По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.08.2018
 

07 августа 2018 года Каромат Шарипов подал Надзорную жалобу в Городской суд г.Душанбе в связи с несогласием вынесенных решений Городского суда при рассмотрении Кассационной жалобы и Районного суда Исмоили Сомони «Об оспаривании решений, действий (бездействия) органов государственной власти, органов местного самоуправления, должностных лиц и государственных служащих», где ответчиками являются Министерство Внутренних Дел Республики Таджикистан, Министерство Иностранных Дел Республики Таджикистан, Паспортно-Регистрационная служба МВД РТ

E3B47AD0-C633-4DF6-B526-92549D1305B7_w1200_r1_sБа Суди шаҳри Душанбе

Даъвогар бо парванда: Шарипов Каромат Бақоевич,

01.04.1963 соли таваллуд,зодаи

ноҳияи Файзобод, деҳаи

Чойникуди, ҳозира ҷ/д Бӯстон

сокини муваққатии ш. Душанбе,

р-н Сино,кучаи Тунис

тел: 901 51 30 55, 93 784 84 14

Ҷавобгар бо парванда: Вазорати Корҳои Дохилаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон суроға:

ш.Душанбе, кучаи Чалол

Икроми, 29

Ҷавобгар бо парванда: Вазорати Корҳои хориҷаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон суроға:

ш.Душанбе, кучаи Шероз, 33

Ҷавобгар бо парванда: Хадамоти шиносномавию

бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии

Тоҷикистон суроға: ш.Душанбе,

кучаи М.Турсунзода, 5

ШИКОЯТИ БА ТАРИҚИ НАЗОРАТӢ

аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии

шаҳри Душанбе аз 04.06.2018 сол ва қарори коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 12.07.2018

Бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 04.06.2018 сол аризаи ман оиди мавриди бахс карор додани амали (беамалии) шахсони мансабдор-Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талабот дар бораи беэътибор донистани маълумотномаҳо рад карда шуд.

Бо қарори коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 12.07.2018-ум ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии ман беқаноат мононда шуд.

Мувофиқи талаботи моддаи 365-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон, ки агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикояти назоратӣ ва прокурори дар парванда иштирокдошта эътирози назоратӣ пешниҳод карда шавад.

Нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мӯҳлати як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад. Бо истифода аз ин ҳуқуқҳои мурофиавии худ мехостам санадҳои судии болозикршударо дар суди марҳилаи назорати мавриди баҳс қарор диҳам.

Бо санадҳои суди марҳилаи якум ва кассатсиони розӣ набуда, бо қабул намудани таъинот оиди ирсоли парванда ба суди марҳилаи назорати оиди аз нав барраси кардани шикояти назорати ва бекор кардани ҳалномаи судӣ марҳилаи якум, қарори суди марҳилаи кассатсиони ва барои баррасии нави судӣ ирсол кардани парвандаро хоҳиш менамоям.

ҲОЛАТИ МУФАССАЛИ ПАРВАНДА

Шарипов Каромат Бақоевич собиқадори қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия, собиқадори ҳаракатҳои ҷангӣ, афсари эҳтиётӣ буда, баъди хатми мактаби миёна 29.01.1980 сол шиносномаи IV-ЕЖ №536519 (намунаи 1974 сол) гирифта, ба омӯзишгоҳи Олии ҳарби-сиёси сохтмонии Симферопол дохил шуда, онро соли 1984 хатм намудам.

Баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбӣ дар Вазорати Мудофиаи ИҶШС хизмати ҳарбӣ намудам. Баъди барҳам хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ аз моҳи июни соли 1993 хизмати ҳарбиро дар қисми низомии 201 Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия то 01.10.1996 сол ва минбаъд онро то санаи 05.03.1999 сол дар дивизияи 144 Вилояти Смоленски округи ҳарбии Маскав адо намудам.

Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба нафақа баромада, аз ҳамон сол дар рӯйхати комиссариати ҳарбии назди Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия ҳамчун ҳафсари эҳтиётӣ (захиравӣ) то имрӯз ба қайд меистам.

Дар Карори Совети Олии Федератсияи Русия аз 17.06.1993 сол тахти №5206\1-1 оиди ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни Федератсияи Русия дар бораи ворид намудани тағийроту иловаҳо ба қонуни РСФСР “Дар бораи шаҳрвандии РСФСР» чунин омадааст:-

Мутобиқи қисми 1-и моддаи 13 Қонуни Конситутсионии Федератсияи Русия «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия» аз 28.11.1991 сол тахти №1948-1 шаҳрвандони Федератсияи Русия эътироф мешаванд, ҳамаи шаҳрвандони собиқ ИҶШС, ки доимо дар ҳудуди Федератсияи Русия аз рӯзи қувваи қонунӣ пайдо намудани қонун агар дар давоми як сол то санаи 06.02.1992 норозигӣ изҳор накунанд, шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул менамоянд.

Аз ҷониби ман дар ин давра оид ба қабули шаҳрвандии Федератсияи Русия норозигӣ изҳор карда нашудааст.Дар чунин ҳолат ман шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабулкарда баҳисоб меравам.

Дар баробари ин Шӯрои Олии Федератсияи Русия дар қисми 3-и қарори худ таҳти № 5206М-1 чунин қайд намудааст, ки меъёрҳои қисми 1-и моддаи 13-и қонуни Федератсияи Русия «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия» ба хизматчии ҳарбии савгандёдкардаи собиқ ИҶШС ё Федератсияи Русия, ё ин, ки дар қисмҳои ҳарбии таҳти Федератсияи Русия қарордошта дар ҳудуди дигар давлатҳо адои хизмат карда истодаанд, инчунин дар қувваҳои мусаллаҳи муттаҳиди Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки барои адои хизмат дар ҳудуди Федератсияи Русия омадаанд, баъди қувваи қонунӣ пайдо намудани қонун паҳн мешавад.

