По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 07.12.2015
 

Чандест, ки дар мулки Русия мухочир хастам ва бо зиндагии мухочирони точик аз наздик ошно шудам. Дар хар кадам мухочирони хору зори точикро дида, ба холи онхо рахмам меояд.

RE0F655AМухтарам, сардабири мохномаи Овози Точикистонихо!

Чандест, ки дар мулки Русия мухочир хастам ва бо зиндагии мухочирони точик аз наздик ошно шудам. Дар хар кадам мухочирони хору зори точикро дида, ба холи онхо рахмам меояд.

Давлатмардхои точик аз холи мухочирони точик агарчи хабар дошта бошанд хам, вале парвои бех кардани ахволи онхоро надоранд. Ба кавли касе шикамсерро чи парвои шикамгурусна. Мардуми точик аз Ватан, ки ман аз он ифтихор мекунам, ба хотири дарёфти як лукма нон ва бехбудии фарзандонашон тарки Ватан карда, дар гарибихо хору зор ва бекадру манзалат гаштаанд. Пас аз мутолиаи мохномаи Овози Точикистонихо сатрхои зерин иншо шуданд, агарчи шогирдона бошад хам, хохиш дорам онро ба самъи мардикорони точик расонед.

Бо эхтиром Точики мухочирMOSCOW

Точики бечора дар мулки худаш бекор шуд,

Дур аз ёру диёраш дар гариби хор шуд.

Аз пайи як лукма нон омад ба мулки Русия,

Русиёхаш кард мулки Русия, бемор шуд.

Хар кадам карданд фиребаш корфармохо басе,

Хакки фарзандони у мондааст ба дасти нокасе.

Кист? Он мардони майдон,он чавонмарде кучост?

То бируёнад хакки ин мухочир аз касе!

Точики бечораам сарсону саргардон шудаст,

Точики бечораам мухточ бар як нон шудаст.

Кучаруби касби у гаштаст, надорад ор у,

Чун гуломи халкабаргуше ба номардон шудааст.

Зинда шав Рустам, бурун аз гур шав, берун баро!

Рустами дигар намеояд зи мулки дигаре.

Дастгири точикам шав, кадри у бишнос ту,

Марддавлатхои ман хастанд пайи молу заре.

Фаромарз

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.547 seconds.