Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 27.09.2017
 

АРОБАКАШИ ТОҶИКИ ЛАТУКӮБШУДА АЗ БЕМОРИСТОН ҶАВОБ ШУД

Наврӯз Зикиров дар бемористон

Посбони бозори Люблино: “Ту дар куҷо одамонро мебинӣ? – хун ба рӯяш давида гуфт вай – Ин ман одамам, ана вай одам аст. Онҳо бошанд махлуқҳоеянд, ки ба инҷо, ба сарзамини ман омадаанд ва боз ба ман шарту шароит мегузоранд…” Наврӯз Зикиров, аробакаши тоҷике, ки аз сӯи посбонҳои ин бозор бераҳмона латукӯб шуд, баъди 5 рӯз аз бемористон ҷавоб шудааст.

Наврӯз Зикиров, аробакаши тоҷикеро, ки рӯзи 20 сентябр аз сӯи посбонҳои бозори “Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав латукӯб шуда буд, аз бемористон ҷавоб додаанд. Дар ҷараёни эътирозҳо ба ҳимоят аз ин аробакаши 27-сола, бино ба ҳисобҳо, то 350 нафар, аксаран тоҷикон боздошт шуданд.

Дар дафтари маълумотдиҳии бемористони клиникии рақами 68-уми шаҳри Маскав ба сомонаи “Ахбор” гуфтанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикировро рӯзи 25 сентябр ҷавоб додаанд. Дар бемористон гуфтанд, ки “ба саломатии ӯ дигар хатаре таҳдид намекунад.”

Аз бемористон баромадани ин аробакаши тоҷикро дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ дар сӯҳбат бо сомонаи “Ахбор” тасдиқ карданд.

Латукӯби Наврӯз Зикиров аз сӯи посбонҳои фурӯшгоҳи “Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русия дар ҳафтаи гузашта ба эътирозҳои то кунун бесобиқаи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав оғоз гузошт.

Нимаи дуюми рӯзи 20 сентябр Наврӯз Зикировро барои он ки бидуни пардохти “ҳаққ”-и посбонҳо аз як растаи бозори “Москва” ба растаи дигараш бор кашондааст, ду посбони ин бозор дошта, шадидан латукӯб карданд.

Дар натиҷа, аробакаши азҳушрафтаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони рақами 68 бурданд. Посбонҳои бозор се муҳоҷири дигар аз Тоҷикистонро ҳам, ки шоҳиди латукӯби Наврӯз Зикиров шуда буданд, бурда, латукӯб кардаанд.

Ин ва овозаи гӯё дар бемористон ҷон додани Наврӯз Зикиров боис шуд, ки шоми 20 сентябр садҳо муҳоҷири тоҷик ба назди дарвозаи бозори “Москва” омада, аз маъмурияти бозор ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латукӯби Наврӯз Зикиров ва дигар муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.

Касе аз маъмурияти бозор пеши онҳо набаромад. Ба ҷои маъмурият нирӯҳои ОМОН ба ҷои ҳодиса расиданд ва ба таъйиди дафтари матбуоти пулиси шаҳри Маскав, беш аз 90 нафар аз муҳоҷирони эътирозгарро дастгир карданд.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки Наврӯз Зикиров зинда аст ва дар шӯъбаи нейрохирургияи бемористони рақами 68 таҳти табобати духтурҳо ва ҳифозати шадиди пулис қарор дорад. Ҳатто ба бародаронаш иҷозати аёдат аз Наврӯз Зикировро намедоданд.

Рӯзи 21 сентябр низ даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар назди бозори “Москва” гирд омаданд. Ҳарчанд онҳо ягон шиор намезаданд ва оромона бо намояндагони идораву созмонҳои мухталифи онҷо ҷамъшуда сӯҳбат доштанд, боз ҳам нирӯҳои ОМОН ба сари муҳоҷирони тоҷик фурӯ рехтанд ва даҳҳо тани дигар боздошт шуд.

Пулиси Маскав мегӯяд, дар робита ба латукӯби Наврӯз Зикиров бо иттиҳоми латуӯб (побои) ва дар робита ба гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушодааст.

