Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.06.2017
 

ҶУНБИШИ МУҲОҶИРОН ДАР БОРАИ НАҚШАИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ КАРОМАТ ШАРИПОВ

08/06/2017
Каромат Шарипов

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия дар як изҳорот аз нақшаи сӯиқасд ба ҷони раҳбари ин созмон Каромат Шарипов хабар додааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин сӯиқасд ба фаъолияти Каромат Шарипов дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷироти тоҷик рабт дорад.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия шаби 7 июн бо нашри як изҳорот дар сомонааш гуфт, дар бораи омодагӣ ба як сӯиқасд ба ҷони раиси ин ҷамъияти ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каромат Шарипов маълумот ба даст овардааст. Ҷунбиши муҳоҷирон мегӯяд, дар робита ба ин нақшаи сӯиқасд расман ба Кумитаи тафтишоти Русия муроҷиат карда, барои ҳимояти ҷони раҳбараш кумак хоҳад хост.

Дар изҳороте, ки дафтари матбуоти Ҷунбиши муҳоҷирон нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “имрӯз, 7 июни соли 2017 ба телефони мобили раиси Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик барои ҳуқуқи кориву иҷтимоӣ” як занги ташвишовар аз номи як ҳамватани мо, шаҳрванди Тоҷикистон расид. Нафари зангзада гуфт, ки ба ҷони Каромат Шарипов сӯиқасд омода карда истодаанд.”

Дар изҳорот мансабдорон аз раддаҳои болоии мақомоти Тоҷикистон фармоишгари ин сӯиқасд ном бурда шуда ва гуфта мешавад, ки “аъзои Ҷунбиш тамоми асосро барои чунин гумон задан доранд, ки сабаби сӯиқасд ба ҷони Каромат Шарипов фаъолияти ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқ мебошад.”

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, “Каромат Шарипов дар поймол кардани ҳуқуқи ҳамватанони худ, ки дар Русия кор мекунанд, нафақат корфармоёни бевиҷдони рус, балки ҳамдастони онҳо дар шахси бархе кормандони мақомоти Тоҷикистонро низ айбдор мекунад.” Ин созмон аз ҷумла ангушти иттиҳом ба сӯи масъулони фурӯшгоҳи ТЯЦ “Москва”, маъруф ба бозори Люблино кардааст.

Каромат Шарипов бо маъмурияти ин бозор бар сари шароити, ба ақидаи вай, ғуломонаи мардикорони тоҷик дар гузашта баҳсҳои сахте дошт ва тавре дар изҳороти Ҷунбиши муҳоҷирон гуфта мешавад, “аксҳои Каромат Шарипов дар ТЯЦ “Москва” дар Люблино (ДАР АКСИ ПОЁН) ба дасти ходимони ЧОП – ширкати хусусии муҳофизатӣ – дода шудааст. Дар ин бора ки ин чӣ маъно дошта метавонад?, мо мехоҳем аз Кумитаи тафтишоти Русия посух бигирем.”

Худи Каромат Шарипов мегӯяд, тақдирашро ба дасти Аллоҳ супурдааст ва “фармоишгарону иҷрокунандагон бояд бидонанд, ки ҷазои Аллоҳ барои куштани як мусалмон онҳоро ҳатман дарёб хоҳад кард. Ё дар ин дунё, агар на – пас дар он дунё.”

Каромат Шарипов яке аз ҳомиёни маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад. Ӯ ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро таъсис дод, ки дар ҳоли ҳозир дар чандин парванда аз ҳуқуқи мардикорони тоҷике, ки корфармоёнаш дар Русия маоши онҳоро пардохт накардаанд, дифоъ мекунад.

Похожие записи:

    Не найдено.

17 Комментариев to “ҶУНБИШИ МУҲОҶИРОН ДАР БОРАИ НАҚШАИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ КАРОМАТ ШАРИПОВ”

  1. Junaydullo Khudoerov Сказал(а):

    Омода намудани суикасд ба чони Каромат Шарипов ин душмани ба миллати Точик аст!

  2. Абдукахор Шарипов Сказал(а):

    Кадом шахсе ки хакикатчу ва адолатхох бошад дар хама замон душмандор мешавад ва уро бо хар гуна тухмат ва бухтонхо паси панчара ва несту нобуд кардани мешаванд…

  3. обсуждение Сказал(а):

    твой одильчик
    Аллох мададгорат бошад Шери аллох хамеша дуогуй дар хаки ту бародар мекунем

    Курбонали Бегов
    Ака худованд худуш дар панохи исматуш нигах бдоратона

    Фотима Ашурова

    Ба чони хамин чавонмарди Худо тарсу сарпарасту мададгори гарибону мухочирон касд кардаги илоо дар ин мохи Шарифи Рамазон паст шавад кулли мусулмонон ба Худо месупоранд чазояшро дихад Кароматчонро дар панохаш нигох дорад. Омин!

