Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 12.04.2017
 

ЧАНД БАДБАХТИИ СОҶИДАИ МИРЗО

4-11-2017-5-30-55-AM-3477380Мудири бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” Соҷида Ҷахфарова дигар он Соҷидаи Мирзои солҳои 90 нест, ки мардум мешинохт. Аз ҳирси мансаб дар як ботлоқи бадахлоқиву бадрафторӣ ва қабилабозӣ фурӯ рафта ва бо морҳои сархӯри сари китфаш ба як Заҳҳок табдил ёфтааст.

Чанд матлабе, ки дар сомонаи “Ахбор” дар бораи бадкирдориҳои мудири бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” Соҷида Ҷахфарова (Соҷидаи Мирзо) нашр шуд, бисёриҳо тавассути номаҳо ва зангҳои телефонӣ гуфтанд, ки охир, мо як Соҷидаи Мирзои комилан дигарро мешинохтем. Бисёриҳо навиштанду гуфтанд, ки мақолаҳои дар ибтидои солҳои 90 навиштаи ӯро ҳанӯз ёд доранд ва наход ин зани як замон равшанфикр чунин тағйир ёфта бошад?

Ин номаҳову зангҳо боис шуд, ки боз ба даст қалам бигирем ва чеҳраи аслии ин занро барои мухлисони собиқаш бикушоем.

Бале, мутаассифона, он Соҷидае, ки имрӯз ба бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ҳукм меронад, он Соҷидаи Мирзои солҳои 90 нест. Ва он фосилаи тӯлоние, ки байни ин ду Соҷида ба вуҷуд омадааст, бадбахтона, фоҷиаи як раавшанфикри собиқи тоҷикро нишон медиҳад, ки як замон аз минбарҳои гирдиҳамоиҳои майдони Шаҳидон аз арзишҳои милливу демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезад ва имрӯз дар ботлоқи бадахлоқиву бадрафторӣ ва қабилабозӣ ва ғаразҳои шахсиаш сахт фурӯ рафта, ба душмани рақами яки журналистикаи тоҷик табдил ёфтааст.

Ва бадбахтии Соҷидаи Мирзо дар ин аст, ки дар чӣ ботлоқе фурӯ рафтанашро худаш то ҳол дарк намекунад. Фикр мекунад, он буққагарӣ ва бадрафториву беадабие, ки нисбат ба хабарнигорони тавоно, вале зердасташ нишон медиҳад, намунаи мудирияти “пешқадам” аст ва ин душманону бадбинони ӯянд, ки “муваффақият”-ашро чашми дидан надоранд.

Дар таърихи журналистикаи тоҷик мо намунаи як сардабири занро дорем, ки исмаш бо ҳарфҳои тилоӣ дар таърих сабт шудааст. Ин зан Бӯринисо Бердиева, сардабири нашрияи шӯҳратёри “Маориф ва маданият” аст. Бердиева дар замони Шӯравӣ, таҳти султа ва фишори пайвастаи ҳизби яккатози коммунист кор мекард. Вале ӯ нотарсида, дар ҳар Наврӯз шумораи идонаи “Маориф ва маданият”-ро чоп мекард, мақолаҳои танқидӣ ба зидди мансабдорони баландпоя дар нашрияи ӯ озодона ба чоп мерасид. Бердиева бо онки таҳти фишори пайваста қарор дошт, дар “Маориф ва маданият” онҳоеро, ки дар рӯйхати сиёҳи ҳукумат буданд, ба мисли Бозор Собир, Ҷумъа Одина, Ғоиб Сафарзода ва даҳҳо тани дигарро ба кор гирифт, ба Сотим Улуғзода, ки ба сабаби ба Ғарб фирор кардани писараш Азиз “душмани халқ” эълон шуда буд, минбар медод.

