По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 20.09.2010
 

«Бишнав аз най чун хикоят мекунад…»

Шояд пас аз мутолиъа ва ошнои бо ин мавод, хонандаи точик, мусулмон, махсусан мухочирони 12121мехнатие, ки берун аз ватан ба домони бонувони гайри меафтанд ва он хамдиёроне, ки бо сабабхои гунонгун, ба доми бонувони рус меафтанд ,шояд дарси адаб гардад. Сари вакт ба худ оянду пеш аз он ки хамсари хаётро интихоб намоянд фикр намоянд,ки падару-модар, ёру- дустон.хешу- акрабо низ барои онхо бегона нестанд аз онхо ичозат талабанду, маслихат пурсанд. Бе ичозаи волидайн ва хешу табор зиндаги баракатташро гум менамояд.Пас сину сол ба чое, ки рафт мисли кахрамони мо дер мешавад.

Илочи вокеа пеш аз вукуъ бояд чуст,

Дарег суд надорад чу рафт кор аз даст.

Акаи Чурабек Набиев ё ки чуноне, ки дар Севастопол уро хешу табори хамсараш Евгений Евгеневич ном мебаранд. Сиюхашт сол пеш бахри хамсараш, бахри мухабабати Катерина ки то хол якчоя зиндаги доранд ва сохиби се фарзанданду наберадор. Хам аз падару- модар ва хам аз механу-дин руй гардони буду, худро хамчун кахрамонони асари Шекспир «Ромео ва Чулетта» мехисобианду рохи Севастополро пеш гирифта буд. Аммо солхо сипари гаштаанду пас аз гузашти 38-сол акаи Чурабек Набиев , Сарвари Чамъияти Точикитониёни Севастопол, точири калон сохиби давлати калон , фахмид. ки иштибох карда будааст. Руи рост намегуяд, аммо аз тарзи сухбат ,гуфтораш пай бурдан мумкин аст, ки пушаймон аст. Захри гариби дар чехраи у догхои худро гузоштааст. Зиёда аз ду сол боз ба дини аждодиаш баргаштатаст. Намоз мехонаду худоро тавба менамояд ва ният дорад,ки агар хамсараш рози мешаваду никохи исломиро ба чой меоранд.

Бишнав аз най чун хикоят мекунад,

В-аз чудоихо шикоят мекунад.

К-аз наистон чун маро бубридаанд,

К-аз нафирам марду зан болидаанд.

Сина хохам шарха-шарха аз фирок,

То бичуи шархи холи иштиёк.

Хар касе , ки дур монад аз асли хеш,

Боз чуяд рузгори васли хеш.

Фарзанди калони Рустам исломро кабул намуда асту , оятхои каломи Шарифро аз худ намудаистодааст ва ният дорад, ки намозхон шавад. Рулан бошад аттеист хасту ба худо бовари надорад. Фаррух – ба гуфти акаи Чурабек холо дар Русия кору- фаъолият дорад ва ният дорад, ки ба хона омада сунати менамояд ва исломро кабул менамояд.Аммо келинхо бошанд насрони хастанд.Наберагон баъзе ба суи бобояшон рафта намоз хонданро аз худ намудаистодаанд.

Аз вохури ва сухбат,мехмондори бо акаи Чурабек Набиев ба кас маълум мегардад.ки хамаи ин давлату- савлат ,боигари,кайфу—сафо. бе ватан.

Бе наздикон хеч аст. Бо кушиши у чамъияти Точикистониён ташкил шуд ва бо хамдиёронамон идхои миллиро чашн мегиранд.У мегуяд ки лафзи зебои форсиро пазмон шуда буд ва вохурию- сухбат бо хамдиёрон уро боз ба ватан мепайвандад. Олами исломро яке аз оламхои тоза ва дакик хисоб менамояд. Шахси мусулмон яке аз шахсони озода ва хушбахт аст мегуяд акаи Чурабек.

Вакте,ки акаи Чурабек моро ба назди мазори мусулмонони Севастопол бо хамрохии Точидин Иброхимов – Сарвари точикони умуми Крими бурд ва хост ки мо дуъое аз Куръони Карим хонем. Мо фикр кардем, ки ин танхо ба хотири мусулмохои ин манзил аст. Аммо пас аз фикру мулохиза танхо ин тавр набуд. Акаи Чурабек марди тачрибаи зиндагиро дидаги. Азоби гарибиро бо захраш чашидаги моро нишон дод, ки ин чойхоро фаромуш накунем.Аз механу- модари хеш дур набошем.Аз хамдиёрони дар гариби гузашта фаромуш нанамоем. Хатои дар чавони намудаи эшонро такрор нанамоем. Хамеша бо механи хеш, волийдани хеш бошем. Аз миллати хеш хамсар гирем. Агар гайри ин бошад ба дину- оини хеш дарорем. Фаромуш нанамоем, ки мо муслим хастем.

Амири бе ватан хору- зарир аст,

Гадо гар дар ватан мирад амир аст.

Кушода шудани мактаби оилави ,ки пас аз соли нави Исави дархои худро ба руи хонандагон боз менамояд дар шахри Севастопол,акаи Чурабек мехохад ва ният дорад.ки насли навраси хамдиёрони Севастополии мо аз забони Рудаки, форси бахра бардоранд.Забони форси, ки худ яке аз забонхои ширини олам аст, ба наберагон ва наврасон омузад.Ашъори Хофизу-Саъди. Хайёму- Камолро бо тарзи аслиашон омузанд. Кас аз додорбини бо ин марди гариби халим чигараш пора- пора мегардад.Дар симои акаи Чурабек догхои гарибиро, ранчхои гарибиро кас мушохида менамояд.

Ин хона кашанг аст . вале хонаи ман нест,111

Ин хок чу зебост, вале хоки ватан нест.

Он духтари чашмоби гесуи тиллои,

Таннозу- сиёхчашм чу маъшукаи ман нест.

Ин кишвари нав ин ватану- донишу фарханг,

Зинхор ба диловези Душанбеи кухан нест.

Ман бахри ки хонам газали Хофизу- Саъди?

Дар шахри гарибе, ки дар он фахми сухан нест.

Дар охир Ба акаи Чурабек Набиев ва тамоми хамдиёрони Севастополии хеш таманно дорем, ки корхояшон пурбарор бошад, умри дароз, ниятхояшон чомаи амал пушанд!. Зиндагии кахрамони мо ба дигарон дарси адаб бошад. Дар кучое, ки набошанд бояд донанд, ки точикистони точик хастанду, мусулмонанд. Ва ватанашон Точикистон хамеша дар интизори онхост.

Дар гариби чон ба сахти медихад….!!!

Мирзо Асозода. Севастопол. Украина. Сентябри-2010.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 0.555 seconds.