Дар чунин ҳолат ман ҳамчун хизматчии ҳарбӣ, ки дар давраи қабули қонунҳои болозикршуда дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доштам, адои хизмат карда, шаҳрванди Федератсияи Русияро қабул намудам.

Илова бар он ҳолати болозикршударо Амри президенти Федератсияи Русия аз 10.04.1992 сол таҳти №386 «оиди тасдиқи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия» тасдиқ менамояд.

Ногуфта намонад, ки қаблан дар солҳои 1984-1999 дар давраи шӯравӣ ҳангоми оҳ ози хизмати ҳарбӣ шиносномаи шаҳрванди ИҶШС аз хизматчии ҳарбӣ гирифта шуда, ба ҷои он ба хизматчии ҳарбӣ ҳуҷҷати ягона ин ҳуҷҷати шахсияти хизматчии ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбӣ) аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ҷои адои хизмат дода мешуд, ба ҳисоб мерафт.

Пас аз ба нафақа баромадан аз 16.06.1999 сол ба ман шиносномаи шаҳрванди Русияро дар Федератсияи Русия дода шуд ва минбаъд санаи 11-июли 2008 сол бинобар ба синни 45 солагӣ расиданам шиносномаро иваз намудам, яъне боз шаҳрванди Федератсияи Русия буданам ба ман боқӣ монд.

Соли 1999 бо фармони Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Федератсияи Русия ва тибқи Қонуни Федератсияи Русия дар бораи «мавқеъи хизматчиёни ҳарбӣ» аз ҷониби комисариати ҳарбии вилояти Смоленск ба ман нафақаи ҳарбӣ таъин карда шуда, ҳамзамон санаи 03.03.1999 сол ба ман шаҳодатномаи нафақагирӣ супорида шуд.

Ҳамсарам Шарипова Мавҷуда ва чор нафар фарзандонамон шаҳрвандии Федератсияи Русияро дар асоси фармон вазири Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия, ки ба мо сертификат барои ба даст овардани манзили истикоматӣ дода шуд. Фарзандони ман низ мисли ман дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия хизмат намуданд.

Аз соли 1980 баъди гирифтани шиносномаҳои Иттифоқи Советҳои Сотсиалистии Шӯравӣ силсилаи IV-ЕЖ №536519 (намунаи 1974 сол) ва баъдан гирифтани шиносномаи Федерасияи Русия ман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар умуман зиндагӣ надоштам.

Соли 2011 бо даъвати роҳбарияти Ҷумхурии Тоҷикистон барои қайдгирии ҷашни 20-ум солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меҳмони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаам, ки бо қайд дар шиносномаи хориҷиам, ки аз тарафи Федератсияи Русия дода шудааст, тасдиқ мегардад.

Баъди ба Ҷумхурии Точикистон омадан ман ба мақомотҳои бақайдгирӣ оиди тааллуқияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост равон кардам. Аз Хадамоти шиносномадиҳи ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи муовини сардор Б.Н.Юнус ҷавоб омад, ки гӯё ман дар қайди ноҳияи Файзобод, деҳаи Чойникуд мебошам.

Маълумотномаи (Шакли) №1 дар ШВКД ҶТ ноҳияи Файзобод нисбати ман Шарипов К.Б. вучуд надорад, танҳо оиди гирифтани шиноснома бо қайд дар китоби шакли 2 тасдиқ мегардад.

Аммо дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби шахсони масъули ШВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе нусхаи шакли №1 ШВКД ҶТ дар ноҳияи Файзобод пешниҳод карда шуд.

Аз сабаби ин ҳуҷҷат, яъне шакли №1 қаблан вуҷуд надошта, танҳо дар рафти мурофиаи судӣ нусхаи он пешниҳод шуд аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳуҷаат аз ҷониби шахсони мансабдори масъул сохтакорӣ карда шуда бошад.

Зеро аз мактуби ҷавобии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42/28-17 аз 04.01.2018 сол бармеояд, ки шакли №1 нисбати Шарипов К.Б. дар дафтари ШВКД ҶТ дар ноҳияи Файзобод бо сабабҳои номаълум мавҷуд намебошад.

Тасдиқи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди он, ки ман Шарипов К.Б. шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам танҳо аз рӯи китоби суроғавӣ маълум карда шудааст, ки ин ба моддаҳои 10-15 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 06.11.1994 бо тағйироту иловаҳо аз 26.09.1999 сол, 22.06.2003 сол ва 22.05.2016 сол мухолифат мекунад.

Мувофиқи маълумотномаи Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод №733 аз 28.03.2018 сол бармеояд, ки ман Шарипов К.Б. дар дафтари қайди ин ҷамоат аз соли 2011 сол дар қайд набуда, шаҳрванди Федератсияи Русия мебошам.

Ҳамаи ин ҳолатҳо дар маҷмӯъ аз он гувоҳи медиҳанд, ки ман шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул накардаам ва бо ин асос шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравам.

Ҳангоми баррасӣ намудани парвандаи мазкур аз ҷониби суди зинаи аввал ба ҳолатҳои кор баҳои ҳаққонии ҳуқуқии ҳаматарафа дода нашуда, парвандаи мазкур ғайриобъективона ва яктарафа баррасӣ карда шуда, дар натиҷа аризаи ман нодуруст рад карда шуд.

Мутобиқи талаботҳои м.м. 200, 202 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 13 аз санаи 23.06.2010 сол «Дар бораи ҳалномаи судӣ» ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад.

