По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 25.04.2015
 

Душанбе: Мӯҳлати гирифтани патенти муҳоҷирон то 90 рӯз дароз шавад

Тоҷикистон масъалаи нафақаи муҳоҷирони корӣ ва суғуртаи иҷтимоии онҳоро бо ҷониби Русия матраҳ карда, инчунин, хостааст, муҳлати гирифтани патент аз 30 то 90 рӯз тамдид карда шавад.

Омодагӣ ба имзои қарордоди нав миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират идома дорад. Дар он чанд нуктаи муҳим ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Аз ҷумла, ҷониби Русия пешбинӣ кардааст, коршиносони Русия ва мақомоти расмии он ба Тоҷикистон сафар кунанд ва худашон бо ҷалби муҳоҷирони корӣ машғул шаванд. Гузашта аз ин, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад.

Нуктаи дигар ин аст, ки бо пешниҳоди Русия ҷониби Тоҷикистон бояд муҳоҷирони ғайриқонунии худро ҳангоми депорт аз ҳисоби худ ба Ватан баргардонад ва бояд дар ин маврид протоколе ба имзо расад. То ҳол Русия муҳоҷирони ғайриқонуниро дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ медошт ва онҳоро аз ҳисоби худ ба Тоҷикистон депорт мекард. Баъд аз имзои қарордод ва протоколи мазкур харҷи ин корҳо бар дӯши Тоҷикистон хоҳад афтод. Ин ҳуҷҷат “Протокол дар бораи реадмиссия” ном дорад. Аз чанд сол ба ин сӯ ин масъаларо Русия матраҳ мекунад, вале Тоҷикистон онро қабул намекард.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Раёсати муҳоҷирати Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати ин кишвар ин пешбиниҳои ҷониби Русия дар қарордоди навро таъйид кард. Вай ба суоле дар ин бора, ки оё ҷониби Тоҷикистон ҳам пешниҳодҳои худро матраҳ кардааст, изҳор дошт, Душанбе масъалаи нафақаи муҳоҷирон ва суғуртаи иҷтимоии онҳоро матраҳ кардааст. Русия масъалаи нафақаро бо шартҳое пазируфтааст, вале бимаи иҷтимоӣ ё суғуртаи иҷтимоиро рад кардааст. Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад Русия мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани патент аз 30 то ба 90 рӯз тамдид кунад, зеро муҳоҷирон наметавонанд дар давоми як моҳ 8 ҳуҷҷатро таҳия кунанд ва онҳоро барои дарёфти патент супоранд, дар сурате ки ин ҳуҷҷатҳоро онҳо бояд аз муассисаҳои гуногуни Русия бигиранд.

Музокироти ҷонибҳо барои баррасии ин масъалаҳо дар Маскав идома дорад. Ба гуфтаи Қодирӣ, дар ин рӯзҳо як ҳайати кории ҳукумати Тоҷикистон ба сарпарастии Маҳмадуллоев Нурулло – муовини вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав қарор дорад, то дар бораи қарордоди нави миёни Тоҷикистону Русия музокиротро пеш барад. То поёни моҳи май ҳайатҳо ин масъалаҳоро баррасӣ ва қарордоди навро барои имзо омода мекунанд.

БА ҚАРОРДОДИ СОЛИ 2013 ЧӢ ШУД?

Қарордоди нави муҳоҷират аз боздиди 2 апрели Сергей Лавров – вазири корҳои хориҷаи Русия аз Душанбе ва аз боздиди 4 марти соли 2015-и Қоҳир Расулзода – нухуствазири Тоҷикистон аз Маскав сарчашма мегирад. Оқои Лавров дар Душанбе ба матбуот изҳор дошта буд, “ҷонибҳо барои танзими равандҳои муҳоҷират 4 қарордоди дигар таҳия кардаанд ва ҳадафи аслии ин қарордодҳо аз соя берун овардани муҳоҷирони корӣ ва ба коргари комилҳуқуқу ҳимоятшаванда табдил додани онҳост, то касе натавонад дар Русия аз нируи онҳо сӯистифода кунад”.

Бештар аз якуним сол пеш 29 октябри соли 2013 низ ҳукумати Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими муҳоҷирати корӣ қарордод имзо карда буданд. Бар асоси он муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, бидуни берун рафтан аз қаламрави Русия барои 3 сол иҷозаи корӣ бигиранд. Русия ин қарордодро гӯё дар ивази тамдиди 30 солаи ҳузури пойгоҳи 201 худ дар қаламрави Тоҷикистон имзо кард ва гӯиё дар ивази тамдиди 30-сола ба муҳоҷирони тоҷик гузашт кард. Вале мӯҳлати эътибори ин моддаи қарордод на 30 сол, балки як солу як моҳ давом кард.

