Архив Обращения Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 17.09.2009
 

Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон.


Сипос худоеро, ки аз у ёри металабем ва

омурзиш мехохем ва аз бадихои худ ба у

панох   мебарем. Хар он, киро Парвардигор

хидояташ фармояд, ба гумрохи нагарояд ,

ва хар он киро хам У гумрохаш гардонад,

растагор нахохад шуд.

Гувохи медихем, ки Парвардигоре чуз

Аллох нест.

Фото домуллоЯгонае, ки хамто надорад ва гувохи  медихем, ки Мухаммад (с)банда ва фиристодаи Уст.Парвардигоро  бар Мухаммад ва хонадонаш рахмати бегаронатро –он тавре ки бар Иброхим ва хонадонаш дар харду сарой фуру фиристоди, нозил бифармо.Хамоно ту шоистаи  ситоиш буда ва дар камоли бузурги хасти.   Эй мусулмонони арчманд, Худованди бузург мефармояд ; Хамаги ба ресмони  илохи чанг занед ва пароканда нашавед!!! (Оли Имрон 103) Боз мефармояд: (Эй мусулмонон! ) Хам монанди яхуд  ва насоро набошед, ки дучори тафрика шудаанд ва аз дини илохи-пас аз он, ки нишонахои ошкоре ба онхо намоёнда шуд-аз руи хаво ва хаваси худ мунхариф шуда ва роххои гуногунеро дар пеш гирифтанд.    Чаро, ки вахдат  басе некуст ва ихтилоф ва чудои басе зишт  ва нобачост ва онон, ки чунинанд (аз дини илохи мунхариф гашта ва мутаффарик шудаанд)    ъазоби дарднок дар интизорашон аст .(Оли Имрон 105)

Хаворич

Хаворич барои куффор бехтарин ва судмантарин гуруханд, зеро боъиси пароканда шудани мусулмонон мешаванд. Инхо дар тули хар карн ном дузди карда номхои худро иваз мекунанд. Ба мисоли чахмия ,муътазила ,мушабиха ,ваххоби , харгох ки мардум бохабар мешавад,  аз рафтори бадашон,  хамон замон номи худро иваз мекунанд.   Акнун дар карне, ки мо зиндаги мекунем инхо номдузди карда аз номи вахоби ба (салафи)  гузаштаанд , инхо ин номро  бе шаку шубха дуздиданд.Ин номро ба монанди пардае дар пеши руи худ кашидаанду аз паси парда фитнаю тафрикаро дар миёни  муслимин  чори карда истодаанд, вагарна хамон хаворичиёнанд .  Решаи инхо ба марди беадаб бар мегардад, ки дар замони паёмбари Акрам(с) мезист ва номаш Зулхувайсара буд. Рузе паёмбар (с) чизеро таксим мекард ин мард хам  дар холати нихоят беодобона ба паёмбар (С) гуфт (аз Худо битарс додпарвар бош ) Паёмбар (с) фармуд хок бар сарат агар ман аз  Худо натарсам ва додпарвар набошам чи кассе  додпарвар аст? Дар ин хангом хазрати Умар (Р) ва хазрати Холид ибн Валид (р) гуфтанд эй Паёмбари Худо (С) ичозат дихед, ки уро бикушем . Паёмбар (с)фармуд; рахояш кунед .Акнун дар миёни миллати форси точик хаворич бисёранд ва панч нишонаро  хам доранд, пас хушёр бош эй писар ! хаворич барои куффор бехтарин ва судмандтарин гурухи ахли бидъатанд зеро боиси пароканда шудани мусалмонон мекушанд

НИШОНАХОИ ХАВОРИЧ

1 ) Чавонони камтачриба ва хом хастанд, ва бахраи андаке аз дониши дин доранд .            2)Нисбат ба макоми донишмандон ва мучтахидини ахли суннат ва чамоъат аз соли авалли  хичри то хол беадабанд . Ва душмани чахор эмоми  мазхаби ахли суннат хастанд ва эшонро дар илм ва огохи бо худ баробар мекунанд .  Ичмоъи  мучтахидин, яъне донишманду  диншиноси хазору сесад солаеро,  ки Паёмбар(ъ)  ба бартари ва бузургишон  гувохи дод, намепазиранд  , ва хамаи китобхои тафсир  ва шархи хадис ва фикро нокис ва нокоромад пиндошта ва танхо китобхоеро мепазиранд,  ки гурухи худашон навишта ё даст нишон кардаанд . Ба хамин хотир аст ки паёмабар (ъ) дар бораашон мефармояд :Хаворич саги дузахиёнанд : бадин маъне хамон гунна ки саг ба чуз сохибаш ба хама хамлавар шуда хаккос мекунад, эшон хам чуз гурухи худашон дар баробари хар кас забондарози карда гайбат мекунанд . Хатто халифаи дувуми муслимин хазрати Ъумар (р)ро ба масъалаи талок хатокор медонанд .