Ҳалнома дар он ҳолат қонунӣ ва асоснок мебошад, ки агар он бо риояи дақиқи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ қабул карда шуда, ба меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ, ки нисбати ҳамин муносибатҳои ҳуқуқи татбиқ карда мешаванд, пурра мувофиқат кунад.

Инчунин ҳалнома ҳамон вақт асоснок ҳисобида мешавад, ки агар ҳолатҳои парванда бо далелҳои дар маҷлиси судӣ таҳқиқгардида, ки ба талаботи қонун оиди дахлдорӣ ва ҷоизии далелҳо ҷавобгуй мебошанд, ё ҳолатҳое, ки ба исбот эҳтиёҷ надоранд (м. 64 КМГ ҶТ) тасдиқ шуда бошанд.

Дар ҳалномаи судӣ бояд ҳолатҳое, ки суд дар рафти мурофиаи судӣ муқаррар намудааст, далелҳое, ки хулосаи суд оид ба ин ҳолатҳо бо ин далелҳо асос ёфтаанд, ваҷҳҳое, ки дар асоси онҳо суд ин ё он далелро рад кардааст, дарҷ гардад.

Ҳ айр аз ин тибқи талаботи банди 8-и Қарори Пленуми Суди Олӣ бо дарназардошти он, ки яке аз принсипҳои муҳокимаи судӣ бевосита будани он мебошад (м. 160 КМГ ҶТ), ҳалнома танҳо ба он далелҳое асоснок карда мешавад, ки дар маҷлиси судӣ мавриди таҳқиқ, қарор дода шуда бошанд.

Суди зинаи аввал бошад принсипҳои номбаршудаи қонуни мурофиавӣ ва тавзеҳотҳои Қарори Пленуми Суди Олиро ба пуррагӣ риоя накарда, сарфи назар намуда, далелҳои парвандаи гражданиро ба таври бояду шояд насанҷида, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ надода, дар натиҷа ҳалномаи нодуруст ва бармаҳал қабул намудааст, ки бояд бекор карда шавад.

Суди марҳилаи якум дар ҳалномаи худ қайд кардааст, ки мувофиқи маълумотнома Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42/21-368 аз 06.10.2017 сол дода бармеояд, ки гӯё ман Шарипов Кармоат Бакоевич 08.04.1963 сол санаи таваллудам, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 1-10 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин ваҷҳи суди марҳилаи якум чунин қайд менамоям, ки мувофиқи талаботи моддаи 15-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.

Дар чунин ҳолат ман ҳеҷгоҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонам, зеро дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ман берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия қарор дошта, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул накардаам ва баръакс шаҳрвандии Федератсияи Русияро расман қабул намудам.

Илова бар он суди марҳилаи якум дар ҳалномаи худ ваҷҳ овардааст, ки дар рафти баррасии парванда аз маълумотномаи шакли №1 муқаррар карда шудааст, ки гӯё ман Шарипов Каромат Бакоевич санаи 01 апрели соли 1963 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод, Совети қишлоқи Гумбулоқ деҳаи Ҷайникуди таваллуд шуда, оиди ин ҳолат шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст. Ҳангоми ба балоғат расидан, яъне санаи 29.01.1980 сол ба ман шиноснома дода шудааст. Баъди ба хориҷа сафар карданам шиносномаи ман, ки дар шӯъбаи шиносномадиҳии ШКД Файзобод нигоҳ дошта мешуд соли 1997 бинобар гузаштани мӯҳлат нобуд карда шудааст, ин нодуруст аст.

Ин ҳолати мазкур аз он шаҳодат медодааст, ки гӯё ман Шарипов Каромат Бакоевич аз рӯи принсипи “таваллуд” шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтаам.

Вобаста ба ин хулосаи суди марҳилаи якум чунин қайд мекунам, ки суди марҳилаи якум меъёри моддаи 15-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодуруст маънидод намудааст, ки боиси ба хулосаи бармаҳал ва ғайриқонунӣ омадани суди марҳилаи якум гашт, зеро гарчанде ман дар давраи Шӯрави Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд гашта, минбаъд бори аввал соли 1980 шиносномаи давраи шӯравиро гирифта бошам ҳам, ин маънои аз ҷониби ман қабул кардани шаҳвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намедиҳад.

Барои он, ки ман ҳанӯз то барҳамхӯрии ҳокимияти Шӯрави берун аз марзи РСС Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доимӣ қарор доштам. Дар даврае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гашта, ҳамчун давлати соҳибистиқлол Конститутсияи худро қабул кард, ман берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доимӣ дар Федератсияи Русия қарор доштам.

Бинобар ин ҳолат суди марҳилаи якум аз рӯи принсипи таваллуд меъёри моддаи 15-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати ман нодуруст татбиқ намуд.

Илова бар он суди марҳилаи якум дар ҳалномаи худ ба талаботи моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳвандии ҶТ такя карда чунин қайд кардааст:-

Тибқи моддаи 29-и Қонуни зикршуда, кас аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин маҳрум мешавад:

а) агар дар мамлакати хориҷа ба хизмати ҳарбӣ, хадамоти амният, полис, мақомоти адлия ва мақомоти дигари ҳокимият ва идораи давлатӣ гузарад;

б) агар дар хориҷа доимӣ зиндагӣ кунаду дар давоми панҷ сол бе сабабҳои узрнок ба қайди консулӣ наистода бошад.

Гарчанде Шарипов Каромат дар қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия хизмат карда бошад ҳам, бояд ҳатман тариқи расмӣ аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст мекашид ва ин ҳолат тариқи расмӣ дар мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта мешуд.