Сипас моҳҳои ноябр ва декабри соли 2014 қарордоди соли 2013-ро сарфи назар кард ва ба муҳоҷирон фурӯши патентро оғоз намуд. Фурӯши патентҳо ба хотири он буд, ки дар авҷи бӯҳрони иқтисодиву молӣ аз фурӯши патентҳо даромадҳои аз дастрафтаро ҷуброн кунад. Кор бо ин ба поён нарасид. 11 январ Хадамоти муҳоҷирати Русия эълон кард, патентҳои соли 2014 эътибор надоранд ва бояд муҳоҷирон патенти соли 2015-ро бихаранд. Агар сарсониву саргардонии муҳоҷирони кории тоҷикро дар назар нагирем, Русия аз ин “эълон”-и худ танҳо аз муҳоҷирони кории тоҷик ва танҳо аз ҳисоби патентҳои дубора 80 миллион доллар ба таври расмӣ ҷамъ овард. “Чойпулӣ”-е, ки дар саросемагӣ муҳоҷирон тавассути миёнравҳо медоданд, касе ҳисоб накардааст. Каромат Шарипов – раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо муҳоҷирон бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва аз ҳаққи худ дифоъ намоянд, зеро шартномаҳои байниҳукуматӣ нисбат ба дастурҳои даҳонакӣ ё қарорҳои хаттии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бартарӣ дорад.

“ЗӮР” МАНФИАТИ ХУДРО ҲИМОЯ МЕКУНАД

Муҳаммад Амин Маджумдер – раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, ки ба он муҳоҷирони ҳамаи кишварҳо дохил мешаванд, ба Радиои Озодӣ гуфт, моддаҳое, ки Русия дар қарордоди нави муҳоҷират бо Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба нафъи муҳоҷир нест, балки ба нафъи мақомот аст ва кори онҳоро осон мекунад. Онҳо пеш аз таҳияи чунин қарордодҳо бояд ҳаёти муҳоҷиронро хуб омӯзанд, то баъд аз имзо ин қарордодҳо ба ислоҳоту тағирот ниёз пайдо накунанд. Вай мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон низ бояд иҷрои қарордодҳои худро назорат кунад, то Русия ба таври якҷониба мисли қарордоди соли 2013 онҳоро сарфи назар накунад, дар сурате ин қарордодҳои байниҳукуматӣ аз ҳар гуна патент бартарӣ доранд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик низ мегӯяд, “Русия ҳар коре, ки мекунад, ба манфиати худ мекунад. Агар мо натавонистем аз имконоту пешниҳодҳои худ истифода ва ҳимоя кунем, пас он мушкили мост, на мушкили Русия. Тоҷикистон ҳам метавонад дар ивази сарфи назар кардани қарордодҳои муҳоҷират қарордоди пойгоҳи 201 Русияро ба чолиш кашад, чун ин қарордодҳо дуҷониба ҳастанд”.

“БОЗИҲОИ НАВ”-И РУСИЯ БО МУҲОҶИРОН

Вақтҳои охир дар матбуоти Русия аз қавли мақомоти ин кишвар дар бораи баъзе тағйирот сару садо ба роҳ меандозанд. Масалан, Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба “Интерфакс” гуфтааст, дар кӯчаву хиёбонҳои Маскав муҳоҷирон камтар шудаанд. Пештар аз вай Додгоҳи шаҳрии Маскав пешниҳод карда буд, то муҳоҷиронеро, ки қонунро вайрон мекунанд, ба ватанашон депорт накунанд, балки онҳоро ҷарима кунанд. Онҳо ҷаримаро пардохт ва корро идома диҳанд.

Мантиқи ин гуфтаҳо ба ҳам наздиканд ва ниёзи бештари Русия ба муҳоҷирони кориро нишон медиҳанд. Агар қарордоди нави муҳоҷират ба имзо расад, ба эҳтимоли зиёд намояндагии ояндаи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва мақомоти расмии Русия мустақиман ба интихоби муҳоҷирон машғул хоҳанд шуд, зеро қарордод ба онҳо ин ҳақро хоҳад дод. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин миён онҳо беҳтарин мутахассионро аз соҳаҳои гуногун интихоб кунанд ва ба Русия фиристанд. Ба онҳо имтиёзҳое қоил шаванд ва шаҳрвандии кишвари худро диҳанд. Албатта ин кор оғоз шудааст ва шояд суръати бештар ҳам бигирад.

Нурмуҳаммади Холзода

25.04.2015 09:30

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.518 seconds.