По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.03.2017
 

Барои хифзи хукукхои умуми башарии худ дар каламрави Руссия аз дастони полис ва бозрасии мухочиратии ФР , дар ин гурухи ширкат намудани дигар хамватанону хамзаминонамонро даъват намоед !

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху бародарва хамватан Карома ти Шариф! Барои хифзи хукукхои умуми башарии худ дар каламрави Руссия аз дастони полис ва бозрасии мухочиратии ФР , дар ин гурухи ширкат намудани дигар хамватанону хамзаминонамонро даъват намоед ! Бинобар аз ходисахое ки моххои аввали соли 2017 дар шахрхои калони Руссия рух дода истодаанд , мумкин аст на хама огоханд ё ки эхтимол эътибори кавъи надодаанд : Дар гузашта ФМС дар холи хозир ГУВМ МВД бо хамрохии ОМОН барои тафтиши шахракхои сохтмончиён ки асосан дар он чо мухочирони мехнати аз давлатхои Осиёи маркази махали зист карор доранд огоз намуданд. Асосан онон барои ба даст овардани пули муфт бо зуровариву тахдидхо шиканчахои чисмонива бо баррасии бахонахои бе асос ки гуёки мухочирони мехнати конунро вайрон карда истодаанд. Дар холи оне ки дар конунхои ФМС ва федерали навишта шудааст ки: мухочирини дорандаи патент ки саривакт пардохти андоз менамоянд мухлати зист ва корииашон дар каламрави Руссия дароз карда мешавад. Имрузхо дар Петербург мардуми точикоро бо гирифтани 5000 чарима беасос гуё миграционный учёт кухна гуён гам дода истодаанд ман чандин бор ба почётный консулгарии Точикистон дар Петербург занг задам аммо бе натича . Диаспора умуман номаш хаст худаш аслан нест .Гарчанде ки хар фарди мухочир но вобаста ба шароити корию молиявии худ хар мох ба маблаги 3 000 рубли руси ба бозрасии андози ин давлат пардохт менамоянд

Сол ба сол танг кардан ва поймоли хукукхои мо пурзуру гуногун намуд шуда истодаанд Мурочиатхои мо ба ташкилотхои диаспораги ва сафоратхонахо бе чавобу бе дасгири боз мемонанд . Албатта конуншиканихо аз тарафи мухочирони мехнати гох гох ба назар мерасанд .

Аммо то ба кай ин шароити бенихоят вазнину ногувор моро дар ин мухочират дар азобу машаккати боз медорад ?

1. Бо нархи гарон гирифтани шиносномаи хоричи

2.Пардохти маблаги калон барои чиптахои хавопаймои

3.Нархи гарони рухсаномахои кори бо ном патент

4. Пардохти хармохаи андоз бо нархи 3 000 – 4 000 рубли руси

5. Чаримахои беасос аз тарафи ФМС /МВД бо бахонахои гуногун

6. Пардохт накардани музди мехнати аз тарафи кордиханлахои рус Ва хоказо сабабхои азобу машаккати мухочирони мехнати дар гузашта ва холи хозир мебошанд

Барои хамин мо бояд конунхои тарзи зист ва мехнат, забони муоширати (Руси) дар Руссияро бояд омузем ва домнем , ки боиси пуштибонии поймол нашудани хукукхои худи мо дар ин давлати ба мо бегона шуда метавонад Афсус имруза чавонони мо машгули шунидани мусики ,ва муоширати бефоидаро дар сомонахои интернети ба мисоли “Одноклассники”-ро пешаи худ кардаанд. Ва барои омузиши забон, конунхои оддитарини мухофизати хукукии худ на вакт доранду на харакат. Умедворем ки Шумо ва ононе ки ин маколаро мехонанд хамфикри ман мешаванд ва бетараф намемонанд !

Ба мо нависед то ки якчоя мубориза бар зидди поймоли хукукхои мардуми точик барем!

Такя ба Аллох субханаху ва таъолло дорем! ки моро ба рохи рост равона мекунад, ва дар хифзу амони худаш дар хар гушаи олами нихоятан пуризтиробу фони нигох медорад ! Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракату

Мунир Ибн Мухаммад
fizika-77@mail.ru

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.544 seconds.