Бо ин асос суд ба хулоса омадааст, ки гӯё то ҳол Шарипов Каромат расман дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва расман тибқи қонун шаҳрвандии ин давлатро аз даст надодааст.

Вобаста ба ин ваҷҳои овардаи суди марҳилаи якум дар бобати дастрас кардани моддаи 29-и Қонуни ҶТ дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд менамоям, ки суд ин меъёри қонуни болозикршударо низ нодуруст маънидод намудааст, зеро агар ба мазмуни ин моддаи болозикршуда аҳмият диҳем маро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардан бархилофи ин моддаи болозикршуда мегардад.

Барои он, ки ман дар Федератсияи Русия дар асоси шартномавӣ ҳамчун хизматчии ҳарбӣ хизмат кардаам, илова бар он ман доимӣ дар Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ карда, тӯли зиёда аз 30-сол дар Федератсияи Русия қарор дорам. Маҳз ин ҳолатҳо асоси аз ҷониби ман қабул кардани шаҳрвандии Федератсияи Русия гашта буд.

Аммо суди марҳилаи якум дар Федератсияи Русия дар асоси шартномаи хизматчии ҳарбӣ будани ман ва зиёда аз 30-сол сол дар Федератсияи Русия зиндагӣ кардани маро дидаву дониста, бархилофи моддаи болозикршуда ба хулоса омадааст, ки гӯё ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравам.

Суд дар ҳалномаи худ дуруст нишон додааст, ки Шарипов К.Б. пас аз хатми мактаби миёна, санаи 29 январи соли 1980 шиносномаи силсилаи IV-ЕЖ № 536519 намунаи соли 1974-ро гирифта ба Донишкадаи олии ҳарбӣ-сиёсии сохтмонии Симферопол дохил шуда, соли 1984 онро хатм намуда, хизматро дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ идома додааам.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар асоси Шартномаи байни Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия соли 1993 басташуда хизмати ҳарбиро то соли 1996 дар дивизияи 201-уми Федератсияи Русия, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир карда шудааст, идома дода, баъдан дар асоси фармони Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия барои идома додани хизмати ҳарбӣ дар вазифаи муовини қумандони баталёни мотострелкии Ҳарбӣ-баҳисобгирии ихтисос – 021082 (ВУС) ба вилояти Смоленск сафарбар карда шудам.

Дар парвандаи шахсии афсари ВМ Иттиҳоди Шӯрави дар бораи он, ки соли 1999 хизматчии ҳарби, афсар Шарипов К.Б. пеш аз мӯҳлат аз хизмати ҳарбӣ дар асоси банди «а» қисми 2 моддаи 51 Қонуни Федератсияи Русия «дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» озод карда шуда, ба рӯйхати хизматчиёни эҳтиётӣ (запас) ворид карда шудааст.

Ҳамин тариқ бармеояд, ки аз соли 1980 то соли 1999 хизматчии ҳарбӣ, афсар Шарипов К.Б. хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Федератсияи Русия адо карда, дар давоми адои хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки адои хизмат мекард ҳамчун истиқоматкунанда ба рӯйхат гирифта шуда буд (прописан).

Пас аз баромадан ба нафақаи ҳарбӣ, соли 1999 ман-Шарипов К.Б. шаҳодатномаи хизматчии ҳарбиро супорида, аризаи шакли №1-ро тартиб дода, шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Русияро гирифта, соли 2008 бинобар сабаби ба синни 45 солагӣ расидан онро иваз кардаам.

Раёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ санаи 26 майи соли 1986 ба афсари қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ман-Шарипов Каромат Бақоевич шиносномаи хизматиро барои сафар ба хориҷи кишвар ва идома додани хизмати ҳарбӣ дар Гурӯҳи армияи шӯравӣ дар Олмон (Германия) тибқи фармони Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ №0260 аз 8.11.1985 сол додааст.

Суди зинаи аввал ҳангоми шиносои бо хулосаи аз тарафи мақомоти давлатии Федератсияи Русия додашуда дар бораи он, ки Шарипов К.Б. фақат аз соли 1997 дар ҳисоби Федератсияи Русия буду бо вайрон кардани Қонун шаҳрвандии Федератсияи Русияро гирифтааст, хулосаи нодуруст бароварда, ба ҳисоб нагирифтааст, ки ҳамаи афсарони хизматчии ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки хизмат мекарданд дар он номнавис шуда буданд.

Бояд қайд кард, ки тибқи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 35 Қонуни Федератсияи Русия № 4455 -1 аз 11 феврали соли 1993 «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар рӯзи даъвати ҳарбӣ дар асоси шартномаи (контракт) шахсе, ки шаҳрванди Федератсияи Русия намебошад, наметавонад хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия, дигар намудҳои ҳарбӣ, дар мақомоти разведкаи беруна ва мақомоти федералии бехатарии давлатӣ адо намояд. Шаҳрванде, ки адои хизмати ҳарбӣ карда истодааст хизматчии ҳарбӣ буда, дорои салоҳияти ҳуқуқие, ки онро қонун муайян намудааст, мебошад.

Илова бар он моддаҳои 1 ва 2 Қонуни Федератсияи Русия № 4338 -1 аз 22 январи соли 1993 муқаррар кардааст, ки хусусияти (особенности) мақоми ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда вобаста ба ҳимояи мусаллаҳонаи давлат, вобаста ба зарурати бечинучаро иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда дар ҳар ҳолат, аз он ҷумла бо хатар ба ҳаёт муайян карда шудааст. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳое ки барои шаҳрвандони Федератсияи Русия муайян карда шудааст, ки шахсияти онҳо ва шаҳрванди ва инчунин ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мақоми ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро муаррифӣ менамоянд, супорида мешавад. Ман ҳам бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия шомил гаштаам ва дар натиҷа ман ҳамчун шаҳрванд аз як тараф ва Федератсияи Русия аз тарафи дигар ба муносибати ҳуқуқӣ (правоотношения) дохил шуда, асоснок будани ин муносибати ҳуқуқиро эътироф намудаанд, ки фақат ба шаҳрванд ва давлате, ки шаҳрвандии онро дорад, хос мебошад.

