Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 02.12.2017
 

Додгоҳ гуфт, Каромат Шарипов ба Тоҷикистон фиристода мешавад (ВИДЕО)

3D570F9C-8E60-448C-8246-2556FCD8C27E_cx0_cy9_cw0_w1597_n_r1_s

Бо як қарори як додгоҳи Люберетскии вилояти Маскав Каромат Шарифов, як фаъоли муҳоҷирон барои нақзи муқаррароти будубоши Кодекси маъмурии Русия айбдор дониста шуда, ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум шудааст.

Додгоҳ ҳукм кардааст, ки Каромат Шарипов бояд ҷаримаро дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл пардохт карда баъдан ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.

“Ҷараёни қабули шаҳрвандии Русия “ғайриқонунӣ” буд”

Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки дар паи санҷиши раёсати вазорати умури дохила дар вилояти Смоленск ба хулосае омадааст, ки ҷараёни

Ба назари ман шахсияти Каромат Шарифов суолбарангез ва ё зидду нақиз аст. Гоҳ алайҳи ҳукумат садо баланд мекунад, гоҳ зидди мухолифин ҳарф мезанад. Вале бо вуҷуди ин ба садҳо муҳоҷирин кории тоҷик кумак намуда ҳамчун ҳомии ҳуқуқи онҳо заҳмат кашидааст

ба шаҳрвандии Русия пазируфта шудани Шарипов “ғайриқонунӣ” сурат гирифта, эътибори шиносномаҳои русии то имрӯз гирифтаи ӯ бекор шудааст.

29 сентябри соли ҷорӣ як раёсати ВКД дар вилояти Маскав шиносномаи шаҳрвандии Шариповро бекор кард. Соле аз ин пеш бо қарор додгоҳи олии Русия созмони таъсисдодаи ӯ “Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷик” ҳамроҳ бо 46 шӯъбааш дар саросари Русия барои “нақзи фаъолияти оинномавӣ ва протоколҳои анҷуман” баста шуд.

Дар паи қарори додгоҳи рӯзи 30 ноябр худи Каромат Шарипов дар боздошт буда, қарор аст баъди 10 рӯз ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.

Ҳомии Шарипов: Ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунем

Рӯзи 1 декабр Гулбаҳор Қодирова, ёвари вакили мудофеи Каромат Шарифов дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ба Шарипов “варақаи бозгашт ба ватан”-ро супурдааст.

Наздикони Каромат Шарифов мегӯянд, таи 10 рӯз бо ӯ мулоқот карда наметавонанд ва аз болои қарори додгоҳи Либертсии Маскав шикоят хоҳанд бурд, зеро ба қавли онҳо, Каромат Шарифов ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд, балки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия муқимӣ шуда шаҳрвандии ин кишварро гирифта буд.

Ҳомиёни Каромат Шарипов мақомоти ҳукумати Тоҷикистонро муқассири мушкилоти ӯ меноманд ва мегӯянд, тамоми таъқибҳои ӯ бар пояи шикоятҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Гулбаҳор Қодирова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “додрас ба саволи ин ки “агар Шарифов шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ шуда бошад, пас чаро рақами паспорт ва маълумотномаи паспорти Тоҷикистон зикр нашудааст”, посух надод”. Вай гуфт, додрас бо сабаби “махфӣ будани қаҳзия” далелҳои қалбакӣ будани санадҳои шаҳрвандии русии Шарифовро ҳам шарҳ надод.

Гулбаҳор Қодирова бовар дорад, ки шикоят аз болои қарори додгоҳ метавонад аз ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад.

“Шахсияти зидду нақиз аст”
24FBBE90-8CE5-4E59-BC90-67EB935DECDC_w1597_n_r1_s
Иззат Амон, як фаъоли дигари муҳоҷирон дар Русия рӯзи 1 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз бо нияти ширкат дар мурофиаи додгоҳии Каромат Шарифов ба суд рафт, вале бо далели махфӣ будани мурофиа ӯро ба дохили толор роҳ надоданд.

