По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.10.2013
 

Агар дар интихобот президенти амалкунандаи Тоҷикистон пирӯз гардад, ки ин бешубҳа аст, оё месазад аз ӯ ягон хел ислоҳотро интизор шуд?

Бозингарони беруна аз ивазшавии роҳбарият дар Тоҷикистон манфиатдор нестанд,

зеро симое нест, ки ҳамвазни Раҳмон бошад

Бозингарони беруна аз ивазшавии роҳбарият дар Тоҷикистон манфиатдор нестанд, зеро дар арсаи сиёсат симое нест, ки дар ҳақиқат ба Эмомалӣ Раҳмон баробар бошад. Президенти Тоҷикистон имрӯз бехатарии сармоягузории чинӣ, ҳузури низомиёни Русия ва як қатор лоиҳаҳои иқтисодии ин кишвар, аз қабили Сариқамиш ва НБО Сангтуда-1-ро таъмин месозад. Дар ин хусус мушовири директори Донишгоҳи тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ибтикор (Красноярск), коршинос оид ба кишвари Эрон ва Осиёи Миёна Игор Панкратенко дар мусоҳибаи ихтисосие бо сомонаи CA-News иброз дошт.

- Номзади ягона барои президентӣ аз ҷониби оппозитсия Ойниҳол Бобоназарова интихоб шуда буд. Оё ин як навъ амсилае барои занҳои номзад ба президентӣ буда наметавонад (зеро дар Қирғизистони ҳамсоя замоне Роза Отунбаева президент интихоб шуда буд)? Ба ақидаи Шумо оё ӯ имконияти пирӯз шуданро дорад?

- Албатта, ин иқдоми фаъол ва ҳатто то андозае иқдоми театрӣ мебошад, ки бо доштани имкониятҳои комилан ночиз барои пирӯзӣ, ба «иттиҳоди мухолифин» иҷозат медиҳад, ки дар назди Ғарб зебо ҷилва намоянд. Тавре ки аллакай гуфтам, хонуми Бобоназарова тамоман имконияти пирӯзиро дар даст надорад, вале ин ҷо гап сари имкониятҳо намеравад. Бо ин пешбарӣ «иттиҳоди мухолифин» намоиш медиҳад, ки онҳо бар зидди президенти имрӯза баромаданӣ нестанд ва иштирок дар интихобот барои мухолифин – як навъ бозии сиёсист. Рости гап, инро пинҳон ҳам намекунанд. Ҷаноби Кабирӣ дар мусоҳибаи Радиои Озодӣ рӯирост гуфта буд: «Шояд мо дар интихобот мағлуб шавем, вале метавонем ин имкониятро барои аз худ хабар додан, истифода барем».

Вале тарафи дигари ин пешбарӣ низ вуҷуд дорад. Мефаҳмед, осонтар аз ҳама нисбати номзади мазкур китфҳоро афшондану гуфтани на дузди бозор ва на шайхи мазор, осонтар аст. Хонуми Бобоназарова – бечунучаро инсони муҳтарам аст, вале на сиёсатмадор. Вале, модоме ки ҷониби мухолифин танҳо чунин номзадро «пайдо намуданд», пас, ин чунин маъно дорад, ки ҳеҷ гуна оппозитсия вуҷуд надорад, танҳо дастаи одамонанд, ки аз худ

мухолифин тарошида, наметавонанд ба Тоҷикистон алтернативаи воқеии даври президенти имрӯзаро пешниҳод намоянд.

- Агар дар интихобот президенти амалкунандаи Тоҷикистон пирӯз гардад, ки ин бешубҳа аст, оё месазад аз ӯ ягон хел ислоҳотро интизор шуд?

- Биёед яку якбора муайян кунем – дар бораи кадом ислоҳот сухан меравад. Агар танҳо ислоҳоти сиёсиро дар назар дошта бошед, ба ақидаи ман чунин ислоҳот дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон лозим нест, зеро ислоҳоти сиёсӣ ба кишвари дорои маҳсулоти умумии дохилӣ дар соли 2012 баробари 6,987 миллиард $ (маълумот мутобиқи The World Bank: Gross Domestic Product 2012 дода шудааст) – ин, маро бубахшед, таҳқиру масхарабозӣ мешавад.

