Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.03.2013
 

Чаро то имрӯз ба ғайри як падари тоҷик-Ҳукумов роҳбари «Роҳи оҳани Тоҷикистон», падарони дигар пайдо нашуданд, ки бегуноҳии фарзанди худро исбот намуда, ӯро аз зиндони Русия ба озодӣ бароранд

Каромат Шарипов: Дар Русия олимони моро «Джамшуд, привет» мегӯянд

ИмрӯзNews: -Шумо бори аввал нест, ки пешниҳоди ҷорӣ шудани низоми раводид барои муҳоҷирони тоҷик мекунед. Дар ҳоли ҳозир ин пешниҳоди Шумо то чӣ андоза метавонад баёнгари вазъи мушкили муҳоҷирони тоҷик бошад?

Каромат Шарипов: -Ворид кардани низоми раводид байни ду давлат чӣ қадар тезтар ҳалли худро ёбад, барои ояндаи ҳам миллати рус ва ҳам тоҷик хуб мебошад. Мо зиёд шоҳиди дашномдиҳии якдигар шудаем. Бахусус, дар шабакаҳои телевизионии рус ба пастӣ бурда расонидани шаъну эътибори тоҷик касби нави ҳар як рӯзноманигор шудааст. Мисоли оддӣ меорам. Зиёда аз 5 сол тамоми дунё тоҷикони тоҷдорро ба воситаи барномаи ТНТ «Наша – раша» Ҷамшуду Равшан номид. Аз ҷумла, мо ва шуморо низ. Номи аз падару модари тоҷик гирифтаи моро берун аз ватан дигар миллатҳо ба садои баланд мегирифтанд ва «таджики-Джамшуд и Равшан» мегуфтанд.

Ҳоло ҳам моро чун шахсият шинохтан намехоҳанд, чун давлати мустақил эътироф кардан намехоҳанд. Мисол, кормандони ВКД дар Русия ҳангоми муроҷиат ба шаҳрванди муҳоҷири Тоҷикистон аз чунин суханон сар мекунанд: «привет, Джамшуд, как дело, Равшан».

Дар байни ин тоҷикистониҳо олимон, шахсиятҳои босавод, афроди шинохта ҳам ҳастанд, ки таҳқирзада мешаванду мавриди таҳқир қарор мегиранд. Дар ин ҷо онҳоро эътироф намекунанд ва ҳамчун як шаҳрванди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон «Джамшуд, привет» мегӯянд.

Барои мо набояд ин масъала аввалиндараҷа бошад, ки ҷорӣ кардани низоми раводид чӣ кадар осонтар шудани шароити зисту зиндагиро меорад. Як мисол. Ҳайвони шохдорро дар хона баста, бо обу алафи зиёде тайёр менамоем, ки рӯзе онро кушему гӯшти бештар гирем. Аввалин фикре, ки мо дорем, дар бораи вазни вай аст.

Бисёриҳо гуфтаниянд, ки халқи мо пас аз нарасидани пули муҳоҷир аз гуруснагӣ «вазн мепартояд» ё «хароб мешавад». Чаро дар фикри он нестанд, ки барои чӣ 60 фоизи ҷавонони имрӯзаи мо мактабро тамом накарда, баромада ба Русия меоянд ва касе онҳоро дар ин ҷойҳо интизор нест? Ҳатто падару модарони онҳо аз паст рафтани маданият ва расму миллати тоҷик, аз фарзанди худ пурсон намешаванд.

ИмрӯзNews: -Чаро фикр мекунед, ки дар ҳоли ҳозир маҳз ҷорӣ намудани виза роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аст?

Каромат Шарипов: -Ин роҳи ҳалли мушкилот не, ин роҳи баргардонидани номуси миллӣ дар байни дигар миллатҳост. Дигар роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд надорад. Мо дида истодаем, ки барои ғуломиро дар сафи шаҳрвандони Тоҷикистон кам намудан Русия пешниҳоди дигаре надорад. Шаҳрванди Русия шудан чун қирғизҳо барои шаҳрвандони мо муяссар нест. Агар бо шаҳрвандони хоҳишманди мо шаҳрвандии Русия муяссар мешуд, хеле хуб буд, чун муҳоҷири мо мисли шаҳрванди рус ҳуқуқҳои инсонии худро аз роҳбарони Русия талаб менамуд. Ҳоло аз 16 то 27-сола аз даҳ нафар як нафар ба зиндонҳо партофта шудаанд. Қисми зиёди онҳо гуноҳ надоранд.

