Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 03.10.2013
 

Ассалом акаи Каромат! Номзади ХНИТ Ойнихол Бобоназарова, ки аз асоситарин ракибони Эмомали Рахмон хисоб мешуд, бинобар монеагузорихо то хол овози заруриро чамъ накардааст ва ширкати ин номзад зери суол афтодааст.

Ассалом акаи Каромат! Умедворам, ки хуб хестед. Ман Фарангис аз рузномаи Фараж шуморо ташвиш медихам. Мо як пурсиш доштем, мехостем назари шуморо хам дошта бошем.

Суол: То чамъоварии имзохо барои номзадхо чанд рўзи дигар мондааст. Номзади ХНИТ Ойнихол Бобоназарова, ки аз асоситарин ракибони Эмомали Рахмон хисоб мешуд, бинобар монеагузорихо то хол овози заруриро чамъ накардааст ва ширкати ин номзад зери суол афтодааст. Ширкати Эмомали Рахмон дар интихобот якин аст.

форум1Ба андешаи Шумо раќиби асосии Рахмон ки мешавад?

Пешаки миннатдорам

Каромат Шарифов-Чавоби ман хохари мехрубон  Фарангис ба суоли шумо:

- Дар хаќиќат љамъ намудани имзо аз 250 000 овоздиханда барои номзади имрўза дастрас нахохад шуд. Барои ин ресурси зиёде лозим аст. Хуб мешуд на зиёда аз 50.000 имзохо бошад. Имрўз шахсоне, ки номзадиашонро ба интихобот гузоштанд, бо сабаби чамъ нашудани имзо номашон дар таърих хохад монд.

Номзадхои хизб бояд аз рўи оиннома шаш мох пеш кори худро шурўъ мекарданд ва вохурихои худро бо мухочирон имрўз пурра чамбаст мекарданд. Акнун бо дасти холи муборизаи худро метавонанд дар дохили Точикистон, ки рўзхои бошумор мондааст, бубаранд. Ба Ойнихол Бобоназарова муясар нашудани чамъи намудани овозхо рохи хал надорад. Имрўз халли ин масъала дар системаи интихоботи хеле душвор аст. Бисёре аз волантерхои номзад дар харосанд ва механизими давлати харакат мекунад, ки пеши рохи озодиро бубанданд, яъне фишор расонад. Дуюм ин ки 70 фоизи овоздихандагон дар харосанд ва маќсади худро то рўзи интихобот ошкор гуфта наметавонанд. Онхо интизори ду раќиби бо номуси миллат хастанд, ки рўзи овоздихи райъи худро бидиханд. Дар хаќиќат давлати демократи мешудем ва парламони Точикистон нотарсида ќароре ќабул мекард, нисбати шахсони аз тарафи чамъияту хизбхо пешнихода шуда. Аммо ин ба миллати точик муясар нашуд. Хизби хукумати боз намояндаи худро дар шаъни Эмомали Рахмон пешниход кард ва дигар номзадхо бозиро бохтанд. Ин дар сахифаи таърих хамчун фочиа боќи хохад монд. 20 сол аст, ки мардум дар хонаи худ нон талаб мекунанд. Ман намефахмам, ки барои чи давлатдорони мо аз паси халли ин масъала нашуданд. Зиндагии миллати точик рўз аз рўз бад шуда истодааст. Писарони чавони точик бозичаи имрўза сиёсати берахмона шудаанд ки овози фарзандони худро дар будани мухочир танхо аз телефон мешунаванд.

