По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 29.11.2010
 

Бар ивази часад марзбони узбек 350 доллари амрикои талаб кард

Агар точиконро касе «халки бетолеъ» унвон барад, инкор намекунам, он хам танхо аз лихози хамсояги бо узбекон. Чанд сол пеш чунин андешае харгиз ба гушаи хаёлам хам намеомад. Хатто вакте фахмидам, бузургони моро ба монанди Абуали ибни Сино аз худ намуда, модараш Ситораро Юлдуз ном ниходаанд, хатто вакте шахрхои кадимтарини Самарканду Бухороро худхохона аз худ намуда, иддаи зиёде аз равшанфикрони моро «душмани халк» эълом намуда, аз байн бурданд ва хатто чанд сол кабл бо максади тахкири мардуми точик барномаи густохонаеро бо номи «Лаънати Темурланг» тавассути шабакахои руси гаштаю баргашта намоиш дода, ба иззати нафсамон мерасиданд, ба ин андоза аз хамсояги бо узбекхо дар таассуф набудам.

Замони тахсил дар Донишгохи милли донишчуёни зиёди точик, ки сокини Узбекистон буданд, бо мо мехонданд, вакте дар бораи бехукукии точикон ва муносибати тахкиромез нисбати онхо дар кишварашон, махдудияти мактабхои точики ва китобхои ба забони точики нашршуда, манъи гуфтугуи забони модари, нихоят дар шиносномахояшон ба чои «точик» «узбек» навиштанашон ва гайрахо сухан меронданд, мефахмидаму вале ба нозукии ин зухурот чандон сарфахм намерафтам.

Мусофирони точике, ки бо катора аз каламрави Узбекистон мегузаштанд, хамеша аз чашмгуруснаги ва ришвахури, ахлоки гайриинсонии кормандони гумруки он кишвар нисбат ба мусофирони точик шикоят мекарданд, вале онро низ чун амри маъмули кабул мекардам.

Имруз бошад, муносиботи сарди хамсоягонро бо точикон мушохида карда, боварам намеояд, ки замоне сухансарои точик Абдурахмони Чоми бо шогирди турктабори худ Алишери Навои риштаи ногусастании дусти доштаасту якчоя дар сабки «ширу шакар» шеърхо гуфтаанд.

Руз ба руз рафтори худхохонаи сарони он кишварро дар масоили НБО-и Рогун, ТАЛКО, мушкилоти экологи ва бастани роххо дидаву шунида, домани хайрату тааччубам густариш меёбад, ки чаро Узбекистон нисбати мо чунин икдомро пеш гирифтааст, чаро хисси бухсу кинаро нисбати пешрафту рушди хамсоякишвари худ Точикистон дар калб мепарварад.

Бар асари минахои дар сархад хобондаи низомиёни Узбекистон ба халокат расидани чандин шахрвандони бегунохи кишвар кам набуд, ки солхои охир ходисахое рух дода истодаанд, ки бо хар бахона шахрвандони точик аз чониби сархадбонони Узбекистон нобуд мегарданд. Ба хама маълум аст, ки маъмурони интизомии он кишвар бидуни хеч гуна далеле ба шахрвандони Точикистон ичозат намедиханд, ки марзро гузаранд, онхоро мавриди азобу шиканча карор медиханд, асноди онхоро гирифта, худашонро дар махбасхо чой медиханд. Бо чори намудани речаи визави чи басо точику узбек аз дидори хешовандонашон, ки тули таърих бо хам ба пайванди хешутабории нихоят амике доранд, махрум гаштаанд, хатто баъзехо дар маросими мотами падару модар ва дигар наздиконашон иштирок карда наметавонанд.

Чанд мох пеш дар рузномае хонда будам, ки як сокини шахри Панчакент хангоми чарондани чорво аз чониби марзбонони ЧУ рабуда шуда, бо чурми убури сархад ба махкама кашида шудааст. Баъдтар тавассути як хеши наздики у маълумам гашт, ки дар асл хамон вакт сархадбонони ЧУ такрибан 700-800 метр ба худуди Чумхурии Точикистон ворид гардида, шахрванди Точикистонро мачбуран дастгир карда, дасту чашмонашро баста, зуран ба худуди дидбонгохи худ бурдаанд. Дар вакти пурсиш уро мачбур кардаанд, ки дар баёноти худ хангоми гайриконуни убур намудани сархади давлати дастгир шуданашро кайд намояд, вале шахрванди Точикистон дастури марзбононро рад намудааст. Казия то чое расидааст, ки кариб он шахрвандро бо чурми чосуси айбдор намоянд, вале хушбахтона бо кумаки яке аз сархадбонони ЧУ (ахсан, офарин, як чахон ташаккур) у ба Точикистон баргаштааст.

Ходисаи мазкур чанд хадаф дорад – ё марзбонони Чумхурии Узбекистон натичаи корашонро мехостанд нишон диханд, ё андохтани низои навбати миёни ду халк ва ё ин ки мехостанд бори дигар точиконро паст гардонанд. Шояд максади асоси, мисли хамеша руёндани пули бедарди миён бошад? Вагарна 700-800 метр рохро тай карда, худро ба кучо мезаданд?

Моххои охир сар задани чунин амалхои баркасдона аз чониби марзбонони Узбекистон меафзояд. Дар баробари рабудани одамон, аз чониби онхо инчунин ходисахои рабудани чорво, мошину тракторхо ва гайрахо низ рух додааст.

