По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 04.12.2012
 

Форсӣ ё тоҷикӣ

Як идда нишонаву аломатҳои маргбори забони тоҷикӣ

Аз тамоми ину он гумкардагон,

Зиштрутар нест дар руи ҷаҳон.

3-он ки гум карда забони модари

Ҳарф гуяд бо ту бо чандин забон

(Лоиқ)

Имрӯз бештари мардуми мо дар ғами як пора нону фарзанду зананд на дар андешаи ному фарҳангу забони худ. Забоне ки мо тоҷикон имруз ба у ифтихор кунон забони давлатӣ номида ме-фахрем ногуфта намонад,ки сахт олуда ва носуфта аст.

Аломату нишонаҳое ,ки забони тоҷикии асилро ба вартаи ҳалокат наздик карда ба як забони нима-русӣ ва нимаузбакӣ мубадал карда аст аз назари банда ин гӯишҳо ба забони узбакию русӣ омехта кардан аст.Ба ҳамаи мо маълум аст ,ки забони шаҳрҳои Бухоро ,Самарқанд, Уротеппа ва Хуҷанд бешаку шубҳа аз таъсири турктозии узбакӣ ва ихтилолоти луғат адодҳои узбакӣ холи нест. . .

“ Ота” (падар),”оча”(модар) ,”ака”(бародар),”келин”(арӯс), “киёва”(домод),“қатиқ” (дуғ), “милтиқ” (туфанг), “қилиқ” (рафтори бад), “қазон” (дег), “қошуқ”(чуча) “чимилиқ” (чодар\парда), “қалам-фур”(занҷабил) “юрт” (хайма), “қариндош” (ошно) … мисли инҳо бешумор калимоту ибораҳои тоҷикӣ,ки ганҷинаи бебаҳои забонанд, рӯ ба нобуди овардаанд. Омили дигаре, ки забонро аз асли худ бештар гусаста карда тавонист читавре,ки дар боло зикр кардем гӯишҳо ба забони русист. Ба ҳамагон маълумаст,ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ ҳукумфармо буд. Ба ин хотир ба забони тоҷикӣ ҳазорон калимаҳои русӣ ва ба истилоҳ русӣ-интернатсионалӣ ворид гардид,ки то баҳол дар идороти ҳукуматиӣ, вазоратхонаҳо,донишгадаҳо …..як беэҳтиромии маҳз нисбат ба забони тоҷикӣ ҳукумфармо буда аз сабаби забони худро хуб надониста дар суханрониҳо аз калимоти русӣ истифода мекунем ; студент(донишҷӯ) , институт (донишсаро), университет (донишгоҳ), факул-тет (донишкада), …..

прокурор ( додситон), судя (додгустар ),аэропорт (фурудгоҳ) поворот (гардиш) самолёт (ҳавопаймо), ……. Инҳо ва садҳо намунаҳои дигаре, ки барои оварданашон дар ин ҷо маҷоле нест, аз гузаштаҳои садсола ба беморӣ гирифтор кардани забони тоҷикӣ огоҳӣ ва гувоҳӣ медиҳанд.

Агар чунин аст, пас аз гузашти сад соли дигар забони форсии тоҷикӣ то чӣ андоза аз асли худ дур хохад рафт ? Ё шояд комилан аз байн равад ва танҳо коршиносон ( мисли хаташ) онро ҳамчун “Забони ниёгон омузанд” ? Ё шояд сад сол пас наберагони мо “Шоҳнома” и Фирдавсӣ ва дигар навиштаҷоту назми оламгири форсиро дар тарҷума бихонанд. Пушида нест,ки имруз вақто фарзанди тоҷикро китоби шоҳнома ё гулистону маснавиро дода мегуйи бигир хон дарҷавоб мешунавем аз онҳо, ки “мо китоби эрониҳоро хонда наметавонам” .Пас аз шунидани ин ҷавоб дар ҳаяҷо монда чи гуфтанамонро надониста марг бар душманони хату забони форсӣ ва марг бар хоинони миллати форсӣ тоҷик гуфта дар фаҳмондан медароем.

