По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 02.04.2020
 

Дододжон Атовуллоев: Муҳоҷире дар Ватани худ

27337345_1747006138651952_4522321527675313944_n

М У Ҳ О Ҷ И Р Е

ДАР ВАТАНИ ХУД

ПЕШ АЗ ПЕШГУФТОР

Муҳоҷире дар Ватани худ…

Бисмиллоҳ гӯеду хонед.

Муҳоҷире дар Ватани худ…

Таҳорат кунеду хонед.

Муҳоҷире дар Ватани худ…

Намози истихора гузореду хонед.

Муҳоҷире дар Ватани худ…

Он кист?

Молики ин унвон кист?

Соҳиби ин девон куҷост?

Он номро дар ҳукумат маҷӯ.

Он номро дар мухолифат маков.

Он номро дар сафи рӯшанфикрон ҳам намеёбӣ, зӯр мазан.

Муҳоҷире дар Ватани худ…

Пуштибони муҳоҷирон.

Падари муҳоҷирон.

Посбони муҳоҷирон.

Шинохтӣ?

Оре…

Оре…

Оре…

Ӯ.

Ӯ.

Ӯ.

Каромат Шарипов.

Молики ягонаи ин унвон.

Шоири ягонаи ин девон.

Маҳатма Гандии тоҷик.

Аммо мо ҳинду наем.

Мо тоҷикем!

Бахил…

Нотавонбин…

Маҳалбоз…

Майдагапу майдабоз…

Кункови ҳамдигар…

Гӯркови ҳамдигар…

ФАСЛИ НАХУСТ

Моро, моро, моро миллати моро Худо бар ғазабаш гирифтор кардааст!

Чор сӯ бингар.

Чӣ мебинӣ?

“Оқи додар” – як канор, “оқи падар” – дигар канор.

Шаш сӯ бингар.

Чӣ мебинӣ?

Латта – як тараф, лут- як тараф, лусак –як тараф, лухсида – як тараф.

ФАСЛИ СОНӢ

Ридан – оини мо.

Агар озмуни ридан дар сатҳи ҷаҳон сурат гирад, бемуҳобо миллати мо баранда мегардад.

Ба таърих, ба гузашта, ба имрӯз, ба фарзонагон – ҳар рӯз мешошему мериҳем.

Рихи гунҷишкро бар сари худ, саллаи худ, каллаи худ мӯъҷизаи илоҳӣ эълон мекунем ва фатвое содир мекунем, ки бар ҳар саре гунҷишк шинад, соҳиби каромот мегардад.

Баъд серияи нави “Санта – Барбара” оғоз меёбад.

Пеши он соҳиби каромот метозем, ки тӯморам бидеҳ, занам ба оғӯш гирад, гови ҳамсояам қасир (нозоям) монад, қарзхоҳам ба касалии саръ гирифтор гардад, хонаи ҳамсояро сел зер кунад…

ФАСЛИ САВВУМ

Сӣ сол ба кӯи озодӣ хондам.

Ҷавониро, ҳаётро фано кардам.

Ҳоло ҳар хараку ҳар хӯтукак, ки худам барояш забони гуфтор омӯхтам, ба сӯям беҳаёона ва густохона забондарозӣ мекунад.

Каромат Шарипов бист сол аз як миллион муҳоҷир пуштибонӣ кард.

На шаб гуфту на рӯз гуфт.

Рӯзе бо дастони занҷирбанд, дар аробачаи маълулин, Каромат Шарипови беморро ба аэропорт оварданд, ҳазор не, сад не, даҳ не, як муҳоҷир садо баланд накард.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

Вақте ришвахӯрони Россия ва ришвадеҳони Тоҷикистон ба ҳам омаданд – онҳое, ки тоҷиконро чун ғулом истифода мекарданд- аз Маскав Кароматро бадарға карданд.

Аз муҳоҷири сарсону саргардон чӣ гила?

Ягон ҳизб, на исломию на коммунистӣ, на демократию балою батари дигар ҳатто эътирозе, баёнияе пахш накард!

