Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 03.07.2010
 

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам…

Айёми мактабхонї аз тарси њайбату сиёсати устод буд ё талоши гирифтани бањои аъло, ашъори зиёди шоирони пешгузашта ва муосирро њифз карда будам, гарчанде ба умќи маънии дурусту комили онњо намерасидам. Бо гузашти айём ва пушти сар шудани ќисмате аз њаёт, гузаштан аз баъзе шебу фарозињои зиндагї, дар баъзе лањзањои њассос мисрањои 10-12 сол пештар дар як гўшаи маѓзи наврасонаи поку беолоиш аз носозињои рўзгор, ѓайбату тўњмату ќабењиятњо сабтшуда, бо мушоњидаву эњсоси беадолатию риёкорї, дурўѓбофию дурўѓгўињо, дурўягию ваъдахилофињо, аз нав ба ёд меооянду собит месозанд, ки гарчанде аз давраи офарида шудани ин мисрањо солњои тўлонї сипарї шуда бошад њам тафаккур, рафтору кирдори он шахсиятњое, ки дар њаќќашон чунин суханњо офарида шудаанд, таѓйир наёфтааст. Бубинед, аз ќалби пуртуѓён ва аз нобасомонињои кишвараш ба дод омадаи шоири хушкаломи эрониасли Тољикистон Абулќосим Лоњутї, њанўз дар солњои 30-юми асри гузашта њарфњои зерин бурун омада, рўи коѓаз рехта шуда буданд, ки:

…Њама доди ватанхоњї зананд, аммо намедонам,

Ватанхоњї ба гуфтор аст, ё кирдор, ё њар ду?…

Њафтаи гузашта дар кадом рўзномае матлаберо хондам, ки дар он муаллиф аз гузашти 100 рўз баъди интихоботи парлумонї иттилоъ медињад. Яъне, аллакай беш аз сад рўз мешавад, ки вакилони баргузидаи мардум дар парлумони касбї дар хидмати райъдињандагони худ ќарор доранд ва дар роњи њал, осону мутобиќ намудани масоили сиёсї, иќтисодию иљтимоии љомеа ва маскунини кишвар ба ќабули асноду ќавонини љадид машѓуланд. Ростї, мутолиаи ин навишта, маро ба майдони фикру андеша кашид ва сар ба љайби тафаккур задам ва баъди чанд лањзаи сукут худро як интихобкунандаи соддалавњу гўлзада дарёфтам.

Бо суќути режими шўравї ва соњиби истиќлол шудани Тољикистон, бароям муяссар гашт, ки бо њидояти ќиблагоњи бузургворам, ки аз ањли таќво буданд, ба яке аз кишварњои исломї сафар намоям ва пояю арзишњои муќаддаси дини мубини исломро омўхта ба Ватани азизам баргардам. Муњаббат ва арљгузорї ба дини рањнамунсози ростию росткорї – ислом ва шиори зебою нишонраси тарѓиботии Њизби нањзати исломии Тољикистон: «Имон ба Худо, садоќат ба Ватан, хидмат ба Мардум» дар маъракаи ќабл аз интихоботї, маро то дараљае тасхир намуд, ки ифодакунандаи орзую ормонњои хеш ва роњи расидан ба ояндаи некро дар он дарёфтам. На танњо худам, балки наздикону дўстонамро барои додани раъйи хеш ба тарафдории ЊНИТ талќин кардам.

