Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 23.02.2017
 

Аз нек боғе…

Дар ҷомеаи имрузи мо шахсиятҳои шинохтаву баруманд зиёданд, ки воқеан ҳам рузгори онҳо метавонад барои насли ҷавон сабақи ибрат бошад.

Дар байни аҳли зиёи кишвар, бахусус шоирону журналистони тоҷик касе нест, ки Ҷӯрабек Мӯъмин – ин шахсияти ФОтохоксору фурутан, камгапу чеҳракушода, зарофатгуй, пуртаҳаммулро нашиносад ва ё аз осори намакинаш огоҳ набошад. Ҷурабек Муъмин яке аз ҳаводорони сарсупурдаи ашъори устод Бозор Собир аст. Бозор Собир низ бо эҳтироми зиёд ва ихлоси баланд аз эҷоди акои Ҷурабек гоҳ гоҳе ёд мекунад. Мегӯяд Ҷурабек сабкии хоси худро дорад, осораш намакин аст. Воқеан ҳам эҷоди намакини Ҷурабек Муъмин ин устоди бисёр азизи мо бо сабку услубе, ки хоси он кас ҳаст, навишта мешавад. Ҷурабек Муъмин журналисти соҳибкасб, хушқалам, ҳақикатгуву ҳақиқатҷӯй ҳастанд. Ҳар чизе эҷод мекунанд, рӯи коғаз меоварданд созанда аст, ҳар суханашон ба хотири манфиатҳои миллӣ, худшиносӣ, огоҳии таърихӣ ва шинохти фарҳанги волои миллати тоҷик равона шудааст. Устод аз таъриху адабиёти бою ғаниямон хеле хуб огаҳ ҳастанд, аз хурди дар оғуши китобхонаи падар ба воя расида, то имруз тинаташон пур аз панду андарз ва ҳикмат аст. Нафаре, ки бори нахуст бо устоди азиз ҳамсуҳбат мешаванд, аз сабурӣ, дурандешӣ, сухани баланду пурмазмун, фурутани ва заминӣ будани он кас мафтун мешаванд. Устод бисёр ҳам инсони оддӣ ва хоксору инсондӯстанд. Оромӣ ва ботамкинии Ҷӯрабеки Мӯъмин дар худ як ҷаҳон маънӣ дорад. Зери ин ҳама хислатҳои хоксоронаву самимии устоди азиз инсони пур аз хираду дониш ниҳон аст. Маҳз хоксориву оромтабиат будани устод бори дигар аз бузурги эшон дарак медиҳад. Танҳо чунин инсонҳои донишманду китобдуст метавонанд хоксору самимӣ ва заминӣ бошанд.

Устоди азиз Ҷурабек Мӯъмин ба синни мубораки 70 қадам гузоштанд. Синни мубораке, ки пур аз шебу фарозҳо, бурдбориҳо, мушкилиҳову комёбиҳои беназир буд барояшон. Ҷурабек Мӯъмин ин фарзанди баруманди диёри азиз Тоҷикистони офтобӣ, ки дар оғуши табиати афсункори Чилчашмаи азиз ба воя расидаву аввалин

эҷодашон илҳом аз ин гушаи биҳиштии диёрамон буд, шахсияте ҳастанд нотакрору донишманд ва рузгорашон саршори панду омухтани. Устод Ҷӯрабек байни мардуми кишвар, аҳли зиё, зодагони диёрашон обруву эътибори хосса доранд, ҳама дусташ медоранд , эҳтиром мекунанд, ба ҳурмати Инсонияшон ва қалами буррову созандаашон борҳо аз ҷониби Роҳбарон қадрдони шудаанд, дар ҳама маҳфилҳо нури чашму машъали фурузон ҳастанд, бахусус ҷавонони диёри Файзободи сершамол ҳама дӯсташ медоранд, эҳтиромаш мекунанду дар ҳама кор акои Ҷӯрабек маслиҳатгари ҷавонони эҷодкор ҳастанд. Акои Ҷӯрабек инсоне ҳастанд, ки соатҳо барояшон ҳарф занед, ситоиш кунед кам аст, гарчанде ки он кас чунон хоксор ҳастанд, ки тавсифи зиёдро дӯст намедоранд, вале арзандаву сазор ва шоиста ҳастанд, ки мо барояшон беҳтарин суханҳоро гуфта бошем.