Худ хулоса бароред. Магар дар зиндонҳои Русия ҳазорон тоҷикистониҳо, ки гуноҳ содир накардаанд, хоб нестанд? Чаро то имрӯз ба ғайри як падари тоҷик-Ҳукумов роҳбари «Роҳи оҳани Тоҷикистон», падарони дигар пайдо нашуданд, ки бегуноҳии фарзанди худро исбот намуда, ӯро аз зиндони Русия ба озодӣ бароранд, ҳарчанд, ки барои номуси падарӣ Ҳукумов на камтар аз 1,5 миллион доллари амрикоӣ  сарф кард? Барои вай Рустам фарзанду дигарон барои падарони худ фарзанд набуданд?

Чаро 20 фоизи муҳоҷиронро занону кӯдакони мактабӣ ташкил медиҳанд? Вақте дар ватани худ кор пайдо карда наметавонанд, ба ин ҷо меоянд. Ин магар барои мо мардон дардовар нест? Барномаи давлатӣ, ки барои аз байн бурдани муҳоҷират аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, зери парда мебошад. Даҳсолаҳост, ки намехоҳанд чизи наверо пешниҳод намоянд.

Фаромӯш кардан лозим нест, ки мо бо Русия ҳамеша дӯстӣ доштем. Пешниходи ман бо хоҳиши Шӯрои назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик оид ба ҷорӣ кардани низоми раводид як чизи муқаррарӣ мебошад, мисли давлатҳои аъзои раводиди Шенгей (шенгейкая виза).

Ин масъала бисёр нозукиҳо дорад. На камтар аз як сол мо бояд ба муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо фаҳмонем, ки имрӯз фаро хоҳад расид ва пас аз ду сол мо танҳо бо раводиди меҳнатӣ роҳи худро ба Русия дида метавонем.

Ҳазор оилаи тоҷик вайрон шуд. То 40 фоизи писарони зану кӯдакдор ба ватан пас аз шиносоӣ бо занони миллатҳои дигар баргаштанд. Бо занони дигар наздик шуданд ва аз фикри фарзандони худ баромаданд. Ин магар бори дигар моро маҷбур намесозад, ки фардои ин миллату номуси ин миллатро фикр кунем?

Агар хуб назар намоем, дар 20 соли ахир ягон дигаргунии ҷиддӣ дида намешавад. Ман дар ин бора аз номи Ҷамъияти умумирусиявии «Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик» ба роҳбарони давлатҳо-Эмомалӣ Раҳмон ва В. Путин барои ҳалли мушкилоти 20 соли охир нисбат ба муҳоҷирон бо далелу фактҳои зиёде муроҷиатнома ҳам кардам.

Раводид набояд аз як сол зиёдро фаро гирад. Ба он хотир, ки ҷавон маҷбур карда шавад, ки баъди муддате дар ин ҷо боқӣ мондан маҷбур шавад ба назди волидону ҳамсару фарзандони худ баргардад. Баъди баргаштан ба назди хонаводаи худ ва гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон боз метавонад ба муҳоҷират баргардад, агар чунин хоҳиш дошта бошад.

Ҳоло бояд масъулини мақомоти дахлдори кишвар аз паси кушодани ҷойҳои кории нав ва даромаднок бошанд, на чун имрӯза ғавғо ва дурӯғи зиёде, ки бовариро ба онҳо коҳиш медиҳад. Таблиғи бардурӯғ дар ин самт ҳам пояҳои иқтисодии кишварро заъиф мекунад, ҳам мушкилотро авҷ медиҳад.

ИмрӯзNews: -Чӣ далелҳое доред, ки масалан, баъд аз 6 моҳ ё як соли ҷорӣ шудани низоми раводид вазъи муҳоҷирон беҳтар мешавад?