3) Кофиру мунофику мушрик хондани мардум ошкортарин шиъори хаворичихо аст . Онхо ба осони ва ба далели гунохе кучаке ба мусулмонон тухмати ширк мезананд .Эмом  Абдулло ибни Умар (р) хаворичро бадтарини мардумон мепиндошт ва мефармуд:  Хаворичи оётеро ки дар шаъни куффор нозил шудааст барои мусалмонон ба кор мебаранд.(ривояи Бухори)   Ба хотири хамин нописандиашон паёмбар (ъ) мефармояд: хаворич аз хамаи  инсонхо ва чондорон  бадтаранд . (иршод сори шархи Бухори ч10с84)ва ривояи Муслим)  Онхо то андозае мардумро ба гумрохи бурдаанд ,ки Али (р) чахорумин халифаи муслимин ва домоди паёмбари (ъ) ,ки худи паёмбар (ъ) дар васфаш :мефармояд (Ман шахри илмам ва Али(р) дари  шахр аст.) Уро беимон элон кардан ва дар гирди у тугёну шуриш карда мусалах шуданд ва гуфтанд Али (р) кофир аст зеро ба доваре хурсанд шуда аст   то он чо , ки он амири бузургворо бошаходат  расониданд ва хар кас ки пайрави У буд кофир хонданд.

4) Шиъори куръон ва суннат сар медиханд ва мегуянд :мо танхо ба курон ва суннат рафтор мекунем  вале дуруг мегуянд чунон ,ки дар хангоми хилофати хазрати Али (р) ин шиъорро сардоданд ва гуфтанд: ( нест амре ба чуз амри Худо)Хазрати Али (р) дар посух фармуданд;(ин сухани дуруст аст ,ки аз он барои манзури нораво истифода мешавад .(ривояи Муслим) Дар бораи ин нишонахо паёмбар (с) мефармояд :Дар охири замон гурухе пайдо мешаванд, ки тоза ба даврон расида ва камхирад ва бедонишанд .Куръон мехонанд вале аз гарданхояшон поёнтар намеравад суханони бехтарини мардумро (паёмбари Худо (ъ)) мехонанд ва ба сабаби  тундруй аз ойини Ислом онгуна ,ки тир аз камон ба дар меравад –хорич мешаванд (ривояи Бухори ва Муслим)

Дар чои дигар боз мефармояд:  паёмбари Худо (ъ) ки гурухе аз уммати ман пайдо мешаванд, ки куръон мехонанд ва гунае ки куръон хондани шумо дар баробари  куръон хондаашон хеч аст. Намоз ва рузахои шумо дар баробари намоз ва рузахои эшон хеч аст. Куръонро бадин гумон мехонанд ,ки куръон бо эшон аст  вале дар вокеъ куръон дар баробарашон аст. Афзун бар ин хаворич  пушти сари дигар мусалмонон намоз намехонанд  ,зеро онхоро мушрику кофир мепиндоранд (ривоя Муслим ва Абу-Довуд) дар мунхоч ч.9с47. Нисбат ба макоми паёмбар (ъ) бисёр беадабанд ва душмани салавот ва зиёрати паёмбар (ъ)хастанд . Ва шафоъати паёмбар (ъ) ва фариштагон ва шахидону авлиёи Худоро кабул надоранд . Худованд дар васфи паёмбар (ъ)мефармояд: Мо туро  чуз ба рахмат барои хамаи офаридагон нафиристодаем (сураи анбиё 107 оят)

Хангоме, ки мардум дар рузи растохез зинда шаванд дар майдони махшар дар интизори додгохи ъадли илохи мемонанд то чое, ки аз истодан безор  мешаванд  ва назди хазрати Одам ва Нух ва Иброхим ва Мусо ва Исо(ъ)  мераванд то эшон аз боргохи Худованд барои рахояшон шафоъат кунанд, вале ин  паёмбарон аз бими азамати Худованд наметавонанд барояшон  шафоъат кунанд ва онгох мардум ба назди  паёмбар  Мухаммад(ъ) мераванд ва эшон дар боргохи Худованд барояшон шафоъат мекунанд  ва Худованд низ шафоъати эшонро пазируфта ва додгохи бузурги растохез огоз мешавад. (шархи сахех Муслим ч.2с 154 ва фатхул Бухори ч 11с 520) Худованд мефармояд : Умед аст, ки Худованд он макоми (Махмуд) ситоиш шударо ба ту арзони дорад (Исро-79).

