По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 14.06.2017
 

БОЗГАШТИ ФИРӮЗ – ДАР САНДУҚИ ЧӮБИН, БО МАНАҲИ БАСТА ВА КАФАНПЕЧ…

13/06/2017
Фирӯз Иблоев

Дирӯз Фирӯз ба Ватан баргашт, балки ӯро оварданд. Даруни сандуқи чӯбин, бо ранги парида, бо риши дамида, бо манаҳи баста, кафанпеч. Модар худро ба болои ҷасади писар партофта, дигар дар чеҳраи фарзанд он табассуми ширин ва хандаи беолоишро намедид. Худо ин бадбахтиро ба сари ягон оила набиёрад!

Олим САФОЛОВ

Падари Фирӯз Иблоев аз он мефахрид, ки писараш бо дониши худ ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия –Донишгоҳи миллии технологии шаҳри Қазон дохил шуда, кунун дар курси дуввум таҳсил менамояд. Модари ӯ аз он ифтихор дошт, ки зебописари ӯ аз волидайн маблағе талаб намекунад ва худаш дар Русия ҳам таҳсил менамояд ва ҳам заруриёти худашро таъмин менамояд. Ҳамкурсони Фирӯз дар тааҷуб буданд, ки ин ҷавони чобуки тоҷик чӣ тавр имтиҳонҳоро бо баҳои аъло пеш аз муҳлат супорида ин қадар рағбати сафар ба ватан дорад. Фирӯз сахт пазмони ватан шуда буд ва мехост дар моҳи шарифи рамазон канори волидайн ва бародару хоҳари худ, ки ӯро интизорӣ мекашиданд, бошад. Аммо…
Рӯзи 5 май дар хобгоҳи донишгоҳ ногаҳон Иблоев Ф. аз дарди шикам шикоят менамояд ва ҳамкурсон ёрии таъҷилиро ҷеғ мезананд. Ёрии таъҷилӣ номбурдаро ба Бемористони клиникии шаҳрии №7-и шаҳри Қазон меорад. Дар бемористон ба ҳамкурси Иблоев Ф. мегуянд, ки интизор меравад, ин нишонаҳои «аппендицит» бошад, барои ҳамин ӯро ҷарроҳӣ хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, ин ҷавонро бо гумони «аппендицит» муддати 6 соат! ҷарроҳӣ мекунанд. Баъди ҷарроҳӣ ба яке аз ҳамкурсонаш мегуянд, ки ин љавон дигар зинда нахоҳад монд. Бигӯед соҳибонашро, то иҷозат диҳанд, тавассути сӯзандоруе ҳарчӣ зудтар ҷони ӯро барорем то азият накашад.

Инро шунида, ҳамкурси Фирӯз писархолаи ӯро, ки дар дигар шаҳр аст хабар медиҳад. Баъдтар падари Фирӯз ба ин шаҳр парвоз мекунад. Баъди талошҳои падар ва якчанд шиносҳо беморхона гуё аз Маскав як-ду сардухтур ва мутахассисони соҳаро ҷеғ мезананду аз нав Фирӯзро ҷарроҳӣ мекунанд.

Аммо ҳайҳот. Боз ҳамон сухан такрор мешавад: Ягон илоҷ нест, 20 фоизи рудааш коршоям асту халос.
Баъдтар як тоҷике пайдо шуда, ба духтурон мегӯяд, ки чӣ қадар маблағе лозим аст, маблағгузорӣ мекунад, аммо ӯро наҷот диҳед. Аммо духтурон ин корро ғайриимкон меҳисобанд….
Дар муддати 36 рӯзе, ки Фирӯз бо марг даст ба гиребон буд, маро суолҳои зерин ором намегузошт:
1. Чаро ҷароҳии аппендетсит 6 соат давом ёфт? Ҳол он, ки то ҷое ба ҳамагон маълум аст, чунин намуд ҷарроҳӣ камтар аз 1 соат давом мекунад.
2. Агар 80%-и рӯдаи Фирӯз бекор шуда бошад, чаро то рӯзи ҷароҳӣ ӯ боре ҳам аз дарди шикам шикоят набурд?
3. Кӣ кафолат дода метавонад, ки зимни ҷарроҳӣ ягон узви бадани ӯ ҳамчун донор истифода набурда шудааст?
4. Чаро навори ҷарроҳии гузаронидашуда ба падари Фирӯз пешниҳод нагардид?
Боз ҳамон нармии тоҷикӣ ғолиб омаду боз ҳамон суханон такрор шуд: «дар насиби ӯ ҳамин будааст».

Вақте, ки Фирӯз ин тобистон ба бист қадам мегузошту дар бистари беморӣ буд, модар бехабар аз ҳама аз пайвандон ҳадя мегирифт, ки Фирӯзи ӯ имтиҳоноташро пеш аз муҳлат супорида истодааст ва ба наздикӣ ба Ватан бармегардад. Ҳар гоҳе модар чеҳраи хандону табассумҳои ширин ва «очаҷон чӣ хелӣ?»-гуфтани писарашро ба ёд меовард, дилаш гум мезад. Рӯзҳоро мешумурд….
Дирӯз Фирӯзи модарро мо хешу ақрабо аз фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтем.

Ӯ ба Ватан баргашт, балки ӯро оварданд. Даруни сандуқи чӯбин, бо ранги парида, бо риши дамида бо манаҳи баста, кафанпеч. Модар худро ба болои ҷасади писар партофта, дигар дар чеҳраи фарзанд он табассуми ширин ва хандаи беолоишро намедид. Фирӯзаш хомӯш буд, сухан намегуфт, чашм пӯшидаву ба хоби абад рафта. Зеро ӯ субҳи ҷумъаи гузашта дар 14 –ум рӯзи моҳи шарифи Рамазон, дар даҳаи махфират ҷонро ба Ҷонофарин супурда буд.

Худо ин бадбахтиро ба сари ягон оила набиёрад!

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.572 seconds.