    Сохибназар косимов ответил Фотиме
    Омин

    M ZM
    Як одами баинсофе ки тарафгири халки точик аст .Эхтиет бошед! кроме Вас других не волнует что с мигрантами.

    какая есть
    Одамоне хастан ки худро ба як сум фурухта бар зидди хамватанаш кор мекунан худован нигохбонатон бод ака

  4. обсуждение Сказал(а):

    Mariyam Davlatovna

    ХУДОЧОН ХАМАВАКТ НИГАХБОНАТ БОШАД АКАИ КАРОМАТ ШАРИПОВ ОМИН ОМИН ОМИН ОМИН!!!!

    MUHAMMADI SHARIPOV ответил Mariyam

    Омин бояд кадри ин хел инсонхоро донанд мардум хамавакт хаминхел дуъо гу бошед ва мо низ дар навбати худ хохони он хастем ки хар он чо бошад дар хифзу амони Худованд бошад…

    Амирхони Бобохон

    Хадиси расули акрам с.а.в.май ки гуфт пас аз сари ман уматони ман амуеш хак гап мезанад ё талаб мекунад хакша мавриди азоб карор мегирад…ин хакаст хами бародар мон Акаи каромат.ш.пушти бони аз мардуми точик мекунад бо ин чигапай ки бо пакушениш мекунад ма хамика гуфтанийм ки Аллохи мехрубон ин котилонро расво Шон кун ва бар худи хамон душманон зарар расон ОМИН ОМИН

    Super TJK
    Худо.нигабон.бошат.каромат

  5. обсуждение Сказал(а):

    Ханифа Усмановна
    Каромат Шарипович! Худои мехрубон хамеша нигахбонатон бошад! Ба Шумо хамеша саломативу умри дароз сарбаландиро таманно дорам!

    Shirin Khamidovna
    Ин бародар- хамватани мо дар тамоми пасту баландихои точикон шарик аст,ХУДОВАНД нигахдор бошад.Хастан баъзе хамватанони мо,ки ба хотири кор вазифа пул суи касд ба чони якдигар мекунанд. О мардум фирефтаи душманони точикон нашавед ! мутахид бошед ! сарчамъ бошед,то ки куввае точикро натавонад истифода барад .

    МоЯ сМеРт В рУк Ах АЛЛАХА бОяТьСя нЕчЕгО
    Боз бо точики худ мубориза мебаред Мардед бароед ба майдон як наворро сабт намоед чун Каромти Шариф пешниходи мо гуломони точик намед Ман шарм мекунам аз истиклолияти точикистон Хукгу хирси лакаймонанд дар МВД пур шудааст Чи парвои точик дорад факат зуришона нисбати хамватонони худ нишон медиханд аз дигар милатхо метарсанд Консульгари точикистон хеч фарке аз бозори Люблино надорад

    Афшинчон мухамад Мустафочон
    Худочон хамавакт сарбаланд боши акаи Каромат Шарипов дарди сарта набинем доим хушбахт боши худочон нигахбонт акачони гамхор мо чавонони саргардон ин диери рус 25 сол боз

    какая есть
    Те люди которые завидуют и не могут спать они выдумывают кого бы обидеть так и у нас наша власть не может противостаять против корупции им открывают глаза как делает наш соотечественик каромат шарипов Можеть он и прав что родилься таджикам А таджикистан не место для таджиков

    зарипов Заргар
    Ищоллох, Акои Каромат хака кап мезана хав вакт МО ЗОДАИ ХОКЕМ ХОК МУНТАЗАРИ МОСТ АЗ ХОК НАТАРСЕМ ХОК БОБИ САРИ МОСТ БО АМРИ ХУДОЕМ ДАР ИН КУХНА САРОМ ДАР РОИ БИХИШТЕМ БИХИШТ ХАМГУЗАРИ МОСТ ДАР АФМИ ХУДОЕМ АГАР СИНА ЯКИН АСТ ЧУН КИН ГУНОХ АСТ ГУНОХ ЯК ХАТАРИ МОСТ ИН ДАБ ДАБАИ УМР АБАД ДАР РАХИ МО НЕСТ АФСУС ХАЗОНЕМ КИ ЯК РУЗ САФАРИ МОСТ АЗ МАСХАБУ АЗ ДИН БА ХУД ТУШАИ РОХ КУН ДАР РУЗИ КИЕМАТ БИДОН ИН ГУХАРИ МОСТ ХАМДИ ТУ САФО БА ДАРИ ДАРГОХИ ХУДО ЧУЙ ДАР АФИ ХУДО БОШ АЧАЛ ПЕШИ ДАРИ МОСТ ХУДОВАН ДАР ИН МОХИ РАХМАТ ИН БАРОДАРИ МОРА АКОИ КАРОМАТ ДАР ХИФЗУ ОМОНАШ НИГАХ ДОРОД ДАР ХАРЧОЕКЕ БОШАД САЛОМАТ БОШАТ ОМИН

