Чиходи Кабири мукобили кист?
Чиходи Кабири мукобили кист?
Мусохибаи Раиси ХНИТ М. Кабири бо рузноманигорон Каюмарси Ато ва Харамгули Кодир, ки дуюми беш дар харами худи у аз кори хирфавияш дида фаъолтар аст, бо унвони “Мо набояд шутурмург бошем” тавасути сомонаи интернети хохиши хангомаеро “бунёд” гузоштан доштанд. Кабири сарвари ХНИТ боз хам бозгу кардани ормонхои падарони хизбро дар мадди аввал гузошта бо ин макоми онро аз эътикоди мардум ба ислом афзалтар шумурдан мехохад. Халки точик дар гармогармии кор хануз солхои аввали истиклолият ба акидахои пешвоёни навбаромад, ки худро хомии миллат мешумурданд печида буданд.
Пешпо хурда дучори нокомихо шудан мучиби бедори гашта бошанд хам, Харамгул дар хилваткадахо гушонахои Кабириро дар мадди аввал мегузорад, ки ба волоияти конун рахна зада, манфиати хизбро арч нихад. Суйистифода аз он , ки Хизб ба эътикоди мардуми мусулмон иртибот дорад ва 99% ахоли мусулмонанд муносибати давлатро фишор ба мусулмонон мехонанд, галати махз аст. Хилофи Конуни кишвар амал кардан, ки худи шумо Кабири ба он дар парлумон овоз додаед ё не, маънии онро надорад, ки ба зуъмии хеш, ки чил хазор аъзои ХНИТ-ро сарваред пой ба рохи аксарият гузоред. Кучост вокеъбини ва риояи ахкомхои демократии шумо, ки чун сарвари хизб онро пазируфтаед?
Шумо, ки худро ба мусулмонони кишвар хомиву гамхор мехисобед, чи ниятхоро ба сар доред ва аъзоёни хизбро ба кадом рох хидоят карданиед. Дар Конститутсияи кишвар ягон духураги хаст, ки дар ин бора харф задаед? Номушахаси дар кучост?
Чаноби Кабири чун раиси ХНИТ худ дар чахли хеш дар мондаед. Гохо мехохед ба фаъолияти Кумитаи дин дахолат кунед ва гохи дигар ба макомоти конунгузории кишвар, ки дар он худ чун намояндаи мардум ширкат меварзед. Мухтарам Кабири шояд шумо нуктахои конунро дар бораи озодии вичдон напазиред, аммо чун шахрванд, ки Точикистонро ватани вокеи мехисобеду аз он ифтихор доред, ки чун баъзе аз Раисони хизб аз дигар чо наомадаед, ба он арч гузоред. Акалан ба хотири волоияти конун. Хеч кас пеши эътикод ва ибодати шуморо нагирифтааст. Танхо риояи нуктахои конун такозои онро дорад, ки ба эхсос такя накунем ва хангома сохтан аз ин маъние надорад. Макомоти давлатие, ки ба дин сару кор дорад мавкеи хизбро дар кори сиёси танг накардааст. Маркази фархангии шумо низ масчиду ибодатгох нест, ки омезишаш додаед.
Агар масчидро бо маркази фарханги як медонед ин бахси дигар аст, ки дар ин маврид донандагони мазхаби метавонанд ба ин масъала бахои вокеи диханд. Шумо, ки худ сиёсатмадоред ва чун сарвари хизб чунин макомро ишгол кардаед, боз динро ба сиёсат наолонед. Ва ба эътикоди мардум бози накунед, ки миллати мо боре тачрибаи талхи онро дар хуну пусти худ санчида буданд. Ва сулхе, ки ба даст омад илохо, ки бегазанд монад. Аммо Шумо мухтарам Кабири дархол фишорро ёдрас кардааед, ки гуё ба хотири заиф кардани фаъолияти ХНИТ Хукумат раво дида бошанд. “Аз дин душман тарошидан ба наъфи кас нест” пас истифода бурдани дин барои ба хадафхои нихоии сиёси расидан ба манфиати, ки бошад? Сиёсатмадорон хам содда мегуянд, ба пиндорашон омма ин харфхои эшонро, ки дар макоми болотар нишастаанд ба сатхи хикмат мегузоранд. Пиндори Шумо мутлако сахех нест. Агар ба Шумо риояи конунро такозо карда бошанд, ки онро поймол кардаед магар ин фишор аст? Агар чунин фахмидед, чунин нест. Хукумат ба ХНИТ имкони фаъолиятро додааст ва фаъолияти он набояд хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон бошад. Ва конунгузори ба ягон хизб бартари ва ё махдудиятро ба миён нагузоштааст, ки шумо барои рекламаи хеш овоз баланд мекунед. Ва дар ин маврид на танхо хизби шумо балки хизбхои дигар низ чахд доранд, ки дар чомеа макому манзалат дошта бошанд. Ва кушиши шумо низ бидуни сангандози ба полизи Хукумат сурат гирад.
