По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 21.09.2012
 

Ба дор кашидагӣ ҳамин хел мешавад? Танааш бо дарзмол сӯзонидагӣ, пойҳо сӯзонидагӣ, пушти бадан сип-сиёҳ»

МодарҲамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20 сентябр дар зиндони шумораи аввали шаҳри Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст.

Замоне, ки мо вориди манзили хонаводаи нафари марҳум шудем, воидон ва бастагони ӯ сари турбаташ шевану нола мекарданд.

Амир, бародари Ҳамза Икромзода, гуфт, хабари марги бародарашро аз зиндониёни дигар шунида ва оҷилан ба маҳбас рафтааст. Вай гуфт, ки чанд рӯз пеш миёни маъмурон ва чанде аз зиндониҳо муноқиша сар зада ва ба дунболи он баъзе аз маҳбусон, аз ҷумла бародари ӯро дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндон ҷо кардаанд. Ба гуфтаи Амиралӣ, барои раҳоӣ аз ин ҳуҷра аз ӯ маблағ талаб кардаанд ва чун бародари ӯ тавони пардохти ин миқдор маблағро надоштааст, ӯро бо дарзмоли тафсон ва зарби анбур шиканҷа дода ба ҳалокат расонидаанд. Амир афзуд, дар қисматҳои мухталифи ҷасади бародараш осори шиканҷа хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки онҳо он ҳамаро ба навор гирифтаанд:

«Гуфт, ки бисёр ғамам медиҳанд, либосҳоямро титу пит мекунанд. Ман

Осори шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромов ошкор буд.

​​гуфтам, ки то рӯзи душанбе сабр кун, ман рафта бо онҳо гап мезанам. Рӯзи шанбе байни онҷо ҷанҷол шудааст. Бурдаанду дар Шизо маҳкамаш кардаанд. Рафиқонаш хабар доданду гуфтанд, ки барои раҳоии вай аз онҷо 2 ҳазор доллар мепурсанд. Гуфтанд, агар наори муқобилаш дело кушода ӯро панҷ сол мӯҳлат медиҳанд. Экспертиза гуфта истодааст, ки ӯ худро ба дор кашидааст. Ман тамоми баданашро нишон дода гуфтам, ки ба дор кашидагӣ ҳамин хел мешавад? Танааш бо дарзмол сӯзонидагӣ, пойҳо сӯзонидагӣ, пушти бадан сип-сиёҳ»

Бародари Ҳамза Икромзода гуфт, дар ҳоле, ки осори марги ҷабрии бародараш дар ҷисми ӯ ҳувайдост, табибоне, ки ҷасадро ташхис кардаанд, иллати марги ӯро ба дор овехтан гуфтаанд.

Аммо Фурқат Ғаниев, муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ, ки дар муоинаи ҷасади Ҳамза ширкат кардааст, гуфт, то анҷоми комили пажӯҳиш дар бораи иллати ин ҳодиса чизе гуфта наметавонад: «Ҳоло номаълум. Натиҷаҳои таҳлилҳои иловагиашро нагирифтаем. Вақте, ки натиҷаҳоро мегирем, баъд метавонем, ки муайян кунем. Ҳамин ки хулосаамонро додем, баъд шумо метавонед аз муфаттишҳо бипурсед».

Масъулини зиндони шумораи аввали пойтахт низ ҳозир нашуданд, ки дар робита ба ин ҳодиса чизе бигӯянд. Аммо як манбаъ аз Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид кард, ки ин ҳодиса мавриди санҷиши мақомоти марбута қарор гирифтааст. Толиб Азимов, додситони нозири иҷрои қавонин дар зиндонҳои Душанбе ва навоҳии атроф низ дар як сӯҳбати хеле кӯтоҳ таъйид кард, ки қазия таҳти бозрасӣ қарор дорад: «Ман аз ҳамааш дарак дорам, аз ҳамааш хабар дорам. Мо корро пеш мебарем».

Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт доғтар шуд. Як мояи дигари интиқодоти байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба таври мунсифона таҳқиқ нашудани чунин маворид, бо муҷозоти хеле сабук халос шудани маъмурони гунаҳкор ва то ҳол ҷуброни молӣ нагирифтани ягон хонаводаи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон Ҳамза Икромов​​аст. Таҳти оташи ин интиқодот Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод.Хамза Икромов

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шудааст. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд хабар расид, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа як шахси боздоштшуда бо иттиҳоми ҳифзи маводди мухаддир худро аз қабати шашуми бинои Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе ба зер андохта ба ҳалокат расонидааст. Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бо ин ҳама, Амир Икромов, бародари Ҳамза мегӯяд, ӯ тамоми талошро хоҳад кард, то қотилони бародарашро, ки ба гуфтаи вай, маълуманд, ба ҷазо бикашанд.

Абдуқаюми Қаюмзод

Похожие записи:

Один комментарий to “Ба дор кашидагӣ ҳамин хел мешавад? Танааш бо дарзмол сӯзонидагӣ, пойҳо сӯзонидагӣ, пушти бадан сип-сиёҳ»”

  1. назриоллох Сказал(а):

    наход,ки дар точикистони худамон точикро ба ин дарача расонед, ей бефаросатхои худозада.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.535 seconds.