Дар навбати худ Федератсияи Русия, дар шахсияти мақомоти давлатии худ борҳо мақоми маро эътироф намуда, маро ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия ба хизмати ҳарбии зиёда аз мӯҳлат (сверхсрочний) ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия даъват намуда, ба махфияту сирри давлатӣ роҳхат дода, барои ба даст овардани ҳуқуқ ба манзили истиқоматии хусусӣ иҷозат дода, нафақаи нафақахӯри ҳарбиро ба расмият дароварда, шаҳодатномаҳои собиқадори қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия ва собиқадори ҳаракатҳои мусаллаҳонаро додааст.

Ҳолатҳои дар боло овардашуда шаҳодат медиҳанд, ки Федератсияи Русия шаҳрванди Федератсияи Русия будани маро расман эътироф намудааст.

Суди зинаи аввал ҳангоми баррасии парванда ҳуҷҷатҳои расмии дар зер нишон додашуда, ки барои омӯзиш ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ аз тарафи ман ба суд пешкаш шуда буданд, наомӯхта ба онҳо баҳои ҳуқуқи надодааст;

-дар маълумотномаи № 3324 аз 5.12.2017 сол, ки аз тарафи ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, омадааст, ки Шарипов Каромат 01.04.1963 соли таваллуд, мувофиқи китоби хоҷагии 18/28 деҳаи Чилчашма ҷамоати Бустон ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайд намеистад ва ҳеҷ вақт барои ба қайд гирифтан муроҷиат накардааст ва шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нагирифтааст;

-аз маълумотномаи № 734 аз 28.03.2018, ки аз тарафи ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бармеояд, ки ман Шарипов Каромат соли таваллудаш 1963 дар ҳисоби ҷамоат аз соли 2011 намеистад, чунки шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад;

-аз маълумотномаи № 1924/4032-3 аз 07.12.2017, ки барои Шарипов К.Б. аз нозироти андози шаҳри Душанбе гирифта шудааст омадааст, ки тибқи барномаи ягонаи компютерии Шарипов К.Б. дар нозироти андози ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе ҳамчун андозсупоранда аз амволи ғайриманқул ба ҳисоб намеистад.

Суди зинаи аввал ҳангоми санҷиши ваҷҳҳои ман ба маълумотномаи аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз 15.05.2018 сол, ки дар он тасдиқ карда шудааст, ки ман Шарипов К.Б. соли 1980 бинобар дохил шудан ба мактаби олии ҳарбии Федератсияи Русия аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафта бо ин асос аз қайди комиссариати ҳарбӣ бароварда шудаам.

Тибқи муқаррароти моддаи 30 Низомнома дар бораи низоми шиноснома дар СССР, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ аз 28.08.1974 сол тасдиқ карда шудааст, ки ашхосе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд бояд аз рӯзи гирифтани даъватнома дар бораи ҳозир шудан ба минтақаи ҷамъшавӣ (сборний пункт) аз рӯйхат бароварда шаванд. (подлежат выписке). Ин ҳолат бояд дар китоби бақайдгирии даъватшавандагон ба қайд гирифта шавад. Аз навиштаҷоти китоби бақайдгирии даъватшавандагони таваллудашон 1963 дар ҳисоби комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод ки дар саҳифаи 166, таҳти рақами 19 қайд карда шудааст, ки ман Шарипов К.Б. ҳамчун шахси прописной гирифта аз 18.02.1980 сол ва ба муносибати дохил шудан ба Донишкадаи олии ҳарбӣ-сиёсии сохтмонии Симферопол аз қайд баровардашуда шудаам.

Ҳангоми баррасии парванда рафти баррасии парванда пурра дар протокол дарҷ карда нашуда, ҳамзамон ба дархости ман оиди иҷозат додан барои истифодаи аудиозапис барои сабт кардани рафти мурофиаи судӣ рад карда шуд.

Суди зинаи аввал ваҷҳ овардааст, ки даъвогар ба суд ҳалномаҳои мақомотҳои судии Федератсияи Русияро пешниҳод накардааст, ки дар он суд дар асоси маълумотномаи Шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки вай шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он асос барои берун кардани Шарипов К.Б. аз қаламрави Федератсияи Русия гардидааст нодуруст мебошад, зеро дар маҷлиси аввалаи судӣ шахси бовариноки ман Шарипов К.Б.–Қодирова Г.У. ба суд барои ҳамроҳ кардан ба маводҳои парванда Қарори судяи суди шаҳри Любертсии вилояти Москваи Федератсияи Русия аз 30.11.2017сол, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии № 4133 аз 30. 11. 2017 сол, Гузориши «Рапорти» инспектор оид ба мигратсияи Люберетское МУ ВКД Русия пешниҳод карда шуда буд.

Ҳамин тариқ ҳолатҳои болозикршуда гувоҳи он аст, ки суди зинаи аввал санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки барои ҳалли масъалаи мазкур бояд истифода бурда мешуданд дуруст муайян намуда, дар айни замон онҳоро бо мувофиқа бо мазмун ва моҳияти онҳо татбиқ накардааст, ки ба қабули моҳиятан нодурусти ҳалнома оварда расонидааст.