  6. обсуждение Сказал(а):

    Каромат Шарипов ответил зарипову
    02:17
    Саломат бошед мубораки мохи шарифи рамазон Дар рузхои наздик ном ва расми ин лакайхои Ленский район дар мавзуи кушторро кихо мехостанд ба сомона мебарояд

  7. Аноним Сказал(а):

    Ононе касди чони шумо кардаанд душманони миллати точиканд.Хозир бояд хамаи точикон як шаванд нагузоранд ки душманони халки миллати мо сар боло кунанд.Худо нигохбонатон Акачон мо дуоталаб мекунем аз Худо ки шуморо умри дароз диханд.

  8. Зоиршо Абосов Сказал(а):

    Асалому алекум каромат шариков Худованди карим каромоти шумора.боло бардорат ки пушти бони аз халки точик мекунен худованд шумора ифз намояд агар ягон хатогийе навистабошам маро бубахш укадар саводи хуб надорам номи ман зоир точик

  9. Sumay Сказал(а):

    Хорошие люди всегда как бельмо в глазу мешают, держитесь Каромат Шарипов Вы нам всем нужны сто лет жизни Вам.

  10. Суман Сказал(а):

    Здравствуйте Каромат Шарипов! Я вчера прочитала о заговоре покушения на вас, это просто кошмар, хорошо что нашлись люди которым вы не безразличны и сообщили вам об этом. Вы спасатель для нашего народа, и каждый может к вам обратится. Сто лет вам жизни берегите себя.

  11. Бежан Боев: Сказал(а):

    Дар амони аллох боши ака умратона аллох, дароз кунад точикои моба хуби намефорад ёрдами шумо барои мардуми имграт бисёр мерасад, зинда  сар баланд боши ака.
    Ин хаббарро хондам барои касти куштани шумо бисёр норохад шудам кадом номар ба ин кори номарди даст мезанад аллох чазои номарда тияд. Зинда бод Каромат шарипов. Ман зодаи шахри панчакент дехаи рудаки мухлиси шумо.

  12. Амина Ганиева Сказал(а):

    Акаи Каромат Худочон чашми душманонатонро кур кунад.Ононе касди чони шумо кардаанд душмани миллати точик хастанд.

  13. admin Сказал(а):

    Vatan
    Vbv@mail.ru
    62.173.158.139
    Отправлено: 09.06.2017 в 11:24
    Каромат Шарипов вы между ними врагов набираете и все пуст друг друга сажает убивает зайибал эти машеники джабор и джоновы и самад они все Таджиков сделали рабов для Еврей раньше не один таджик не платил им сейчас все таджики плотить кроме те кто сможет стоят за своих один парен Гиссарский три года назад этих бригадиров и Еврейов на место поставил я сам свидитель и северный ребята работает они тоже не каких бригадиров и не каких еврей не боятся только здесь опредиленый людей который боятся их починяет .
    Каромат Бокоевич занимайте чем не буд другой а не рынкам это гряз только на берёшь враги и все сколько люди за этих рынках испортились набирали себя враги .

  14. Мохира Сказал(а):

    Худо чашми душмани Шуморо кур кунад.Ин шо Аллох ки хар касе аз ин хабар вокиф хастанд дар хакки Шумо дуогу хастем.

  15. Абдурахмон Сказал(а):

    Аллох нигахбонат бод дусти Аллох!!!

  16. Собир Сказал(а):

    Баъди хондани ин хабари шум хеле мутаъсир шудам.Шояд ба баъзе ашхоси х,айвонсифати бахил хуш наояд.Чунки инхо факат барои худ фикр мекунанд,на барои МИЛЛАТ…Худованд устод Каромати Ш.- по дар панохи исматаш нигох дорад.Амин!!!

  17. Исмои. Сказал(а):

    Ассалому алейкум ва Рахматуллохи ва Баракатуху

    Рахмати Худо ба шумо авало мохи шарифи Рамазан муборак бародар и азиз ма кариб хамай видеохой шумора тамошо кадам !Азиз номи хамай мухочирони Точик рахмат мегум ба шумо пуштибони Точико
    Худованд нигохбонат баша ва нигохбони зану фарзандот бошад Омин

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.636 seconds.