Каромат Шарипов: -Дар қисми болоӣ дар ин бора ишора кардам. Пеш аз ҷорӣ кардани низоми раводид мо бояд як сол дар бораи ояндаи раводид ва нақшаҳои вай хубтар ба шаҳрвандони худ фаҳмонем. Тавассути радиову телевизион ва рӯзноманигорон ҳақиқати ҳолро расонем.

Агар мо ду филми ҳуҷҷатӣ бо иштироки кормандони Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар ФР ва сохторҳои гуногуне, ки аз нишон додани воқеият намеҳаросанд, тавассути оинаи нилгуни Тоҷикистон пешниҳод намоем, сафи хоҳишмандон хеле ҳам зиёд мешаванд нисбат ба тезонидани низоми раводид. Дар саҳифаи интернетии назди Ҷунбиш www.tajmigrant.comду қисм аз ҳолати воқеии муҳоҷирон бо номи «Трагедия таджикского мигранта» ҷой дода шудааст. Муваффақият танҳо дар ҳамкорӣ бо ҳукуматдорон, ки солҳои тӯлонӣ ин вазъиятро танҳо аз минбарҳову барномаҳои давлатӣ мебинанд, ба даст меояд. Яъне кайҳо замоне расидааст, ки бояд ба ин масъала аз паҳлӯи дигар бархӯрд кунем. Ин ҳолат боиси пешравӣ мешавад.

ИмрӯзNews: -Бубинед, вақте охири моҳи январ бори дигар ба ин масъала таъкид кардед, бархе коршиносон гуфтанд, ки пешниҳодҳои Шумо характери сиёсӣ доранд. Агар чунин аст, Шумо аз ҷорӣ шудани низоми раводид чӣ манофеъи сиёсӣ доред?

Каромат Шарипов: -Ҳар як проблемае, ки мо аз тарафи худ шарҳ медиҳем, умуман, ба сиёсат наздик аст. Ин пӯшида нест, ки иқтисодиёти давлатиро танҳо сиёсати дуруст метавонад бузург гардонад. Касоне, ки проблемаи муҳоҷиратро проблемаи давлатӣ наҳисобидаанд, онҳо худ дар бохти давлатдории имрӯза нақш гузоштаанд. Онҳое, ки аз ҳалли мушкилоти муҳоҷирон роҳи гурезро кофта истодаанд, ба нохушиҳои зиёде замина гузошта истодаанд. Ман сиёсатмадор будам ва мемонам, чунки ҳаллу фасли муҳоҷири тоҷик танҳо аз кори имрӯзаи «Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик» ҳам сахт вобаста аст. Барои садҳо ҳазор бародарону хоҳарону пиронсолоне, ки аъзои ҷумбиши мо шуданд, ҷавоб гуфтан даркор.

ИмрӯзNews: -Хуб, тасаввур кардем, ки низоми раводид ҷорӣ шуд. Табиист, ки дар ин ҳолат ба таври автоматӣ равуои муҳоҷирон ба Русия маҳдуд мешавад. Онҳое, ки барои рафтан ба Русия ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд ва маҷбуранд, ки дар Тоҷикистон боқӣ монанд, чӣ кор бояд кунанд?

Каромат Шарипов: -Ҳеч гап нест. Онҳое, ки дар ҳалли мушкили бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони худ намебароянд, маҷбур мешаванд, ки ба истеъфо раванд. Чаро масъулини мақомоти дахдори ҳукумати Тоҷикистон бояд бепарво бошанд? Президент, роҳбарияти давлат як рӯз аз мансабдорони худ мепурсидагист, ки фалон вазир ё раис барои чӣ аз ҷояш намеҷумбаду барои ҳалли буҳрони ҷойи кор талош намекунад. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2011, ҳангоме ки масъалаи ду халабону ҳавопаймо буд, тамоми ҳизбҳои Русия зудтар ҷорӣ кардани визаро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон талаб доштанд. Он замон таҳхо як имзои Медведев лозим буд. Магар дар он ҳолат ҳам моро гунаҳгор кардан дуруст буд? Мо бояд дӯстдори якдигар бошем ва лаёқати роҳбар будану кор карданро зудтар омӯзем.

