По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 25.11.2010
 

«Аз хаёти хамзабонони бурунмарзи»

«Аз Девлохон то ба Крим»

Абдулвосеъ Хочаев соли 1953-ум дар дехаи Девлохони нохияи Нуробод тавалуд шудааст.Оиладор.Сохиби панч фарзанд.

Пеш аз марг модари Абдулвосеъ ба занони хамсоя ва дугонахояш илтичо намуда гуфт,ки писари уро гурусна ва бенаво намонанд.Уро нигоху-бин намоянд,ишкамашро сер намоянд.Бо хамин суханон у аз олам даргузашт.

Рузгори сахти бемодари ба сари Абдулвосеъ афтод.Падар гарчанде,ки уро дуст медошт,аммо аз тарси хамсари наваш,модарандари Абдулвосеъ ягон сухан гуфта наметавонист,ва хамеша дар хона набуд.Чуноне,ки мардуми шарк мегуянд:мард хамеша берун аз дар аст.f1

То андозае модарандараш уро бад медид,ки кудак хатто як бурда нонро,ки падараш ё хамсоягон ба у медоданд,ё берун аз хона дар куча ё таги девор истеъмол менамуд,ё дар хона таги курпаи рахти хоб.Вой аз он рузе,ки модарандар ин корро бинад!!!Рузи сиёхи кудаки ятим!!!Абдулвосеъ хуроки гарму-серро танхо дар хонаи хамсояхо,холахояш ва дугонахои модари рахматиаш медиду халос.Боре падараш барои ба мактаб рафтан, ба у музаи резини харид.Модарандар музахоро дида зуд аз дасти кудак кашида гирифт ва у получ мисли пештара ба мактаб,бо либосхои даридаю кухна мерафт.Хангоми марги модар Абдулвосеъ якуним сол дошт. Хамин тавр бо як азобу машакат Абдулвосеъ ба воя расида мактаби миёнаи дехаашро хат менамояд.Пас ба Душанбе омада ба омузишгохи савдои пойтахт дохил мешавад ва дар сохаи савдо фаъолияти мехнатии хешро огоз менамояд. Солхои 1971-1973-ум дар сафи урдуи Шурави,дар минтакаи Забайкалск,шахри Кяхтаи Бурятия дар баталиони сохтмончиён хизматро ба чой меорад.Пас бозгашт ба ватан ба Дилбар бонуи Душанбеги хонадор мешавад.Се фарзанди нозанини даструяк аз онхо ба дунё меояд.Ду духтар,ва як писар.Гуё зиндаги ,толеъ акнун ба руи Абдулвосеъ хандида бошад.Аммо ин хурсанди дер давом накард.Дилбар зани покдоман набуд.У шабгарди ва тарабхона гардиро дуст медошт.То чое,ки на танхо модар ва Абдулвосеъ аз ин кирдори у бохабар буданд,балки хамсоягон ва мардуми гузари онхо хама медонистанд.Суханони модар ,хешовандон,ва шавхар ба у таъсире намекарданд. Аз ин сабаб Абдулвосеъ мачбур шуд,ки ба духтари холааш хосгор фиристонад. Аз ин кор Дилбар хабардор шуда ,кори онхоро вайрон менамояд. Пас Абдулвосеъ аз нагу номуси мардум шуда.рохи Русияро пеш мегирад.F

Аз сабаби он ,ки у аллакай солхои баъд дар рохи охани Точикистони Шурави,Точикистони он вакта кор карда буд.Дар Маскав уро дар Рохи охан ба сифати рохбаланд ба кор кабул менамоянд.

Танхо гуё толеъ ба ятимон,махсусан на танхо ба Абдулвосеъ балки мисли у барин ба бисёре аз мардикорони точикистони чунин навишта бошад,ки дар гурбат бахти хешро меёбанд.

Шиносои бо Татяна барои кахрамони мо муввакати набуд.Пас аз як соли дароз,ки у паси у шабу-руз мегашт.Татяна розигии худро дод. Ва онхо ба Крим ба назди волидани Татяна омадаанд. Падару-модари Татяна вакте,ки Абдулвосеъро диданд,ба онхо писанд афтод,чун,ки у на шароб менушиду на сигор мекашид. Уро хамчун фарзанд кабул намуданд,ва хамаи харочоти туйро ба гардани хеш гирифта,хатто хучраи ду утоки ба наварусон тухфа намудаанд.Дар рузи туи онхо волидани арус на танхо аз тарафи духтари хеш буданд,инчунин хамчун падару-модари Абдулвосеъ худро нишон медоданд.Ва ба онхо аз сидки дил дуо доданд.

Агар марду-зан якдигарро дуст доранд,аз онхо фарзандоне ба дунё меояд,ки хам дар хусну-чамол бехамто ва хам дар дониш беандоза.Ва чунин хам хаст.Татяна дини мубини исломро кабул менамояд пас аз туй,ва аз онхо ду фарзанди зебои хам дар хусн,ва хам дар дониш бехамто Тохир ва Зухро ба дунё меянд.Тохир холо дар хизмати харби асту,Зухро хам мехонад ва хам кор менамояд.Тохир пас аз хизмати харби боз тахсилашро давом додани аст.Холаи Тахмина(Татянаро) чунин номи нав додаанд бо акаи Абдулло(Абдулвосеъ) ният доранд,ки фарзандони онхо аз милати хеш хамсари ояндаи хуро интихоб намоянд.Яъне ба точик хонадор шаванд.Забон ва урфу-одати миллии ачдодони хешро фаромуш накунанд.Чуноне,ки кас аз назди хавлии акаи Абдулло ва холаи Тахмина аз минтакаи Бахчисаройи Крим мегузарад,хатман аз кулчахои гаму болазат ва таъомхои гунонгунраги миллии точики холаи Тахмина бе насиб намемонад.

