По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 22.01.2016
 

Ҷиҳоди шайтонии такфириҳои тоҷик

Таблиғи ғаразнок ва нодурусти мавзӯи: «Ҷиҳоди исломӣ» аз ҷониби асҳоби такфирӣ ва бемазҳаб яке аз масъалаҳои бисёр хатарнок ва доғирӯз аст. Дар асари нофаҳмидани маънии «Ҷиҳоди исломӣ» ва зарурияти оғоз, сабаб, омил ва ҷанбаҳои шаръии ҷиҳод бисёр ҷавонони сабукпойӣ дар доми дасиса ва талбисоти гуруҳҳои ифротӣ ва такфирӣ афтида, қатлу куштор ва тахрибу ғоратгариро барои худ шараф-ҷиҳод дар роҳи Худо меҳисобанд!

Дар ҳоле ки қатлу куштор ва тахрибу дуздӣ, зино дар қолаби «Ҷиҳоду-н-никоҳ» ва «Ҷиҳоду-л-ливота», ғоратгарию, зинда ба зинда сӯзондан, худкафонӣ, интиҳор, инфиҷор, дилу ҷигар ва гушти бадани инсон хӯрдан ва такбир: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» гуфта, сари инсонҳоро аз тан буридан ошкоро ҷинояти бузург дар назди Худо ва инсоният аст!

Магар марди мусалмон ва парвардаи Қуръон бачунин амалҳои номашруъ, фаҳшо ва кирдорҳои террористӣ дастмезанад? Албатта, шахси мусалмон баамалҳои номашруъ ва хушунатбор даст намезанад, балки дигаронро аз рафтор ва кирдорҳои ҳаром ва дорои моҳияти ҷиноятдошта манъ мекунад!

Оё террор, худкафонӣ, такфири дигарон ва кирдорҳои пуразҷинояти ҷинояткорони такфирии салафия ва хилофи таълимоти Қуръони карим ва «Ҷиҳодиисломӣ» нест? Бешак тамоми кирдор ва даъвату таблиғоти асҳоби такфирӣ натанҳо хилофи Қуръоу суннат, балки хилофи тамоми қонунҳои байналмилаӣ мебошанд!

Мусаллам аст ки таълимоти дини мубини ислом қатъиян хилофи қатлу куштор, худкафонӣ ва поймол намудани ҳақ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонҳо новобаста аз эътикодӣ динӣ мебошад!

Насли ифротгарпойи такфирие, ки саодат ва пирузии худро дар «Ҷиҳоди шайтонӣ» ва таъсиси «Хилофат»-ҳои тахрибкор мебинанд, парвардаи ислом ва Қуръон нестанд, балки онон таълимгирифта дарурдугоҳ-марказҳои террористӣ ва созмонҳои экстремистӣ мебошанд! Даҳҳо артишҳои такфирӣ аз ҷониби террористон бо номи «Лашкари Худо», «Артиши саҳоба», «Гурдонҳои Имом Бухорӣ» ва «Ҷиҳоди исломӣ» феълан дар гушаву канориҷаҳон барои бадномкунии дини ислом ва муслимин таъсис дода шудаанд! Ин урдугоҳҳои террористи аз фарзандони мусалмон наслеро парвариш ва ба камол расонидаанд, ки онҳо маърифати Худошиносӣ ва оддитарин ахлоқи исломӣ надоранд! Агар ба таҳқиқ бингарем назди асҳоб ва гуруҳҳои такфирӣқатлу куштори мусалмон ва худкафонию интиҳор баландтарин нуқтаи шаҳодат махсуб меёбад! Дар асоси меъёрҳои зидди исломӣ ва зидди башарӣ тарбия намудани ноболиғон ва бехабар аз омӯзаҳои исломии фарзандони мусалмон бисёр нигаронкунанда аст. Зеро ин гуруҳҳои такфирӣ ва бемазҳаб дар ояндаи наздик дигар аз идора ва контуроли худкафонҳо ва размандагони гушти одамхӯр нахоҳанд баромад!

Агар ба таърихи ислом ва кишваркушоиҳои садри ислом чашм бидузем, дармеёбем, рафтор ва кирдори Салафи солеҳ (рт) мусбат ва беҳтарин равиш буданд! Паёмбари Худо (с) саҳобагонро таълим медод, ки:«Беҳтарин мусалмон ҳамон аст, ки касе аз дасту забонаш озор наёбад». Аммо имрӯз бадномкунии дини мубини ислом, омӯзаҳои Қуръонӣ

ва асҳоби Паёмбар (с) аз ҷониби ҳаракат ва ҳизбу созмонҳои такфирӣ як амали маъмул ва машҳур гаштааст!

Аҳли такфир ва асҳоби ҷоҳил, ки мусалмонкушӣ ва тахриби осори исломиро шеваи ҷиҳодии худ қарор додаанд, қадам фаротар гузошта, барои бадном кардан, зишт ва қабеҳ нишон додани номҳои мубораки ёрони Паёмбар (с) дар чашми салибиён ва ҷаҳониён номҳои: Ибни Умар, Умарӣ, Умари Форуқ, Абубакр, ибни Абубакр, Абумарям, Алӣ, ибни Алӣ, Алӣ Алӣ, Абуоиша ва Усмон ибни Усмон ба худ пазируфтаанд! Ҳадафи ин ҷоҳилони такфирӣ, яъне салафия ва ҳампаймонҳои гумроҳашон эҷоди саҳобабадбинӣ ва исломҳаросӣ мебошад!

