По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 18.05.2016
 

Ҳамагуна тағйирот барои беҳбудии миллат аст

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ зарурати муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоиро пеш овардааст, ки ҳар як давлат бо назардошти заруратҳои худ онҳоро роҳандозӣ мекунанд. Албатта ин муносибатҳо танҳо дар сурати доштани истиқлолияти миллию давлатӣ имконпазир мегарданд. Яъне дар ин раванд аз ҳама муҳим доштани истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Дар сурати надоштани истиқлолияти сиёсӣ ягон миллат наметавонад муносибатҳои сиёсиро муайян кунанд. Албатта нишони истиқлолияти давлатӣ ин пеш аз ҳама дар асоси меёрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ таҳия ва тасдиқи Сарқонуни кишвар мебошад. Кишвари Тоҷикистон дар баробари кишварҳои дигари Осиёи Миёна дар баробари ба даст овардани истиқлолият матни комили Сарқонуни худро таҳия ва тасдиқ намуд.

Дар давраи таҷрибаи ҳаётӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он яъне ба матни асосии он як амали муқаррарӣ мебошад. Зеро ҳаёти мардум ин раванди шахшуда набуда, вобаста ба талаботҳои ҳаёти ҷомеа қонунгузорӣ такмил дода мешавад. Ин нишони болоравии худшиносии миллӣ буда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ ва заминагузорӣ барои ояндаи он шароит фароҳам месозад. Эҳёи арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин дар айни замон баҳсу мунозираҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ як амали муқаррарӣ аст. Яъне барои ҷомеа ояндаи онҳо беарзиш набуда, баръакс чунин равандҳо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият медиҳад, ки мулоҳизаҳои некро баён созанд. Вале фикрҳои муғризонаи баъзе гуруҳҳои ифротгароӣ сиёсӣ ин раванди давлатсозиро таҳқир карда, онро гуё поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон меҳисобанд. Албатта, барои баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ давлатдории мустаҳкам ва соҳибихтиёри Тоҷикистон мавриди қабул нест. Бинобар ин ҳамагуна иқдоми сиёсиро амали манфӣ нишон дода, дар миёни мардум аз тариқи интернет иғвоҳоро паҳн мекунанд. Дар ҳар сурат мардуми тоҷик давраи иғвои соли 1990 гузаронд ва имрўз хеле зирак ва ботаҷриба шудааст.

Аз ин рў, ҳамагуна тағйиру иловаҳо пеш аз ҳам бо назардошти манфиати миллат ва давлат тарҳрезӣ мешаванд. Хусусан ворид намудани тағйирот дар нисбати синну сол барои иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ин иқдоми хеле муҳим аст ва ин имконият медиҳад, ки ҷавонон қобилияти худро дар майдони сиёсӣ санҷида, донишҳои андўхтаи худро барои беҳбудии ҷомеашон амалӣ намоянд.

Ҳуқуқшинос

Карими Мирзо

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.613 seconds.