Мувофиқи мазмуни моддаи 8-и шартнома «дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарии байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» басташуда аз 31.05.1993 сол омадааст, ки ба шахсони дар қаламрави ин давлатҳо истиқоматкунанда ҳуқуқ дода шудааст, ки дар асоси изҳори озодонаи хоҳиши худ кафолат дода шудааст, ки шаҳрвандии давлати истиқоматкардаистода ё шаҳрвандии давлати дигари иштирокчии ҳамин шартномаро интихоб намоянд.

Ман дар мурофиаи судӣ ба муқаррароти моддаи 29-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 104 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос карда, баён намудам, ки дар ҳолатҳои зерин шахс шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад:

а) агар шахс ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти бехатарӣ, мақомоти полис, мақомоти адлия ва дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ дар давлати хориҷӣ дохил шавад;

б) агар шахси доимӣ дар мамлакати хориҷӣ истиқоматкунанда, дар давоми панҷ сол бе сабабҳои узрнок ба қайди консулгарӣ наистад.

Аммо ин муқаррароти қонуни болозикршуда аз ҷониби суди марҳилаи якум нодуруст маънидод карда шуд.

Ба ҳ айр аз он аз маълумотномаи ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.12.2017 сол бармеояд, ки Шарипов К.Б. 01.04.1963 соли таваллуд, дар қайди ин ҷамоат намеистад ва дар бораи ба қайд гирифтан муроҷиат накардааст, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нагирифтааст.

Мувофиқи маълумотномаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.2018 сол Шарипов К.Б. аз қайди ин мақомот бинобар дохил шудан ба мактаби олии ҳарбии Федератсияи Русия аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтанаш аз қайди комиссариати ҳарбӣ бароварда шудааст.

Аз навиштаҷоти китоби бақайдгирии даъватшавандагони таваллудаш 1963 сол дар ҳисоби комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод буда дида мешавад, ки дар саҳифаи 166, таҳти рақами 19 қайд карда шудааст, ки Шарипов К.Б. ҳамчун шахси қайду сабтшуда (прописной) гирифта аз 18.02.1980 сол бинобар дохил шудан ба Донишкадаи олии ҳарбӣ-сиёсии сохтмонии Симферопол аз ҳисоб бароварда шудааст.

Тибқи муқаррароти банди 4 моддаи 1-и Қонун дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ № 4338-1 аз 22.01.1993 сол хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси шартномавӣ (контракт) адои хизмат менамоянд баъди ба нафақа ё истеъфо баромадан, ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ дар маҳалли аҳолинишини қаламрави Федератсияи Русияро интихоб намоянд.

Бо истифода аз ин меъёри моддаи болозикршуда ман пас аз адои хизмати ҳарбӣ ва ба нафақа баромаданам тибқи банди 4 моддаи 1 Қонун дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ № 4338-1 аз 22.01.1993 сол Федератсияи Русияро ман ҳамчун маҳалли зисти доимии худ интихоб намудам, ки ин ҳолат бо маълумотномаи аз тарафи сардори Рафоқати соҳибмулкони манзили Федератсияи Русия (Товарищество собтственников жилья РФ), вилояти Москва, шаҳри Котелники, кӯчаи Кузминская додашуда, ки ба суд пешниҳод карда шудааст, тасдиқи худро меёбад, вале суди марҳилаи якум мутаасифона ба ин ҳуҷҷат баҳои ҳуқуқӣ надодааст.

Илова бар он мувофиқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷати расмие, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда метавонад, ин шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунин ҳуҷҷати расмӣ, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани маро тасдиқ мекарда бошад, арзи ҳастӣ надорад. (не существует).

Ҳамин тариқ ба хулоса омадан мумкин аст, ки ман дар асоси муқаррароти моддаи 29 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар сабаби ба хизмати ҳарбии давлати хориҷӣ дохил шуданам шаҳрвандии Тоҷикистонро аздастдода баҳисоб меравам.

Дигар далеле, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Шарипов К.Б.-ро тасдиқ мекарда бошад мавҷуд нест ва ба суд пешниҳод карда нашудааст, ба ғайр аз формаи 19-и варақаи суроғавии «омадан» (прибития) аз 29.01.1980 сол, ки он ҳам бо роҳи сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ пешниҳод карда шудааст.

Инчунин мақомоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (шахси мансабдор бо парванда) талаботи судро оиди пешниҳод намудани дархости (запрос) мақомотҳои давлатии Федератсияи Русияро дар бобати аз ҷониби мақомоти далатии Федератсияи Русия талаб кардани маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017 сол-ро иҷро накард.

Илова бар он аз ҷониби суд ду дархости ман оиди шинос гаштан бо дархости мақомоти давлатии Федератсияи Русия дар бобати аз ҷониби мақомоти давлатии Федератсияи Русия талаб кардани маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017сол-ро қонеъ накард, ки дар натиҷа ҳуқуқи мурофиавии ман дағалона поймол карда шуд.

Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017 сол дар он хусус ба мақомоти давлатии Федератсияи Русия ғайрирасмӣ дода шудааст, ки гӯё ман Шарипов К.Б. 08.04.1963 соли таваллудам шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисоб мерафта бошам.

Бояд қайд кард, ки маълумотномаи болозикршуда аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои давлатии Федератсияи Русия фиристонида шудааст, ки ин ҳолат асоси бекор кардани шиносномаи шаҳрвандии Федератсияи Русия ман гашта буд.

Аммо дар маълумотномаи болозикршуда, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст санаи таваллуди ман нодуруст дарҷ гардидааст, яъне ба ҷои санаи 01.04.1963 сол санаи 08.04.1963 нишон дода шуда буд.