ҶИҲОДИ ТОЛИБОНӢ

Хадамоти кашфи Покистон ва созмонхои ҷосусии ғарбӣ дар ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ дар ибтидои ҷанги Иттиҳоди Шуравӣ навҷавонон ва ноболигои афғониро ба урдугоҳ ва марказҳои «Чиҳодӣ»-и худ интиқол дода, дар рӯҳияи муқовимат бо куффор парвариш намуда, онҳоро ба таври комил мағзшӯйӣ намуданд, ки дигар барои ин ҷангиёни ҷиҳодӣ фарҳанг, миллат ва муқаддасоти исломӣ моҳият надошт ва надорад! Толибон парвардаи ҳамин хадамотхоӣ ҷосусӣ мебошанд! Ҳаракати «Толибон» дар ибтидо ҳамчун ҳаракати «Ҷиҳодӣ» аз ҷониби Амрико, Арабистон ва Покистон таъсис дода шуда, дар муқобили СССР эътироф ва пазируфта гардид!

Ҳаракати ҷиҳодии «Толибон» бо кӯмаки пулию моли Арабистон ҳадаф ва мақсадҳои Амрикоро дар Афғонистон амалӣ ва пиёда менамуд. Инчунин Ҳаракати Толибон барои худ ва пуштибону дастгоҳҳои хориҷияшон қатлу куштори сарбозони Артиши Шӯравиро вазифаи мукаддаси динӣ медонистанд!

Ҳамзамон дар қаламрави Афғонистон даҳҳо ҳизб, ҳаракат ва созмонҳои размандагӣ таъсис ёфта, ҳамчун ҳаракати «Ҷиҳодӣ» шинохта шудаанд, ки онҳо дар муқобили артиши Шӯравӣ инчунин ҳамзамон бар зидди ҳаракати «Толибон» муқовимати низомӣ мекарданд ва мекунанд!

Баъди хориҷ гаштани Артиши Иттиҳоди Шуравӣ аз Афғонистон ҳаракати «Толибон» ҷиҳоди шайтонии худро дар муқобили мусалмонони ин кишвар даҳчанд зиёд намуда ва Кобул-пойтахти Афғонистонро бо зурӣ дар зери тасаруфи худ дароварданд! Арабистони Саудӣ аз аввалин кишварҳое буд, ки Толибон ва давлати ононро расман эътимроф намуд, зеро толибон парвардаи Арабистону Амрико буданд!

Аммо дар муқобили ҳаракати террористӣ ва давлати тозатаъини Толибон дар Афғонистон мардумони бумӣ ва сокинон «Ҷиҳоди исломӣ» эълон намуда, ҳокимият ва давлати Толибонро напазарифтанд, балки сарнагун намудани Толибонро аз раъси қудрати сиёсӣ вазифаи ҷиҳодӣ ва муқаддаси шаръӣ ҳисобиданд.

Толибон дар зери парчами ҷиҳоди исломӣ амалҳои террористиеро ба анҷом мерасониданд, ки ягон иртибот ба омӯзаҳои Қуръон ва таълимоти дини мубини ислом надоштанд! Тақвиятёбии наҳзатҳои ҷохлият ҳамзамон тақвият меёфт. Ёдгориҳои таърихӣ ва осори исломӣ аз ҷониби толибони муҷоҳид тахриб ва билкулл тахриб карда шуд. Намоядаҳои миллату қавмиятҳои гуногуни

Афғонистон, аз ҷумла, тоҷикону хазораҳо, турку узбакҳо бераҳмона аз ҷониби муҷоҳидони толибонӣ ба қатл расонида мешуданд.

Амрико соли 2001 аритиши мусаллаҳи хешро бар зидди Террозим-Ал-Қоида ва Толибон ба Афғонистон ворид сохт ва то имрӯз даргир бо онҳо аст! Аммо Амрико муваффақ нагардид, ки терроризмро аз Афғонистон покшӯйӣ намояд, балки худи Амрико ва ҳампаймонҳои низомии он омили рушди терроризм, аз ҷумла пурқувват гардидани Толибон, Салафия, Ансоруллоҳ, ҲИУ ва Ҳаракат исломии Туркистони Шаркӣ дар Афғонистон гаштанд!

Имрӯз мусалмон мусалмонро дар Афғонистон дар зери парчами «Исломи инкилобӣ» мекушад! Низоъҳои қавмӣ ва забонӣ реша дар хатсайри фикрии ҷомаи Афғонистон реша давонада, хатари порашавии ин кишварба чанд давлати алоҳида наздик расидааст!

Ҷиҳоди исломӣдар муқобили ҷиҳоди толибонӣ

Иғвоангезӣ ва қатлу куштори мардумони бумӣ аз ҷониби ҳаракати «Толибон» гардиши бузург ва таҳаввулоти азимеро дар Афғонистон ба вуҷуд овард, яъне тоҷикону хазораҳо ва турку узабакҳои муқими Афғонистон дарёфтанд, ки ҳаракати «Толибон» парвардаи Амрикову Арабистон ва мустакбироти куфри ҷаҳонӣ аст ва онҳо аз аз ҷониби қудратҳои бузурги саҳюнистӣ сармоягузорӣ ва бо яроқу аслиҳа таъминкарда мешаванд!

