Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
Опубликовано: 03.12.2017
 
Абдулло Давлатов кист?

Х а й п а н ё м?
Одамоне ҳастанд муҳаббатнадида, навозишнаёфта, ба орзу нарасида ва комнадида. Худро ба ҳар сӯ ва ҳар кӯ мезананд, то аз вуҷуди хеш дарак диҳанд.
Хайп – калимаи ҷадиди корбарони шабакаҳои маҷозӣ барои онҳост, ки маънояш ба ҳар роҳе набошад, худро муаррифӣ кардан аст.
Хайпи ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст: яке дар мазраъи ом  изорашро мекашад, дигаре  худаш ба худаш тӯҳмат мебофад, саввумӣ ба ягон шахсияти бузург дармеафтад…
Ман аз як нафаре мегӯям, ки сахт ба худнамоӣ эҳтиёҷ дорад. Сахт мехоҳад ки варо бишносанд, аз ӯ бигӯянд.
Биё, ки аз ӯ бигӯям, ки оташи дилаш паст бишавад, як рекломаш кунам.
Абдулло Давлатов кист?
Яке мегӯяд комишшинос  (сексопатолог), дигаре мегӯяд табиби ҳама дардҳо. Яке гуфтааст: Чехов! Яке мегӯяд мулло, дигаре майзада, яке далел меоварад, ки хидматгузори ҳукумат буд. Акнун рӯ ба Наҳзат овардааст.
Ин саҳар саҳфаашро варақ задам ва ӯро ташхис кардам. Валлоҳи биллоҳи ин бача мариз аст!  Аз бобою додою момояшу худашу хараш як кейсе сохтааст, мегӯӣ Афлотун бошад, Нелсон Манделла бошад, гарчанде мандафае беш нест.
Агар зиёд нависам варақ ҳайф аст. Қалам ба дод меояд. Калимаҳо саф мекашанд ва ба ҳуҷум мегузаранд. Ҷумлаҳо ба дашном мепардозанд :” э дар …  моро ҳайф накун!”
Барои ҳамин  чанд ҷумла:
Вақти ҷанг Абулло дингӯз зада буд. Намешинохтам.
Бори нахуст номашро соле шунидам, ҳукумат як созмоне сохта буд барои дифоъ аз муҳоҷирон. Раисаш бояд аз худи гурезагон таъин мешуд. Ҳамон вақт Абдулло Давлатовро ёфта буданд.
Ин созмон бояд алтернатив ба созмони машҳури Каромат Шарифов мешуд. Танҳо ба ҳамин хотир.  Ҳатто  президент Раҳмонов дар расми ифтитооҳи он дар “Президент- отель”- и Маскав  ширкат дошт.
Рӯзҳои тиллоии як гуреза сар шуданд. Сафорат, вазирон, воҳима, офис дар  бинои ҳукумат дар маркази Маскав, тараб дар тарабхонаҳо,  котиба…
Ммммммммм…
Гурезаҳо гурезед,  Абдулло Давлатович меояд!
Қисса кутоҳ,   ҳукумат бо  комишдармонгар (сексопатолог)  баъди чанде хайрбод гуфт. “Поматросил и бросил!”
Дигар дар зиёфатҳои сафорат даъват набуд.
Дигар варо дар Кохи раиси ҷумҳур намепазируфтанд.
Дигар ҳатто Рамазон Раҳимов ба таҷлили Рӯзи милиса ба Душанбе даъват намекард.
Дигар офис намонд.
Ошкоро бар зидди ҳукумат бархостан ҷасорат нест.
Ҳатто бо даъвати Кабирӣ ба туйи Наҳзат ба Варшава омад, вале аз ҳама илтимос мекард, ки “сурати маро чоп накунед” . Сабаби  тарсашро имрӯз худаш гуфтааст:
” Падарам ба ман насиҳате карда буд, ки ҳеҷ   гоҳ фаромӯш намекунам, “бо думи шер бозӣ накун”, яъне бо давлат шухӣ накун мегуфт ӯ”,- шоирона ба ёд меоварад Давлатов.
Ин андешаи “шоиронаро” имрӯз аз як сайт хондам.
Дармонгар дардманд шуд.
Номи дард ин аст:  рашк.
Агар Каромат Шарифов намешуд, шояд Абдулло Давлатов падари муҳоҷирон мегашт.
Чанде пеш акси Муқим Майбалиевро, ки байни муҳоҷирони тоҷик номдор аст,  бо Рамазон Раҳимов дида месӯхт. Маҳкум мекард. Хиёнат мехонд.
Ҳоло ба Каромат Шарифови зиндонӣ рашк мекунад, ки боз машҳуртар мегардад.
Боз иқтибос:
“Дуктури тоҷик гуфт, новобаста аз ҳама Каромат Шарипов дар байни муҳоҷирон мавқеи худро пайдо карда буд ва ӯ боварии комил дорад, ки паз аз ин қазия номи Каромат Шарипов дубора вирди забонҳо мешавад.
“Ҷабрдидаро дар ҳама ҷо дӯст медоранд”,- илова кард вай.
Доктор!
Ман табиб нестам, аммо дар куҷое хонда будам, ки агар алам мекашед, оташи рашк месӯзадатон каме вазнин шавед, ва як қаланфури тунди тунди тунд  хареду дар болояш нишинед. “
Мегузарад…
Аз ишқи нотамоми ҳукумат ва доктор дигарон мегӯянд.
Дуктур, маҳзун набошед. Худам шуморо мекунам! Машҳури машҳури  машҳур!
Хайпанем?!
:)