Нусхаи ҳуҷҷати болозикршуда ва формаи 19-и варақаи суроғавии «омадан» (прибития) ба ман аз тарафи мақомоти давлатии Федератсияи Русия супорида шуда буд, ки онро ман ба аризаи худ замима карда, ба суд пешниҳод карда будам.

Вале дар мурофиаи судӣ намояндаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон формаи 19-и варақаи суроғавии «омадан» (прибития)-ро дар қисми рӯзи таваллудам аз санаи 08.04.1963 сол ба санаи 01.04.1963 сол бо ручка онро ислоҳ карда, сохтакорӣ карда, ба суд онро ҳамчун далел пешниҳод намуд.

Суди марҳилаи якум бошад ин ҳолати болозикршударо дар ҳалномаи худ мавриди таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор надода, бармаҳал аризаамро рад намуд.

Ҳол он, ки рӯзи таваллуди ман, ки дар маълумотномаи болозикршуда нишон дода шудааст бо рӯзи таваллуди ман, ки дар шаҳодатномаи таваллуд дарҷ гаштааст, мухолифат мекунад.

Ҳамчунин намояндаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Н.Н. дар мурофиаи судӣ баён намуд, ки тибқи маълумотномаи таҳти №42/33-771 аз 07.04.2017 сол, ки аз ҷониби сардори хадамот Б.Н.Юнус ба дархости Комиссириати ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия таҳти №АМ391353 аз 02.03.2017 сол дода шудааст, гӯё ман Шарипов К.Б. дорандаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти серии А №536219 буда, он аз ҷониби ШКД ноҳияи Файзобод санаи 29.04.1980 сол дода шудааст.

Вобаста ба ин ваҷҳи намояндаи хадамот, ки гӯё ман дорандаи шиносномаи серии А №536219 буда, он аз ҷониби ШКД ноҳияи Файзобод санаи 29.04.1980 сол дода шудааст, гуфтаниам, ки санаи 29.04.1980 сол ҳанӯз дар давраи ҳокимияти шӯравӣ ба ман шиносномаи РСС Тоҷикистон таҳти силсилаи IV EЖ №536519 дода шудааст, яъне дар он сол Ҳокимияти Шӯравӣ амал карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли алоҳида арзи ҳастӣ надошт.

Аммо бо маълумотномаи болозикршуда силсилаи IV EЖ ба силсилаи А иваз карда шуда, барқасдона ва бардурӯҳ ба Комиссириати ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия пешниҳод карда шудааст.

Дар асл баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ ва ҳамчун давлати алоҳидаи соҳибистиқлол ва ягона эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман Шарипов К.Б. шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман дода нашудааст.

Мувофиқи қисми 3-и моддаи 257-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории исботи қонунӣ будани қарор, амал (беамалӣ) ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатие гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардааст ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додааст.

Дар чунин ҳолат ба хулоса омадан мумкин аст, ки шахси мансабдор ӯҳдадории худро дар бобати исбот кардани амал-беамалиаш-ро дар мурофиаи суди иҷро накард ва суди зинаи аввал низ ба ин рафтори шахси мансабдор, ки ӯҳдадории худро ба таври дахлдор иҷро накард, баҳои ҳуқуқь надод, гарчанде санаи таваллуди дар маълумотнома нишон додашуда ба рӯзи таваллуди ман Шарипов К.Б. мувофиқат намекунад.

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки ман Шарипов К.Б. аз соли 1980 то соли 1999 хизматчии ҳарбии Федератсияи Русия буда, баъдан ҳамон сол аз сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия озод карда шудаам.

Санаи 16.06.1999 сол дар асоси шаҳодатномаи шахсии хизматчии ҳарби ва карточкаи хизмати (был документирован паспортом гражданина РФ) шиносномаи шаҳрвандии Федератсияи Русия дода шудааст.

Ҳамин тариқ соли 1999 ман барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандии ФР муроҷиат карда, мақоми худро ҳамчун хизматчии ҳарбии Федератсияи Русия тасдиқ намуда, аризаи шакли №1П-ро пур карда, пешниҳод намудам. Дар натиҷаи баррасии ин ариза мақоми салоҳиятдори Федератсияи Русия ба ман Шарипов К.Б. шиносномаи шаҳрвандии Федератсияи Русия дода, бо ин ҳолат маро ҳамчун хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи ФР ва шаҳрванди ФР эътироф намудааст.

Пленуми суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 19.12.2008 таҳти №13 № «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баррасии парвандаҳоро дар суди марҳилаи кассатсионӣ ба танзим медароранд, бо банди 13 ба судҳо тавзеҳот додааст, ки тибқи талаботи қисми 1 моддаи 336 КМГ ҶТ суди марҳилаи кассатсионӣ қонунӣ ва асоснок будани ҳалномаи суди марҳилаи якумро бо дарназардошти ваҷҳҳои дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ пешниҳодшуда ва норозигиҳоро нисбат ба шикоят ё эътироз санҷида мебарояд.

Аз мазмуни қарори коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 12.07.2018-ум бармеояд, ки коллегияи суди ҳаряк ваҷҳу далелҳои ба коллегияи суди пешниҳодкардашударо мавриди муҳокима қарор надодааст, ё ваҷҳу далелҳои пешниҳодкардаи маро бо овардани асосҳои қонуни рад накардааст.