Барои ин ҷасорат ва мардонагиаш исми Бӯринисо Бердиева дар таърихи журналистикаи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Бердиева ягон пуштибон надошт, вале Соҷидаи Мирзо бо онки дар пушти радиои “Озодӣ” Амрико, як кишвари абарқудрати дунё истодааст, ба ҷои ҳимоят аз журналистони тавоно баракс ҳамаи онҳоро саркӯб кард.

ҶАНОБИ КЕНТ! “ОЗОДӢ”-РО АЗ СОҶИДАИ МИРЗО НАҶОТ ДИҲЕД!

Дар 8 соли раҳбариаш ба бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” Соҷидаи Мирзо беш аз 40 журналистро аз кор пеш кард. Журналистонеро, ки аз нигоҳи истеъдод, маҳорат ва сатҳи касбӣ аз худи ӯ боло буданд ва аксари онҳо дар раддаҳои аввали журналистикаи миллӣ қарор доранд.

РӮЙХАТИ ЖУРНАЛИСТОНЕ КИ ДАР ДАВРАИ СОҶИДАИ МИРЗО АЗ КОР РАФТАНД:

1.Мунаввари Мунавварзод

2.Расули Шодӣ

3.Зулфиқори Шодӣ

4.Маҳмуд Шодиев

5.Умед Ҷайҳонӣ

6.Аслам Мӯъминзод

7.Сафаргул Олимӣ

8.Раҳматкарими Давлат

9.Абдуқаюми Қаюмзод

10.Фахриддини Холбек

11.Ҳарамгули Қодир

12.Рустам Наботов

13.Акрами Абдуқаҳҳор

14.Фирӯз Баротов

15.Мирасрори Фарғонӣ

16.Насибҷони Амонӣ

17.Мирзоҷалоли Шоҳҷамол

18.Носирҷон Маъмурзода

19.Маҳтоб

20.Инобат Пӯлодова

21.Дилафрӯзи Ҷамолиён

22.Шоҳини Равшан

23.Ҳакими Даврон

24.Абӯбакри Файзалӣ

25.Қамари Аҳрор

26.Соҳибаи Кароматулло

27.Латиф Латифӣ

28.Пайрав Гулмуродзода

29.Илҳом Давронов (корманди фаннӣ)

30.Искандар Ахмедов (корманди фаннӣ)

31.Гулнора Амиршоева (баъди як ҳафтаи кор)

32.Хуршед Назаров

33.Лола Олимова (баъди як моҳ)

34.Зиёратшо Аҳмадов (баъди як рӯзи кор)

35.Ганҷинаи Ганҷ

36.Умед Назаров

37.Маҳини Даврон (бо эътироз тарки кор кард)

38.Илҳом Назриев (бо эътироз аз кор рафт)

39.Санҷар Ҳошимӣ (ҳамагӣ як моҳ тоқат овард)

40.Мирзои Салимпур

41.Нурмуҳаммади Холзода

Ҳамин рӯйхат кофист, ки номи Соҷидаи Мирзо дар китоби таърихи матбуоти тоҷик бо сиёҳтарин рангҳо ва ҳамчун душмани рақами яки журналистикаи миллӣ сабт шавад.

Ин 40 нафаре, ки Соҷидаи Мирзо дар 8 соли раҳбариаш ба бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аз кор ронд, чандин маротиба бештар аз ҷамъи онҳоест, ки дар тӯли 55 соли қабл аз кор дар “Озодӣ” барканор карда шудаанд.

Дар барканории бисёре аз онҳое, ки ҳанӯз то мудир шудани Соҷидаи Мирзо тарки “Озодӣ” карданд (Саъдии Юсуфӣ, Зоҳири Давлат, Равшани Темуриён, Обид Шакурзода, Абдураҳими Умарзод, Нилуфари Собир ва чандин тани дигар) низ нақши асосиро ӯ бозӣ карда буд.

