По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 12.07.2017
 

ЧАРО ВАЗИРОНИ ТОҶИК ҶЕЛАКУ САЛЛА НАМЕПӮШАНД? 11/07/2017

Вақте суҳбат аз либоси миллӣ меравад, бояд на танҳо занонро дар назар гирифт. Мардон магар аз ин миллат нестанд? Шиму костюму галстук моли мост? Чаро бо ҷелаку дастор вазирони мо зоҳир намешаванд? Зеро замони ҷелаку дастор ва эзори тик гузашт. Магар як вазир омодааст, ки галстукро бо банди эзор иваз кунад?

Мағмуми КӮҲДОМАНӢ

ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ – МАCЪАЛАИ ФАРҲАНГӢ Ё ҶУЗЪЕ АЗ СТРАТЕГИЯИ СИЁСӢ?

Тӯли се сол чизе нанавиштам. Баъди чанд соли фаъолият ба ҳайси хабарнигор ба хулосае расидам, чун дар кишваре, ки сухан арзиш надорад, аз навиштани матлаб ҳам суде нест. Ва ҳамин тур ҳам кардам, аз журналистика канор рафтам ва дигар чизе ҳам нанавиштам. Вале дар рӯзҳои ахир силсилабарномаи “Микрофони озод” “иродаам”- ро шикасту боз ҳам сари компутар нишастам, то ҳарфе чанд иншо кунам.

Таври маълум, “Микрофони озод” баъд аз дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара дар баҳори имсол оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суҳбаташ бо фаъолон ҷиҳати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” гуфт: “Мо тасмим гирифтем, ки вақтҳои наздик вобаста ба даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” чорабинии махсус доир намоем ва бо иштироки роҳбарону мутахассисон, фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа натиҷаву дастовардҳои қонунро дар зарфи даҳ сол ҳамаҷониба таҳлил кунем. Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, муроҷиат менамоям, ки метавонед фикру мулоҳиза ва андешаву пешниҳодҳои худро доир ба вазъи риояи қонун ва такмили он тавассути сайти президент, шабакаҳои телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма изҳор намоед. Ман ба шахсони мутасаддӣ супориш додам, ки микрофонҳои озод ташкил карда, ҳамаи шароитро муҳайё намоянд, ки халқ ва ҳар як оила фикрашро то охири моҳи июн дар бораи манфиати танзими расму оинҳо, беҳтар кардани қонун, доир ба онҳое, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, инчунин шахсоне, ки суннату арзишҳои неки миллиро нодида гирифта, ба бегонапарастӣ майлу гароиш доранд, озодона ва рӯирост баён намояд. Зеро ин масъалаҳо, яъне танзими расму ойинҳо, риояи қонуният ва эҳтироми либоси миллӣ бо масъалаи амнияти давлат ва ҷомеа робитаи мустақим доранд.”

Даҳрӯзаи аввали моҳи июл ҳам пушти сар шуд, аммо “Микрофон озод”-и идеология ҳанӯз дар ихтиёри мардумест, ки чун “марионетка” истифода мешавад.

“Эҳтироми либоси миллӣ” иборае дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи танзими ҷашну маросим буд, ки дар Қонуни танзим вуҷуд надошт, бинобар ин интизор меравад, риояи либоси миллӣ ва бидуни риш будани мардҳо низ ба чаҳорчӯби қонун дароварда шавад. Маъракаи таблиғ алайҳи либоси номақбули ҳукумат маъракаҳои мухолифатҳои идеологҳои шӯравиро бо падидаҳои зиддиидеологии низом ба ёд меорад. Идеологҳои шӯравӣ чизеро манъ кардан мехостанд, вале медонистанд, ки амали рӯйиросташон ба вокуниши ҷомеаи шӯравӣ ва байналмилалӣ дучор мешавад, онро ба “номаи заҳматкашон” рабт медоданд. Усули Эмомалӣ Раҳмон, ки бешак, дахолат ба ҳаққи табиии шаҳрвандон аст, аз ҳамин роҳ амалӣ мешавад, то дучори бархӯрди бештар нагардад.