Вазифаи асосии ҷумҳурӣ – ин баланд бардоштани иқтисодиёт аст. Чӣ тавр бояд инро анҷом дод – имрӯз касе дар ин бора чизе гуфта наметавонад, на дар Душанбе, на дар Маскав ва на дар Ғарб. На барои он ки атрофиён ҳама нодонанд, балки ба он хотир ки Тоҷикистон «аз маъракаи иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ берун мондааст». Хотирнишон месозам, ки вазъият чунин аст: дар ҷумҳурӣ сатҳи рушди иқтисодиёти истеҳсолӣ фавқулодда паст аст. Сабаби асосӣ – бекорӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ. Дар шароити бозорӣ, махсусан, бозори глобалӣ, иқтисодиёти истеҳсолкунанда танҳо масъалаи «меҳнатдӯстӣ» ва ҳатто «сармоягузорӣ», ки ҳар замон дар бораашон таъкид мекунанд, буда наметавонад. Дар ҳоле, ки субъекти иқтисодӣ дорои тоқи худ набошад, ҳеҷ як меҳнатдӯстӣ ё маблағгузорӣ наметавонад кӯмак расонад. Агар мо рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро хоҳонем, масалан ман, бисёр мехоҳам, ки ҷумҳурии дӯстдоштаам пойдору аҳолии он дорои зиндагии сазовор бошанд, пас бояд чунин масъалагузорӣ карда шавад: мавқеи Тоҷикистон дар тақсимоти меҳнати минтақа ва ҷаҳонӣ чӣ гуна аст? Яъне аҳолии Тоҷикистон бояд чӣ кор кунанд, ки барои дигарон дархостӣ бошанд? Сайёҳиро инкишоф диҳанд? Оё пешниҳодоти ҷиддие ҳаст?

Якбора илова мекунам, ки Тоҷикистон бо ин шароиташ танҳо нест. Чӣ, дар Қирғизистон вазъият хуб аст? Дар Черногория? Дар Косова? Давлатҳое, ки аз иқтисоди глобалӣ «каноранд» ва ин мушкилоти сохторӣ аст, ки ҳеҷ кас ба ислоҳ шуданаш кӯшиш намекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро мебоист мустақилона модели худро ёбад.

Бигзор ин гуфтаҳои ман ғайрисиёсӣ садо медиҳанд, лек умуман банда шахси ғайрисиёсиам. Агар имрӯз яке аз ҷабҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аст, биёед дар самти омода намудан, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва касбияти онҳо кор барем, то ин ки, онҳо на ин ки 200-300 доллар ба хона равон кунанд, балки зиёдтар аз ин. Биёед бо манотиқи Русия оид ба бо ҷойи кор таъмин намудан, омӯзиш ва аз ҳама муҳим ҳифзи иҷтимоии онҳо созиш кунем. Бечунучаро дар ин самт ислоҳот зарур аст.

-Оё ба назари Шумо номзади ягона аз мухолифин ба манфиатҳои Русия, ИМА ва Чин ҷавобгӯй аст?

