По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 23.07.2013
 

Ҳазёнхонии як васвосӣ, ё дасти тааррузи Тошканд?

Ахиран академики узбакистонї Абдуллоев навишт, ки Тошканд њаќ дорад, даъвои марзї намояд ва сарзаминњои замоне зери султаи империяи чингизӣ қарордоштаро соњибї кунад. Ӯ мегӯяд манотиқе, ки њамакнун давлатњои Ќазоќистон, Тољикистон, Қирѓизистон, Туркманистон, Арманистон, Россия, Украина ва Беларусия он ҷо пойбарҷоанд, сарзамини бобоии узбекҳост ва онҳо ҳақ доранд ин хокро боз гардонанд.

Ба њарзаи ин академики сохта олимони сиёсатшинос ва таърихдонњо танњо писханд заданд ва боз ангушти ишора бар чакаи сар гузошта онро тоб доданд, ки наход ин олими узбек то андозае ба касалии васвос гирифтор шудааст, ки намефањмад тамаддуни башарї садњо забткуниҳою азхудкунии сарзаминҳо, ташкилу фанои чандин империяю қудратҳои бузургро аз сар гузаронидааст. Мардуме мисли римињо, форсњо, юнонињо, британиягию фаронсавињо, туркњою муѓулњо замоне ҳар кадоме дар давраи муайяни таърихӣ соҳиби империя буданду хоки зиёде таҳти тасарруфашон қарор дошт. Князигарии Русро, ки ахиран ба империяи барљаста табдил шуд ва то авохири асри 20 боќӣ монд, узбекњо насохта буданд. Агар ҳамаи инҳо мисли академики саргумкарда даъвои ҳудудӣ пеш оранд, тақдири ин ҷаҳон чӣ мешуда бошад!? Гузашта аз ин, империяи сохтаи чингизиён, ки Абдуллоеви ранҷур худро меросхўри он медонад, дар пояи рехтани хуни миллионњо, калламанораҳо ва харобаҳои ҳазорҳо шањру деҳоти сӯхтаю валангоркардаи хунхӯрони чингизӣ дар як марҳилаи таърихӣ арзи њастї карда буд.

Навиштанҳои академики девонаро метавон сањл гирифт, аммо агар маќомоти баландпояи сиёсии Тошканд дар муқобили гуфтаҳои ӯ хомӯшӣ гузиданд ва сукутро аломати ризо муаррифӣ карданд. Ҳол он ки бояд аз мардуми кишварњои номбаршуда маъзарат мехостанд. Мегуфтанд, ки ин академики мо аќлашро хўрдааст, мо даъво надорем. Вале садое набаромад. Маълум шуд, ки Тошканд «утка»-и сардодаашро намепарронад, балки ўро баландпарвозтар намуда, нишон доданист, ки онҳо кистанд. Њатто фаромўш мекунанд, ки Темури ланг њељ гоњ ўзбек набуд, балки барлоси тозаи муѓули-чингизие буд, ки дар њар як њуљайраи хунаш қотили хӯнхӯр љой гирифтаву ба воя расида буд. Ӯзбекҳо кайњо бояд аз чунин чењраи манфури таърихӣ даст мекашиданд, аммо ҳайҳот! Дар шањре, ки хуни нофи садҳо ҳазор тољик рехтаю тамаддуни љањониро асос гузошта буданд, њайкали

бадвоњимаи Темур, воқеъ дар гулгашти Абрам, рў ба рӯи театри опера ва балет, гузошта шудааст ва дар гӯши кўдакони ўзбеку тољику дигар миллатњои сокини Ўзбекистон њамарӯза такрор мешавад, ки ёд гиранд: «Темир бизни бобомиз».

Навиштаи лжеакадемик Абдуллоев ва њайкалгузории маќомоти сиёсии Узбакистон ду мисоланд аз бешармии Тошканди расмӣ, ки мехоҳанд хешро дар чашми љањониён ҳамчун «абарқудрати минтақавӣ» намоиш диҳанд.

Назаре ба шањру дењи мамлакати «Келажаки буюк давлат» кофист, ки иќтисодиёти пастрафта, маорифи шахшуда, фазои иттилоотии карахт, камчинии маводи ѓизо ва гуруснагии воқеии аҳолӣ, бебарќї, норасоии гази табиӣ, инҳисороти тиљоратро дид. Марказҳои тамаддуни башарӣ, шањрњое чун Самарќанд, Бухоро, Намангон, Андиљон, Ќуќанд ва Сариосиё имрўз аз бебарқӣ торикистонанд, дар бораи рустоҳо љойи гап нест, зеро баъди суқути шӯравӣ ин мардум бо тапаку њезум сару кор доранду дар бораи барќу газ ҳаққи даҳанкушоӣ надоранд.