Ман табиб нестам, аммо дар куҷое хонда будам, ки агар алам мекашед, оташи рашк месӯзадатон каме вазнин шавед, ва як қаланфури тунди тунди тунд хареду дар болояш нишинед. ”

Мегузарад…

Аз ишқи нотамоми ҳукумат ва доктор дигарон мегӯянд.

Дуктур, маҳзун набошед. Худам шуморо мекунам! Машҳури машҳури машҳур!

Хайпанем?!

Похожие записи:

    Не найдено.

4 Комментариев to “Абдулло Давлатов кист?”

  1. Боир Саидов Сказал(а):

    Хар киву хар чи гуфтанд,вале як чи мухим аст-инсон бояд дар хар лахзахои зиндаги чузъро аз кулл чудо кунанд,одами окил дурашро андеша мекунад,нодон эхсосотист- байни Абдулло Давлатову Каромат Шарипов чи буд-ин чузиёт аст ва холо мухим ин аст,ки аз сахнаи сиёсати Русия дур кардани Каромат Шарипов ба миллат хеле бад аст ва холо касе бо хампояи Каромат Шарипов нест ва инро Давлатов бояд дарк мекард ва агар мехохад,ки ба нафъи миллат кор кунад-пуштибони кунад,на ситеза. Дуввум-бо ин корашон макомоти Руссия хушдор медиханд,ки точиконро фаъол ва тарафи баробар намебинанд ва танхо ба хайси неруи кори,безабону зонузада,Каромат Шарипов барои хукукхои инсони ва инсон будани точикон мубориза мебурд ва ин ба хукумати чи Русия ва чи Точикистон хуш намеомад-хадафи ин хар ду тараф точиконро ба гулом табдил додан аст,гурурашро шикастан ва ин коррро бо дасти миллатфурушон мекунанд.Хоини касби бообру нест вале хеле бизнеси судовар аст….Хар касе,ки имруз зидди Каромат Шарипов аст-ин хоини миллат асту хидматгузори мунофикин.Каромат фаришта нест-вале хар даъвое бошад.бадаш байни худашон хал мешавад-холо коре бояд кард,ки озод шавад ва дар Руссия бимонад!

  2. Худойшукур Холикоа Сказал(а):

    Салом бародар аз сиёсат дурам манам мухочирам аз вактеки фахмидам К.Шариповро депортация мекунанд зик шуда мондам… К ист К Шарипов? Дар майдони фесбук мехонам гучое кадом мухучир даст шикаст по шикаст ягон праблема К.Шарипов дарончо….

  3. admin Сказал(а):

    Худойдод Миртазоев Салом бародар аз сиёсат дурам манам мухочирам аз вактеки фахмидам К.Шариповро депортация мекунанд зик шуда мондам… К ист К Шарипов? Дар майдони фесбук мехонам гучое кадом мухучир даст шикаст по шикаст ягон праблема К.Шарипов дарончо….

  4. Vlad Сказал(а):

    Известный врач Абдулло Давлатов рассказал о первом в Таджикистане, да и во всей Центральной Азии Центре лечения бесплодия, организатором которого он является

Вы можете оставить сообщение

17 queries. 5.685 seconds.