Интихобот пушти сар шуд, шўру маѓалњои зиёде оиди таќаллубкорињо дар рафти он сару садо доданд ва баъди сипарї шудани ду-се њафта ин маърака ба гўшаи фаромўшї рењлат кард ва худи вакилони тозаинтихоб низ раъйдињандагон ва ваъдањои ба онњо додаашонро аз ёд рабуданд. Аз љумла, ду нафаре (Раиси ЊНИТ ва муовинаш), ки бо гирифтани раъйи ману ман баринњо соњиби корти сурхи вакили мардумї шуданд, яке рў ба гардиш дар сайёра нињод ва дигаре пушти курсии мулоиму бароњати вакилї ба хоби ѓафлат рафт. Ва дар ин миён, танњо ман худро фиребзада дидам, зеро мушоњида кардам, ки он «…рисолатњо дар расидан ба як љомеаи пешрафтаи иќтисодї, мустаќил, озод ва босубот, ба мардумсолорию шоистасолорї ва каромати инсонї бар асоси арзишњои миллї-мазњабї ва ѓ…» (аз барномаи ќабл аз интихоботии ЊНИТ) боз њамон фиребе будааст, ки дар тамоми давру замонњо дигар номзадњо ба вакилї ба мардум медоданд. Бо «имонашон бо Худо» намерасам, вале «садоќаташонро ба Ватан» ва «хидматашонро ба Мардум» аллакай эњсос кардам. Маќсад аз ин суханбозињо гирифтани њамон корти вакилї беш набудааст. Корте, ки љойгоњи онњоро аз љойгоњи мардуми оддї болотар мебардорад ва њуќуќи «дастнорасї»- ро медињад ва майдони љавлонро барои густариш ва болобарии сатњи ба истилоњ «имиљи сиёсї» васътар месозад.

Бубинед ва ќазоват кунед, ки мўњтарам вакили интихобкардаи ман Муњиддин Кабирї чї гуна манфиатњои маро дар Парлумон њимоя карда истодааст. Баъди интихоботи парлумонї номбурда, курсии кории худро дар толори Парлумон холї гузошта ба кишварњои Туркия, Ќувейт, Британияи Кабир, Олмон, Австрия, Шветсария ва Руссия сафар анљом дод. Маќсад аз сафари мазкур чї буд, барои мани интихобкунанда ва њаводори ЊНИТ номаълум боќї монд. Моњи май бори дигар ба Руссия ва Британияи Кабир ба гардиш рафт. Чанд рўз ќабл масъалае пеши рўям омад ва барои кўмакпурсї дар њалли он ба дафтари маркази тањлилии «Диалог» рафтам. Дар он љо маълумам гашт, ки Муњиддин Кабирї боз дар Аврупост ва мўњлати бозгашташ њоло маълум нест. Дар дафтар чанд нафар даври ин сафар сўњбат доштанд ва яке бо ифтихор мегуфт, ки «Раисро барои ширкату суханронї дар як конфронси бонуфуз даъват кардаанд». Ў илова кард, ки зимни ин сафар ё ќабл аз он «Раис барои расонидани кўмаки башардўстона ба бародарони мусалмони Навори Ѓазаи Фаластин рафта буд». Ё тавба, њаќ ба љониби кампираки момоям будааст, ки њамеша мегуфт: «Гурусна дар хонаю садаќа биёбон». Мана њамин будааст: «Садоќат ба Ватан».

Оё савоби кўмак ба бародарони бозичаи дасти сиёсатбозњои минтаќагашта, аз савоби дастгирии як камбизоате дар Тољикистон, ё як селзадаи ѓамнок, мотамзада ва хонабардўши шањри Кўлоб (аќаллан ба љонибдорони ЊНИТ) бузургтар аст? (Хонандаи азиз дуруст дарк кунад, ки ман алайњи расонидани кўмак ба мардуми кулфатзада ва бечораи Фаластин нестам, вале мо имрўз худ ба кўмак эњтиёљ дорем ва бояд бо фармудаи бузургонамон «Аввал хешу баъд дарвеш» рафтор кунем). Ё Раиси мўњтарами ЊНИТ амсоли аксари њаммилатонамон дучори дарди бедавои мањалгароист? Агар чунин бошад, њайфи он пазириши гарме, ки дар арафаи интихоботи парламентї мардуми оддии шањри Кўлоб, нисбати ў раво дида буданд. Њайфи раъйе, ки ба Кабирї ва ЊНИТ доданд. Бигузор як овоз бошад ё чанд њазор… Ба њар њол, боз як банди барномаи интихоботии ЊНИТ ба ёдам омад: «…хидмат ба Мардум».