Агар сиёсати хориљии Ӯзбекистонро тањлил намоем, ҳар куҷо раќќосагии сиёсатмаобони ўзбек пеши дида ҷилвагар мегардад. Пазируфтани Амрико ва љой додани пойгоњњои низомии он дар мамлакат, пеш кардани амрикоињо зери фишори Русия, напазируфтани Созмони ҳамкории амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), даромаду баромадҳо аз ин ташкилот, нодида гирифтани меъёрњои љањонї оид ба њуќуќи инсон, тиљорат, интиқоли борҳо барномаҳои рақсие мебошанд, ки ҳамеша ба нооромии минтаќа боис мегарданд. Агар кишварњои аврупої ва Амрико сиёсати Россияро сиёсати пўшида хонанд, мо метавонем, сиёсати хориљии Ўзбакистонро сиёсати хаёлї номем, зеро ба ќавли тољикон имрўз ба худанду фардо бехуд. Сиёсатмадорони Тошканд ба корњое даст мезананд, ки шоистаи сиёсати як давлат нест. Алъон мо девортарошии Тошкандро нисбати Ќазоќистон, Туркманистону Ќирѓизистон канор мегузорем ва мебинем, ки тайи солњои истиќлолият Тошканд нисбати Душанбе кадом љабрњоро раво дидааст.

Масъалаи аввали доѓ ин буд, ки барои пахш намудани њаракати озодихоњии тољикони Ўзбакистон солњои навадуми асри гузашта љанги дохилии Тољикистонро тарњрезї намуда, љониберо бо яроќу аслиња таъмин кард. Ин «кўмак» натанњо ба хотири нобуд сохтани миллат ва давлати тољикон равона шуда буд, балки барои фурў нишондани њаракати миллї-озодихоњии тољикони Ўзбакистон равона шуда буд. Моњи декабри соли 1992 ва январи соли 1993 њавопаймоњои ќиркунандаи Ўзбакистон пулњо ва

мавзеъњои барои сохтмони НОБ-и Роѓун бунёдшударо бомбаборон карданд, сарбанди сохташударо хароб сохтанд ва миллионҳо тонна лойи он ба обанбори Норак дохил шуда, ѓунљоиши обро кам кард ва имрўз мо азоби бебарќӣ мекашем.

Амали дигари номатлуби Ўзбакистон он аст, ки аз фурсати муносиб барои худ истифода бурда, бидуни машваратҳои сарҳадӣ ва огоҳ намудани тарафи Тоҷикистон хати сарњад мувофиқи майли хеш симхорбандӣ кард. Дар ќисме аз минтаќањои сарњадї, хусусан минтаќањои кўњистонӣ, заминњои мутааллиќи Тољикистонро аз худ намуд.

Дар қаламрави Ӯзбекистон мактабњои тањсилашон бо забони тољикиро пурра баст. Рељаи раводидидро миёни ду давлат роњандозї кард. Роњи мошингардро баст, парвози ҳавопаймоҳоро қатъ кард, қисмате аз роҳи оҳанро канд ва ҳар гоҳе дар роҳи оҳани мавҷуда мушкилиҳо эҷод мекунад.

Вақтҳои охир Ӯзбекистон нақша дорад, ки љомеаи љањонї хушк шудани бањри Арал, бењосил шудани боѓу токзорњои вилояти Сурхандарёро ба корхонаи алюминии алоқаманд донад. Даври сохтмони НОБ-и Роѓун бошад, ончунон сару садоеро баланд кардаанд, ки њатто баъзе кишварњои љањон воќеан бовар карданд, ки агар Роѓун бунёд шавад, Ўзбакистон тайи 14 сол беоб мемонад, бехабар аз он, ки турбинањоро об чарх мезанонад ва оби рафта пас намегардад. Вобаста ба масъалаи сохтмони НОБ-и Роѓун љомеаи љањонї вокуниш сар дод. Аз љумла депутати парлумони Аврупо Стивенсон иброз дошт: «Каримов опасается, что Рогунская ГЭС позволит Таджикистану контролировать воду, которая необходима Узбекистану для орошения своих хлопковых и рисовых плантаций. Узбекская враждебность по отношению к проекту Рогунской ГЭС проявилась в закрытии границ, нарушении торговых отношений, разрыве Объединенной электрической системы, которая связывала Таджикистан с другими странами Центральной Азии».

Дар вохўрї бо донишљўёни донишгоњњои давлатии Тошканд ва Ќароќалпоќистон И.Каримов нуктаи назари худро бобати сохтмони Роѓун иброз дошта гуфта буд, ки барои монеъ шудан ба сохтмони «Роғун», мо тамоми чорањоро мебинем, агар истифодаи артиш даркор шавад, ман аз он истифода мебарам» (http: //newsdiscover.net/news/read/Sredneaziatskij_kartochnyj_dom_Karimov_ugrozhaet_vojnoj.html).

Чандин маротиба митингҳо бо иштироки занон дар муқобили корхонаи алюминийбарории ТАЛКО дар шањрњои Тирмиз ва Дењнав ташкил карда шуданд.

