По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 27.11.2014
 

3 рӯз пеш аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон гурӯҳҳое ба Русия партофта шудаанд, ки онҳо тасмим доштаанд нисбати равшанфикрони тоҷик дар ин кишвар амалиёти террористиро анҷом диҳанд”

Қазияи Иброҳимов: Назари Каромат Шарипов ва Иззат Амон

Шаби гузашта дар хиёбони Севанскаяи шаҳри Маскав ба ҷони Иброҳим Мақсудов, раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» сӯиқасд шуд. Дар ин бора бахши матбуотии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар додааст.

Ҳодисаи мазкур шаби 26 ба 27-уми соатҳои тақрибан 23:00, дар кӯчаи Боку рух дод: “Иброҳимовро ду афроди номаълум бо корд захмӣ карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, – менависад хабаргузории “БалтИнфо”.

“Дар натиҷаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз ҷониби маъмурони полис як туфангчаи “Макаров” бо садохомӯшкунак (“глушитель”) пайдо кардаанд, ки эҳтимолан ба маҷрӯҳшуда тааллуқ дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагарон ба кунҷи бино фирор карда, ба мошини тамғаи хориҷӣ нишаста, бо куҷаи Севан фирор кардаанд. Фарзияи асосӣ қасос аст”,- менависад “БалтИнфо”, бо такя ба манбаи худ .

Бино ба иттилои «БалтИнфо», Иброҳимов Мақсуд, 36 сола, истиқоматкунандаи вилояти Ростови Русия буда, аз 7 октябри соли 2014 аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шудааст.

Каромат Шарипов, роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия вобаста ба ин қазия гуфт, ки агар духтурон изоҷат диҳанд, бо Мақсуд Иброҳимов сӯҳбат хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, ки бовар дорам сӯиқасд аз тарафе шахсони шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистон дошта ҳастанд, сурат гирифтааст:

“Ин сӯиқасд ба хотири он аст, ки ин ҷавон боз овоз баланд намуд. Ин дар шаъни ҳукуматдорони Русия ва Тоҷикистон, қобили қабул нест. Иброҳимов Мақсудро бо ин амал мехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Вай шаҳрванди Русия аст ва Русия наметавонад ин корро анҷом диҳад. Ва ба гуфтаи худи Иброҳимов, 3 рӯз пеш аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон гурӯҳҳое ба Русия партофта шудаанд, ки онҳо тасмим доштаанд нисбати равшанфикрони тоҷик дар ин кишвар амалиёти террористиро анҷом диҳанд”, гуфт Каромат Шарипов.

Иззат Амон, роҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия низ бар ин назар аст, ки сабаби сӯиқасд ба ҷони Иброҳимов ин фаъолияти сиёсии ӯ аст.

Вобаста ба ин ҳодиса эътилофи нерӯҳои мухолифи «Тоҷикистони нав» бо пахши изҳорот зикр кардаанд, ки чандин маротиба нисбати Иброҳимов таҳдид сурат гирифта, ҳатто ба оилаи ӯ дар Тоҷикистон аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон фишор оварда шудааст:

«Мо аз раҳбарияти Русия талаб мекунем, ки ба ҳодисаҳои рабудан ва куштори намояндагони нерӯҳои мухолифини тоҷик хотима диҳанд. Дастандаркорон ва иҷрокунандагони ин амалҳои террористиро пайдо намуда, ҷазо диҳанд», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Бояд қайд кард, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва узви Шӯрои раҳбарии Эътилофи нерӯҳои мухолифи «Тоҷикистони нав» ба шумор меравад. Иброҳимов бо ташкил намудани як қатор гирдиҳамоиҳо дар Русия бо иштироки муҳоҷирони тоҷик истеъфои президенти Тоҷикистонро талаб карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин изҳорот, ки эътилофи нирӯҳои мухолифини “Тоҷикистони нав”, онҳоро дар ин сӯиқасд гунаҳкор мекунанд, вокунише надодааст.

Фарангис Набиева

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.537 seconds.