Ҳамин тариқ созмон ва ҳизбҳои ҷиҳодии Афғонистон, ба монандӣ:

1. Ҳизби исломӣ, раҳбараш Гулбуддин Ҳикматёр, у дарвулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз соли 1944 таваллуд шудааст, миллаташ паштун, аз қавми харрутии ғилозой:

2. Ҳизби исломӣ, раҳбараш Юунуси Холис, Ӯ соли 1920 дар Деҳ Қозии вилояти Нангарҳор дар хонаводи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Миллаташ паштун, аз қавми хугиёнӣ аст. Аз сарлашкарҳои маъруф мебошад, ки баъдан бо Толибон пайваст:

3. Ҷамъияти исломӣ, раҳбараш Бурҳониддин Раббонӣ, тоҷик, собиқ Президенти Афғонистон:

4. Ҷабҳаи наҷоти миллии Афғонистон, раҳбараш С. Муҷаддадӣ;

5. Маҳози мили исломии Афғонистон, раҳбараш Сайид Аҳмади Гелонӣ;

6. Иттиҳоди исломӣ, раҳбари он Абдуррасули Сайёф, ҳаракати ваҳҳобиятгаро, ки бевосита аз ҳисоби Арабистони Саудӣ маблағгузори карда мешавад:

7. Ҳаракати исломӣ, раҳбабари он Абдуррашид Дӯстум, аз қавми узбактаборони Афғонистон,

8. Ҳаракати Исломии Узбакистон, муассиси он Ҷуъмаи Намангонӣ;

дар муқобили ҳаракати «Толибон» ҷиҳоди исломӣ эълон намуданд! Тавлиди ҷиҳоди исломӣ дар муқобили ҷиҳоди толибонӣ дар таърихи кишвари Афғонистон ва дунё падидаи тозаи таърихӣба шумор меравад!

Аз ҳамин лиҳоз метавон хулосагирӣ намуд, ки амал ва кирдорҳои террористии ҳаракати «Толибон» ва ҳампаймонҳои онҳо ягон омили ҷиҳодӣ ва унсури исломӣ

надошта, балки ин размандагони толибонӣҳазорон фарсах дур аз таълимоти дини мубини Ислом буда, ҳадаф ва нақшаҳои дастгоҳҳои зидди исломиро дар ҷомеаи Афғонистон пиёда месозанд!

Ҳизбҳои исломӣ ва гуруҳҳои ҷиҳодӣ дар Афғонистон моҳияти қавмӣ ва миллӣ касб намуда, аз қавму миллияти худ ҳимоят мекунанд!

Муҷоҳидин ва ҷиҳоди исломӣ дар Афғонистон моҳияти қуръонӣ, шаръӣ, байналмилалӣ ва фаромиллии худро аз даст дода, омили хушунат ва парокандагии қавму миллатҳои гуногун дар ин кишвар гаштааст!

Дафтарҳои корӣ ва марказҳои аслии раҳбарияти ҳаракати «Толибон» аз ҷониби Амрикову Арабистони Саудӣ дар кишвари Қатар ифтитоҳ гашта ва феълан андар онҷо фаъоланд, ҳарчанд ки «Толибон» аз ҷониби Амрикову ҳамкосагонаш ҳамчун ҳаракати «Террористӣ ва экстремистӣ» шинохта шудааст!

Қаҳрамони миллати бошарафи тоҷик ва сарлашкари артиши ҷиҳодии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (р) то охирин нафасҳои худ бо ҳаракати «Толибон» меҷангид, зеро дар симои «Толибон» ягон омили исломӣ ва ҷиҳодиро намедид. Онҳо амал ва кирдорҳоеро ба сомон мерасониданд, ки ягон мусалмони воқеи онҳоро иҷро намекард, балки хоси террористон буд. Омили шинохти душман ва эътироф накардани ҷиҳодҳои шайтонӣ, боиси он гардид, ки яке арабзодагони аъзои такфирии ҳаракати «Салафия» тибқи нақшаи қаблан тарҳрезигаштаи дастгоҳҳои террористӣ аҳмадшоҳи Масъудро бо роҳи интиҳор ба қатл расонид!

Ба-дин хотир наметавон амал, кирдор, рафтор, нақша, ақида ва муборизаи мусаллаҳонаи созмон, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном диниро «Ҷиҳоди исломӣ» номид, зеро онҳо дар асл моҳияти исломӣ надоранд!

Имрӯз дини мубини ислом бозичаи дасти ташкилотҳои террористӣ, дастгоҳҳои экстремистӣ ва мансабхоҳон, гуруҳ, созмон ва қудратҳои ҷаҳонӣ гашта, чеҳраи зебои дини мубини исломро бадном месозанд!

Аз ҷониби дигар дастгоҳ ва ташкилотхои иттилоотии фаромиллӣ, ки шабонарӯзӣ кори онҳо ангехтани хусумат, иғво, фитна, миллатгаройӣ, мазҳаббадбинӣ ва бадномкунии уламои ростини исломӣ мебошад, мавзуҳои исломӣ, аз ҷумла, «Ҷиҳод»- ро тибқи нақшҳои тарҳрезигаштаи душманони ислом муғризона ва баръакс тавзеҳ матраҳ месозанд! Дар зер оид ба «Манқуртсозии иттилоотӣ» ба таври комил маълумот хоҳем дод.

