По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 29.08.2016
 

Дар хобгохи Гвардияи Милли 19 сол инчониб зиндаги дорам бо фарзандонам,айни хол бошад маро бо ду фарзандам тариќи Суди Гарнизонии Харби аз хобгох пеш карда истодаанд,

Отправлено: 29.08.2016 в 6:25

Ба президенти Ҷумхуриии Точикистон

Эмомалии Рахмон

Ба раисаи Дасгохи Президенти Ч.Т

Озодамои Эмомали

Нусхаи ариза:Ба рохбари чунбиши умумируссиявии мухочирони мехнатии точик , сафири сулх  Каромат Шарифов

Аз номи истикоматкунандаи шахри Душанбе

Кучаи Р.Набиев х 292\2 хуч 48(хобгох)

Холова Махтовби

АРИЗА

Пеш аз хама ба Шумо Ҷаноби Олли ва муаллимаи мењрубон умри дароз ва тани сихатро таманно дорам.Мохи Шарифи Рамазон ва Вахдати Милли Муборак ва Шумо Ҷаноби Олли ба њамаи мардуми Тољикистон як шахси азиз ва арзандайен,ки мардуми Тољикистон аз мехрубониятон Пешвои Миллат ќабул намуданд ва ифтихор менамоем,ки чунин рохбари давлат ва Пешвои Миллат дорем. Ҷаноби Олли аз соли 2004 бо тарики Суди шањри Кулоб ман бо собик шавхарам Барфев С аз њамдигар људо шудем,баъди шаш соли зиндагиамон. Собиќ шавњари ман Барфиев Саймуддин маро бо ду фарзандам бо сабаби зани дигар гирифтанаш партофта рафтааст. Бо ду фарзанд дар суди шахри Кулоб бо маблаѓи 28 сомони алимент чудо намуд, ки баъди аризаи навбатиям соли 2015 бо маблаѓи 60 сомони бо ду фарзанд 120 сомон руёниданд аз љониби Барфиев С. То бакай тариќи ариза ман ба сохторхои Давлати мурочиат намоям баъд Суди ш.Кулоб вазифаи ба душ будаашонро иљро намоянд.Ҷаноби Олли аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям,ки маро бо фарзандонам дасгири намоед.Дар саънаи 28.01.2016 №30\Х638-16 ба Дасгохи ичроияи Президенти Ч.Т мурочиат намудам, Дасгохи ичроияи Президенти Ч.Т ба раиси Ш.Душанбе фиристода шудааст, аз дасгохи Раиси ш.Душанбе ба Гвардияи Милли аризаи манро фиристониданд.Дар хобгохи Гвардияи Милли 19 сол инчониб зиндаги дорам бо фарзандонам,айни хол бошад маро бо ду фарзандам тариќи Суди Гарнизонии Харби аз хобгох пеш карда истодаанд, ба кучо равам дигар ба кучо мурочиат намоям,ки ба доди ман ягон сохторхои давлати бирасад,конун танхо барои камбахал будай?бори дуюм аризаи маро ба Суди Олли фиристода шудааст дар чавоб Суди Олли ба ман маслињат додаст,ки ман ба Суд мурољиат намоямки барои чи,ки Суди Олли ба Суди Ш.Кулоб аризаи манро пешнињод накардааст?ва бори сеюм аризаи ман ба Прокротураи ш.Душанбе равон карда шудааст.Прокротураи ш.Душанбе ба Прокротураи в.Хатлон пешниход намуданд,Мактуб ба Раиси Суди ш.Кулоб фиристонидам оиди чудо намудани манзили истикомати аз чониби собик шавхарам чавоби мактубамро нагирифтам љавобњои аризаам маро ќоне намекунад. Фарзанди калониям имсол донишљуи Донишгоњи Тарбияи чисмони ба номи С.Рахимов тарики маркази тести ройгон дохил шуда тахсил менамояд ва фарзанди дуюмам дар мактаби №78 ноњияи Фирдавси дар синфи 9-ум тањсил менамояд. Дар куча фарзандро тарби карда нашавад шароити тарбияи фарзандонро надорам 13-сол боз дар тарбияи худи ман мебошанд маошам ночиз барои иљоранишини намерасад танњо барои хурокаашон басанда мебошад,наход дар Ватанам ягон инсонхои Худочуй набошад,ки дасти як мухточро гиранд аќалан падари фарзандонам ба фарзандояш хонаи як хучраги таъмин мекард. Хохиш менамоям аз Шумо Ҷаноби Олли оиди ин масъала тарики љињати ќонунхои амалкунанда нисбати ману фарзандонам дар Гвардияи Мили ва дигар Сохторхои давлати дида бароянд.

Ба Шумо Ҷаноби Олли ва муаллимаи мехрубон аз даргохи Яздон умри дароз ва саломатии бардавом хохонам.

Боэхтиром М.Холова

Тел;917246226

холова Махтовби
WWW.prezident.ru
moh.talbakova.80@mail.ru
77.95.3.23

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.510 seconds.