Дар мавриди конуне, ки кабул шудааст интикоди худро иброз доштаед, ки иштибохи шумост ва лоихаи конуне, ки шумо пешниход карданиед боз хам муътакидед, ки намегузарад. Чаро? Шумо дар ин маврид мавкеи гурухи (хизбиро) дар макоми аввал гузоштаед, ки дар Точикистон он харгиз кобили кабул буда наметавонад. Зеро гуруххои (хизб) дигар мавкеи худро химоя хоханд кард.
Мухтарам Кабири ба хамон Каюмарсу Харамгул хуб мебуд мегуфтет дар хусуси телефони хамрох суол надиханд, ки онро надоред, ин барои як сарвари хизб дар ин замон айб асту бас. Хоксориятонро дастак кардед-да+
Аризахоятонро гуё дар мавриди шикоят ба рафти интихобот судхо кабул накардаанд. Дуруги махз. Чи хел исбот мекунед?
Дар чойи дигар овардаед, ки хастанд ашхосе, ки аз ХНИТ ноумед шудаанд, вале боз хам ин казияро ба равандхои сиёсии кишвар мансуб донистаед. Чаноби Кабири, одамони имруза аз вокеият хуб огоханд. Мувофики идрок мавкеъгири мекунанд.
Шумо киро тарс доданиед, ки аъзоёни ХНИТ ба тундгарои омадаанд ва чиход мароми нихоии онхост? Дигар ба тавсири шикоятатон аз равандхои демократи дар кишвар хочат намемонад. Муслимони Точикистон, ки дар мархилаи муосир ба мафхуми дин ва накши он дар чомеа сарфахм рафта, думболи ХНИТ-ро намегиранд ва манфиатхои миллиро дар мадди аввал мегузоранд, магар гунахгоранд? Шумо аз муборизаи мусаллахона харф задаед, ки гуё рохи ягонаи расидан ба хадаф аст. Ба чи хотир? Фаромуш кардаед аёмеро, ки силох хукм дошт. Ёд кардаед он рузхоро? Чаноби Кабири чомеаи Точикистон ин хадафхои мугризонаи шуморо хеч гох тахамул намекунад. Руирост ба тахдид гузаштани Шумо аз дили софу дасти тозаи тобон нест, ки нест. Дар собик СССР танхо Точикистон ба хизби мазхаби имкони фаъолият додаанд. Ин магар кам аст? Даст ба силох задан ба хотири хадафхои сиёси, хилофи конститутсия амал кардан аст, ки окибатхои нохуш дорад. Бахусус ба хар як сарвари хизбе, ки чунин мекунад чазои чинояти интизор аст. Ва шумо Кабири бо ин хулосаи пучи худ, кушиш доред терроризм, ки ба ислом дог овардааст харгиз даст аз домани у сар надихад.
Дар тамоми давлатхои олам, хох он Аврупоист ва ё Шарки исломи хадафи диндорон бартараф кардани низоъхои гурухиву, сарчамъ намудани миллат тахти идеалогияи давлатист. Ва диндорон ба конуни кишвар арч мегузоранд. Дар Чумхурии Точикистон бо вучуди фишорхои беруна, ба мушкилот мувачех гардондани иктисодиёти кишвар аз чониби онхо рох ёфтани равияхои бегонаи дини, ки ба суботу якпорчагии миллат рахна ворид месозанд диндорон хомушанд. Шумо Мухиддин Кабири дар кадом баромадхоятон ба вахобияхову салафихо ва Хизбу тахрир ишора намудаед, ки чомеаи ороми моро ноором мекунанд? Ё фаъолияти онхоро инкор мекунед? Ё онхоро ба узвият кабул мекунед?