Агар мо аз рӯи ҳисоби оморӣ террор ва ҷиноятҳои махсусан вазнин содир намудаи Толибонро дар муддати 15 соли охир баршуморем, дар меёбем, ки ин қотилони бераҳм, ки худро муҷоҳид ва қатлу куштори мусалмононро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» меноманд, ҳазорон инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида ва ҳазорон кудакони мусалмонро ятиму занонро бева намудаанд! Барои ин ҷохилони қотил ва ҷинояткор ислом ва хуну моли муслимин моҳият надорад!

Ба ибораи дигар Амрико ва Арабистон аз ҳисоби ноболигон Афгонистон ҳаракати ҷангҷуёнаеро ба камол расонидаанд, ки бо номи «Толибон» маъруфтанд ва аъзоёни ҳаракати «Толибон» қатлу куштори ҳамватанони худро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» меҳисобанд! Дар ҳоле, ки ҷиҳоди исломӣ моҳияти умумибашарӣ, инсондӯстона дошта, ҳифзи адолати иҷтимоӣ, таъмини амнияти Ватанӣ ва дӯстию бародарии ҳама инсонҳо вазифаи ҳар фарди муҷоҳид дар ҳолати

размандагӣ бо артиши куффор аст! Ҷиҳод ин таъмини амнияти кишвардорӣ ва ҳифзи нангу номуси имондории ҳар мусалмон аст!

Оқилонро маълум аст, ки лидер, амир ва пешвоёни ҳаракатҳои ба ном «Ҷиҳодӣ» аксарият худ гумоштаҳои ташкилотҳои ҷосусӣ ва ҷинояткорони машҳур буда, оддитарин саводи динӣ ва маълумоти ибтидоии исломӣ надоранд ва ҳамзамон ходимони хадамотҳои саҳюнистӣ мебошанд! Ин ҷинояткорони бемаърифат барпои расидан ба ғаразҳои шахсӣ ва гуруҳҳии худ таҳриф дар матни оятҳои Қуръон ва аҳодиси шарифи Паёмбар (с) намудаанд!

Ҷиҳодҳои арабӣ ё табадулоти давлатӣ

Тавре ки аз даҳаи дуввуми қарни 21 мо шоҳид ҳастем дар як катор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, дар Либиё, Миср, Ироқ, Фаластин ва Сурия нооромӣ ва ҷангҳои дохилю таҷовузкорона идома дарад! Дар баъзе аз ин кишварҳо бо роҳи табаддулоти давлатӣ ва ҷангу зурӣ низоми давлатдорӣ барҳамзада шуд! Дар кишварҳо даҳҳо ҳаракат ва созмонҳои ба ном динӣ фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар ин бозиҳои сиёсӣ чашмрас мерасид! Ҳар яке аз онҳо дар зери шиорҳои «Аллоҳу акбар» рақиби худро ба қатл мерасонд,молу мулк ва дороии якдигарро ғорат мекарданд! Маълум буд, ки думболи ин гуруҳҳои ҷиҳодӣ, қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозиданд, на дини ислом ва муслимин.

Вақте Саддом Ҳусейн президенти Ироқ буд, бештар манфиатҳои Руссияро ҳимоят мекард ва русгаро буд. Ҳамзамон хатсайри Амрико ва идеоложи саҳюнистиро пушти по зада буд. Ин омил мунҷар ба-дон гашт, ки Амирико ва ҳампаймонҳои низомияш ба баҳонаи саркуб намудани терроризм ва аз байн бурдани яроқҳои хастаӣ ба Ироқ ҳуҷуми низомӣ намуданд. Аз баҳру хушкӣ Ироқро гулулаборон сохта, оқибат президенти конунии Ироқ- Саддом Ҳусейнро дастгир намуда, дар рӯзи муқаддаси исломӣ- Иди Курбон ба дор овехтанд!

Ҷаҳони Араб ва раҳбарияти Олимақомӣ он аз Амрико пуштибонӣ намуда, лабайк ба Амрико гуфтанд! Кишварҳои худро дар ихтиёри пайгоҳҳои низомии артиши НАТО гузоштанд! Пас аз 10 соли сипари гаштани ҷанги Ироқ намояндагони Кохи Сафеди Амрико худ эътироф намуданд, ки дар Ироқ мо ягон намуди яроқи ҳастаиро наёфтем! Худи Амрико ва косалесонаш заминаҳои сиёсӣ ва иҷтмойии пайдоши терроризми байналхалқиро дар Ироқ муҳаё сохт!

Кохи Сафед ва ҳампаймонҳои низомии он аз ҳуҷуми низомии худ изҳори пушаймонӣ намуданд! Аммо то имрӯз касе дар бораи куштани ҳазорон сокини Ирокӣ масъулиятро ба душ намегиранд, балки ҷиноятҳои содирнамудаи худро мехоҳанд рӯйпуш намоянд. Ин омил боиси он гашт, ки дар Ироқ даҳҳо ҳаракатҳои озодихоҳана ва террористӣ мавқеи худро мустаҳкам намоянд. Ва ҳар яке аз ин созмону ҳаракатҳо барои ғасби ҳокимият ва давлати Ироқ мубориза мебаранд. Муборизаи онҳо дар зери шиори «Ҷиҳоди исломӣ» ва таъсиси давлати «Хилофат»ҳамеша садо медиҳад!

