По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.12.2018
 

Додгоҳи олӣ тарафи Каромат Шариповро нагирифт. Аммо Каромат Шарипов пофишорӣ дорад, ки ӯ дар Тоҷикистони Шӯравӣ зода шуда, шиносномаи он давраро дошт, на аз Тоҷикистони замони истиқлолро. ВИДЕО

20181212_143715

Додгоҳи олии Тоҷикистон иддаои Каромат Шариповро дар бораи шаҳрванди ин кишар набуданаш рад кардааст. Масъулони Додгоҳи олӣ ахиран дар як ҳалнома гуфтаанд, ки Шарипов дар ҳудуди Тоҷикистон зода шуда ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик як сол қабл, рӯзи 13-уми декабр, аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ҳудуди он кишвар ихроҷ карда шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, бино ба санадҳои пешниҳодкардаи ҷониби Душанбе ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ба ҳамин далел ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Аммо Каромат Шарипов пофишорӣ дорад, ки ӯ дар Тоҷикистони Шӯравӣ зода шуда, шиносномаи он давраро дошт, на аз Тоҷикистони замони истиқлолро. Вай иддао дорад, ки Русия ӯро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон фиристода, бе ҳеч шаҳрвандиву санад гузоштааст. Шарипов мехоҳад, Русия шаҳрвандии ӯро барқарор кунад ва ӯ ба фаъолияташ дар он кишвар идома диҳад.

Каромат Шарипов рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз посухи Додгоҳи олии Тоҷикистон розӣ нест ва кӯшиш хоҳад кард, бо ёрии вакилони мудофеъ ин қазияро ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо кашонад. Идомаи мусоҳибаро дар ин навори видео бубинед:

Источник Радио Озоди

Мирзонаби Холикзод

Барот Юсуфи

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.499 seconds.