Ва боз доманаи фикр маро љониби ин сафарњо мекашад. Сафарњое, ки маќсаду њадафњояшон нуњуфтааст. Агар вакили арљманди ман, мўњтарам Кабирї дўсту њамдарди мардуми Фаластин аст, пас маќсади сафараш ба Британияи Кабир чист? Ба кишваре, ки дарди Фаластин барояш бегона асту аксари масоили доѓро дар љањон бо ислом тавъам мешуморад. Ба кишваре, ки худро офарандаи демократия медонад ва минтаќаи Осиёро зояндаи терроризм. Магар маќсади ин сафарњо омўзиши демократия ва содироти он ба Тољикистон аз љониби пешвои њизби исломї бошад?

Ростї ман ин љуфтакпариданњои вакили худро дарк намекунам. Гоње ба Эрону гањ ба Олмон. Дирўз ба кишварњои арабию имрўз ба Британия. Туркияву Руссия. Фаластину агар иттифоќ афтад… Исроил. Чаро не?

Чунин рафтор њисси эътимодамро нисбати вакилам коста месозад ва гарчанде дар боло тасмим гирифтам ба «Имонаш ба Худо» намерасам, шубња бар ман боло гирифт. Охир барои њар як мусалмон аз об рўшантар аст, ки Имонро ду савдоест: «Яке савдо бо Худо» ва дигаре «Савдо бо дунё». Пас чунин љо-љо париданњо савдо бо дунё нест?

Имрўз барои њар як шањрванди на танњо љумњурии мо, балки аќабмондатарин сокини сайёра маълум аст, ки њадафи нишасту конфронсу симпозиуму љаласањои мухталиф чист. Пушти онњо ки меистад ва маќсад аз доир намудани онњо чист. Дардовару шигифтангезтар аз њама барои ман ин ин аст, ки Муњиддин Кабир имсол барои чунин як конфронсе, иди муќаддаси тољикон – Вањдатро нодида гирифт. Идеро, ки дар он марњум Саид Абдуллоњи Нурї, асосгузору сарвари собиќи ЊНИТ наќши сазовору муассире дошт. Магар ин иќдом нодида гирифтани љонбозињои устод, сањми ЊНИТ дар сулњи тољикон ва хотираи њазорон ќурбоншудагони љанги шањрвандї дар Тољикистон нест? Пас њамин аст садоќат ба Ватану миллат, ваќте, ки вакили Парлумон, пешвои як њизби бонуфузи кишвар ширкатро дар ким-кадом нишаст бо аљнабиён, аз љашнгирии рўзи ба њам омадани фарзандони миллат болотар мегузорад. Ман фикр мекунам њељ як бањонае наметавонист роњи иштироки Раиси ЊНИТ-ро дар љашни Вањдат бигирад. Агар аз чизе мушавваш ва ранљидахотир буд, бояд бо мардум мебуд ва андешањои худро рўшод бо онњо мегуфт. Вале чи илољ, агар тамаъи дарёфти кўмаку грантњо бар њисси ватандорию миллатпарастї боло гирад.

Ба вакили хеш дар Парлумони кишвар мурољиат дорам, ки фирефтаи кўмаку ваъдањои Шарќу Ѓарб нагардад, имони худро комил нигањ дораду эњтиёт кунад, ки бозичаи дасти исломгароён ва демократмаобони бегонаи хориљї нагардад. Курсии вакилии худро соњибї намуда, барои ќабул шудани санаду ќонунњое, ки ифодагари орзую ормонњои интихобкунандагонаш мегарданд, мубориза барад. Бигузор пешнињодоти ў дар Парлумон аз љониби дигар вакилон дастгирї наёбанд ва ќабул нашаванд. Дар чунин њолат њам, хотири ман осуда мегардад, зеро мебинам, ки раъйи ман барабас нарафтааст ва вакили интихобкардаам манфиати маро дар волотарин маќоми ќонунбарори кишварам њимоя карда истодааст.

Рўњуллоњи Абдуллоњ, њаводори ЊНИТ Ruhullo Abdullo <ruh_abdullo@mail.ru>

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 1.221 seconds.