«Аз хаёти хамдиёрони бурунмарзи»
« Украина бо точикистониён»
Дар Украина дар баробари 48-млн ахолии ин кишвар хамдиёрони моро низ мушохида намудан мумкин
аст.
Танхо фарк байни точикистониёни Украина аз дигар минтакахо махсусан Русия ва Белорусия калон аст.Чун.ки дар ин кишвари ба дуст ягон точик ё точикистонии бекор ё бехукукро намебинед.Хама аз руи конун кору фаъолият доранд.Боз ачоиботаш дар он аст,ки дар ин кишвар точикистони ё точикро дар сохтмонхо ва бозор тамоман намебини,ё худ дукони савдо доранд ё корхонахои савдою саноати. Ё дар дигар сохахо кору фаъолият доранд. Мисли табиби номи устоди сохаи тиб Бобриехов Нусратулло-доктар физиотерапевт,ё мисли акаи Нурмухаммад Собиров устои сохаи чавохирот ва кордкард бо сангхои киматбахо. Ногуфта намонад,ки махсули дастони акаи Нурмахмадро дар тамоми магозахо ва дуконхои Украина дидан мумкин аст.Инчунин бо саъю кушиши ин марди неруманди точик мудати як сол боз аст,ки дар Украина Чамъияти Точикистониён ба кор кор шуруъ намудааст ва рохбарии ин чамъиятро акаи Нурмахмад Собиров ба ухда дорад.то ин вакт точикони Украина бо ном танхо фаъолият доштанду халос,мисли точикони Одеса,ки то хол на чамъият доранду на макони фаъолият.Дар шахри Харков аз мохи декабри соли гузашта Чамъияти Точикистониён тахти унвони «Паёванд» ба фаъолият шуруъ намуд,чуноне,ки рохбари чамъият Нурулло Сайдалиев бо мо ибрози акида намуд дар ин мудати кутох алакай мактаби точики барои 1000-нафар хонанда дар соли нави тахсил кушода мешавад,карордодхо байни чамъият ва органхои махалии вилоят баста шудаанд.Дар Украина чамъияти «Пайванд» гайри Киев ин ягона чамъиятест.ки расми номнавис шуда фаъолият дорад ва хукуки хамдиёрони моро химоя карда метавонад.Дар баробари ин дар шахрхои Киеву-Харков идхои милии точики бо тамоми расму русуми миллии точики чашн гирифта мешаванд.
Дар минтакаи Крими ин кишвар бошад хамдиёрони моро боз дар сохаи сайёхат –туризм ва варзиш вомехуред.
Корхонаи сайёхат ва туризми «Дарвоз» ,ки бародарон:Рустам,Искандарбек,Нуриддин.Ясин ва Фотима Мирзоевхо ба ухда доранд вирди забони на танхо мардуми махалии шахраки Судаки Крим,ки ин дар маркази истирохати дар ин ин чой чойгир аст балки чои дустоштаи тамоми оламиён гаштааст.Кас хангоме,ки вориди Крим мегардад хатман дар кучахои шахр шиорхои ин маркази итирохати –фарогатиро мебинаду мешунад.Маркози сайёхи-истирохатии «Дарвоз» дар шахраки Судак дар сохили бахри сиёх чойгир буда дар як сол зийда аз 4-5 хазор одамонро кабул менамояд.Мехмонон ва сайёхоне,ки дар ин истирохатгох истирохат менамоянд аз урфу-одат .маданияти бойи точики бо ошхонаи бо таъомхои хушлазати точики ошно мегарданд.
Танхо ин басанда нест кас дохили Украина вакте,ки мегардад хатман вакте,ки Шуморо фахманд,ки
точикистони ё точик хастед,аз Шумо мепурсанд,ки «Хаким-Палвон»-ро мешиносед ё не?Хаким –Палвон бо чунин лакаб дар Украина хамдиёри мо.фарзанди неруманди сарзамини Вахиёи Бузург ё Вали.Хаким Давлатовро мехонанд ва хурмату эхтироми хоса дорад.Хаким Давлатов ё «Хаким –Палвон» Устоди варзиши байналмилали,чемпиони 12-маротибаи Украина,зиёда аз 14-15-сол парчами Украинаро дар мусобикахои байналмилали бардоштааст.Устоди варзиш дар сохаи гуштини тарзи озод.Хаким-Палвон гайри корихои варзиши,ки шогирдони зиёд тайёр намудааст ва худ бояд истирохат намояд,боз маркази истирохати варзиши «Омина» ташкил намуда дар минтакаи «Мигоном»-и Судак дар сохили бахри сиёх,ки чавонон ва мехмонони зиёде меоянду хам аз ин устоди варзиш сабак меомузанд хам истирохат намуда бо тани сихату-рухи болида ба ватани хеш бар мегарданд.
Дар шахри Судак кас гузар намои хатман хар як шахсро лозим меояд,ки хатман аз кобобхои болазати Юсуф-ака чунин ном мебаранд хамдиёри дигари моро мехмонон ва сокинони Крим Юсуф Шаиповро.Юсуф –ака хам дукони гуштфуруши дораду хам таъомхои болазати точики аз кабили сихкабоби точики тайёр менамояд,ки боиси хурмату этироми мехмонон ва Кримиён гардидааст.
Халолатон бодо точикистониёни Украина!пас чаро дар Русия ва Казокистон точикистониён ва точикон чунин нестанд,ё ки шароити чунин надоранд?Аз шиносои бо точикистониёни Украина кас ба фикр фуру меравад,ки чаро хамдиёрони мо дар дигар кишвархои номбурдаи ба мо дуст дар як холати хорию-зори кору фаъолият доранд,оё наметавонанд мисли Украинаю Белорусия гайри корхои сохтмони ва аробакашии бозору рохруби ба дигар кору фаъолият банд шаванд.Ба фикри ман ин на танхо аз худи мухочирони мехнати вобаста нест,бисёртар аз рохбарони минтакави ва сарони ин давлатхо чи гуна сиёсатро ба рох мебаранд вобастагии асоси дорад.Мардуми точик аз кадиммулайём мардуми фарханги кадими бой,мехмоннавоз ва мехрубону махин мебошанд.бо одоби мулоими шаркиёнаи хеш.Ин сабаб гаштааст,ки хам мангитихо ва хам славянхо аз кабили «Бародарони калон» ба мо чунин рафтор намоянд.Банду басти мухочирати мехнатиро бояд кулан иваз намуд ва рухи точикиро бояд баланд бардошт.
Мирзо Асозода.Намояндаи чамъияти чунбиши умумирусиявии мухочирони точик дар Крым.Украина.
20.08.2010.
Похожие записи:
- Не найдено.