Мо хеле қафо мондаем. Роҳи ҳалли ин масъала ҳаст, онро метавон тавассути референдуми умумихалқӣ ҳал кард.

ИмрӯзNews: -Дар чунин ҳолат пешорӯи ҳукумат ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон чӣ вазифаҳо меистанд?

Каромат Шарипов: -Дар дунёи имрӯза давлатҳои ҷаҳон ҳеч гоҳ бо бе назар гирифтани манфиатҳои умумии мардум пеш рафта наметавонанд. Вақте давлату ҳукумат вобастаи мардум бошанд, хеле осон аст, ки мушкилотро ҳал кунанд. Дур аз мардум будан боиси рехтани обрӯи ҳукуматдорон ва шадидтар шудани мушкилоти иқтисодӣ мешавад.

Чанд рӯз пеш мақомоти ӯзбекистон гуфтанд, ки дигар аз роҳи оммавии хуруҷи ҷавонон пешгирӣ мекунанд. Дар мо ҳам мешавад, ки ҳамин корро кард.

Дар масъалаи ҷойи кор. Мисол, мешавад, ки ба ҷойи даҳҳо тарабхона як корхонаи бузург кушод. Чунин мисолҳо зиёданд.

ИмрӯзNews: -Бубинед, гоҳу ногоҳ масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба сиёсат ва манофеъи гурӯҳӣ аз сӯйи мақомоти Русия табдил меёбад. Ба назари Шумо, чаро чунин аст?

Каромат Шарипов: -Русия намехоҳад ричаги худро гум кунад. Яъне манфиатҳои стратегии Русия бояд дар Осиё пурра монад. Мо чун ғулом барои онҳо лозим ҳастем. Ин то он муддате давом мекунад, ки мо худ ба ин розием.

Як мисол меорам. Хадамоти Тоҷикистон барои аз Русия депортатсия накардани шаҳрвандони мо (на зиёда аз се ҳазор тоҷикистонӣ) ҳар сол то 5 миллион доллар ба ин Хадамоти Русия пешниҳод менамояд. Барои масъулони тоҷик барнагаштани муҳоҷирон, ки 65 фоизи онҳо аз 15 то 27-сола мебошанд, хеле хуб аст.

Барои Русия имрӯз муҳоҷирати осиёгиҳо як бозича мебошад. То ҳол барои ҳалли ин масъала Русия ҳавасманд нест. Як вақт Медведев гуфта буд, ки «мо бояд бар ивази ду халабон нисбат ба Тоҷикистон чора андешем, аъне бо ду рох-симметрично ё ин ки осимметрично. Маънояш ин ки онҳо барои мо бозичаи сари даст мебошанд ва чӣ тавре ки мо хоҳем, ҳамон хел мешавад.

ИмрӯзNews: -Агар масъала ин бошад, ки ҳамин рӯз ё фардо қонуни марбут ба ҷорӣ намудани виза қабул мешавад, чӣ меъёрҳое бояд ворид шаванд, ки ба қавле, «на сих сӯзаду на кабоб»?

Каромат Шарипов: -Фаромӯш кардан лозим Одина ва Ҳасани Аробакашро. Назар намоем ба воқеияти замон. Чаро се давлати Назди Балтика тавонистанд миллати худро сарпарастӣ намояд. Ин дар мисоли давлатҳои шӯравии собиқ. Чаро 1,5 миллиард чиниҳо аз виза кор мебаранд, то «легально» ба дигар давлатҳо сафар намоянд? Гурҷистон, Турманистон…

Истиқлолияти давлатии мо танҳо барои худнамоишдиҳӣ нест.

Бубинед. Чаро замини Тоҷикистон дар замони шӯравӣ кор фармуда мешуду имрӯз пур аз намак шудааст? Магар бонкҳои ҷаҳонӣ барои пешравии хоҷагидорӣ пул ҷудо накардаанд?

