По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 24.06.2017
 

БОЗДОШТИ 15 ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ДОМОДЕДОВО

Тоҷикҳои боздоштшуда дар Домодедово

15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 21 июн ба Маскав омадаанд, се рӯз боз дар фурудгоҳи Домодедово дар боздошт қарор доранд. Ин 15 нафар баъди афви ахири муҳоҷирони тоҷик азми сафар кардаанд, вале инҷо фаҳмидаанд, ки то ҳол дар рӯйхати сиёҳ қарор доранд.

Ҳудуди 15 шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 23 июн ба Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия муроҷиат карда ва барои ҳалли мушкиле, ки ба сари онҳо дар фурудгоҳи Домодедово омадааст, кумак хостаанд. Ба гуфтаи ин шаҳрвандони тоҷик, онҳо ҳанӯз рӯзи 21 июн бо ҳавопаймо ба Маскав омадаанд, вале дар инҷо ба ин далел ки номи онҳо то ҳол дар рӯйхати сиёҳи Русия қарор дорад, ба ҳеҷ кадоми онҳо иҷозати вуруд ба марзи ин кишварро надодаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки қабл аз сафар номи худро дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва ҳам дар кассаҳои билетфурӯшӣ санҷидаанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки дар рӯйхати сиёҳи Русия нестанд ва метавонанд баҳузур сафар кунанд.

Дар сомонаи Ҷунбиши муҳоҷирон исми 6 нафар аз ин шаҳрвандони дармондаи тоҷик низ нашр шудааст:

1. Салихов Азимҷон

2. Табарзода Манучеҳр

3. Зарипов Сайдалӣ

4. Исаков Зариф

5. Шарипов Нуъмон Шаҳопович

6. Усмонбоев Дадаҷон Абдуҷалилович.

Аз ин шумор танҳо Азимҷон Салиховро алакай ба Тоҷикистон пас фиристодаанд, вале бақия, ки дар байнашон занон низ ҳастанд, дар дохили фурудгоҳи Домодедово дар як ҳуҷраи танги тирезаҳояш панҷарапӯш нигоҳ дошта мешаванд. Ба онҳо гуфтаанд, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд ва ба Тоҷикистон пас фиристода хоҳанд шуд.

Бар асоси тавофуқи байни президентҳои Тоҷикистону Русия, аз 25 март то 24 апрел дар Русия як маъракаи афви вижа барои муҳоҷирони тоҷикро доир карданд. Мақомоти Тоҷикистон баъди ин маърака гуфтанд, ки Русия дар ин як моҳ 106 ҳазор аз шаҳррвандони тоҷикро аз рӯйхати сиёҳаш берун кардааст ва ҳоло дар ин рӯйхати сиёҳ боз 168 ҳазор нафари дигар аз атбои Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Ахбор.  Рубрика Садои мухочир .

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.513 seconds.