Ҷӯрабек Мӯъмин ба синни мубораки 70 расида бошанд ҳам, вале қалбашон ҷавону пур аз орзуҳои тоза ба тоза аст. Устод зиндагиро, зебоиро, Ватанро, касбашонро бисёр дӯст медоранд. Устод соҳибватани асил ҳастанд. Дар қалбашон ишқи Тоҷикистони азиз ҷуш мезанад. Устод ҳеҷ гоҳ пушти молу сарват нарафтанд, боигарии устоди азиз ҳамеша донишу хирад ва қалами ӯ будааст. Самараи ин сарвати бебаҳои устоди азиз Ҷурабек Мӯъмин имруз обруву эътибор, муҳаббати хурду бузурги кишвар ба шахсияташон аст,ки на ҳама касро ин чиз муяссар мешавад. Устод Ҷӯрабек эҳтироми ҷовидонаи мардумро кайҳо соҳиб шудаанд, эҳтироме, ки аз инсонияти баланд будани он кас шаҳодат медиҳад. Боғи бунёдкардаи акои Ҷӯрабек сарсабзу серҳосил аст. Шогирдони зиёд доранд, дар касби журналисти Устод ҳастанд, ҷавононро ба роҳи нек ҳидоят мекунанд, ҳамеша созанда ҳастанд. Ҷавонони зиёд бо пайрави ба ӯ журналистони муваффақи кишвар шудаанд. Ин ҳама заҳмату ҳидоятҳои Ҷӯрабеки Мӯъмин аст.

Устоди азиз, Ҷӯрабек Мӯъмин Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996), узви конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон ҳастанд. Соли 1969 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1966 – 69 дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» кор кардааст. Аз соли 1969 инҷониб дар нашрияҳои ноҳиявӣ фаъолият дорад, ӯ муаллифи китоби «Файзобод-таърихи қадим ва имрӯзаи он» мебошад, ки ба 70-солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод бахшида шудааст. Китоби дигараш «Таронабазм» соли 2011 ба табъ расид, ки беҳтарин

дубайтиҳо, рубоиҳо, ғазалҳо, бадеҳаву тарона ва анвои дигари осори назмии ӯро фаро гирифтааст. Шеъру тарона, ғазалу рубоиҳои зиёди ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Ҳаҷвияҳои ӯ мухлисони зиёд дошта, дар асоси онҳо дар ноҳия театр-студияи «Шаҳрошӯб» таъсис ёфтааст. 21 сол сармуҳарири рӯзномаи «Набзи Файзобод» буд. Устоди азиз то ба имруз содиқ ба касбашон фаъолияти кориашро ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» давом дода истодааст.

Мо аҳли эҷоди рӯзномаи бурунмарзии «Овози Тоҷикистониҳо», ки борҳо аз суҳбатҳои Устоди бузург баҳраманд шудаву ғизои маънавӣ бардоштаем, бародар ва Инсони нексиришт Ҷӯрабек Мӯъминро ба синни мубораки 70 солагияшон таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, умри пурбарор, осудагии фарзандон, қалами бурро, осмони софу тараннуми Ваҳдати пойдорро таманно дорем. Бигузор Устоди азиз, солҳои зиёд бо қалами созандашон барои ободии Тоҷикистони азиз хизмат кунанду ҷавонон пайрави кору амалҳои шоистаи ӯ бошанд.

Зодрузатон муборак, фарзанди шоистаи диёр, устоди азиз Ҷӯрабек Мӯъмин!!!

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.449 seconds.