По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 06.03.2015
 

Агар хукумати Точикистон чунин “дасти дароз” дорад, пас вокеан чои тарс аст. Агар фармоишгарон онхоеанд, ки ба эхсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бози мекунанд, чои андешаи тулонист…

Раджаб Мирзо политологКушта шудани Умарали Кувватов бисер ходисаи нангин ва дахшатзост. Дар айни замон саволхои бисереро ба вучуд меорад. Ба назари ман ин террорро мешавад бо катли Борис Немтсов дар назди Кремл монанд донист. Немтсов як руз пеш аз гирдихамоии эълоншуда ва Кувватов пас аз эълони натичахои бо ном интихобот кушта шуданд. То хол дар куштори аввали гуруху шахсияти манфиатдорро мечуянд ва фарзияхои гуногун хадс зада мешавад. Акнун ин тахминзанихо дар Точикистон пеш меоянд: террори Кувватов ба манфиати кист?

Оре, мо фаромуш намекунем, ки хукумати Точикистон ду бор барои истирдоди Кувватов муваффак нашуд. Инро хам аз ед намебарорем, ки Душанбеи расми Мухамадрузи Искандарову Низом Чураевро бо кадом роххо аз Русия оварду ба зиндон андохт. Вале он замон харф аз Русия буду гуфта мешуд хардуи ин холат бо кумаки хадамоти русияги сурат гирифтааст. Холо бошад, сухан дар бораи куштор ва он хам дар як кишвари демократи меравад. Агар хукумати Точикистон чунин “дасти дароз” дорад, пас вокеан чои тарс аст. Агар фармоишгарон онхоеанд, ки ба эхсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бози мекунанд, чои андешаи тулонист…

Ба хар сурат, пас аз куштори Немтсов, Путин ба модари у баркия фиристоду дар он мархумро ситоиш кард. Чанд руз пеш ба макомоташ супориш дод, ки Русияро ” аз ин шармандаги рахо кунед!”

Дар мо чи иттифоке пеш меояд, бисер мухим аст. Агар хукумат мавкеашро маълум намекунад, худро ба гунаи хукумате муаррифи мекунад, ки дигар токати озодандешиву мухолифинро надорад ва болотар аз ин аз хама, хатто аз неру ва шахсиятхои камнуфуз хам метарсад. Бе ин хам, Туркия кишваре нест, ки худро аз ин шармандаги, ки дар кучахояш рохат метавон одам кушт, вонарахонаду котилонро пайдо накунад…

Ба пайвандони мархум изхори тасаллият мекунам.

Раджаб Мирзо

12 мин. ·фейсбук.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.542 seconds.