Ба ѓайр аз Ойнихол Бобоназарова номзад лозим нест чун яке аз куваомези аз тарафи опозицияи имруза дар холати пешниход шудани Эмомали Рахмон аз тарафи хисби хукумати. Имрўз ин зан дар як муддати кутох овози худро баровард ва бисёрихоро ба худ чалб намуд. Дар холати чамъ нашудани имзо хам хонум Ойнихол Б.бохт намекунад, ин хам ѓалаба аст. Читавре ки кайд кардам, хукумати имрўза барои осоиштагии давлати мо шояд номзадии Бобоназароваро ба инобат гирад. Чун дар интихоби мери шахри Москов опозицеонер Новальный А. аз хабс озод карда шуд ва комиссияи итихоботии шахри Москов ба тамоми демокрахо фахмонд, ки имруз мери шахр Савянин ќудрати зиёд дорад ва мархамат иштирок намоед. Чунин ќудрат Эмомали Рахмон хам дорад. Хуб мешуд пас аз 4 октябр номзадии О. Бобоназароваро, ки пешниходи хизби ХНИТ аст дар ин мубориза ќувваозмои намояд. Бовари дорам Эмомали Рахмон бори дигар хамчун шахрванди бузурги точик будани худро нишон дода, дар ин маќоми баланд ќувваозмои намояд. Хохиши ман аз дигар номзадхо ин аст, ки номзади худро бигарнд ва ба тарафдорони худ мурочиат намоянд, то ба ин ду номзад райъ бидиханд. Барои мо ин бурди демократт хохад буд.

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Ассалом акаи Каромат! Номзади ХНИТ Ойнихол Бобоназарова, ки аз асоситарин ракибони Эмомали Рахмон хисоб мешуд, бинобар монеагузорихо то хол овози заруриро чамъ накардааст ва ширкати ин номзад зери суол афтодааст.”

  1. Зикриё Сказал(а):

    Ассалому алайк ва рахматуллохи ва баракотух, дастёри точикони мустаманд – устод Кароматулло Шарипов! Танхо бо 1 савол ба Шумо мурочиат карда чавоби дакики онро бесаброна мунтазир мемонам ва каблан аз лутфатон сипосгузорам! Мо 4 нафар (аз 18.08.2013)вориди нишонии “Московская область, Ленинский район, с. Остров” гардида, аз худи хамин руз шуруъ ба кор кардем. Санаи 22-юми августи соли 2013 (пас аз 4 руз)аз тарафи ФМС дастгир шуда, ба суди шахрии шахри Видное мунтакил шудем. Дар он чо катъномаи (постановлении) хар яки мо аз чониби судя Боровкова Н.К. ба дастамон дода шуд, ки дар он аз чумла чунин омадааст: “Признать Зокирова Зикриё Асомидиновича виновным в совершении административного правонарушения, предусмотренного ч. 2 ст. 18.10 КРФ об АП и назначить ему административное наказание в виде штрафа в размере пяти тысяч рублей, с административным выдворением за переделы Российской Федерации.” – Аммо дар катънома хеч гуна мухлат на барои пардохти чарима (штраф) ва на барои тарки хоки рус кардан нишон дода нашудааст. Барои дарёёфти посухи саволхои дар зехнамонбуда мо ба чандин касон, хатто ба Суди олии Москва мурочиат кардем, мутаассифона чавоби даркориро нагирифтем. Зиёд шунидаем, ки тахкикоту иттилооти Шумо дар самти дастгири ва ёрии шахсиятхои чун мо бисёр густарда аст, бинобар ин, ру ба боргохи Шумо овардем, то аз фазли Шумо бахраманд шавем. Саволхо чунин аст: 1.- Мазмун ва мохияти ибораи “с административным выдворением”-ро барои мо равшан мекардед. 2.- Мо пас аз ин руз то чи кадар мухлат хукуки пардохти маблаги чарима ва умуман дар Руссия монданро дорем? 3.- Напардохтани чарима ба мо чи осебе расонида метавонад? 4.- Агар мо маблаги чаримаро пардохт намуда аз сархад убур кунем (барои мисол, вориди хоки Украина гардида дубора ба Руссия дохил шавем), моро хангоми бозгашт депортатсия мекунанд? 5.- Ва умуман, оё мо депортатсия шуда бошем, агар оре, пас баъди чи кадар вакт мо метавонем дигарбора ба Руссия оем? (Зеро дар бисёр шарххои конун дар бораи мигрантхо, барои депортатсия мухлат (3,5 сол) таъйин гардидааст, вале барои выдворение не). Бо камоли эхтиром ва як чахон умед бародарони имонии Шумо! *Худованди эзид Шумо ва хамкадамонатонро дар зери ливои Асмои хуснои худ махфузу мастур бидорад, омин.* – дуои хамешагии мост!

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.480 seconds.