Террористии «Ал-Қоида» ва мухолифони давлати имрӯзаи Ироқ, ки гӯё ҷиҳод дар роҳи Худо доранд, садҳо амалҳои террористӣ, аз ҷумла, амалҳои интиҳорӣ, инфиҷорӣ, гаравгонгирӣ, одамрабойӣ ва қатлу куштори бераҳмонаи

намозхонҳоро дар масоҷид ва бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ намудаанд! Қатлу куштори бераҳмонаи ин тоифаи тоғутсалафия маар аҳли имон ва аҳли зиммаро дар зери парчам ва шиорҳои «Ҷиҳодӣ» танҳо ба фоидаи душманони ислом буда, манбаи хушунат ва Исломҳаросӣ мебошанд!!

Мусаллам аст ки дар кишварҳои арабӣ ягон ҷиҳоди исломӣ набуда, балки танҳо табадулоти давлатӣ буданд. Дар замони ҳукмронии Қаддофӣ сатҳи зиндагии мардуми Либиё хеле олӣ ва хуб буд! Аммо асҳоби такфирӣ, ки хидматгори Куфри ҷаҳонӣ ҳастанд ва ба истилоҳи худашон «инқилобҳои рангин»-ро раҳандозӣ намуданд, ҳадафашон ба сари қудрати сиёсӣ омадан буду бас! Онҳо ҳаргиз ғами дини мубини ислом ва мусалмононро намехӯранд. Салафия ва пуштибонҳои саҳюнистии онҳо баъди ба дор овехтани Саддом Ҳусейн собиқ Президенти Ироқ ва ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани Президенти Либиё- Қаддафӣ миллиардҳо доллари онҳоро, ки дар бонкҳои Аврупой нигоҳ дошта мешуданд, аз худ намуданд!

Ҷиҳоди исломиро наметавон барои сарнагун намудани низомҳои давлати секулёрӣ ва барои ба даст овардани қудрти сиёсӣ истифода бурд! Табадулоти давлатӣ ва ғорати молу мулки дигарон ҷиҳоди исломӣ нест, балки он ошкоро ҷиноят ва ҷиноякорӣ аст!

Имрӯз гумоштаҳои ташкилотҳои террористӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, Озарбойҷон, Мочаристон, Уйғуристони Чин, Доғистон, Чиченистон, Ингушетия ва Руссия бо роҳи қочоқ мусалмонони ҷавону гумроҳ ва ғофил аз динро барои қатлу куштори мусалмонони Сурия ва Ироқу Афғонистон мебаранд ва ин қатлу куштор ва дуздии амволигайрро «Ҷиҳоди исломӣ» меҳисобанд! Ба ибораи дигар одамрабойӣ ва одамфурушӣ барои гумоштаҳои экстремистӣ ва ҷосусҳои ҷинояткори ташкилотҳои террористӣ касб, балки вазифаи хидматӣ маҳсуб меёбад! Аммо ин гумоштҳои ифлос ва чосусҳои ташкилотҳои террористӣ ҳама кирдорҳои ҳароми худро дар пероҳани «Ҷиҳоди исломӣ» пинҳон месозанд! Шинохти башараи террористии аҳли такфир, гумоштаҳои террористӣ, возони ифлоси бемазҳаб ва мавлавиҳои язидманиши ҷохил вазифаи ҳар мусалмони оқил аст! Набояд ба мавъизаҳои ҷиҳодӣ ва дасисаҳои ин Иблисрӯёни бемазҳаб, ки онҳо мубаллиги ғояҳои террористӣ ҳастанд бовар намуд, балки ҷомеаро аз вуҷуди нопок ва заҳролуди онхо пок бояд сохт!

Беҳтарин ҷиҳоди исломӣ илмомӯзӣ, эҳтироми волидайн, худшиносии миллию мазҳабӣ, меҳандӯстӣ, омӯзиши омӯзаҳои Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с), кӯмак ба муҳтоҷону ниёзмандон, таъмири роҳ кардан , соҳиби касби ҳалол будан ва хидмати калонсолону хурдсолон намудан аст!

Ҳадафи аслии аҳли такфир ва ташкилотҳои террористӣ ташкил ва таъсиси «Артиши мусалмонкуш» аз ҳисоби фарзандони исломӣ ва фидоиёни ин тариқат мебошад! Чунин «Артиши мусалмонкуш» алакаи дар «Хилофати язидӣ»-и Абубакри Бағдодӣ таъсис дода шудааст, ки ҷаҳони ислом ва муслимин онро наҳй намудаанд!«Артиши мусалмонкуш»-и «Хилофати язидӣ» асли терроризм ва симои пурхушунати ифротгароёни асҳоби такфирӣ мебошад!

Ҳуҷуми низомӣ ва истилогаронаи режми саҳюнистии Исроил ба Фаластин падиди тоза ва нав нест! Аз ҳамин лиҳоз ҳифзи марзу буми Ватан барои сокинон ва шаҳрвандони Фаластин айни ҷиҳоди исломӣ аст! Яъне дар Фаластин

заминаҳои шаръии ҷиҳоди исломӣ падид омад, зеро хатарии нестшави Фаластин ва ҳудуди чӯғурофии он пеш омадааст! Дар ин ҳолат мусалмонони ин кишвар вазифадоранд, ки барои ҳифзи нангу номус ва таъмини амният ва бехатарии якпорчагии Фаластин ба мубориза, яъне ҷиҳоди исломӣ бархезанд!

Аммо дар Ироқу Сурия ташкилотхои террористӣ ва экстремистӣ чун режми ҷинояткори саҳюнистӣ фаъолият доранд ва барои барҳамзадани низоми конститутсионии ин кишварҳо талош доранд!

Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливотаи салафия дар сангарҳои ҷангӣ

Яке аз зишттарин амалҳои муосир ва номашруъи асҳоби такфирии «Салафия» ва ҳампаймонҳои террористии онҳо эълони «Ҷиҳоду-н-никоҳ» дар қаламрави Сурия ва Ироқ мебошад!

Муфти ва мавлавиҳои язидӣ барои таъмини хостаҳои шаҳвонии террористони такфирӣ ва зархаридони разманда дар сангарҳои ҷангӣ дар муқобили ҷузъу том ва неруҳои давлатию ҳукуматӣ эълони «Ҷиҳоду-н-никоҳ» намуданд ва амр карданд, ки шаҳрвандони Сурия ва Ироқ вазифадоранд, ки духтарони душиза, занон ва модарони худро барои размандагон ва террористони «Ҷиҳодӣ» таслим намоянд! То зархаридон ва террористони ба ном «Муҷоҳид» бо онҳо ҷимоъ намуда,оромиш пайдо намоянд, зеро «Муҷоҳидон» барои нусрати Ислом меҷанганд!

Уламои исломӣ ва афроди бомаърифате, ки «Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливота»-и террористони саркаш ва бемурувватро наҳй намуданд, бо сахтарин усул аз ҷониби террористони салафия ва ҳамкосагони такфирияшон ба қатл расонида шуданд!

«Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливота» қатъиян моҳияти сломӣ надорад! Дар дини мубини ислом чунин «Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливота» тамоман вуҷуд надорад!

«Ҷиҳоду-н-никоҳ»-ро нахустин маротиба Язиди лаъин баъди истилои Мадинаи мунаварра истифода бурд, ки кабиру сағир бар Язиди қотил лаънат гуфта, рафтор ва кирдори артиш ва сархангони зинокорашро наҳй намуданд!

Масуллам аст ки барои таъмини ризоияти нафсонии зархаридони такфирӣ ва хостаҳои шаҳвонии террористони қотил душманони ислом тавассути муфтӣ ва мавлавиҳои фосиқи салафия ва каззоб талош варзиданд, ки «Ҷиҳоду-н-никоҳ»-и ҳаром ва зидди исломиро машруъият бибахшанд!! Дар ҳоле ки ин навъ никоҳи иҷборӣ ва муваққат ошкоро зино ва ҷинояти махсусан вазнин махсуб меёбад!

Тавассути гумошта ва далолаҳои такфирӣ, муфти«Папа»-ву воиз«Мама»-розаҳои бемазҳаб аз кишварҳои гуногун фоҳишаҳои нопок барои дарёфти манфиъати пулӣ ва лаззати бештари ҷисмонӣ дар маъракаи «Ҷиҳоду-н-никоҳ» иштирок намудаанд, ки дар натиҷаи он садҳо мавлавӣ, муфтӣ, лидер, қумандонҳои саҳроӣ, «Муҷоҳидони разманда»-и шабакаҳои террористии «Ал-Қоида» , «ДОЪИШ» ва «Ан-нусра»-и салафия гирфтори касалии «Сифлис ва Спид» гаштанд!

Артиши ҷиҳодии ДОЪИШ феълан дар як қисмати ишғолкардаи худ «Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиходу-л-ливота»ро ба роҳ мондаааст! Аз ҳамин лиҳоз мардуми бумии Ироқ барои таъмини амнияти занону духтрон ва модарони худ онҳоро гурезонда, ба кӯҳу пуштаҳои беоб ва сӯзон бурдаанд!

Ҳамзамон ДОЪИШ хатнаи бонувон ва занонро иҷборан ба роҳ монда, садҳо духтаракони ноболиғ ва..калонсолро хатна намудаанд!

Тибқи иттилоот ва гузориши хабаргузории Олмон, салафиятеррористҳои ДОИШ, 700 занро аз минтақаи Санҷор дар устони Салоҳиддин, яъне аз шимоли Ироқ рабудаанд, ҳар кадом духтари бокираро ба маблағи 1000- ҳазор доллари амрикойи ба размандагон-муҷоҳидони шайтонпарасти ҷиҳодии салафия дар шаҳрҳои Ҳалаб, Риққа фурухтанд!

Язидсалафияҳои террорист пас аз харидории ин занони бокира, бидуни ризоияти духтарон, онҳоро ичборан ба никоҳи худ дароварда, эшонро ба чабҳаҳоии “Ҷиҳоду-н-Никоҳ”- худ оварданд! Ҷангиёни зония, ки худро муҷоҳид муаррифи мекунанд, олудаи аносири куфр ва лорои акидаи хабиси язидиянд, ки аз ягон амали зишт даст намекашанд!

Ифротгароёни террорист ичборан бо ин духтарони бикр зино намуда, оддитарин меъёрҳои шаръиро риоя накарданд!!! Тибқи қонунгузории шаръ бояд ҳами ин муҷоҳидони ҷинояткор сангсор карда шаванд! Ҳамчунин раиси Анҷумани олии занони хиттаи Курдистони Ироқ рӯзи ҷумъа аз рабудани 700 духтар ва зани эзидӣ аз сӯи салафиятеррористҳои ДОИШ хабар дод. Муҷоҳидтеррористҳо дар пайи ҳамалоти худ ба шимоли Ироқ, бахшҳое аз шимол, шимолу ғарби ин кишварро ишғол карданд.