Мухтарам Кабири агар фарзанди вокеии миллат хасти ва идаоят дар ин маврид саххех аст. Даст болои сина гузошта ба хизмати миллат камар бибанд. Ва тафрикаандозиро аз сар дур намо. Бас аст истифода бурдани дин барои амали намудани манфиатхои худ ва хидоятгаронатон.
Мусохиба, ки ба он худи шумо асос гузоштаед, он хангомаеро ки мехостед ба вучуд наовард. Ба хусус дар ин шабу рузе, ки мардум дар мохи шарифи рамазон зохиру ботини худро аз олоишхо тоза месозанд. Хуб мебуд, шумо низ акалан ба хотири ислом, ки Хизбатонро ба он марбут донистаед заррае аз игво канор мегирифтед. Ба чойи каноргирии Харамгул+
сокини ш. Душанбе. Абубакр Акрамов akbarov_abubakr@bk.ru
“Шутура гуфтам, гамза кун +”
Чанде пеш дар яке аз рузномахо маколаеро пиромуни ба масчид табдил додани бинои Хизби нахзати исломи Точикистонро хонда, хулоса бароварда будам, ки вокеъан масъулин хаканд, чунки дафтари асосии хизби сиеси бояд хамчун идораи расми фаъолият кунад, на ба сифати масчид. Чи чойи пинхон доштан. Имруз бисере аз масчидхои кишвар ба минбари сиесат табдил ефтаанд. Бо шарофати чомеаи демократи дар Точикистон, ки мислаш дар ягон кишвари хамсоя нест, дар масчидхои мо касе чизе хохад мегуяд. Ин сухбатхо аз дини ислом ва мусалмони фарсаххо дуранд, аммо муллохо мегуянду муридон мешунаванд, сипас худашон онро дар байни атрофиен тутивор такрор мекунанд.
Раиси ХНИТ М.Кабири мусохиба оростанро хеле дуст медоранд ва бояд руирост икрор шуд, ки чанобашон хамчун донишманд ва сиесатшинос дар ин самт муваффак хам хастанд. Аммо вакте ки банда силсилаи сухбатхои ахири М.Кабириро, аз чумла бо мухбирони радиеи “Озоди” хондам, хуш аз сарам парид. Дар аввал боварам наомад, ки ин суханонро махз чаноби Кабири мегуянд.
Сарварони созмонхои террористи-экстремисти, бахусус мархум Тохир Юлдош, Усома бинни Лодан ибораи “ягона рох – рохи чиход аст”-ро фаровон истифода мебурданду мебаранд. Ин нафарон як умр дар ба даранду гуреза ва рохи халосиро танхо дар чиход мебинанд. Вале чаноби М.Кабириро чи сабаб шуда бошад, ки рохи начотро танхо дар чиход дидааст?
Раиси ХНИТ ба хуби медонад, ки ин изхороташ окибатхои басо гарон дорад. Бахусус, ба гаравидани теъдоди зиеди чавонони ноогох ба хизбу харакатхои тундрав, аз кабили “Хизби тахир”, сабаб мешавад. Зеро максади асосии “Тахрирчиен” аз тасарруфи хокимият бо хар рохе, ки набошад, аз чумла бо рохи мусаллахона ва ташкил кардани “Хилофат” дар тамоми дуне иборат аст. Пас саволе ба миен меояд, ки чаро даъват ва максадхои чаноби Кабири бо ниятхои тундгароенаи “Хизби тахрир” мувофик омадаанд? Шояд ин чо “зери коса нимкосае бошад?”.
Дар сухбат чаноби Кабири дуруст ва саривакти аз ибораи “шутурмург набудан” истифода кардаанд. Вокеан, хадафхои ойинномавии ХНИТ аз як тараф ва даъватхои имрузаи раиси он аз чониби дигар, бо нигохи чукур бинем, духурагии мавкеъи онхо баръало ба чашм мерасад. Имруз рохбарияти ХНИТ аз муносибати сохторхои давлати ба Маркази фархангии он норозиги мекунад. Пас чи мешавад, ки шумо чаноби Кабири ба чойи бахси бехуда, хамчун раиси ХНИТ карор бароред, ки (агар албатта ба ин зури шумо расад!) мардум намозашро на дар дафтари ХНИТ, балки дар хонахои Худо – масчидхои пойтахт, ки шумораашон хеле афзудааст ва чавобгуи тамоми талаботхои дини мубини Ислом мебошад, адо намоянд.
