Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 03.05.2017
 

ФАВРӢ! ТОҶИРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ КУШТА ШУД

03/05/2017
Бозори “Москва” дар Люблино

Шоми 2 май дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона як соҳибкори тоҷик кушта ва якеи дигар сахт захмӣ шудааст. Анварҷон Ибодов ва Акбарҷони Акрамҷон дар фурӯшгоҳ ё бозори “Москва” дар минтақаи Люблино ба тиҷорат машғул буданд.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия хабар дод, ки шоми 2 май ду соҳибкори тоҷҷик дар шаҳри Маскав ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки дар назди корпуси аввали бинои рақами 37 дар кӯчаи Верхнее поле дар пойтахти Русия сурат гирифт, Анварҷон Иноятович Ибодов, санаи таваллудаш 10.04.1985, зодаи ноҳияи Хуросон кушта ва Акбарҷони Акрамҷон, санаи таваллудаш 01.03.1993, захмӣ шудааст.

Анварҷон Ибодов ва Акбарҷони Акрамҷон дар ТЯЦ “Москва”, як фурӯшгоҳ ё бозори маъруф дар минтақаи Люблино машғули тиҷорат буданд.

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ба сомонаи “Ахбор” гуфт, ҳардуро баъди ин ҳамла бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони ГКБ № 68-и ноҳияи Люблино бурдаанд, вале “Анварҷон Ибодов дигар ба ҳуш наомада, аз дунё гузашт. Ҷасади ӯро ба мурдахона бурдаанд. Акбарҷони Акрамҷонро рӯзи 3 май аз бемористони ГКБ № 68 ҷавоб додааанд.”

Наздикони Анварҷон ва Акбарҷон гуфтааанд, дар пушти гурӯҳе, ки ин сӯиқасд ба ҷони ин ду соҳибкори тоҷикро ташкил кард, “мафия”-и тоҷикҳои бозори Люблино истодааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД


Похожие записи:

    Не найдено.

Один комментарий to “ФАВРӢ! ТОҶИРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ КУШТА ШУД”

  1. Мухриддин аз райони Айни Сказал(а):

    Мухтарам Каромат Шарипов, аввало аз Худои таъоло тансихати, хонаободи ва умри дарозро хохонам, Худоё ба Шумо ба хамаи орзую амалхоятон барори корро адо намояд. Ман кариб хамаи роликхою хабархои Шуморо бо як сари баланд, бо ифтихор аз он ки Шумо хамватану хамхуни мо хастед, ва хамаи мо Точикони гарибу мухочирро дар холатхои вазнин дастгири менамоед, нигох накарда ба он ки чи кадар беадолатию пастиро ба Шумоён нишон медиханд, кош мисли Шумо Точикони мо ба ору номусдор зиёд мешуданду намегзоштанд, ки хар як кучагарди дигар, онхоро пасту сарзаниш мекард, холо он ки ин одамони бехудо аз фоидаю захматхои мо бехабар, ки мо имруз дар давлати инхоем ва аз онхо зиёдтар фоида меорем, барои патент 4200 хар мох, регистрации се моха дар асоси патент як мохаш 2500 баъди он ду мохи дигараш 500, ин авбошияшон дар инхо наметобаду танхо моро пастзани тамом, пуламон ба бучаи давлат нагз худамон ганда.
    Мухтарам Каромат Шарипов барои хамаи захмату мехнатхоятон, барои кушишу хизматхоятон, аввало ба Шумо ва ба хамаи онхое, ки шабу рузашонро дарег намедоранд аз самими дил минатдориямро баён менамоям, Худоё хамеша Шуморо дар панохаш нигохбон бошад.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.637 seconds.