Мебинеам, ки кирдор ва рафтори ин ҷинояткорони такфирии ба ном муҷоҳид ҳеҷ иртиботи динӣ ва пайвастагии мантиқӣ ба «Ҷиҳодӣ исломӣ» надоранд, балки онон ба тамом ҷинояткороне мебошанд, ки тибқи дастур ва барномаҳои дастгоҳҳои террористӣ фаъолият мекунанд!

Ҷиҳоди уйғурӣ ё худкушии мусалмонҳо дар Чин

Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣниз аз ташкилотҳои террористии Ал- Қоидамебошад, ки дар асоси сармоягузории дастгоҳҳои иртиҷойи такфирии хориҷӣ бар оиноорому бесубот ва заъифу нотавон сохтани иқтисоди тва халал пазиру осебпазир намудани амнияти кишвари Чин таъсис додашуда аст.

Аъзоёни ин ҳаракат аз уйғурҳои фиребхурдаи хиттаи Цинзияни Чинбуда, ошкоро аз ҷониби ал -Қоида, Толибон, ҲИУ, Салафия ва Ансоруллоҳ дастгирии маънавӣ ва иқтисодӣ меёбанд! Ячекаҳои махфии ҲИТШ дар Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Узбакистон, Сурия, Ироқ, Қирғизистон ва Тоҷикистон ғайри расмӣ фаъолият мекунанд! Аъзоёни ин ҳаракати ифротгаройӣ чандин амалҳои террористӣ интиҳорию инфиҷориро дар зери парчами «Ҷиҳоди акбар» дар қаламрави Чин амалӣ намуданд, ки дар натиҷа инсонҳои бегуноҳ кушта ва захмдор гаштанд!

Дар ҳоле ки мардуми мусалмони хиттаи Цинзиян ҳанафимазҳб буда, тамоми шароити ибодатӣ барои онҳо муҳаёаст! Андар ин нуктаи исломӣ низ миссионер ва мубалиғони ҳаракатҳои иртиҷойӣ ва такфирии «Салафия»,

«Ансоруллоҳ»-у ҲИУ ва Толибон аз Покистону Афғонистон, Ҳиндустону ТоҷикистонваҚазоқистону Қирғизистон ба баҳонаи тиҷорат ва сайрутамошо ворид гашта, ақидаи террористӣ ва ифротгаройи хешро дар байни ҷавони уйгурӣ ташвиқу таблиғ мекунанд! Ҷавонони мусалмони уйғуриро барои таъсиси давлати исломии «Хилофат» дар қаламрави Уйғуристони Чин мефиребанд ва онҳоро бо ҳар роҳу васила барои ширкат намудан дар ҷангҳои зидди давлати Суриява Ироқ бо роҳи қоҷоқ ворид сохтаанд!

Таблиғи ақидаи террорстӣ аз ҷониби бемазҳаб он ҳам чун идеологияи «Ҷиҳоди исломӣ» дар муҳити динии Цыин зиян бисёршигифтовар ва фоҷиабораст!

Мақомотҳои интизомии давлатии кишвари Чин барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии ҷугурофии кишвари худ, метавонанд маҳдудиятҳои лозимаро барои мусалмонон роҳандозӣ намояд!

Худкафон ва такфириҳои цинзиянӣ амалҳои номашруъ ва зидди исломии хешро «Ҷиҳод» дар муқобили куфр меҳисобанд, ки катъиян хато мебошад! Мебинем, ки созмон, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои террористии такфирӣ чун занҷираи ногусастанӣ ва густурдаеро мемонад, ки моҳияти байналхалқи касб намудаанд.

Дастгоҳҳои террористии ифротгарйи такфирӣ тибқи нақша ва барномаҳои тарҳрезӣ гаштаи хоҷагони худ дар ҳамаи гушаву канорҳои олам таблиғи нодуруст ва гаразноки «Ҷиҳоди иломӣ» намуда, аз ҳисоби ҷавонони гумроҳи исломӣ артиши қавии террористиро созмон додаанд! Ҳамин буд, ки тамоми салафияҳои такфирии тоҷику арабӣ, покистонию афғонӣ, уйғурию чиченӣ, қазоқиву қирғизӣ, урдунию мисрӣ, суриягиву туркӣ, инглисию русӣ, бритонию амрикойӣ дар канори ҳам истода, дар як шаб дар Ироқ давлати «Хилофати террористӣ»-и хешро таъсис дода, ҳазорон инсонҳои бегуноҳро дар зери шиорҳои ҷиҳодӣ қатли омм намуданд!

Таъсиси артиши худкафон ва террористии уйғурҳо аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаройи хориҷӣ аз он шаҳодат медихад, ки думболи ин созмон ва ҳаракатҳои ислоткори такфирӣ ва ҷиҳодӣ қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла, саҳюнизми байналмилалӣ пинҳонанд!

Аз рӯи инсоф касе ба Қуръон ва суннат муроҷиат намояд, пас дармеёбад, ки «Ҷиҳоди исломӣ» ҷанбаи аслӣ ва омили субот ва амниятӣ дошта, мухолифи ҳама гунна қатлу куштор ва тахрибу вайронкориҳо мебошад!

