По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 15.05.2014
 

ФАТВОИ МУЛЛО АЗАЛШО ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Азбаски дар мӯҳити кӯҳистон ба воя расидаам дар мӯҳити инсонҳои бо ҳама нодорӣ боз ҳам доро ифихор мекунам. Агарчӣ на ҳама донандаи исломанд. Боз ҳам садоқату эҳтиромашонро ба Ватан бо ҳар роҳ зоҳир мекунанд. Ихлосу меҳри беандоза ба халқу диёр доранд. Солҳое, ки донишҷӯ будему бо сабаби маълуму номаълум ҷанги бародаркуш оғоз гардид, ман ҳам дар қатори садҳо донишҷӯён маҷбур шудам, ки пойтахтро тарк намуда, ба зодгоҳам кӯҳистони Дарвоз равам. Ба фикри ман сабабгори ҷанги бародаркуш агар аз як ҷониб таҳмилй бошад, аз ҷониби дигар мусоидати нафарони бо ном «мулову эшонҳо» буданд, ки ба оташи эҳсоси мардум равған рехта, алангаи оташи ҷангро фурӯзонтар кард. Зеро таъсири сухани онҳо қавитар, садояшон баландтар буд.

Мардум бо самимияту назокати суханпароканиҳои афсункоронаи воизону муллову мардуми майдоннишин монда, доду фарёд мекарданд. Чунин эҳсос карда мешуд, ки ҳама аҳли куффор бошанду мусулмонӣ дар пеш аст. Вонамуд мекарданд, ки ҳуқуқи мусулмонон поймол шудаву дигрон бадкешу бадрафтору дузахиёнанд. Ҳаққи кӯдакону фарзандонашонро гӯё рабуда бошанд. Аз ин сабаб ҳукуматдорони номусулмонро cap бояд бурид. Ваъдаи фародои хушу гуворо медоданд. Ба хотири амалӣ шудани ниятҳояшон майдонҳоро ба шури маҳшар монанд карда буданд. Касе намедонист, ки дӯсту, ки душману, кадомин мусулмону кадомин номусулмонанд. Миёни чор кӯӣ бародарону хоҳарони ҷамъомада зору музтар монда буданд. Агарчӣ ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд нафароне, ки гоҳ- гоҳ садову носипосиҳояшон ноҷо ба гӯш мерасаду қалби мардумро аз талошҳои роҳбари давлат тира мегардонанд. Бо рагми ҳама ин носипосиҳо ман боз ҳам Шукронаи марди Худо, бале ман ӯро марди худо, доди худо мегӯям, яъне Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунам. Зеро ҳамин марди Худо буд, ки алайҳи ҳама носипосиву ғаразҳои бо ном «мусулмонон» ба майдон омад, «мусулмонон»-и носеҳу парешонгаштаро ба ҳам овард.

Акунун имрӯз боз ҳам миёни мусулмонони ҷамъгашта нафароне пайдо мешаванд, ки бо ақидаҳои ифротиву тундгароёнаи худ рахна дар дину мазҳаби мардум заданианд. Аслан ман суханро ба дарозо кашиданӣ ҳам нестам. Аммо зуҳури ин ҳама ангезаҳои ботиниву хаёлии ман боз ҳам аз пайдо шунидани чунин муллоҳои мусулмонманишанд, ки дар кӯҳистони Дарвози ман ба чашм мерасад. Ақидаҳои тундгароёна ва якравонаи мулло Бадавдатов Азалшо маро азияти рӯҳӣ медиҳад. Номбурда ақидаҳои ғаразноки худро ба сари мардум таҳмил намуда, миёни мардум шакку шубҳа меандозад.

Чанд рӯз пеш ҳамсояҳо нигаронй доштанд, ки кормандони мақомоти қудратй Азалшо Толибович, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи- Хумби ноҳияи Дарвозро бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ мавриди бозпурсй қарор додаанд.

Бале, «Бе шамол шохи дакрахт намеҷунбад»- мегӯянд мардум. Ҳақиқатан ҳам Бадавлатов Азалшо Толибович ба ба ҳайси муовин ҳамроҳии сархатиби ноҳияи Дарвоз ба масҷидҳои панчвақтаи ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, бо кибру ғурури хеш хондани намози дастачамъиро пас аз хондани намози фарз ба миён гузошт. Дар натиҷа, миёни намозгузорон баҳсу норозигӣ ба миён омад.

Бо ҳамин зиддияту ихтилофот сокинони ноҳияи Дарвоз чандин муддат намозашонро пеш мебурданд. 15 августа соли 2013 муфтии мусалмонони Ҷумҳурии Точикистон Саидмукаррам Абдулодирзода бо нияти аз байн бурдани шакку гумонҳо ба ноҳия ташриф оварда, аз амали номбурда норозигӣ баён кард ва даъват намуд, ки бе ичозати хаттии муфтиёти Ҷумҳурии Точикистон ва ӯ касе ҳуқуқ надорад тариқи хондани намоз ва дуоро иваз намояд. Мардум осудаҳолу хотирчамъ гаштанд,ки худоро шукр ,ки дигар нафаре ба намозгузории сунатии эшон сад нахоҳад гузошт ё онҳоро гумроҳ нахоҳанд кард.