Чаро мо дар тамоми дунё мехоҳем консулгарию сафоратхона кушоем? Ин барои 8 миллион аҳолӣ, ки 3 миллиони вай муҳоҷир мебошад, чӣ даркор аст? Танҳо дар давлатҳое, ки сафи муҳоҷирамон аз 50 ҳазор зиёд аст, ё кишвар метавонад барои Тоҷикистон муҳим бошад, кушодан лозим, дигарҳо бояд баста шаванд. Яъне на зиёда аз 10-15 давлат дипкорпус лозим мебошад. Хароҷоти имрӯза барои намояндагиҳо дар ҳама соҳаҳо аз се як қисми буҷаи тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чӣ лозим намоядаҳои беқудрати Хадомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия?

ИмрӯзNews: -Бубинед, Шумо дар ҳоле чунин пешниҳод мекунед, ки роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиронро маҳз ба ҳамин масъала марбут медонед. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои сиёсие, ки ҳоло ба ҷамъоварии имзо машғуланд, андешаи дигар доранд. Онҳо даъво доранд, ки муҳоҷирон барои русҳо мушкилот овардаанд ва ба ин васила меҳоханд, ҳамин мушкилотро ҳал кунанд. Воқеиятро дар шакли пешниҳоди Шумо бояд ҷуст ё дар даъвоҳои гурӯҳҳои мазкур? Ба ҳар сурат, шояд вариантҳои алтернативие ба ҷойи ҷорӣ намудани низоми раводид бошад?

Каромат Шарипов: -Ман ҳам хоҳиш дорам, ки роҳи алтернативӣ бояд бошад ва Русия бояд пешниҳоди худро намояд. Барои Русия муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ қадар даромаднок бошад, ҳамон қадар бояд муҳоҷирон эҳтиёт карда шаванд. Бубинед, ҳоло дар Русия аз 300 то 500 ҳазор тоҷик музд намегирад, танҳо рӯзи худро барои як порчаи нонро дастрас намудан мегузаронанд. Аз ин душвориҳо падару модар, зану фарзандҳои онҳо бехабаранд. Сафи бомжҳои Маскав аз ҳисоби тоҷикистониён зиёд шудаанд. Касалиҳое, ки табобат намешаванд, дар байни бародарони мо низ афзуда истодааст. Подвалҳо, чердакҳо дар ҳамаи шаҳрҳои калони Русия пур аз тоҷикистониҳо шудааст.

Ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, бояд муҳоҷиратро ба танзим даровард. Ҷорӣ кардани низоми раводид бошад, аз сабаби он ки омадурафти муҳоҷирони моро кам мекунад, муҳоҷиратро ба танзим медарорад. Дар он ҳолат шаҳрвандони мо бо сари баланд ва тоозаву озода меоянд, кори худро мекунанд ва дар муҳлати муқарраршуда ба назди оилаҳои худ бармегарданд.

Назири Нусрат

ИмрӯзNews

Похожие записи:

10 Комментариев to “Чаро то имрӯз ба ғайри як падари тоҷик-Ҳукумов роҳбари «Роҳи оҳани Тоҷикистон», падарони дигар пайдо нашуданд, ки бегуноҳии фарзанди худро исбот намуда, ӯро аз зиндони Русия ба озодӣ бароранд”

  1. цуукц Сказал(а):

    Дигар падарон хам мсили Хукум 1,5 миллион доллар медоштанд, албатта фарзандони худро халос мекарданд.

  2. admin Сказал(а):

    абдулло наибов
    09:09

    ассалому алуйкум бародарон ман фарзанд Точикистонам ранги шумо мехохам ки дарВатаномон тинчиву амони бошад ки фарзандони Ватан сок саломмат бар Ватан баргарданд то кайя хукумати мо бепарвоги менад фарзандони Ватаномонро дар РУССИЯ мекушанд хеч касс чавоб намета кучоданд рохборои мо мо ай уруссо бояд факат законро талаб кунем лекин рохборои мо чува хаппанд мо аз онхо бояд таллаб кунем аз Призиденту дигаро .акаи КАРОМАТ ШАРИПОВ рахмати Калон бар Шумо ки дар мулки мардум фикри халки худро мекунед ХУДОЧОН ХАМАВАКТ шуморо дар панохаш нигах дорад дар кучое набошед сарбаланд бошед ай фарзандонатон иллохим баракат ебед худочон умри онхоро дароз бахти сафед ва эмонашон дихад