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳамеша гуфтааст, ки дар солҳои 1990-ум дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмат карда як афсари нирӯҳои низомии Русия мебошад. Соли 2008 “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия”-ро ташкил дода, ба як чеҳраи фаъоли матбуотӣ ҳам табдил шуд. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст.

Дар паи моҷарои марбут ба латукӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-ум ва рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии “Люблино”, додситонии минтақаи ҳамномаи он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Вале бархе коршиносон мегӯянд, рисолаи Кароматулло Шарипов барои онҳо то охир рӯшан ва шаффоф нест. Иззат Амон гуфт: “Ба назари ман шахсияти Каромат Шарифов суолбарангез ва ё зидду нақиз аст. Гоҳ алайҳи ҳукумат садо баланд мекунад, гоҳ зидди мухолифин ҳарф мезанад. Вале бо вуҷуди ин ба садҳо муҳоҷирин кории тоҷик кумак намуда ҳамчун ҳомии ҳуқуқи онҳо заҳмат кашидааст”. Иззат Амон гуфт, ки қарори ихриҷи ӯ тарафдоронашро ба ташвиш овардааст.

Ҳанӯз мақомоти тоҷик қазияи ихроҷи Шариповро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, аз натиҷаи додгоҳ аз матбуоти русӣ огаҳ шудаанд.

Бархе нозирони дигар мегӯянд, ки дар пушти тасмими додгоҳ дар нисбати Каромат Шарипов бояд аъмоли ӯ баҳогузорӣ шавад, ки бисёр вақт суолбарангез ва моҷароҷӯёна будааст. Бархе мунаққидон тасмими маҳрум шудани ӯ аз шиносномаи русиро ба фаъолияти кориаш рабт медиҳанд.

Аз ҷумла, раиси ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфт: “Аъмоли Каромат Шарифов дар вақтҳои ахир ё ба яке аз давлатҳо ва ё ба ҳарду давлат маъқул наафтодааст. Барои ҳамин масъалаи депортатсияи ӯро ба миён гузошта шудааст”. Зоиров гуфт, ки Каромат Шарипов дар матбуот ва телевизиони Русия зиёд баромад мекард, вале мавқеи ӯ на ҳамеша яксон буд:

“Суханрониҳои ва баҳсҳои ӯро дар телевизионҳои Русия дидаам. Вай албатта дар ҳимояи муҳоҷирон корҳои чандон дуруст надошт, вале амалҳои шоистааш бештар ҳастанд. Ба назари ман кадом мақомот ва ё нафаре масъалаи тақаллубӣ будани паспорти ӯро медонистааст ва ба мақомоти Русия хабар додааст. Вакилони мудофеъаш дар қадами аввал масъалаи дуруст будани паспорти Русияи ӯро бояд дақиқ кунанд”.

Мунаққидон мегӯянд, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ва рӯ ба Русия овардани садҳо ҳазор шаҳрванди ин кишвар, ҳеҷ як созмон ё фаъоле натавонист дар амри кӯмак ба мушкилоти муҳоҷирон нақши мунсифона ва беғаразона иҷро кунад. Муҳоҷирони корафтода дар ҳолатҳои зиёд бархе созмонҳои ҷамъиятиро дар тамаъҷӯӣ ва бархӯрди нобаробар ба ҳамватанон дар Русия муттаҳам мекунанд.


Источник: Радио Озоди

Похожие записи:

    Не найдено.

2 Комментариев to “Додгоҳ гуфт, Каромат Шарипов ба Тоҷикистон фиристода мешавад (ВИДЕО)”

  1. admin Сказал(а):

    Комментарии

    Бахтиёр Игамов Падарланато .

    Бахтиёр Игамов Россия маразай

    Малика Джумаева Ин халк амавакт одамонро истифода мебаранд ба модару хохаршон рахм надоран мо бегонаем.