Ба он водарам мекунед, ки ман гӯям, инсоне, ки солҳои 1996 ва то 2007 Фонди Соросро дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард ва имрӯз низ роҳбарии як созмони ҳифзи ҳуқуқ- «Перспектива+»-ро бар уҳда дорад, танҳо Амрикоро қонеъ карда метавонад. Фикр мекунам, ки онҳоро дар он ҳолат метавонад қонеъ кунад, агар барои онҳо ноамнӣ дар Тоҷикистон лозим бошад. Дар бораи Русия ва Чин намегӯям, то ҷое ин ҷо ҳама аён аст-қонеънакунанда. Биёед бубинед бо чи номзад ба интихобот мераванд? Хонум Бобоназарова таъкид мекунад, ки дар сурати ғолиб омадан дар интихобот ҳамчун «Президенти муваққатӣ» ваколатро ба парлумон дода, Ҳукуматро ғайримарказӣ мекунад. Воқеан сухан сари дар Тоҷикистон таъсис додани ҷумҳурии парлумонӣ меравад, албатта ҳамчун ҳамаи дигар ислоҳотҳое, ки мухолифин пешниҳод мекунанд, ҳамчун қисмҳои барномаҳо, ки дар онҳо гуфта мешавад «тиҷорати хурду миёна», «артиши касбӣ», ин ҳама орзуҳои сиёсианд. Фарзан, ӯ дар интихобот ғолиб меояд. Баъд чӣ? Дар ҳолати парламентарилизмӣ ҳеҷ гуна ислоҳоти куллӣ ғайри имкон аст. Дар шароити «парламентарилизми шарқӣ» ислоҳот тамоман номумкин аст. Барои он ки парлумон даррав ба макони тақсими ҳисобҳо миёни қабилаҳо, макони тақсими ҷараёни маблағҳо, ба маконе, ки онҷо сиёсатмадорони бумӣ савдоро барои боло бурдани «маблағ барои риояи қонун» дар муносибот бо ҳукумати марказӣ оғоз мекунанд. Ин гуна сенария Тоҷикистонро қонеъ мекунад? Ин Русия ва Чинро ҳам қонеъ намекунад, то ҷое ба ин кишварҳо ҳам Тоҷикистони амн лозим аст.

- Оё бозингарони беруна ба иваз шудани роҳбар дар Тоҷикистон ҳавасманданд?

-Ҳам Русия ва ҳам Чин – на. Ва сабаб инҷо дар «таваҷҷуҳи» хос ба Раҳмон нест, на ба самти асотирии «русиягароӣ» ё «чингароӣ»-и вай аст. Дар он аст, ки имрӯз дар арсаи сиёсат ҳамвазни ӯ нест. Президенти Тоҷикистон имрӯз амнияти сармояи Чин, будубоши ҳарбиёни рус ва як қатор барномаҳои иқтисодии Русия, аз қабили Сариқамиш ва НБО «Сангтӯда-1»-ро таъмин мекунад.

Фикр мекунам, ки шароити иловагии пешниҳоднамудаи Раҳмон оид ба зиёд намудани ҳаҷми маблағ дар навкунии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҷониби Маскавро қонеъ мегардонад.

Зиёда аз ин, имрӯз, 1 октябр палатаи поёнии Тоҷикистон Созишномаи буду боши базаи ҳарбии 201-и Русияро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард.

ИМА то анҷом ёфтани монтажи таркиби «Афғонистон баъди соли 2014»-ҳамчунин ба иваз шудани Раҳмон ҳавасманд нест, ки инро низ ҷаноби Маҳмадалӣ Ҳайит-роҳбари ситоди интихоботии Бобоназарова дар мулоқот бо намояндаи Сафорати Амрико дар Душанбе Катсакис таъкид кардааст. Дар назар аст, ки мавқеи Амрико дар соли 2014 мумкин аст шадидан тағйир ёбад, лек дар ин боро ҳоло гуфтан барвакт аст.

-Нишонаҳои нави сиёсати беруна чӣ гуна хоҳанд буд, зеро мутобиқи қонунгузорӣ пас аз интихоботи президентӣ, дарҳол ҳукумат ба истеъфо меравад ва ба ҷои он ҳукумати нав таъйин мегардад. Тибқи натиҷаҳои интихоботи гузашта шахсиятҳо дар ҳукумати Тоҷикистон комилан тағйир наёфтаанд, дар айни ҳол вазъи кунунӣ чӣ гуна аст? Шарҳи Шумо?

- Ба ақидаи ман гап дар сари шахсиятҳо нест, балки дар тамоюлот аст. Ҳама бидуни дигаргунӣ мемонад. Раҳмон байни манфиатҳои Русия, Чин ва ИМА дар ҳоли мувозинат қарор мегирад. Магар ӯ интихоби дигар ҳам дорад?

- Ташаккур барои суҳбат.

CA-News, 02-юми октябри 2013

Садриддин Низомов

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.534 seconds.