По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 12.03.2019
 

Дар рейдҳои “Садовод” ва “Москва” даҳҳо тоҷик боздошт шуд. ВИДЕО

Рейд дар бозори "Садовод". Акс аз соли 2013

Дар паи рейде, ки субҳи 11 март дар ду бозори калони шаҳри Маскав – “Садовод” ва маркази тиҷоратии “Москва” роҳандозӣ шуд, тахминан 30-35 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам боздошт ва ба идораҳои полис интиқол дода шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта ингуна рейдҳои сохторҳои қудратии Русияро ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқи муҳоҷирон интиқод кардаанд.

Рейди сохторҳои ҳифзи қонуни Русия соати 3 шаби 11 март аз муҳосираи ин ду маркази тиҷоратии азим шурӯъ шуд ва баъди санҷиши сарсарии санади кормандони бозор – тоҷирону аробакашҳо ва дигарҳо, даҳҳо нафар ба автобусҳои махсус омодашуда андохта ва ба идораҳои полис бурда шудад. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 11-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин рейди тамоми сохторҳои қудративу тафтишотии Русия бо ҳадафи маълум кардани қонунмандии шароити будубоши кормандони бозор анҷом шуд. Ба гуфтаи Аҳмадов, то шоми душанбе ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин бозорҳо кор мекунанд, ба намояндагиҳои дипломатии кишварашон дар Маскав барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат накардаанд.

Ӯ гуфт, ки субҳ кормандони хадамоти консулгарӣ ва намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба бозорҳои “Садовод” ва “Москва” рафта, аз ҷои ҳодиса дидан карданд. “Аз рӯи маълумоте, ки масъулини бозор ба мо пешниҳод карданд, тахминан 30-35 шаҳрванди Тоҷикистон барои муайян кардани санадҳои будубошашон ба шӯъбаҳои полиси ноҳияҳои атроф бурда шуданд”. Ӯ гуфт, ки воқеан ҳам ба гуфтаи кормандони бозор, дар рейди сохторҳои тафтишотӣ, ки дар баробари сохторҳои ҳифзи қонун инчунин аз хадамоти эпидемиологӣ ва андозу гумрук низ буданд, шаҳрвандони кишварҳои дигар, мисли Чин, Ветнам, Узбекистон, Қирғиҳистон, Озарбойҷон ва дигарҳо низ барои санҷиши санадҳо ба идораҳои полис бурда шуданд.

Дар як навори видеоие, ки ду корманди тоҷики бозори “Садовод” ба Радиои Озодӣ фиристоданд, гуфта мешавад, ки ходимони ҳифзи қонун гуфтаанд, ки бо ҳадафи “тафтиши санадҳо” рейд барпо кардаанд.

Нашрияи “Комсомольская правда” аз қавли як зани молдавании коргари яке аз бозорҳо навишт, ки на камтар аз 10 автобус пур аз муҳоҷирон бозорро тарк кард. Бархе мусоҳибони ин нашрия гуфтанд, ки гӯё рейд баъди он барпо шуд, ки рӯзи 8 март дар яке аз ин бозорҳо моҷарои миёни гурӯҳи муҳоҷирон рух дод. Нашрияи “Известия” навишт, ки шаби 9 март миёни савдогарон муноқишае бархост, ки дар натиҷа аз силоҳ ва корд истифода шуд ва гӯё дар паи ин чор нафар ба бемористон интиқол ёфтааст.

Вале манобеи дигар мегӯянд, рейди ду маркази азим ва сердаромади тиҷоратии пойтахти Маскав на муҳоҷирон, балки моликони онро ҳадаф қарор додааст. Бархе нашрияҳои русӣ менависанд, ки соҳибони ин бозорҳо – соҳибкорони қафқозитабор Зарах Илиев ва Год Нисанов, дар гузашта ҳамкорони сарватманди маъруф Телман Исмоилов, бо мақомоти Маскав дар маблағгузории бархе тарҳҳои ҳукуматӣ мушкил пайдо кардаанд.

Маркази тиҷоратии “Садовод”, ба навиштаи kapital-rus.ru, ба гурӯҳи ширкатҳои «Киевская площадь» марбут аст, ки марказҳои дигари тиҷоратии «Европейский», «Москва» дар Люблино, ва инчунин «Электронный рай» ва меҳмонхонаи Radisson Royal як бахши дигари моликияти он мебошад. Чанд сол пеш матбуот навишта шуд, ки соҳибони «Киевская площадь» Зарах Илиев ва Год Нисанов шарикони тиҷоратии Телмана Исмаилов, собиқ молики бозори «Садовод» ва Черкизовский буданд. Исмоилов дар як қатор ҷиноятҳо гумонбар шуда, дар фирор ба сар мебарад.

Бозори «Садовод» дар гузашта ҳам борҳо мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои ҳифзи қонун қарор гирифтааст. Соли 2014 дар маи муноқишаи таксиронҳо барои ҳақи кор дар наздик ин бозор, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам мавриди боздошту таъқиби полис қарор гирифт. Соли 2014 раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик” дар Маскав Каромат Шарипов барои талоши ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Садовод”-и Маскав ба ҷавобгарӣ кашида шуд ва ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, ҳамин ҳодиса ҳам боиси ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон гардид. Шарипов он замон гуфта буд, ки вуҷуди муомилаҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои мафиёӣ боиси эҷоди мушкил дар фаъолияти муҳоҷирони ҷӯёи даромаду кор мешавад.

Источник Радио Озоди

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
21 queries. 0.509 seconds.