  2. ютуб Сказал(а):

    Oleg YaOleg
    я знаю почему его депортируют!!! потому что он был против диктаторский режим Рахмана, вот и по приказу Рахмана Его департируют и отправляют его как подарок для Рахмана!!! и Э,Рахман посадить его в Тьюрме по обвинеию предателом Таджикского народа, хотя он был защитником Таджикского народа или по обвинению терроризма!!! как бы не был Э,Рахмон хочет избавиться от него, думаю что скоро Максиму Шевченку тоже обвиняя в Терроризм отправляют в Таджикистан! позор вам ФСБ
    Али Ли
    Точико и русхо дусти мо нестан хушор боше
    Оиша Хонум
    НЕТ СПРАВЕДЛИВОСТЬ В РОССИИ. НЕТ ДЕМОКРАТИЯ. ВСЁ ОБМАН! ТЕПЕРЬ НЕ КОМУ ВЕРИТ……. УЖАСТЬ………
    Abdulo Safarov
    Таджикский люди всегда уважал российскому народу Зачем так сделали каромат Шарипов служил когда было Советский Союз грамотные люди я читаю это незаконно
    Легенда М
    дар Россия хамика пуштибони точик буд

    Додохон Хамидов
    душманота худо хору залил кунад ва туро худо сарбаланду муваффак гардонад.омин!
    rasul. kayumov
    Худовад душманонро кур гардонад.
    rasul. kayumov
    Худовад хидоятт кунад, ва сабру токат ато фармояд,омин,Шери нар.
    Рустам Тураев
    Шери нари тоджикистон худованд нигахбонат бошад
    Сафар Элибоев
    ин кала зарда наздикиба худшана худашан гум мекунад
    Аслан Умаров
    РОССИЯ ЭТО СТРАНА КЛОУНОВ ЗДЕСЬ ПРАВДА НЕКОМУ НХЕР НЕ НУЖНА ТУТ ТЫ ЛИБО ЖИВЕШ КАК ОНИ КЛОУНОМ ИЛИ ТЫ ПРОТИВ НИХ ДЕРЖИСЬ БРАТ МОЙ КАРОМАТ ШАРИПОВ ЭТИ ШАКАЛЫ ОТВЕТЯТ ЗА ВСЕ ОНИ ЗАБЫЛИ КАК ТЫ ПОМОГАЛ И ВОСТОНАВЛИВАЛ ПОРЯДОК В МОСКВЕ!!!!
    Рустам Навотов
    душманони туро аллох халок гардона бародар каромат шарип аллох туро нигох дорад бародар каромат шарип ин душманони милат душманони точик туро хам нест карданиханд халок гардон душманони каромат шарифро

    Farhod Olimov
    Это не первый случая! Не давно у моих знакомых тоже онулировали гражданства в прочем они тоже получили гражданства 2001 году налоги он платил 14 лет ИП бил у него а 2015 годи сказали не закона получали паспорт где справедливость?????
    душманота худо хору залил кунад ва туро худо сарбаланду муваффак гардонад.омин!
    Абу Ёсин Абдуллох
    Как это он сколько год находился не закона, не кто не знал и бац вот нелегально находится пипец ,вот Россия
    SUHROB ZARIPOV JAM.
    ЭТО ПРОСТО ПИСЗДЕС
    Махди Сатторов
    АЛЛОҲ ПУШТИБОНАТ БОШАД АКАИ КАРОМАТ ШАРИПОВ ДАР РОҲИ ҲАҚ БОШИ ҒАМХОРИ ХАЛКИ ҒАРИБ ТУИ ШУМО БАРИН ИНСОНҲО ЗИЁД ШАВАНД
    Идибек Ятимов
    Тфууу позор вам большой страна но сердце у вас не хуя нет. И не было Какие жы вы неблагодарный вы хуже животных поступили…. позор
    Майсара Солхова
    Хонаи душманад сузад ягон касда душмани надошти мо гарибо чи кор мекугем дига ҳамиқа одами гамхор доштем сахт зиқ шудам бахудо

Вы можете оставить сообщение



 

 
18 queries. 5.686 seconds.