По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 05.03.2016
 

Э.Раҳмон квота барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистонро зиёд кард

Э.РахмонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишварро дар соли равон зиёд кардааст.

Бар асоси амри раисиҷумҳур аз моҳи феврал, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, соли 2016 квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба миқдори 8 ҳазор нафар муқаррар шудаст.

Соли гузашта квота барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 ҳазору 800 нафар муқаррар шуда буд, ки асосан ба шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Эрон, Туркия, Русия ва Узбакистон рост меомад.

Дар амри раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаҳои афзалиятнок ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дар асоси санадҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ кор мекунанд, ба ин квота дохил намешаванд. Инчунин квота ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дахл надорад.

http://www.ozodagon.com

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.654 seconds.