Агар ба хамаи ин амалхо чашм пушем, ба ходисае, ки чанд руз кабл дар дехаи наздисархадии Мирзоободи нохияи Зафаробод рух дода буд, бетараф будан нашояд. Мувофики маълумоте, ки дар расонахои хабари омадааст, он иддаи чавонон, ки нияти убури марзро доштаанд, чандин сол ба ин кор машгул будаанд, яъне «хакки» марзбонони узбекро дода, фаъолияти тичоратии худро пеш мебурдаанд. Ин дафъа аз зиёд шудани «ставка»-и убур норози шуда, байнашон низоъ бархостааст ва дар натича, марзбонон чониби онхо тир кушодаанд. Чавони нокоме бо хаёт падруд гуфтааст. Аламовараш он аст, ки бар ивази часад марзбони узбак 350 доллари амрикои талаб кардааст. Баъди ифшои ин хабар, нанги кадоме аз онхо омада, ба хабари мазкур «ислохот» ворид намудаанд, ки гуё пулро марзбонони Узбекистон на, балки марзбони точик талаб кардааст. Ин худсафедкуни аллакай ба дарди касе намехурад. Кор аз кор гузаштааст…

Дар Созишномаи байнихукуматии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекистон, ки 31-уми январи соли 2007 ба имзо расидааст, аз муносибати дустонаи абадии ду кишвари хамчавор сухан меравад. Магар ин аст, дустии бародаронаи ду миллат? Чаро бародарони хамсояамон талаботхои Созишномаи мазкурро фаромуш сохтаанд? Дуруст аст, ки он иддаи чавонон конуншикани кардаанд, нияти гайриконуни гузаштани сархадро доштанд, магар илочи вокеа факат дар куштор буд? Рохи дигаре, чун боздошт ва ба чавобгарии чинояти кашидани онхо вучуд надошт, ки ба суи ашхоси беярок оташ кушодаанд? Ё тарсиданд, ки аъмоли пулситониашон ифшо мешавад?

Мутаассифона, имруз хамсоягони мо бо чашмони нимбозу хасадомез дар андешаанд, ки боз бо кадом рохе Точикистону точиконро дар назди чахониён «сиёх» созанд ва сиёхкориро аз арзишхои башардустиву инсонпарвари болотар гирифта, дар кадом самт ба онхо зарбаи зиёновар зананд.

Вазъи моли ва бухрони иктисодие, ки чахонро фаро гирифтааст, мачбур сохтааст, ки имруз хама ру ба тичорат биёранд. Албатта, он чавонони точик низ пайи дарёфти маблаги ночизе барои рузгузарони ру ба кишвари хамсоя бурдаанд. Солхост сокинони минтакахои хамчавори Узбекистон хам ба интиколи махсулоти ниёзи мардум аз Точикистон шугл меварзанд. Аммо дар марзи Точикистон мубталои марг намегарданд. Дар шархи «худсафедкуни»-и чониби Узбекистон бо тамасхур гуфта мешавад, ки шахрвадони мазкури Точикистон «маводи гизоии пастсифат»-ро гузаронидани буданд. Агар чунин хам бошад, оё барои гизои фуруши инсонро куштан вахшигари нест? Мусаллам аст, ки чониби Точикистон низ метавонад чунин икдомеро нисбати шахрвандони Чумхурии Узбекистон, ки на як бору ду бор хангоми интиколи варакахои «Хизб-ут-тахрир» ба каламрави кишвари мо дастгир шудаанд, пеш гирад, вале масъулини точик конунро аз тамоми анвоъи хусуматхо боло гузошта гунахкоронро тибки конунхои Чумхурии Точикистон ба чавобгари мекашанд. Ана ин аст рисолати давлатдори ва риояи Созишномахои миёни ЧТ ва ЧУ ба имзорасида! Ана ин аст оини неку хайрхохонаи хамсоядори!

Барои марзбонони ЧУ рушан аст, ки аксарияти сокинони дехахои наздисархадии Точикистон хаммиллатони онхоянд, гайр аз ин махз узбекхои точикистони бештар дар нуктахои ахолинишини ду чониби сархад ба тичорат машгуланд. Вале хисси точикбадбини то хадде дар магзи масъулини расмии Узбекистон таквият ёфтааст, ки онхо хаммиллатони худро низ барои аз Точикистон буданашон ба катл мерасонанд. Зеро ин чо миллат ахамият надорад, хох узбек бошад, хох точик – максад зиёнрасони ба истиклолияти Точикистон аст. Хак ба чониби журналист Бехрузи Химост, ки чанде кабл навишта буд: «Вучуди точикон ва Точикистон худ монеаест дар рохи накшаи эъмори «Узбекистони бузург» ва ин мавчудият харгиз имкон нахохад дод, ки рушду нумуи умумии минтака танхо моли Узбекистон гардад». Бале, ин хаёле ки сарварони ЧУ дар сар доранд, хом асту хушкида.

Бахриддини Алиев,

омузгор аз ш.Панчакент

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Бар ивази часад марзбони узбек 350 доллари амрикои талаб кард”

  1. Аноним Сказал(а):

    Имрузхо дар дохили кишварамон аксарияти мардум бо забони модарии худашон яъне точики гап намезананд хатто узбакхои дар дохили то-тон буда мачбур месозанд ки бо забони узбаки гап занем ман бо якчанд нафар точикони дар дохили узб-тон буда хамсухбат шудам онхо дар хонахои худ пинхони бо забони точики гап мезананд оё забони модарии мо кадре надорад магар ки дар дохили ватани худамон бо дигар забонхо харф мезананду мо парвои онро надорем

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.541 seconds.