Азалшо ба ҳамон чизе, ки медонад, сахт пойбанд гашта, донистанӣ ва шинохтаи худро раҳо кардан, тағйир додан намехоҳанд. Гузашта аз ин, ин гуна ашхос бар хилофи фармудаи дин, аз ҷумла дини мубини ислом, ҳамон асабияти худро бар дигарон зӯран, иҷборӣ таҳмил кардан мехоҳанд, ҳарфи дигаронро тоқати шунидан надоранд.

Бо вуҷуди ин, Азалшо Бадавлатов дар масҷиди ҷомеъаи ноҳияи Дарвоз, фатвои муфтии мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғалат бароварда, онро бесаводу ноогоҳ нишон дода, пеш аз хондани намози ҷумъа ақидаи худро тағйир надода, боз ҳам байни намозгузорони ноҳияи Дарвоз гумону шубҳаро талқин кард. Боз ҳам фатово медод, ки намози дастаҷамй бояд пас аз намози фарз ба ҷой оварда шавад. Ин рафтори ӯ боиси гумроҳӣ ва ихтилофи динй гаштааст. Ғайр аз ин, баъди ба вазифаи сархатиби ноҳияи Дарвоз таъин шудани Самиев Салим вай сархатибро ба бесаводӣ маҳкум намуда, ҳангоми хондани намози ҷумъа, мардумро даъват мекунад, ки аз паси вай намоз нагузоранд. Бо ҳамин роҳ сархатиби навро иҷозати намозгузорй надода, мағрурона шаҳрванд Исломбек Шамсиддинро пешгузори намоз мемонад. Бо ҳамин баҳона шаъну шарафи сархатиби навтаъиншударо поймол намуда, боиси норозигии мардум гаштааст.

Ҷое хонда будам, ки ифротгароӣ-ҷонибдорӣ кардан аз орову афкор ва рафтору амали аз муросову таҳаммулу мадоро дур ва аз эътидол берун буда cap зада аз ангезаҳои фузунхоҳӣ, зиёдарвай ва ҳоло ба хостаи худ ба ҳар роҳе набошад, расидан аст. Пас ифротгароиву таассуб ҳаммаъноанд, ҳамзоданд ва решай ягона доранд ва бо дин дар таззоданд, чунки дин зиёдаравй,

эътидолнописандиро қабул надорад, баръакс усули дин таҳаммулу сабр ва мусолимат дар муносибот аст. Вақте ин мисраҳоро дар дафтари хотиротам саҳфагардон кардам, мувофиқати онҳоро дар гуфтору рафтори домуллои ҳамдиёрам Бадавлатов Авзалшо Толибшоевич дарёфтам. Бале дар ҳақиқат ӯ мутаассибу ифротгаро аст. Агарчи худро зоҳиран дӯстдори ислому суннат мешуморад, аммо дар ботин мутаассибу чоҳил аст. Якраву шатоқ аст. Ман ҳайронам, ки онҳо умматони Муҳаммади мустафоро ба куҷо мебурда бошанд. Гуфтори зебову аҳодиси набавиро чунон тутивор талқин мекунанд, тутй худ гирифтори ин дом меимонад. Аммо зери ин хама суханони фиребанда, рахна дар дину дунёи мо мезананд. Харфҳои ӯ дар ёдам суханони аллома Муҳаммад Иқболро ба хотир меорад, ки гуфта буд:

Алҳазар аз гармии гуфтори ӯ,

Алҳазар аз ҳарфи паҳлудори ӯ.

Шахсан ман нисбати ислом эҳтироми дораму кӯшиш мекунам, қарзу фарзи иломро саривақт ба ҷой биёварам. Намози бо чамоатро афзалтар мешуморидам. Аммо пас аз тафриқаандозиҳои муллой ҳамдиёрам Азалшо Толибович фикрҳои зиёд маро бо худ гирифта, тарки хонаи худо кардам. Азм кардам, ки дигар ба масчид намеравам. Ман ба касе чизеро талқин карданӣ нестам. Қонун барои ҳамаи мо шукрона озодии вичдону эътиқодро додаст. Аммо аз ҳам ҳамдиёронам хоҳиш мекардам, ки ба ҳарфу ҳиҷои зебоову фиребандаи ин воизони «рангинхаёл» дода нашаванд. Дар зери ҳар суханашон фитнаву асрори мармузе нуҳуфта аст. Сароби хаёлотамонро ба кӯйи сарбаста мебаранд, ки оқибташ танҳо мухолифат аст. Медонам, ки даъвати ислом роҳи ростӣ аст. Ман ҳам даъват мекардам, ки амонатдоронаш моро бо роҳи рост ҳидоят намоянд.

Умаралиев Ш.

сокини ноҳияи Дарвоз <umaraliev79@bk.ru>

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.552 seconds.