По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 02.06.2019
 

Беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар интизори афв. Русия “мебахшад”?

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, санадҳои заруриро барои афви муҳоҷирон омода ва ба мақомоти Русия пешниҳод кардаанд.

Масъулони намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки бо ҳамкорони руси худ дар ин самт коррро оғоз кардаанд ва “ҳатман афв эълон хоҳад шуд”.

Мавзӯи афви муҳоҷирони тоҷик миёнаи моҳи апрели имсол ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Русия садо дод, вале баъдан ҷузъиёте дар бораи ин мавзуъ ироа нашуд. Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, ки ин хабарро пайваста дунбол мекунанд, хомӯшии мақомотро ҳамчун нишонаи қабул нашудани ин пешниҳод медонанд.

Аммо Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “пешниҳоди афв пазируфта шудааст ва ду ҷониб сари ҷузъиёти он кор мекунанд”. Вай афзуд, “хомӯшӣ ба маънои он нест, ки мавзӯъ фаромӯш шудааст. Ҳоло пешниҳодҳо сари ин аст, ки кадом қонуншиканиҳо мавриди афв қарор бигиранд ва кадоме не.”

“Пеш аз баргузории афв ё қонунигардонии вуруди муҳоҷирон мо огоҳӣ пахш мекунем. Кӯшиш дорем, он шаҳрвандонеро, ки бо қоидавайронкуниҳои ночиз а ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, ба ин афв шомил кунем. Сарраёсат оид ба корҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия бо мақомоти мо дар ин масъала ҳамкорӣ дорад. Ҳоло кадом қонунвайронуниҳо бояд ворид шавад, баррасӣ мешавад”, — гуфт Аҳмадӣ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел дар Русия хостори афви муҳоҷирон шуд, вале Владимир Путин, президенти Русия ба ин хости ҳамтои тоҷикаш ҷавоби рӯшане надод. Қаблан Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфта буд, “Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар Русия манъ гардидааст, афв эълон карда шавад.” Ба қавли дафтари матбуоти раисиҷумҳур, президенти Русия Владимир Путин “пешниҳодро қабул кард” ва “ба роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Русия супориш дод, ки оид ба ҳалли ин масъала чора андешад.” Вале баъдан на мақомоти Русия ва на матбуоти он кишвар дар бораи афви муҳоҷирони тоҷик ҳарфе нагуфтанд ва ин шубҳаву гумонҳоро дар бораи эҳтимоли паируфта шудани пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба бор овард.

Бо ин вуҷуд, ҳазорон муҳоҷире, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дунболи ҷузъиёти ин хабаранд. Рустам Мирзоҳимматов, сокини 46-солаи шаҳри Кӯлоб ду сол боз ҳамроҳ бо писараш дар интизори афве ҳастанд, ки бозгашташонро ба Русия имконпазир мекунад. Соли 2017 бинобар иштибоҳ дар санадҳои ҷойи зист, ӯ ва писари муҳоҷирашро барои панҷ сол аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.

Ӯ мегӯяд, дар шаҳри Сургути Русия дар сохтмон кор мекард ва аз ин ҳисоб зиндагии худу се фарзанадшро дар ватан мечархонд. Ҳоло ду сол боз дар ватан кор пайдо намекунад ва роҳи бозгашт ба Русияро ҷустуҷӯ дорад. То кунун даҳҳо бор ба сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон нома навишта ва аз созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон кумак пурсидааст, вале роҳи ҳалле пайдо накардааст.

“Ҳеҷ кори дурусте, ки зиндагиро пеш бурда шавад, пайдо накардам. Гоҳ-гоҳ дар ягон хона таъмир мекунам, вале пуле намедиҳанд, ки чизе харида шавад. Агар роҳам ба Русия боз шавад, мушкилот ҳал мешавад. Ҳозир бо шумо аз бозор сӯҳбат мекунам. Дар кисаам пуле нест, ки барои шом чизе харам. Ба умеди афвем”, — гуфт Рустам Мирзоҳимматов.

Ҳоло наздик ба 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Бештари онҳо, барои қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, тариқи ҳалномаи додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд.

Дар ин миён, бархе аз шаҳрвандон се сол ва бархеи дигар аз 10 то 17 сол низ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ба ҷойи пайваста афв пурсидан аз мақомоти Русия беҳтар аст, ки ҷойҳои кориро дар ватан бештар кард ва ё ҳадди ақал роҳҳои нави муҳоҷиратро пайдо намуд. Ба ин васила, ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон дигар василаи фишор нахоҳанд шуд.

Ӯ гуфт, “ҳукумат вақте бо кор таъмин карда наметавонад, ақалан самти муҳоҷиратро бояд дигар кунад. Русия самти аслӣ набошад. Вақте дар ин 27 сол дар ин самт ҳеҷ беҳбудӣ нашуд ва ҳеҷ беҳбудие ҳам дар оянда дида намешавад, бояд роҳи дигар ёбем. Ақаллан се-чаҳор самти муҳоҷират бояд вуҷуд дошта бошад. Русия нашуд, ба дигар кишвар рафта тавонанд”, — гуфт ӯ.

Соли 2017 мақомоти Русия маъракаи афв эълон карданд ва беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавонистанд, ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси як маркази машварати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, суоли рақами яки муҳоҷирон масъалаи афв ва бозгашт ба Русия аст. ки пайваста аз онҳо мепурсанд.

Ӯ гуфт: “Вақте аз Русия ихроҷ мешаванд, дар ватан ҷои кор намеёбанд ва ҳамаи онҳо мунтазири афванд. Аз мо мепурсанд, ки афв кай мешавад ва ё мо чӣ хел дубора қонунӣ ба Русия баргардем. Дирӯз як нафараш омад, ки дар ятимхона бузург шудааст ва дар Тоҷикистон касе надорад. Аз Русия ихроҷ шудааст. Ин ҷо намедонад, чӣ кор кунад.”

Русия кишвари калидии муҳоҷирпазир барои Тоҷикистон аст. Нерӯи бузурги кори Тоҷикистон бинобар камбуди кор дар ватан ба ин кишвар мераванд ва бо вуҷуди фишору азияти мақомот хонаводаҳои худро дар кишвар таъмин мекунанд.

Зиндагӣ ва кори муҳоҷирон дар Русия чандон шаффоф нест ва бештари онҳо кори қонунӣ надоранд. Омиле, ки аксаран пас аз ошкор шудан боис ба ихроҷи онҳо мешавад.

Президенти Тоҷикистон моҳи апрел шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 480 ҳазор нафар ҳисоб карда буд. Ҳамтои руси ӯ Владимир Путин баръакс муҳоҷиронро 1 миллиону 200 ҳазор шумурд.

Ҳисобе, ки мисли сарнавишти садҳо муҳоҷири тоҷик ва ваъдаи афв номаълум аст.

Источник Радио Озоди

Муъмин Ахмади

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.552 seconds.