Дар маҷмӯъ, гуфта мешавад, ки дар ин ду рӯз дар атрофи бозори Люблино то 350 тоҷикро дастгир кардаанд. Ва аммо то кунун дар бораи боздошт ё ҳатто бозпурсии кадоме аз посбонҳои ширкати “Витязь”, ки масъулияти посбонии бозори “Москва”-ро бар ӯҳда доранд ва гуфта мешавад, латукӯби Наврӯз Зикиров кори дасти онҳост, ягон гузориш ба даст нарасидааст.

Дар бозори “Москва”, бино ба ҳисобҳо, беш аз 3000 аз шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Як қисми онҳо дар инҷо машғули тиҷорат, қисме ба таксиронӣ ва қисми дигар ба ошпазиву пешаҳои дигар машғуланд, вале бахши ағлаби муҳоҷирони тоҷик рӯзии худро дар бозори “Москва” аз ҳисоби фаррошиву роҳрӯбӣ ва аробакашӣ пайдо мекунанд. Раҳбарии онҳоро дар бозори Люблино ду нафар – Ҳоҷӣ Самад ва Ҳоҷӣ Ҷаббор – бар дӯш доранд.

Гуфта мешавад, ҳар аробакаш дар ин бозор бояд ҳар рӯз бар иловаи пули патенту сабти ному дигару дигараш боз ба “соҳибон”-и бозор 700 рубл “ҳақ” бисупорад. Наврӯз Зикировро низ дар он рӯзи наҳс посбонҳо бо талаби ҳамин “ҳақ” латукӯб кардаанд.

Қаблан ҳам ҳомиёни ҳуқуқ чандин бор дар бораи дар як шароити ғуломӣ кору зиндагӣ кардани мардикорони тоҷик дар бозори “Москва” ва умуман ба як “шаҳри мафия ва орӣ аз қонун” шабоҳат доштани ин бозор изҳори нигаронӣ кардаанд.

То ҳол маъмурияти бозори “Москва” ва ширкати амниятии “Витязь”, ки ду кормандаш ба латукӯби бераҳмонаи аробакаши тоҷик айбдор мешаванд, дар бораи ҳаводиси охир изҳори назар накардаанд. То ҳол дар атрофи бозор нирӯҳои ОМОН истодаанд ва посбонҳо ҳар хабарнигор ва ҳатто ҳар нафари дигарро, ки дар инҷо дар бораи ҳодисаҳои охир маълумот ҷамъ мекунад ё аксбардорӣ мекунад, дошта, аз бозор зуд “депортатсия” мекунанд.

Хабарнигори созмони “Открытая Россия”-ро низ посбонҳо баъди сӯҳбатҳояш бо аробакашҳои тоҷик аз ҳудуди бозор берун андохтанд. Аммо ба ӯ муяссар шудааст, ки дар роҳ ба сӯи баромадгоҳ бо яке аз сармуҳофизони, бино ба тасвири ин хабарнигор, “хукбашара” аз ширкати “Витязь” чанд ҳарфе радубадал кунад.

Ӯ аз ҷумла аз ин конвойи “хукбашара”-аш пурсидааст, ки “шумо бо одамон чӣ кор мекунед, ки онҳоро баъд аз партовгоҳ меёбанд?”

Ва ӯ ҷавобе шунид, ки воқеан ҳар одами солимақлро ба ваҳшат меафканад: “Ту дар куҷо одамонро мебинӣ? – хун ба рӯяш давида гуфт вай – Ин ман одамам, ана вай одам аст. Ту дар куҷо одамонро мебинӣ? Дар куҷо? Онҳо бошанд махлуқҳоеянд, ки ба инҷо, ба сарзамини ман омадаанд ва боз ба ман шарту шароит мегузоранд… Мо ба одамон кордор нестем.

Муҳоҷироне, ки бо бел партовҳоро ҷамъ мекарданд, доду фарёди ӯро диққат намедиҳанд. Мо ба пеш ба тарафи даромадгоҳи 13-ум меравем.

-Владимир Путин гуфт, ки мо бояд та-ҳам-мул-па-зир боше. Мо ана ҳамин таҳаммулпазириро риоя ва иҷро карда истодаем…”

http://akhbor.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 5.576 seconds.