Шояд ин ҳасудон шодмонӣ карданду базм оростанд, ки обрӯву эътибори Каромат акнун ба онҳо тақсим мешавад?!

Чанд мурдакашаки аз мурдаҳо бизнескунак кунак заданд, ки майдон ба онҳо монд!

Ин бадарға не, ин таҳқири тоҷик буд.

Ин таҳқири Тоҷикистон буд.

Дар мисоли Каромат нишон доданд, ки қиммати тоҷик чанд дона арзан арзиш дорад!

Ҳамон рӯз рӯзи ман шаб шуд.

Эй субҳ, куҷоӣ?!

Дамат дарун занад сапедадам, то кай сияҳпӯш мемонӣ?

Бомдодо, кай ба доди додхоҳон мерасӣ?!

ФАСЛИ ПАНҶУМ

Михаил Саакашвили. Никол Пашинян. Владимир Зеленский. Шавкат Мирзиёев…

Қаҳрамонони бегона.

Аз онҳо мегӯем.

Аз онҳо мефахрем.

Онҳоро меситоем.

Аммо қаҳрамонони худиро сангборон мекунем.

Аммо қаҳрамонони худиро сангсор мекунем.

Аммо чу қудрат, ҷасорат ва ҷасомати сангборону сангсорро надорем, бар сарашон мериҳем.

Аммо на дар рӯ ба рӯ.

Аммо на тан ба тан.

Аммо на чашм ба чашм.

Дар олами маҷозӣ.

Ридаку рихинакҳо дар паси планшету телефону роёна шона ба риш мезананду ба маломат мепардозанд.

Пасон ба намоз саф мекашанд.

Дар паси намозҳои риёкорона, на ошиқона, даст ба дуо мебардоранд:

Худоё, қаҳрамонҳои моро бигир, бибар, бикуш!

Сарҳои баландро паст бикун!

Сарҳои зеби дорро хор намо!

Сарҳои мағздорро тиҳӣ кун!

Маро боло бардор!

Маро болонишин кун!

ФАСЛИ ШАШУМ

Як ном барои ифтихор намонд.

Ё куштем, ё бадном кардем.

Як қаҳрамон намонд.

Қаҳрамонона зинда дар гӯраш кардем.

Мо ҳама якчашмаҳоем, ки ба сари чашмае бирасем, чашми чашмаро кӯр мекунем, ки ташнагони дигар нӯш накунанд.

Мо ҳама якчашмаҳоем, ниёиш намекунем, ки чашми дигарамон низ бино гардад, балки дуо мекунем, ки ҳама мисли мо якчашма шаванд!

ФАСЛИ ҲАФТУМ

Агар Муҳаммад (с) тоҷик мешуд, ҳазор хато бар ҳар ҷумлаи ӯ меёфтанд. Хуҷандӣ мазҳаби худ, бадахшӣ мазҳаби худ, раштӣ мазҳаби худ, кӯлоби мазҳаби худро роҳандозӣ мекард ва ин кашмакаш то рӯзҳои мо идома меёфт.

ФАСЛИ ҲАШТУМ

Осимиро куштанд.

Бозор Собир дар ба дар шуд.

Лоиқ сӯхт.

Хонаи Зафар Нозимро оташ заданд.

Одина Ҳошим шаҳид шуд.

Моёншо Назаршоевро парронданд.

Акбари Турсон дар ҳабси хонагист.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар кунҷи зиндон аст.

Ману ту чӣ мехоҳем, Каромат?

Ту он ҷо месӯзӣ.

Ман ин ҷо месӯзам.

Ту он ҷо танҳоӣ.

Ман ин ҷо танҳотар…

ФАСЛИ НӮҲУМ

Дӯстам!

Олучаи кӯчаи ман гул кардааст.

Ҳамин бегоҳ дидам.

Дарахтони кӯчаи ту шояд муғча баста бошанд.

Ҳикмати сабз шудану гул кардану муғча бастан маънии таваллудро дорад.

Таваллуди баҳор.

Таваллуди зиндагии нав.

Таваллуди умед.

Таваллуд муборак!

Д. А.

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.501 seconds.