Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.01.2017
 

…. ҳар рӯз дар Русия дастикам се муҳоҷири тоҷик дар ғурбат ва дур аз Ватану аз пайвандон ба зиндагӣ падруд мегӯяд.

МАРГИ БОЗ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҒАРИБӢ

08/01/2017

Азизбек Ҷалолов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш дар таркиши дар истгоҳи метрои Маскав маҷрӯҳ шуда буд, рӯзи 7 январ дар бемористон вафот кардааст.

Табибон мегӯянд, вазъи Азизбек Ҷалолов дар рӯзҳои охир якбора бад шуд ва ӯ дигар ба худ наомада, дар ҳолати беҳушӣ аз олам чашм пӯшид. Ин шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон рӯзи 22 декабр бар асари таркиши балони газ дар маҳалли кораш дар даромадгоҳ (вестибюл)-и истгоҳи метрои “Коломенская”-и шаҳри Маскав сахт маҷрӯҳ шуда буд.

Азизбек Ҷалолов рӯзи шанбе, 7 январ, соати 16 дар яке аз клиникаҳои пойтахти Русия ба зиндагӣ падрдуд гуфтааст.Як мақоми ин бемористон ба хабарнигори шабакаи телевизионии “Life” гуфт: “Cару гардан, дасту по ва чашми Ҷалолов сӯхта буд. Ӯ ҳамчунин аз шоки баъди сӯхтор азият мекашид ва роҳҳои нафасаш низ осеб дида буд. Ӯ муддати беш аз ду ҳафта беҳуш буд ва вайро ба аппарати ИВЛ (вентилятсияи сунъии шушҳо) васл карда буданд. Рӯзҳои охир вазъи Ҷалолов бад шуд ва ӯ дигар ба худ наомада, аз дунё гузашт.”

Дар ҳоли ҳозир масъалаи барои гӯручӯб ба Ватан фиристодани ҷасади Азизбек Ҷалолов баррасӣ мешавад. Намояндагони ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав мегӯянд, ҷанозаи ин муҳоҷири тоҷик ғолибан рӯзҳои душанбе ё сешанбе ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.

Дар таркиши рӯзи 22 декабр дар даромадгоҳ (вестибюл)-и истгоҳи “Коломенская”-и метрои Маскав 11 нафар захмӣ шуданд. Ҳамаи осебдидагон коргарони ширкати сохтмоние буданд, ки ба анҷоми корҳои сохтмони дар гузаргоҳи зеризаминии назди истгоҳи метрои “Коломенская” машғул буд. Ду нафари онҳо то ҳол дар бемористон таҳти табобат қарор доранд.

Мақомоти метрои Маскав гуфт, дар гузаргоҳи назди истгоҳи метрои “Коломенская” балони газ таркидааст. Аксҳову видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса нишон медоданд, ки бар асари таркиш шишаҳои даромадгоҳи метро пурр шикастаанд.

Ҳар сол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ барои кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф ва асосан ба иллати фалокатҳо дар ҷои кор вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Русия дастикам се муҳоҷири тоҷик дар ғурбат ва дур аз Ватану аз пайвандон ба зиндагӣ падруд мегӯяд.


Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.672 seconds.