Мутассифона, вокеҳои охири террористии «муҷоҳидони уйғурӣ» дар музофоти Цинзиян аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷалби ҷавонони мусалмонони уйғурӣ ба созмон ва ҳаракатҳои террористӣ барои таъсиси «Хилофати исломӣ» хеле афзоиш ёфтааст! Ноогоҳии мақомотҳои расмии давлатӣ ва бехабарии мусалмонони чинӣ аз макру дасиса ва тавтиҳои ҳаракатҳои террористӣ, ки аз онҳо ёд намудем, омили бесуботӣ ва нооромӣ дар қаламрави Чини бузург мегардад!

Таркишҳои марговари рухдодаро дар қаламрави хиттаи Цинзияни Чин Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ бар душ гирифтааст, ки дар он таркишхо бисёр инсонҳо ҷони азизи худро аз даст додаанд!

Танҳо дар соли 2009 дар натиҷаи амалҳои террористии «салафиямуҷоҳидони ҷиҳодӣ»-и уйғурӣ дар Урумчӣ 197 нафар кушта ва 1ҳазору 700 нафар чароҳати вазин бардоштанд!

Ҷиҳоди шайтонии такфириҳои тоҷик

Ҷиҳоди шайтонии салафияи тоҷикреша дар таърихи миллат ва осори исломии мардуми тоҷик надорад! Салафияи тоҷик таблиғи ақидаи такфирӣ ва андешаи бемазҳабиро дар муҳити иттилоотӣ «ҷиҳоди илмӣ» ва «исломи инқилобӣ» ҳисобида, тамоми нерӯи зеҳнии хешро дар зинаи аввал ба-дон сарф намудаанд! Лидерҳои Шайтонпарсти салафияи тоҷик аввал гуфтанд, мо «ақида» ҳастем, ҳаракат, ҳизб ва гуруҳ надорем, аммо чун шумораашон афзуд, изҳор доштанд, ки «Салафия» ҳаракати динӣ аст! Лидерҳои бефарҳанг, ҷохил ва такфирии ҳаракати иртиҷойи «Салафия» вазъи динӣ ва сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро ба инбот гирифта натавониста, пеш аз ҳама, барои мавқеъёбии худ дар ҷомеаи Тоҷикистон худро ҳамчун як ҳаракати «Ислоҳкор» ва «Бидъатситез» муаррифӣ намуданд! Лидерҳои такфирӣ ва воизони бемазҳаб то андозае шердил гашта, ки таблиғи ақидаи фасод ва ғаразноки худро аз минбарҳои телевизонӣ интишор намуданд!

Гӯё дар муҳити динии Тоҷикистон як инқилоби ҷадиди ақидавӣ ва исломи инқилобӣ рӯи кор омада буд! Воизони сафсатагӯ ва лидерҳои салафияи такфирӣ гиребони уламои суннатии кишвар гирифта, заминаҳои муноқиша ва баҳсу ҷадалҳои ихтилофрезро муҳаё сохтанд! Ин тоифаи бефаросат ва тундгаройи салафия ҳамзамон тамоми сарчашмаҳои илмӣ ва динии мардуми мусалмони ҳанафимазҳаби тоҷикро инкор намуда, бидъат, ширк ва куфр номиданд! Аз бехи ҳар як саргини хар як мавлавии нопок ва муфтичаҳои такфирӣ ба «Ҷиҳоди шайтонӣ» бархостанд!

Ин тоифаи такфирии ҷоҳил мактаби ҳадисро дар муқобили мактаби фиқҳӣ қарор дода, ҳастии мазоҳиби исломиро ҳамчун омили аслии исломӣ маҳкум ва наҳй намуданд! Ошкоро даъват менамуданд, ки дар ислом мазҳаб вуҷуд надорад ва иддаъо намуданд, ки бунёдгузори бидъат дар ҷаҳони ислом Имоми Аъзам- Абӯҳанифа (р) мебошад!

Даъватҳои ғаразнок ва пуросеби «Салафия»-ро воизони сафсатгӯ ва мардумфиреб асоси шаръӣ бахшида, тавассути «Амри маъруф ва наҳй аз мункар» заминаҳои рушди ифротгаройиро дар Тоҷикистон омода сохтаанд! Бинобар хатогиҳои маънавӣ ва бехабарии ҷавонони диндӯстдор, онон идеялогияи террористии «салафия»-ро ҳамчун ақидаи солими исломӣ ва ормонҳои динӣ ба худ пазируфтанд! Ҷавонони мутаддайн аз бехабарии динӣ ҷиҳоди шайтонӣ ва «Исломи инқилобӣ»-и Салафияро дар муддати кутоҳ пазируфтанд! Бархе аз гумроҳон ва ҷоҳилон дар ҳол шомили ҳаракати террористии «Салафия» гашта, мубориза бар зидди арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти исломиро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» пиндоштанд!

Вазъи динӣ дар кишвар бинобар фаъол гаштани «Салафия» рӯ ба табоҳи овард! Уламои бедор, рӯзноманигорони хушманд ва сиёстшиносону исломшиносони моҳир аз оқибатҳои пурхатари ин падидаи номатлуб, яъне «Салафия» мардуми кишвар ва пешвоёни миллатро ҳушдор дода, андешаи такфирӣ ва идеялогияи зидди умумибашарӣ ва зидди конститутсионии

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси динӣ.

Кисми – 2 макола (Ҷиҳоди шайтонии такфириҳои тоҷик)  дар рузхои наздик ба хонандагони сомонаи назди чунбиши мухочирони мехнатии точик  www.tajmigrant.com пешниход хохад шуд.

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.586 seconds.