Акнун кахрамони Абдулло хамаи шароитхои рузгорро дорад.Хонаи гарми хозиразамон,хамсари гамхору-сахин,фарзандони зебою сохиби илм.Аммо як чизе ба у намерасад? Ватан.Ватан.Ваиан.Гариби ба хар хол ба кас таъсири манфии хешро мерасонад.Аз тачрибаи рузгори хеш мушохида намудаам,ки дар кадом гушаю-канори олам,ки берун аз ватан кас кору- зиндаги намояд,у хеч касе нест. Ва касе шуда наметавонад.Бе ватан,бе наздикон,бе дустони-хешовандон.

Амири беватан хору- зарир аст,

Гадо гар дар ватан мирад амир аст.

Бо вучуди он ,ки акаи Абдулло хамаи шароити зиндагиро дорад,аммо аз сухбат бо ин шахс кас пай мебарад,ки захри гариби дар чехраи у намоён аст.Ва вакте,ки намоз мегузорад хамеша аз даргохи худованд талаб менамояд,ки дар ватани хаш дар назди хешовандони хеш аз олам гузарад. Ва ният дорад,ки пас аз чанде зиндаги дар Крим боз хамрохи хамсараш ва фарзандонаш ба ватан баргарданд.Зиндагии олами гарб аз олами шарк фарки калон дорад мегуяд акаи Абдулло.Хар касро аз худаш вобаста аст .аз рафтораш.Рафтори хуб,туро касе кордоре намешавад.Дар кучое,ки набоши хурмату-эхтиромат менамоянд.Зани шарк аз бонуи гарб зеботар ва хубтар аст.Аз он чихат,ки занони гарб майпарасти бисёр менамоянд,шарму-хаё надоранд.Бонувони шарк хамаи ин чизхоро доранд.Сатр мепушанд.Сатр ин асоси устувории оила,ва давомнокии мухаббати абади аст.Хамсари акаи Абдулло ,холаи Тахмина хамаи сифатхои зани шаркро дорост.

Хангоме,ки мо аз акаи Абдулло пусон шудем,ки чаро мехохад ба Точикистон равад? Чунин посух дод:Вакте,ки ман дар хонаи апаам мехмон будам.Апаам ба ман гуфт,ки хамаи он давлату-савлати Шумо ба ки даркор аст,ки на хешу-табор бинад,на ёру дустон.Дари хонаи Шуморо ки мекушояд.Ин суханон ба ман бисёр сахт таъсир намуданд.Ва ман ба хамаи мухочирони точикистони гуфтаниям,ки дар кучое,ки набошед,аз миллати хеш хамсар интихоб намоед,ё ки гайр бошад ба дини ачдодии хеш дароред ва ватанро аз хотир дур насозед.Хамеша бо ёди ватан зиндаги намоед.Дуст доштани ватан ин яке аз гушахои эмон аст.

Аз рузе,ки каналхои телевизиони точикистонро дар хорич нишон медиханд,акаи Абдулло ,хамеша онхоро тамошо менамояд,ки ин боз хам робитаи уро бо точикистон мустахкамтар менамояд.Аз осори Турсунзодаю-Гулрухсор,Бозор Собиру-Лоик.аз класикон Хофизу-Саъди,Хилолию-Мавлавиро замзама намуда бисёр дуст медорад. Таронахои дилнишини Дустмурод,Зафар Нозим,апаи Нигина ва Кохри Ёвониро писанди хеш медонад.Махсусан дар мавзуи гариби бештар.

Одами гариб аз мурда дида бадтар аст мегуяд ааи Абдулло.Хуб мешуд,ки чавонони мо дар ватани хаш кору-фаъолият намоянд.Як бурда нони хушки ватан бех аз зиндагии шохонаи гариби аст.Ва газали Хофизро ёдовар мешавад:

Намози шоми гарибон чу гиря огозам,

Ба муйяхои гарибона кисса пардозам.

Ба ёди ёру-диёр он чунон бигирям зор,

Ки аз чахон раху-расми сафар барандозам

Ба чуз сабою-шамолам намешиносад кас,

Гарибам ман,ки ба чуз бод нест дамсозам…

Дар охир акаи Абдулло ба хамаи хамдиёрони точикистони,хонандагони арчуманд рузгори хуш таманно дорад!

Шояд саргузашти талху-ширини акаи Абдулло барои дигар хамдиёрони мо зарае хам бошад дарси адаб гардад.

Мирзо Асозода.Украина.Крим.Тирамохи 2010.

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “«Аз хаёти хамзабонони бурунмарзи»”

  1. Фирдавс Аъзамов Сказал(а):

    Салом бародарони азиз!
    Ман ин газали Хазрати Хофиз-ро хеле дуст медорам. Умуман ман охангсози шахси хастам ва дар хона оханг месозам. Худо хохад, дар рузхои наздик аввалин албоми ман, ки аз 12 газали Хазрати Хофиз аст аз сабт мебарояд. Хушбахтона, газали дар боло омадаро низ ман ба оханг дароварда ва сароидаам.

    Иншоллох, умедворам ин албоми 12 газали хофиз ки ба таври замонави ба оханг дароварда шудаанд ба Шумо писанд меояд.

    Дар панохи Худо бошед!
    почтаи электронии: firdavs.azamov@gmail.com

    Бо эхтиром,
    Фирдавс Аъзамов
    ш. Душанбе

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.538 seconds.