  3. admin Сказал(а):

    Хочу nþuoþy ß nþuoþę тя ß …ответил Haydarshohi
    10:46
    К.ШАРИПОВ ягон мансаби давлати надорад. У ин ташкилотро худаш бо дастгирии хукумати Руссия, ташкил кардааст то номусу обру ва хукуки Точиконро хифз намояд. Аз тарафи хукумати Точикистон ба у ягон хел дастгири расонда намешавад.

  4. admin Сказал(а):

    Алхамдуллилах Я
    10:21
    Ман худам доничуи бахши дуюми ,,Полтехники,, Точикистон мактабаи миенапо нагз хондам орзуи дохил шуданро доштам аз нбудани мблаг ба Руссия омада 3 Сол маьн шудам аз дасти фанду фиреби пасреднико хулас пули дохидшуданро кор кардам дар донишгох як нимсола хондам дигар надонистам фикри суми чои хова кунам,аз рахпулиро е аз хурдан е аз хондан боз хамаашро партофта боз ба суи Рассия тули як Сол мешавад Худо доност ояндаи мо чи мешуда бошад.

  5. admin Сказал(а):

    Собир Зокир
    04:31
    Бе ин хам хамаи сийосатмадорони Руссия,миллатчийони он мардуми точикро чашми дидан надоранд ва талаб карда истодаанд,ки визивый режим кунед. Дар ин чо боз чор вазифадору сийосатмадор бурд мекунад. Мардуми одди, ки бо хар рох омада як бурда нонаша мейобад, рохаш ки махкам шуд боз хам зиндагиаш вазмин мешавад. О дар ватан ки чои кор набошад хукуматдорон аз кучо бо кор таамин мекунанд зийода аз ду миллион одамро? Хуб мешуд,ки сийосатмадорони мо ба чои рохи мардуми оддиро бастан ба онхо йории амали мерасонданд. Дар хамаи гушаю канори Руссия корхонаю заводхо ва дар хочагии кишлокаш кор хаст. Бо онхо шартнома баста мардуми оддиро бо кор таамин карда амнияти онхоро таамин мекарданд. Дар ин холат хеч кас моро Чамшуд намегуфт.

  6. admin Сказал(а):

    Роза Ветровответила Собиру
    04:59
    Шумо хаккро тасдик мекунед. Шахсан ман муддати таи кариб 8 мох мешавад ки ба нафака аз руи собикаи хизмати баромадаам бо хохиши худ. Сину солам холо барои нафака аз руи конунгузори нарасидааст. Ман чандин маротиба кушиши сохиби чои кор шуданро намудам, аммо аз сабаби оне, ки анкариб дар хама корхонахои ба ман мувофик корманди синну солаш то 35 соларо талаб менамоянд аз ман ру мегардонанд. Ва агар кор хам бошад музди мехнати вай факат ба кирояипулии рох мерасаду халос. Ман акнун чукур дарк кардам, ки то чи андона ватани ман ба сатхи пасттарини зиндани расидааст. Умуман таффакури мардум ифлос шудааст. Чомеаи миллати мо дар андозаи паст афтидааст. Ин фикррхо маро ба дахшат меоранд, ки такдири миллати мо чи мешуда бошад. Мурочиате, ки такрибан охири соли гузашта ба корхонахои давлативу шахси фиристонида шуд оиди ононе, ки сину солашон ба нафака расидааст чавоб дода шаванд чи натича дод? Ба чавонон тачрибаи кориро ки ед медихад? Дар бисьер корхонахо баъди ичрои талабнома мардуми сину солаш рафтаро чавоб доданд, аммо дарк карданд, ки чавонони камсавод аз ухдаи кори калонсолони ботачриба намебароянд бо ба тарики контракт баргардониданд. Магар ин иштибохи сиесатмадорон нест??!!

