По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 05.12.2018
 

Дар марзи Русия риши муҳоҷирони тоҷикро метарошанд

Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик гуфтанд, ки марзбонҳои Русия онҳоро ҳангоми убури сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ба покиза тарошидани ришашон маҷбур кардаанд. Муҳоҷириони тоҷик ҳар се моҳ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия маҷбуранд, марзи ин кишварро гузаранд. Онҳо бештар ба Қазоқистон ва Украина мераванд.

Зуҳуриддин Ғиёсов, муҳоҷири кории тоҷик, чанд рӯз пеш барои дуруст кардани санадҳояш марзи Русияву Қазоқистонро гузашт ва дар онҷо аз ӯ ва ҳамроҳонаш талаб кардаанд, ки риши худро бигиранд. Ғиёсов дар яке аз сохтмонҳои Маскав кор мекунад.

“Вақте то гузаргоҳи марзӣ 300 километр монда буд, ронандаи таксӣ аз мо хост, ки ба ягон сартарошхона даромада, риши худро бигирем, вагарна марзбонҳо гузаштан намемонанд. Мо ба гапи ронанда гӯш накарда ва гуфтем, ки моро зудтар ба марз расонад. Чанд ҳамроҳам риш доштанд. Риши ман ҳам дамида буд”, – нақл кард Зуҳуриддин Ғиёсов.

Зуҳуруддин Ғиёсов баъди бозгашт аз марзи Қазоқистон ба Русия

Зуҳуруддин Ғиёсов баъди бозгашт аз марзи Қазоқистон ба Русия

Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик, вақте ба назди гузаргоҳи Маштаково дар марзи вилояти Оренбурги Русия бо Қазоқистон расиданд, сарҳадбонҳо гуфтаанд, ки ришҳоро тарошанд. Ӯ гуфт, “сарҳадбонҳо ришгирак доданд. Ман ва ҳамроҳонам дар утоқи дастшӯии гузаргоҳи марзӣ ришамонро покиза тарошидем ва танҳо баъди он сарҳадро гузаштему баргаштем.”

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз ин гузаргоҳ теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик убур мекунанд ва сарҳадбонҳо ба хотири муқоисаи чеҳра бо сурати шиноснома аз ҳама талаб мекунанд, ки ришашонро бигиранд. “Сарҳадбонон ба мо нагуфтанд, ки оё ягон қонун ва ё талаботи нав ҷорӣ шудааст ё не, танҳо гуфтанд, ки ришатонро гиред”, – иброз дошт муҳоҷири дигари тоҷик.

Муҳоҷириони кории тоҷик ҳар се моҳ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия маҷбур ҳастанд, марзи Русияро як дафъа убур кунанд. Ин аст, ки муҳоҷирон бештар ба гузаргоҳҳои наздиктарини Русия бо Қазоқистон рафта, марзро мегузаранд ва дар фосилаи чанд соат дубора вориди қаламарави Русия мешаванд.

МАТН БО НАЗАРИ МАҚОМОТ ТАКМИЛ МЕШАВАД

Источник Радио Озоди

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.557 seconds.