Аксари онҳое, ки дар ин “мусобиқа” ширкат меварзанд, масоилеро матраҳ мекунанд, ки раисҷумҳур сари онҳо таъкид карда буд. Иштирокдорони “Микрофони озод”, ки зоҳиран аз корхонаҳои давлатӣ гирдоварӣ мешаванд, то “назар” бидиҳанд, бештар сари масоили танзими расму оин ва пӯшидани либоси миллӣ суҳбат мекунанд. Вале ин мардуме, ки бо ифтихор аз тариқи “Микрофони озод” суҳбат мекунанд, намедонанд, ки ин маъракаи бемантиқ ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда. Чаро маърака бемантиқ аст? Зеро аз баромадҳои раисҷумҳур ва “назарияпардозон”-и “Микрофони озод” бармеояд, ки мардум наметавонад рӯзгори худро танзим кунанд, барои ҳамин зиндагии онҳоро бояд танзим кард. Вале боз ҳам касоне дар “Микрофони озод” суҳбат мекунанд, узви ҳамин ҷомеанду иддае қоил мешаванд, ки қаблан се чаҳор рӯз тӯй барпо кардаанд. Пас, касе, ки зиндагии худро танзим карда наметавонад, чӣ гуна қонуни солим меофарад? Вале ин ҷо асл чизи дигар аст, ки дар поинтар хоҳем гуфт.

Паҳлӯи дигари ин масъала он буда, ки мардуми тоҷик ҳадди ақал дар асри 20 давраҳои мухталиф, мушкилу осонро паси сар кардааст, вале ҳеҷ марди тоҷике бидуни ҳамсар намондаасту ҳеҷ мурдаеро бекафан гӯр накардаанд. Яъне мардум худро вобаста ба шароит танзим кардааст, ки дар натиҷа, зинда ҳам тавонистааст ҳамсар ёбаду мурда ҳам кафан. Ин ки баъзеҳо тӯйҳои хосу домоду арӯси хос меҷӯянд ва шарту талаботи хосе ҷиҳати пардохти маҳру ҷиҳози арӯс пеш мегузоранд, вобаста ба дигаргуншавии фарҳанг нест, балки ин хусусият дарак аз вуҷуди табақаҳои мухталиф дар ҷомеа медиҳад. Яъне масъалаи мазкур на фарҳангӣ, балки иқтисодӣ – иҷтимоӣ мебошад. Вақте ҷомеа иборат аз табақоти мухталиф аст, табақа (синф)-ҳо мехоҳанд робитаи хешутабории онҳо низ дар сатҳи табақаҳои худ бошад. Инро намешавад ба бо танзим барҳам зад! Идеологияи коммунистӣ, ки ҳадди ақал ҳудуди шашяк қисми Заминро тасхир кард, натавонист ҷомеаи бесинф бунёд кунад, магар Қонуни танзим метавонад ба ин кор даст ёбад?

Вақте суҳбат аз либоси миллӣ меравад, бояд на танҳо занонро дар назар гирифт. Мардон магар аз ин миллат нестанд? Шиму костюму галстук моли мост? Чаро бо ҷелаку дастор вазирони мо зоҳир намешаванд? Зеро замони ҷелаку дастор ва эзори тик гузашт. Магар як вазир омодааст, ки галстукро бо банди эзор иваз кунад? Не, албатта! Дар масъалаи занҳо бошад, ин суолҳо матраҳ мешаванд, ки кадом зани тоҷик қабл аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ “минни юбка” дошт? Вале новобаста аз он ки дар робита ба либоси миллии мо таҳқиқи комил сурат бигираду дастуре дар ин замина таҳия шавад, ки мавриди қабули ҳамаи ҷомеа қарор гирад, раиси занони кишвар бидуни ибову андеша мегӯяд: “Мо худ дидем, ки занони ҳиҷобпӯш ба танфурӯшӣ машғуланд. Ман инро бо чашмони худам дидам ва нафратам омад… Вақте занон арзишҳои барои фарҳанги мардуми тоҷик бегонаро мепарастанд, барои онҳо бадахлоқӣ низ як чизи оддӣ мешавад.” Пас, суол ин аст, ки магар миёни фоҳишаҳо урупоипӯшҳо нестанд? Сад дарсад ҳастанд, вале касе маро ҳуқуқ надодааст, ки урупоипӯшҳоро таҳқир кунам. Бо вуҷуди дарки ин нуқот аз ҷониби ҳукуматдорони имрӯза дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ин масъала, яъне мубориза бо пӯшидани либосҳое, ки хосияти исломӣ доранд, масъалаи сиёсӣ, ки ҳаст, бояд ба ҳиҷобдорон тохт ва бар ҳар роҳи мумкин идеологияро роҳандозӣ намуд.


Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҳиҷоб тақрибан соли 2007 аланӣ шуд ва аввалин қурбонии ин сиёсат Давлатмоҳ Исмоилова, як донишҷӯи Донишкадаи забонҳо буд. Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста доманаи ин сиёсат паҳн гашт. Дар поёни соли 2011, тақрибан баробар бо судури “Протоколи 32-20” алайҳи ҲНИТ ва касони равшанфикр аз Дастгоҳи раёсатҷумҳур ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дастуре расид, ки тибқи он, дигар нафарҳои ҳиҷобдорро дар намоишҳо набояд роҳ медоданд ва зимни сабтҳои умумӣ ҳам бояд кӯшиш мешуд, ки дар навор зани сатрдор набошад. Баъди ин дастур ягона нафаре, ки бо риояи сатр дар телевизион зоҳир шуд, Зарафо Раҳмонӣ, номзади ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ буд. Вале суоли аслӣ ин аст, ки чаро дар асри 21 масъалаи либосу танзими анъанаҳоро шиор карданд?

Ҳадафи аслии ҳукумат бо ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масоили фавқ сарпӯш гузоштан болои камбудиҳояш буда, мехоҳад бо ҷазби фикр ё ҳушу ёди мардум ба масъалаҳое назири тарзи либоспӯшию танзими анъана эшонро аз андеша кардан дар робита ба масоили муҳиме аз қабили масоили сиёсӣ, иҷтисодӣ ва иҷтимоӣ боздорад. Дигар ин ки Ҳукумати Тоҷикистон бо матраҳ кардани ин гуна баҳсҳо дар баробари терроризму экстремизм худи мардумро ба ақибуфтодагии ҷомеа гунаҳкор менамояд, то мардум бар ин биандешанд, ки худро худ ба ин рӯз овардаанд, на каси дигаре масъулият дошт, ки зиндагии беҳтаре барои онҳо фароҳам кунам.

Вале чаро ҳукумат маҳз ҳамин роҳро интихоб кард? Зеро ин масоил, аз ҷумла риояи сатр ба Ислом пайванд аст ва аз масоили оддие аст, ки кулли мардум онро дарк мекунанд.

Аксари занони мо дар шароите тарбия меёбанд, ки агар таълими исломӣ ҳам нагиранд, риояи баъзе меъёрҳои муҳими ҳофизи покию иффати зан ба онҳо дар оила омӯзонда мешавад ва ҳамин тариқ, таъкидҳо дар мавриди риояи баъзе фароизи муртабит ба ҳифзи номус аз насл ба насл мегузарад, ки албатта, бештар сарчашмаи динӣ доранд. Барои ҳамин ин равандро бояд ҳукумат барҳам занад ва ҳатто дар оилаҳо тафриқаро ҷо кунад.

Гузашта аз ин Ҳукумати Тоҷикистон Исломро ягона омили муттаҳидкунандаи ҷомеа медонад, ки мардум аз ин восита метавонанд алайҳи ҳукумат басиҷ шаванд, ба ҳамин хотир роҳеро пеш гирифтааст, ки боздорандаи иттиҳоди ҷомеа бошад. Зеро агар иттиҳоди ҷомеа ба вуҷуд биёяд, он ваҳдати дурӯғинеро, ки имрӯз аз он идеяи миллӣ сохтанӣ ҳастанд, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ барҳам хоҳад зад.

Ба ин тартиб намешавад, иқдомоти ҳукуматро дар ин зимн ҷузъӣ шумурд, балки ин барномаи ҳукуматӣ идомаи иқдомот дар робита ҷомеасозӣ барои идомаи қудрат аст. Чун ҳукумат, ки дар амалӣ кардани барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ номуваффақ аст, бояд роҳеро аз тариқи идеологӣ пеш бигирад, то тавонад муҳимтарин нерӯ – мардумро контрол кунад ва ҳеҷ шароите барои он фароҳам накунад. Ин масъала аст, ки ҳукумат суроғи танзим рафтаасту “Микрофони озод”.

Reader Comments

Shavkat
JUL 11  •  Ташаккури зиёд Магмумчон, дарди дили маро гуфтед. Бале, имруз хукумат дар ичрои барномахои иктисодиву ичтимои очизу нотавон мондааст, ягона кораш ин пешгирии иттифок ва иттиходи чоме аст. Ачибаш дар он аст, ки аз хичоби занон чаро ба ин андоза метарсад, хеле хайратовар аст. Албатта душмани Худо аз шиорхои Худо хеле сахт метарсад мисли шайтон. Бале бехтарин андеша ва тахлил буд маколаатон.

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.571 seconds.