  7. admin Сказал(а):

    Собир Зокир
    05:08
    Йо ки мегуянд, ки разрешение на работу яксола шаваду хама як сол кор кардан гашта рафта боз бийоянд. Барои ин пеш шароит мухайо кардан лозим, ки омадед чои корат маалум бошаду даррав корро сар кунед. Хозир чои корат маалум нест. Таввакали меоену ду се мох кор мекобен. Баади кор пайдо кардан баади як ду йо се мох музди мехнатата мегири. Аз байн 4-5 мох мегузарад. Дар ин давом барои хурдан,чои хоб , рост кардани хуччатхои даркори ва кудако сум даркор мешава ва мачбур мешавен,ки карз карда проблемата хал кунед. Боз пули рох омадану рафтан. Хулоса агар аз ин як сол агар 7-8 мохаша кор йофта кор кунад, аз ним зийодаша дар карзаш медихаду дар дасташ маоши як ду мохи охиринаш мемонад, ки хамин ки ба хона расид баади 10 руз дар кисааш 5 сомон намемонад.

  8. admin Сказал(а):

    Собир Зокирответил Розе
    05:13
    Ман хам хамаи хамин мушкилихоро дар назар дорам ва барои хамин мегуям, ки дар сурате,ки худатро сийосатмадор, рохбар ва пешвои халк медонед майна об карда мардуми оддиро дастгири кардан лозим хам дар ватан хам дар мусофират, на ин ки боз мушкили бар сарашон бийоред сухандонам гуфта.

    Класс! 1

    Роза Ветровответила Собиру
    05:15
    Ичозат додани речаи визави ба халки мазлуми точик як мушкилии вазнини ичтимоии дигар хохад шуд. Боз сохиби виза мардуме хоханд шуд, ки кисахошон аз пул пур хасту хамон наркотрафике, ки хучаинонаш бо маводхои нашъаовару мухаддир сару кор доранд, чунки имруза дуне дунеи хариду фуруши хам вичдон хасту, хатто хам одам аст. Бинбар ин халки авоми мо бощ баъди ворид намудани виза боз музтару хайрон хохад монд, ки аз кчо кутти лоямуте ебаду аз паи виза шавад?

  9. admin Сказал(а):

    Гроза★★★★★ Гроза
    08:55

    Каромат Шарипов ПРИЗИДЕНТИ ТОЧИКИСОН БОЯД БОШИ АКА

  10. admin Сказал(а):

    Suhrob Shermatov
    11:57
    Манхам мехостам фикри худро баен кунам ба донисти ман бо рохи виза чихелеки к шарипов гуфтан баттар мешавад бехтар не

    SUHROB HALIMOV TJKответил Собиру
    13:22
    Журажон,дина корхонаи моро омоно зер кард 15нафари мардуми тожикро грифта бурдиян. То хозира маьлум нестян. Акнун манба як савол пайдо мешавад; ин уруссо мора уважат намекунад. Министири мо кала гавсо кужоба нигох мекунад? Чи ба шароитимор карда наметият мо то кай ин азобора мебинем. Тожикистон ватанам мегуем барои мо ин ватан чикорд карда дод.

    САФАР СОЛИХОВответил SUHROB
    13:25

    САЛОМ ХОЗИ НАВ 15-НАФАРМОНА ХАМИХЕЛИ РАФТАН ГИРА…..РОССИЯ 7––МИЛЁНЕ ХАСТЕМ МАХКАМОН МЕКНАН….

    SUHROB HALIMOV TJKответил САФАРУ
    13:35
    Агар хами хел корхо шудан гирад на медонам чи мешавад. Кужода бошем саломат шавем журажон.

    Класс! 1

    назар курбоновответил Алхамдуллилаху
    13:42
    бале бародари исломи шумо хак гуфтед кадри хитои дар точикистон аз точикон болост бачои точик дар дасти хитохо 16 соат кор мекунанд дар заводи торгмаш аз соати 16 бегох то 9 сахара мегирад 1000 сомон хитои 1000 1500 долар ин магар чабр нест барсари мо!!!!

    Класс! 1

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 5.616 seconds.