Роњбандї ва роњзанї аз Темури ланг меросмондаро Тошканд ҳамчун «суннат»-и бобоӣ то имрӯз идома медиҳад. Бастани роњи оњан як њодисаи муќаррарї шудааст. Сараввал ба ќаторањои мусофиркаши самти Москва иљозати убур дода нашуд ва билохира бо баланд бардоштани нархи транзит ва миёнаравию фишорњои созмонњои минтаќавии роњи оњан Тољикистон комёб гардид, ки ќаторањо ба роњ бароянд. Бастани роњ барои ќаторањои боркаш соли 2010 ба иќтисодиёти Тољикистон 5 млн доллар хисорот ворид кард. Ин амалҳои дур аз одоби инсонӣ пайваста идома доранд. Барои пешгирии сохтмони НОБ-и Роѓун њамасола бору колои тољирони Тољикистон дар ќаламрави Ўзбакистон манъ ва мусодира карда мешаванд. Роњзанї ва дуздии бору ашёи тољирони Тољикистон дар Ўзбакистон ба њукми анъана даромадааст. Соли 2012 пурра хароб намудани ќитъаи роњи оњани Амузанг-Ќурѓонтеппа ба он оварда расонд, ки дар давраи кишту кор, моњњои март-апрел вилояти Хатлон пурра бе сўзишворї монда, кишти пунбадона ва дигар зироатњои хољагии халќ нокошта монд. Хисороти воридшуда бо хољагии халќи кишвар миллионњо долларро ташкил дод.

Осебпазиртарин соња роњи оњани Тољикистон аст, ки аз дасти њамтоњо ва кормандони маќомоти ќудратии кишвари њамсоя њамарўза зарар мебинад. Тамаъљўйї, тарсонидан, тањдид ба кормандони ќаторањои роњи оњани Тољикистон мавзуоти асосии рўз аст. Вагонњои ба тозагї харидоришудаи ќаторањои мусофирбари Тољикистон бо бањонаи кофтукови маводи нашъаовар шикастаю хароб карда мешаванд. Аз роњбаладон зери фишору тањдид маблаѓ меситонанд. Солњост ин амалњои номатлуби номардона идома доранд, вале ба мактуб ва дархостҳои маќомоти Роњи оњани Тољикистон на танњо љавоб дода мешавад, балки фишорҳо меафзоянд.

Роњбалади ќатораи Душанбе-Москва Одинаев Рањматулло менависад: «Таърихи 02.07.2013 дар истгоњи Ќудуќли кормандони хадамоти гумруки Ўзбакистон вориди вагон шуда ба мамониати мо нигоњ накарда, ба кандани вагонњои нав харидоришуда пардохтанд. Вагонро пурра хароб карда, ҷойҳо кандаю шикастаашонро барќарор накарданд. Бо бањонаи аз Ќароќалпоќистон наомадани њуљљатњои зарурӣ, њаракати ќатораро манъ карданд. Ба хотири он, ки мардум азоб накашанд, ман розї шудам, ки аз ќатора поин шавам ва ќатораро сар доданд».

Роњбалади ќатораи Душанбе-Москва Набиев Сирољиддин нақл мекунад, ки дар таърихи 02.07.2013 њангоми бозгашт аз Москва барои фарзандонам савѓо харидам ва барои хона 5 кг равѓан, 10 кг шакар ва барои њамсарам як адад мошинаи дарздӯзии истифодашуда харидам. Дар истгоњи Ќудуќли кормандони гумруки ЉУ аз ман декларатсияи чизњои бо худ доштаамро талаб карданд. Чун гуфтам, молҳои ман зарурати декларатсия доштанро надоранд, аз вагон берунам кардан два ҳамаи бори номбаркардамро мусодира намуда, пас аз се соат нигоҳ доштан, маро ба ќатораи боркаш савор карда, ба сарњад фиристоданд».

Ахиран рабудани раммаи шахсии шањрвандони Тољикистон бо 5 нафар чӯпони наврас нишони он аст, ки кишвари њамсоя нисбат ба Тољикистон нияти нек надошт ва надорад.

Чанд сол пеш Владимир Жириновский, њарзагўйи Думаи давлатии Руссия гуфта буд: «Аскари рус бояд дар оби уќёнуси Њинд пой шўяд». Дар љавоб латифаеро аз номи Љорљ Буш, Президенти собиқӣ ИМА бофта буданд, ки «Дуруст, агар аскари рус дар оби уќёнуси Њинд пой мешуста бошад, он њам пойњои хољањои амрикоист».

Академики узбекистонӣ низ ончунон афсонаеро барои Тошканд сохтааст, ки акнун дипломатњои Тошканд ҳайронанд дар посухи Белорусу Русияву дигарон чӣ гӯянд.

М. Солењиён,

ҷомеашинос

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.578 seconds.