб карданд.
Онҳо мегӯянд, ки масъулони корхона муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро ҳар рӯз то 16 соат кор мефармоянд, вале болои ин, маоши онҳоро баъди иваз шудани роҳбарияти “Жилищник” қариб ду баробар кам кардаанд. Ба муҳоҷирон, ки дар ин корхона асосан ба роҳрӯбӣ ва тозаву кабудизор кардани кӯчаҳо машғуланд, аз ҷумла 10000 рубл мукофоти ҳармоҳаро надодаанд.
Дар байни эътирозгарон як нафари аз ҳама фаъол ҷавони тоҷике буд, ки бо забони тоҷикӣ аз корфармоёнаш талаб мекард ки: “Ҳаққи мардума те!” Ин ҷавон, ки хабарнигор ӯро Анзор ном бурд, чунон пурэҳсос ҳарф мезад, ки ҳамватанҳояш ҳатто ӯро нигоҳ медоштанд, то ки аз гиребони корфармо нагирад.
Муовини раиси управаи Медведково бо эътирозгарон мулоқот кард ва ваъда дод, ки ба шикоятҳояшон расидагӣ хоҳад шуд. Ба ҷои ҳодиса кормандони пулис низ фиристода шуданд, ки тартиботро риоя кунанд. Бино ба охирин хабарҳо, бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии пулиси маҳаллӣ низ ба тафтиши шикоятҳои муҳоҷирони роҳрӯб шурӯъ кардааст.
— Люди ругают нас, что мы в воду кладем асфальт, кто так делает? А им лишь бы ходку сделать: фотографируют — и все! Машина проехала, и нет асфальта.
— А зачем вы в воду кладете?
— Да потому что приказ у нас от этих… начальников
Сегодня в Москве рабочие ГБУ «Жилищник Южное Медведково» устроили настоящую забастовку против компании. О том, чем недовольны сотрудники «Жилищника» — в сюжете Ксении Назаровой
akhbor.com
Похожие записи:
- И всё-таки г-н З.Абдуллаев ждет “флэшмобную революцию” 13 июля 2011
- Обвинение в «оскорблении по национальному признаку» предъявлено в тот момент, когда вопрос о русском меньшинстве вышел на первый план. 12 февраля 2015
- Чем же опасны для нас информационные войны? «Каждый человек, военный или гражданский, участвует в информационной войне в той или иной ее форме» В. Маркоменко, зам. генерального директора ФАПСИ РФ 2 марта 2012
- Телеканал “ДОЖДЬ”.КОФЕ-БРЕЙК с Председателем Общероссийского общественного движения “Таджикские трудовые мигранты” Кароматом Шариповым о процедуре дактилоскопирования мигрантов.(Видео). 21 октября 2011
- Виртуальный ОМОН таджикского Интернета 11 января 2013