Рузи сиёх хам ба вахдат мебарад. Дар мо чи?
Боз як сахифаи тозаи таърих аз хуни поку нохакрехтаи фарзандони Инсон лолагун гашт. Ин дафъа дар фурудгохи Домодедовои шахри Маскав, аз дасти ахриманнажоде, аз дасти боз як фарзанди беаслу беватан ва бекафани терроризм 35 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захми гардиданд. Макони гузаронидани ин амалиёти вахшиёна тасодуфи нест. Махсус тархрези шудааст ва маъни аз амалиёт, хучум ба тамоми инсоният аст. Зеро маълум аст, ки аз ин фурудгох мардум ба нукоти мухталифи сайёра парвоз мекунанд. Мо бояд фочиаи ба сари хар як шахид, чабрдида ва наздикони онхо омадаро хамчун фочиаи худи бипазирем. Зеро он чо метавонистем мою Шумо, фарзанду наздиконамон бошанд.
Ин куштори ночавонмардонаро тамоми инсонхое, ки нисбати дигар хамтоёни дар руи Замин халкшудаашон мехру шафкат дар калб мепарваранд, махкум менамоянд. Имруз хамаи сокинони Федератсияи Русия, новобаста аз кавму миллат, мансубияти динии хеш, дар гирди давлату хукумати кишвари хеш гирд омада, омодаги хешро бахри ошкор намудани дастандаркорони ин ходисаи мудхиш ва расонидани кумак хешу табори курбоншудагон баён медоранд. Тавре аз пайгирии мавзуи мазкур бароям аён гашт, аз аввалинхо шуда, созмону ташкилотхои исломии дар худуди Русия фаъолиятдошта ва намояндагони маъруфи доирахои исломии ин кишвар овози худро ба махкумияти ин кирдори хайвонию зиддиинсони баланд намуданд.
Рости, махз хамин амал таваччухамро ба худ кашид ва то андозае хисси хасадро дар калбам бедор кард. Хасад ба тифокию вахдати асли. Магар чои хасад нест, вакте садхо кавму миллат, намояндагони дину мазохиби мухталиф дар чунин рузи сиёх даст ба даст мениханд, хамдигарро тасалли медиханд ва алорагми кушиши дахшатфиканонаи душманони насли одами, хисси фардои некро дар калби якдигар нигах медоранд. Ин андеша маро ба чанд рузи сиёхи хамсон, ки чанд мохе кабл дар Точикистони азизи мо рух дода буданд, баргардонид. Хамлаи ночавонмардонаи террористон ба сарбозон дар Рашт, хучуми террористи худкуш дар шахри Хучанд, амалиёти террористон дар Исфара ва гайра, чандин чони чавонро аз байн бурданд, даххо нафар модаронро чудо аз фарзанд ва тифлонро ятим намуданд. Амалиётхои тархрезинамудаи навбатии террористон (мошинхои бо маводи тарканда мучаххазшуда дар Хучанд), хушбахтона аз чониби макомоти кудратии кишвар пешгири карда шуданд, вагарна боз чандин нафар шахсони бегунох туъмаи чахолати гуруххои динситезу дингаро мешуданд. Вале баръакси мусулмонони Русия, намояндагони маъруфи доирахои динии Точикистон, имомхатибони масочид, онхое, ки худро пешвои аслии муслимин дар Точикистон метарошанд, бетафовути ихтиёр кардаанду хомушанд ва гуё бо ин рох исломро химоят доранд. Бигузор чунин ашхос пуштибонии исломро аз хамтоёни руссиягии худ омузанд. Пешвоёнии исломии Русия бо мурочиат ва эъломи пуштибонихои худ аз давлат, террористону рохнамоёни онхоро хушдор медиханд, ки мо бо шумо нестем. Исломи чахолатситезу дахшатфиканро харгиз дастгири намекунему баръакс бо он мубориза мебарем ва дар рохи нест намудани решахои аслии ин падидаи гайриинсони кумаки хешро харгиз аз давлат дарег намедорем. Ана ин аст, самти хакикии ислом ва арзишхои мукаддаси он! Факат бо чунин рох метавон карзи мусулмонии худро ичро намуд ва исломро аз тамгаи “дини мочарочу ва террорист” рахонид.
Асадуллохи Курбон,
мухочири кори аз Руссия












































































