Аксарияти кулли ин пешшудаҳо қурбони қабилабозии ошкору бепарда ва барбаронае шуданд, ки Соҷидаи Мирзо дар раъси сиёсати кадриаш қарор додааст. Ин қабилабозӣ, яъне навозиши фақат “худӣ”-ҳо ва задани “бегона”-ҳо, як бадбахтии дигари ин равшанфикри собиқ аст.

Чанд сол пеш вақте радиои “Озодӣ” хабарнигорони нав меҷуст, бачаҳо чанд нафарро, аз ҷумла Абдулазизи Восеъ, Завқибеки Саидаминӣ ва Ҳумайрои Бахтиёрро пешниҳод карданд. Дар ниҳоят Соҷидаи Мирзо кадом як нафари гумноми “географияаш дуруст”-ро ба кор гирифт.

Вақте гуфтем, ки охир савия ва сатҳи ин се нафари пешниҳодшуда баландтар аст, Соҷидаи Мирзо бидуни ягон шарму ибо дар пеши ҳама гуфт: “Рост, ки Абдулазизу Завқибек қалами хуб доранд. Вале ман таҳқиқ кардам, ки Завқибек аз Обигарм ва Абдулазиз аз Файзобод будаанд. Намешаванд барои мо!”

Ёбеду гиред! Мо, ки тоза аз “география”-и ин ду ҳамқалами худ аз забони Соҷидаи Мирзо дарак ёфтем, сипас аз Ҳумайрои Бахтиёр пурсидем, ки ӯ чӣ?

Ҷавоби Соҷида ҳамаро бори дигар ба шок андохт: “Ҳумайро боз бадтар, аз Ғарм будааст.”

Бадбахтии боз ҳам бузургтари ӯ бадрафторӣ ва бадахлоқӣ нисбат ба коргарон аст. Ӯ ҳатто намефаҳмад, ки ин лаҳни пур аз таҳқир ва пас задани шарофати инсонии коргарон як амри ғайри қобили қабул аст. Бахусус дар як радиои амрикоӣ, ки барои таблиғи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар таъсис ёфтааст.

Дар соли 2016 аъмоли Соҷидаи Мирзо дар радиои “Озодӣ” ду маротиба таҳти тафтиш қарор гирифт. Парвандае ончунон бузург ҷамъ шуд, ки нафақат барои пеш кардани ӯ, балки барои кушодани як парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Соҷидаи Мирзо кофӣ буд.

Сайтбандиҳои солҳои охир дар Тоҷикистон барои касе пӯшида нест. Вале кам касе медонад, ки дар пушти ин сайтбандиҳо бо истифода аз собиқаи муносибатҳои “вижа”-аш бо як мансабдори баландпоя Соҷидаи Мирзо истодааст. Ҳар нашрия ё хабаргузорие, ки дар пӯшиши масоили Тоҷикистон ҷуръату ҷасорат нишон медод ва дар муқоиса бо онҳо сусткамарии радиои “Озодӣ” маълум мешуд, ҳадафи таъқиб қарор мегирифт. Ба ҳамин сурат, “Озодагон”-ро заиф карданд, ки камари сусти “Озодӣ” намоён нашавад. Бо ҳамин ҳадаф, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд.

Ин Соҷида Ҷахфарова дигар он Соҷидаи Мирзои солҳои 90 нест, ки мардум мешинохт. Соҷидаи Мирзо имрӯз ба як варами саратон дар бадани ҳам радиои “Озодӣ” ва ҳам журналистикаи тоҷик табдил ёфтааст. Ба як Заҳҳоке табдил ёфтааст, ки морҳои сархӯри дар сари китфонаш парвардаи ӯ ҳар рӯз тӯъмаи нав талаб мекунанд.

Аз роҳ бардоштан ва ба маркаби худаш биншондани ин Заҳҳок бо морҳои сархӯри сари китфаш ҷони ҳам “Озодӣ” ва ҳам тамоми журналистикаи тоҷикро аз як бало халос хоҳад кард

источник http://akhbor.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.603 seconds.