Расули Худо Мухаммад (ъ) шафоъат кунандаи рузи растохез аст. Чунон ки худ мефармояд, шафоъати ман дар рузи растохез барои гунахгорони бузурги умматам мебошад.(ривояи Ахмад ва Тирмизи)  Шафоъати шахиди рохи Худо ин аст,  ки паёмбар (ъ) мефармояд: шахид барои хафтод нафар аз хешовандонаш шофиъ мешавад.(ривояи Тирмизи ва Абу-довуд)

Эй чавони мусулмон; акнун ки ин мутолибро хонди пайрави гурухи хаворич мабош ва аз эшон дури чуй.  Фаромуш макун ки паёмбар (ъ)чи васиятро бар мо гузошт, ва фармуд: Агар ъилм дар Сурайё бошад хар –оина мардоне аз инхо онро ба даст оваранд . Ин хадиси Мухаммади Мустафо (ъ) хаст ва онро дар холе гуфт, ки дасташ болои шонаи Салмони форси (р) буд. Дурустии сухани паёмбари Худо дар хизмати ислом камар бастани мардоне аз форс ба мисоли Лукмони Хаким ва Искандари Зулкайнар,  ки Худованд дар куръон номи инхоро бо неки ёдовар кард , бахри таълими башар . Паёмбар (с) васият кард бар тамоми мусулмонон ,ки ман ду чизи гарон кадрро дар байни шумо мегузорам:

Яке куръон ва дигаре суннати худро . Бубин эй Писар падарону аждодони мо харгиз васияти паёмбар (ъ) ро аз худ дур накардаанд. Агар мо бо таърих назар кунем  ва мебинем , ки  аввалин бор тафсири куръон ба забони арабу ачам тафсир шуд, аз забони Салмони форси (р) шуд . Ва дувумин китоб баъди аз куръон ин хадиси  Мухаммад (с) аст. Ба мисоли Сахех Бухори ,Сахех Муслим ,Тирмизи, Суюти  ва  дигархо  инхо хам  ки  бешаку шубха форс буданд .Ва баъд аз куръон ва хадис илми фикх ба хисоб меравад. Ва инхам, ки бешак  хукукшиноси (фикх) бузурги форс дар Ислом Абуханифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) буд. Сохиби «Ад-дурул-мухтор» мегуяд. Баъд аз куръон муъчизаи бузурги Мухаммад (с) Абуханифа  мебошад . Аз сад фоизи мусулмонони руи замин шаст фоизашон дар мазхаби Имоми Аъзаманд ва чил фоизи дигараш  дар мазхаби Имом  Молик ва Имом Шофиъи  ва Имом Хамбаланд . Ва ин се Имоми бузург хам хазрати Имоми Аъзамро устози худ мешумуриданд .

Хамди бехад ва шукри бе адад  мар Худоеро ,  ки ахли Мовароунахрро ба шарафи Ислом  Мушарраф  ва пайраву тобеъи мазхаби Имоми Аъзам гардонид

Он тавре,  ки дар боло номгу кардем аз бузургони худ, онхо суханони Худову Расулро гирифта ба чахониён тухми илму хикмату ахлокро кошидаанд.

Эй бор Худоё ба сабаби дарачаи Хабибат ва имомат (Абуханифа ) моро ба ахкомхои Ислом омил гардон.

Нависанда:  Хайриддини Абдулло

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон.”

  1. Аноним Сказал(а):

    БАРОИ ЧИ СУРАХОИ КУРЪОН БА ЗАБОНИ ТОЧИКИ НЕСТ

Вы можете оставить сообщение



 
телефонные продажи. Парфюмерия на Avito - парфюмерия . Косметика и парфюмерия, Скидки.Школа ремонта своими руками - ремонт nokia . Антикризисный ремонт Nokia.Телевизоры Samsung 3D LED - led телевизоры . Покупка жк телевизора.Подарки?! из Экзотической кожи - подарки детям .Строительное оборудование буровое, опалубку. Опалубка комплектующие .Запчасти bmw, запчасти бмв е 34. Запчасти бмв е46 .