сокини пойтахто: Сайидвалии Зиёвуддин saidvaly_73@mail.ru
Воизон чун чилва бар мехробу минбар мекунанд+
Дар Интернет чашмам ба мусохибаи раиси Хизби нахзати исломи Точикистон Мухиддин Кабири бо хабарнигорони Радиои Озоди Каюмарси Ато ва Харамгули Кодир афтид ва баъди мутолиъаи мавод хостам баъзе фикру акидаи худро нисбати он изхор намоям.
Ба андешаи ман, рохбари ХНИТ, ки дар мачмуъ хамчун як шахси ботахаммул шинохта мешавад, ин дафъа ба эхсосот дода шудааст.
Иборахои “конунхои духура”, “ибодатро манъ мекунанд”, “муносибати гунг бо кар” ва монанди инхо ношукрии М. Кабириро аз давлату Ватан ва истиклолият баръало ифода мекунанд.
Гуё ки Хизби нахзати исломи Точикистон дар ягон кишвари бегонае фаъолият мекарда бошаду сохибистиклолии Ватани мо, ки хизб хосили он аст, барои рохбаронаш бефарк аст.
Ба чои он, ки талаботи конунхоро ичро намояд, як масъалаи мушаххаси чузъиро ба сиёсат омехта карда истодааст. Аз чумла, у арз намудааст, ки “фишор болои ХНИТ-ин фишор болои мардуми Точикистон, миллат аст”. Гуё, ки тамоми точикистониён аъзои Хизби нахзати ислом бошанд. Охир хакикат ин тавр нест-ку! Магар хуб намебуд, агар М. Кабири ва гирду атрофи у ба хатогихои содиркардаашон коил шаванду барои ислох намудани он кушиш намоянд?!
М. Кабири худро хоми ва алломаи дин нишон дода, кайд мекунад, ки “фарханги мо ислом аст”. Фахмо, ки мо гуфта у чиро ё кихоро дар назар дорад. Дуруст аст, ки истифода бурдани “Капитал”-и Маркс дар чорабинихои фархангии ХНИТ аз мантик дур аст. Лекин, хисоби капиталхоеро, ки аз хоричи кишвар ба унвони хизб ворид мешаванд, факат элитаи он медонаду халос. Дар давоми мусохиба М. Кабири боз хамон гуфтахои пешинаашро такрор мекунад, ки “хадафашон – заиф кардани ХНИТ аст”. Бехабар аз он, ки хизбро худи у бо наздиконаш заиф карда истодааст.
Дар охир боз як лахзаи мусохибаро кайд карданиам, ки ба назар сода, лекин чолиби диккат аст. Хабарнигорони Радиои Озоди аз М. Кабири суол мекунанд, ки “баъд аз интихобот дар расонахои хабари хеле камнамо шудед. Хатто телефони хамрохатон дигар чавоб намедихад. Хамеша дастнорас аст+”. М. Кабири чавоб медихад, ки “дуруст аст, ки шояд дастраси ба мо камтар шудааст ва ин хам ба иллати надоштани телефони хамрох”.
Браво, М. Кабири! Ман бовар мекунам, ки Шумо хамрохи худ телефон надоред. Лекин мутмаъин нестам, ки аз чавоби Шумо хабарнигорони Радиои Озоди, бахусус Харамгули Кодир, конеъ бошанд. Ё не?
Вассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху.
сокини ш. Душанбе. Bahodur Tukhtaev <bahodur_t@mail.ru>
Похожие записи:
- Когда целью становятся только деньги и слава появляются уроды от народа. 31 марта 2010
- Х.А.Тураджонзода: “Мы молчали даже, когда сажали наших сторонников” (веб-интервью) 15 июля 2010
- В ТАДЖИКИСТАНЕ СУДЯТ СВОБОДУ СЛОВА 25 октября 2009
- Для тех, кто видит перемены в России 23 октября 2010
- Каково положение мусульман в Москве? 1 ноября 2010