Илова барон Пленуми судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо банди 16-и қарори худ ба судҳо тавзеҳот додааст, ки суди марҳилаи кассатсиони қонуни ва асоснок будани ҳалномаро санҷида, мутобиқи қисми 1 моддаи 336 КМГ ҶТ ҳуқуқ дорад далелҳои навро таҳқиқ намуда, ҳолатҳои навро муайян созад. Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки далелҳои нав пешниҳодгардида метавонанд дар сурате мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд, ки агар суди марҳилаи кассатсиони эътироф намояд, ки пешниҳоди онҳо ба суди марҳилаи якум ғайриимкон буд ё ин ки суди марҳилаи якум ғайриқонуни таҳқиқ намудани онҳоро рад кардааст. Ўҳдадориҳо оиди исботи мавҷудияти ҳолатҳое, ки объективона ба шахсе, ки ба далелҳои нав ишора менамояд, барои пешниҳоди онҳо ба суди марҳилаи якум монеа мешаванд, бо назардошти принсипи мубоҳисави ба ўҳдаи ҳамин шахс вогузор карда мешавад. Қабули далелҳои нав тибқи талаботи моддаи 347 КМГ ҶТ бо қабули таъинот бо дарҷи асосҳое анҷом меёбад, ки дар асоси онҳо суди марҳилаи кассатсиони оиди имконнопазирии пешниҳоди далелҳои мазкур ба суди марҳилаи якум ва инчунин дахлдории далелҳои мазкур ба ҳолатҳое, ки барои дуруст барраси намудани даъво аҳамият доранд ва оиди эҳтимолии онҳо ба хулоса омадааст.

Агар аз тарафи суди марҳилаи кассатсиони дар асоси далелҳои дар парванда мавҷуд буда ва иловатан пешниҳодгардида ҳолатҳое, ки барои дуруст ҳаллу фасл намудани он аҳамият доранд, муайян карда шаванд, он гоҳ суд тибқи сархати 4 моддаи 350 КМГ ҶТ ҳуқуқ дорад ҳалномаи суди марҳилаи якумро тағир дода ё бекор карда, ҳалномаи навро бе ирсоли парванда ба баррасии нави суди, ба шарте ки шахсони иштирокчии парвандаи граждани бо далелҳои иловагии пешниҳодшуда шинос гардидаанд, қабул намояд. Дар акси ҳол парванда ба баррасии нав ирсол карда мешавад.

Аммо суди марҳилаи кассатсиони бе муҳокима ва таҳқиқи ваҷҳу далелҳои такроран пешниҳодкардаи ман бармаҳал қарори ғайриқонунии худро қабул кардааст.

Сабаб дар чи бошад, ки ду марҳилаҳои суди (суди марҳилаи якум ва кассатсиони) ҳар як ваҷҳу далелҳои хатти пешниҳод кардаи маро дар алоҳидаги мавриди муҳокима қарор надода ё бо овардани далелҳо, онро рад накардааст. Танҳо бо як ваҷҳои рӯяки тамоми ваҷҳои маро бармаҳал рад карда истодааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 351-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта, исбот нагардидани ҳолатҳои муайяннамудаи суди марҳилаи якум, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд, номутобиқатии хулосаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома дарҷ гардидаанд ва вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ мебошанд.

Ҳолатҳои болозикршуда дар маҷмӯъ гувоҳи он аст, ки хулосаи суди марҳилаи якум, ки дар санади суди дарҷ карда шудааст бо ҳолатҳои воқеъии кор, ки дар вақти баррасии парванда муқарар карда шудааст, мутобиқат намекунад.

Дар асоси моддаҳои 4, 352 ва 365-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коллегияи судӣ,-

ХОҲИШ МЕНАМОЯМ:

Парвандаи граждани аз рӯи аризаи ман оиди мавриди бахс карор додани амали (беамалии) шахсони мансабдор-Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талабот дар бораи беэътибор донистани маълумотномаҳо аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе талаб карда шавад.

Бо қабул намудани таъинот оиди ирсоли парванда ба суди марҳилаи назорати, шикояти назоратиам ба суди марҳилаи назорати барои моҳиятан барраси намудан, ирсол карда шавад.

Ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 04.06.2018 сол, ки мувофиқи он қонеъ намудани аризаи ман оиди мавриди бахс карор додани амали (беамалии) шахсони мансабдор-Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо талабот дар бораи беэътибор донистани маълумотномаҳо:-

-Маълумотномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ОГ и РБ ПРС МВД РТ), аз 06.10.2017 сол;

-Маълумотномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти Консулӣ дар Федератсияи Русия №3022\05 аз 25.11.2017 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор А.Гулов дода шуда;

-Шаҳодатномаи бозгашт ба ватан №0704900 аз 25.11.2017 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор А.Гулов дода шуда;

-Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №42\33-771 аз 07.04.2017 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор Юнус Б.Н дода шуда;

-Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Ҷумҷурии Тоҷикистон №42\32-Ш-27 аз 05.01.2018 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор Юнус Б.Н дода шуда;

-Маълумотномаи Хадамоти шиносномавию бакайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №42\32-Ш-27\1 аз 12.01.2018 сол, ки аз тарафи шахси мансабдор Юнус Б.Н додашуда, рад карда шудааст ва қарори коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 12.07.2018-ум, ки мувофиқи он шикояти кассатсионии ман оиди бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум рад карда шуда ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир гузошта шудааст, бо назардошти ҳолатҳои болозикршуда бекор карда шуда, парванда барои баррасии нави судӣ ирсол карда шавад.

Замима: Ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 04.06.2018, қарори коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 12.07.2018-ум ва нусхаи шикояти назорати.

Бо эҳтиром: Шарипов К.Б.«07» августи 2018 сол

Эзоҳ: Ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 04.06.2018, қарори коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 12.07.2018-ум дар шакли асл ва шикояти назорати бо теъдоди шахсони иштирокчии парванда бо риояи талаботи моддаи 367-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод карда шудааст.

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.684 seconds.