Наделение Общероссийского общественного движения новыми качествами, функциями и полномочиями-задача очередного съезда
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 30.07.2010
 

Душанбе Бозор Собирро дубора ба оғӯш гирифт

0EE50D5C-B4EE-42C0-A5B6-439968576459_mw270_s

29.07.2010

Бозор Собир, шоири маҳбуб ва саршиноси тоҷик, ки дар Амрико ба сар мебарад, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар фурудгоҳи Душанбе мавриди истиқболи бесобиқаи ҳаводорон, дӯстон, ҳамқаламон ва хабарнигорони зиёде қарор гирифт.

Дар гуфтугӯи кутоҳе бо Радиои Озодӣ аз фурцдгоҳи Душанбе Бозор Собир дар бораи ҳадафи сафараш гуфт, мехоҳад дар ҷараёни он китоби нави худ – “Хуни қалам”-ро ба нашр расонад ва як шаби назм баргузор кунад. Шоир мегӯяд, эҳтимолан ҳудуди ду моҳ дар Тоҷикистон хоҳад монд.
Бозор Собир дар авоили соли 1993 ба дунболи ба қудрат расидани ҷонибдорони Фронти халқӣ зиндонӣ шуд. Аммо ҳудуди як соли баъд таҳти фишори сомзонҳои байналмилаӣ ва хоса рӯшанфикрони Русия ва ҳамкории бархе шахсиятҳои Тоҷикистон аз зиндон озод шуд ва баъди озодӣ аз зиндон ба Маскав ва аз он ҷо ба Амрико рафт.

Бозор Собир як чеҳраи мавриди таваҷҷӯҳ ва гоҳе баҳсофарин дар таърихи бештар аз 20 соли охири Тоҷикистон будааст. Ӯ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати охирон низ буд, ки аз ваколаташ даст кашид. Бозор Собир ҳамчунин яке аз бунёдгузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон, нахустин ҳизби алтернативӣ ва узви ҳайати раҳбарии созмони Растохез низ буд.

Аммо дар замони ҳиҷрат аз сиёсат канор рафт ва саҳме дар сиёсат надошт. Бо вуҷуди ин номи Бозор Собир дар ҳама ин муддат ба таъбири худаш луқмаи даҳони қаламфарсоён дар матбуоти Тоҷикистон будааст. Бозор Собир дар ин мудат борҳо мақолаҳои баҳсбарангез дар рузномаҳо нашр кардааст.

Гапи аввал дар маҳфилҳо ва доираҳои адабӣ ва матбуоти имрӯзи Душанбе бозгашти Бозор Собир аст. Ин баёнгари он аст, ки шоир ҳамчунон мавқеъ ва нуфузи худро аз даст надодааст.

Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “Душанбе Бозор Собирро дубора ба оғӯш гирифт”

  1. Said Сказал(а):

    Муборак шавад.Кадами аввалини хукумати РАХМОН ба хамзизти,ошти ва бародари.Бенихоят хурсандам.Мутахид шав эй точики чабридида.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.532 seconds.