Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 22.09.2017
 

ҲУШДОРИ РАСМӢ БА КАРОМАТ ШАРИПОВ

ҲУШДОРИ РАСМӢ БА КАРОМАТ ШАРИПОВ

22/09/2017
Каромат Шарипов ҳангоми кофтукоби мошинаш аз сӯи пулис

Додситонии минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ба президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов ҳушдори расмӣ додааст, ки даъвати муҳоҷирони тоҷик ба гирдиҳамоии беиҷозат дар назди бозори “Москва” хилофи қонун аст. Кормандони пулис ҳамчуниин рӯзи 21 сентябр мошини Каромат Шариповро дар назди ин бозор кофтукоб кардаанд.

Рӯзи 21 сентябр кормандони пулис мошини президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шариповро дар наздикии бозори “Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русия манъ ва дохилашро кофтукоб кардаанд. Сипас Каромат Шариповро дар шӯъбаи пулис бозпурсӣ кардаанд ва баъд ба додситонии байниноҳиявии минтақаи Люблино бурда, ба ӯ ҳушдори расмӣ бо имзои додситони ин минтақа С.А.Илинро супурдаанд.

Дар ин ҳушдор гуфта мешавад, ки Каромат Шарипов мардумро ба гирдиҳамоии бидуни иҷозат дар назди бозори “Москва”, воқеъ дар гулгашти Тихоретский, 1 ва ба пуштибонӣ аз аробакаши тоҷики латукӯбшуда Наврӯз Зикиров даъват мекунад.

Додситонӣ Каромат Шариповро расман ҳушдор додааст, ки даъват ба гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозати мақомоти расмӣ бар хилофи қонунҳои ҳам федералии Русия ва ҳам шаҳри Маскав дар бораи тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо буда, ғайри қобили қабул мебошад. Каромат Шариповро ҳушдор додаанд, ки дар сурати такрори чунин иқдом ӯро метавонанд ба ифротгароӣ айбдор карда, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, ки раҳбарии ин созмонро ҳам Каромат Шарипов бар ӯҳда дорад, хабар дод, ки дар додситонӣ ба Каромат Шарипов рӯирост гуфтаанд, ки аз ин ба баъд аз наздик шудан ба бозори “Москва” ва мулоқот бо тоҷиконе, ки дар ин бозор кор мекунанд, худдорӣ кунад.

Рӯзи 20 сентябр Наврӯз Зикиров, як аробакаши 27-сола аз ноҳияи Балҷувон дар бозори “Москва” аз сӯи посбонҳо танҳо барои онки ба як растаи дигар беиҷозат ва бидуни супурдани “ҳаққ”-и ин посбонҳо бор кашондааст, шадидан латукӯб шуд. Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ба ҳимоят аз ин ҳамватани худ бархостанд, низ мавриди латукӯби посбонҳои бозор қарор гирифтанд.

Овозаи гӯё баъди ин латукӯб дар бемористон вафот кардани Наврӯз Зикиров издиҳоми бузурги тоҷиконро шаби 20 сентябр дар назди дарвозаи бозори “Москва” ҷамъ кард. Онҳо ба ҷавобгарӣ кашондани омилони латукӯби Наврӯз Зикировро талаб мекарданд. Вале нирӯҳои ОМОН ба маҳалли гирдиҳамоӣ расида, беш аз 90 нафарро дастгир карданд.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки Наврӯз Зикиров зинда буда, дар бемористони рақами 68 таҳти табобат қарор дорад. Бо ин вуҷуд, даҳҳо нафар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон дигарбора дар назди дарвозаи бозор ҷамъ шуданд. Нирӯҳои ОМОН боз омада, гирдиҳамоиро пароканда карданд ва беш аз 30 тани дигарро дастгир карданд.

Додситонии Люблино дар ташкили ин гирдиҳамоиҳо Каромат Шариповро айбдор донистааст.

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “ҲУШДОРИ РАСМӢ БА КАРОМАТ ШАРИПОВ”

  1. Аъло Умарзод Сказал(а):

    Мухтарам сафир То ба кай мо фоҷиаҳоро ба баҳс мегузорем бо шарикони стратегиамон? Дар асл ностратегиамон!(((
    Ҳар рӯзи Худо хабарҳои мудҳише аз ҳоли ҳамватанам мешунаваму дилреш мешавам! Мехоҳам кош Ковае гардаму ин заҳҳокони нопоки сакалтуи замонро қабл аз ҷаҳаннамашон ба дорулфанно фиристам!
    Итминонам комил аст,ки ҳақ ба ҳақдод мерасаду шарики ностратегӣ будани Пётрро Ҷамшеди оламафрӯз дарк мекунад!
    Худо қозист!

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.627 seconds.