По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.03.2013
 

Амрикоиҳо тарҳи «Роғун»-ро дастгирӣ карданд, Ӯзбекистон чӣ?

Тавре дар урфият мегӯянд, ростиро завол нест ва ё бори каҷ ба манзил намерасад, ки воқеан ҳам дуруст аст. Чанд рӯзе пештар ин гуфтаҳо бори дигар тасдиқи худро пайдо карданд. Акнун миллати тоҷик нуфузу эътибори хешро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ як зинаи дигар боло бурд. Зеро аз тарҳи НБО-и «Роғун»-и Тоҷикистон шореҳони машҳури амрикоӣ ҷонибдории худро баён доштанд. Яке аз онҳо Ҳиларӣ Креймер, хабарнигорӣ рӯзномаи машҳури «Wall Street Journal» мебошад. Номбурда дар чанд баромади худ тариқи шабакаҳои телевизионии машҳури ин кишвар, ба монанди CNBC, CNN ва Fox News неругоҳи «Роғун»-ро калиди пешрафти иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон кард.

Ба гуфти ӯ, «тарҳи «Роғун» калиди пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақа (Осиёи Марказӣ) ва мояи ҳаётан муҳими манфиатҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ҷанги зидди террор аст. Ин калид дар дасти Тоҷикистон аст, ки талош дорад, барои наҷот аз буҳрони энержӣ неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бунёд намояд». Ин таҳлилгари амрикоӣ муътақид аст, ки сохта ба истифода додани «Роғун» мушкилии мубориза бо терористонро низ ҳал мекунад.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки иддаои Ӯзбекистон дар бораи хатарнок будани ин тарҳ беасос аст: «Бино бар азамати обанбори оянда Ӯзбекистон шиддатеро дар робита ба бунёди неругоҳи «Роғун» ба вуҷуд овардааст… Аммо ба масъалаи таъмини маҷрои зарурӣ барои саноати пунбапарварии Ӯзбекистон ҳанӯз ҳангоми тарҳрезӣ ва лоиҳакашӣ, ки дар давраи пойбандии бештари Ӯзбекистон ба пахта иттифоқ афтодааст, диққати қобили мулоҳиза дода шудааст». Ин таҳлилгар ҳамон факту далелҳоеро дар навиштааш зикр кардааст, ки солҳои зиёд Тоҷикистон ҳазорон маротиба таъкид дошта аст.

Ин таҳлилу пешниҳодҳои Ҳилари Креймер бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки даъвои Ӯзбекистон барои хатарнок будани НБО-и «Роғун» асоси воқеӣ надошта, ҳадафи пофишориҳои ин мамлакат аз тараққӣ боздоштани Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳамсоякишвари мо

ба хубӣ дарк кардааст, ки сохтмони ин неругоҳ на танҳо мушкилии Тоҷикистонро бартараф месозад, балки бештари кишварҳои минтақа, ба монанди Афғонистону Қирғизистон ва ҳатто худи Ӯзбекистон аз камбуди барқ наҷот меёбанд. Вале дарки ташреҳи ғалати роҳбари феълии Ӯзбекистон дар муқобили «Роғун» боиси печидагиҳо дар муносиботи ду ҳамсоякишвар шудааст.

Баъзе коршиносон иддао доранд, ки зиддияти Ӯзбекистон ба ин тарҳ, танҳо баҳонаест барои пешгирӣ аз рушду нумӯи Тоҷикистонва вобастаи худ намудани ин кишвар. Аз ҳамин хотир фишорҳои нав ба нав, садэҷодкуниҳо барои дар бунбасти каммуникатсионӣ қарор додани Тоҷикистон гоҳе бо нармию гаҳ бо дӯғу пӯписа муддати бист сол аст ҷараён доранд.

Акнун мунтазир хоҳем буд, ки Тошканди расмӣ дар посух ба шореҳи амрикоӣ кадом иқдомотеро пеш хоҳад гирифт. Яқинан талошҳо ба исботи беасосии гуфтаҳои Ҳиларӣ Креймер равона карда мешаванд, вале бо далелҳои бепоя ва дур аз мантиқ.

Диловари Аҳмадҷон

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.571 seconds.