Аз ҳайбати таърихияш овора баҷо монд.

Як боғи пур аз офату бемор баҷо монд.

Бале ба ҳамагон маълумаст сабаби аз асли хеш дуршудану гумроҳу гумном мондани ҷавонони имруза. Яқинан зиёни ҳамон гуруҳи дастпарвари пантуркону русҳоянд, ки дар байни мардум сиё-сати пантуркизмро пеш бурда тоҷикиро аз форсӣ ҷудо дониста, муқобили эҳёи алифбои ниёгон буда, худро ҳамчун милати форсӣ тоҷик неву “тоҷикӣ нави тоҷикистонии (асри 20 уми фарзандони шурави)” шумурда ташфиқот зиди забону миллати форсӣ тоҷик мебаранд .Ин гумроҳон вақто забони форсиро аз тоҷикӣ ҷудо дониста хати ниёгонро бегона мешуморанд. Пас чӣ ҳуқуқ доранд, ки шои-рони асили форсро “аз худ” мекунанд. Фирдавсӣ дар куҷо гуфтааст, ки “Аҷам зиндакардам бадин тоҷикӣ . Балки Фирдавсӣ ба сароҳати тамом мегуяд, за¬бони ман форсист “Ачам зинда кар¬дам бад ин порсӣ”. Ё дар гуҷо шунидед,ки гуфтабошанд“Рудакӣ падари шеъри точикӣ”. Ҳамаи мардуми форсӣ забонони ҷаҳон рудакиро падари шери форсӣ меҳисобанд на тоҷикӣ. Ё то баҳол дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро дидед, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй,Саъди, Мавлонои Руми, Хаём…. аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар ҳама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Пас маълум мегартад,ки забоне бономи тоҷикӣ то ин давр набудааст. Мо тоҷикон маъруфем дар ҷаҳон бо забони “форсии дарӣ”( форсии хуросонӣ ё форсии мовароуннаҳрӣ).

Бок не, гар довари гум кардааст,

Ё умеди сарвари гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар кассе,

К-у забони модари гумм кардааст.

(Лоиқ)

Форсӣ ё тоҷикӣ

Аз назари илми забоншиносӣ таърихи таҳаввули форсиро, ки аз ҷумла забони модарии мо низ ҳаст, олимону муарихони забоншинос ба се давр бахш кардаанд: форсийи бостон, форсийи миёна ва фор-сийи навин. Ва дар ин даврабандӣ исме аз “тоҷикӣ” нест. Агар мо ба таърихи адабиёти беш аз ҳазор-солаҳои худ нигарем бузургтарин осори форсиро(порсӣ) бухороиёну балхиёну эрониён, ки дар до-мони Сомониёни ба воя расида буданд, навиштаанд. Ҳеҷ шоире аз Фирдавсӣ то охирин шоири кла-сики форсӣ тоҷик Муҳаммад Иқбол дар ҳеҷ ҷойе надидаам гуфта бошанд, ки мо тоҷикӣ навиштаем, балки фармудаанд мо форсӣ ё дарӣ гуфтаем:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!

(Фирдавсӣ)

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-ин қанди форсӣ, ки ба Банғола меравад!

(Ҳофиз)

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст!

(Иқбол)

Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,

Дарӣ назм кардан сазовори ӯст!

(Низомӣ)

Мо мардуми форсӣ тоҷик баъд аз барҳам хурдани шурави каме бо нангу ору номус шуда даст ба дасту мутаҳид гардида то ҷойе ба асли худ баргашта дар Қонуни забони кишвар вожайи “форсӣ” дар қавсайн бошад ҳам тавонистем ворид карда. Аммо афсусу садафсус ки аз ноогоҳию нодонӣ ё аз хиёнаткори соли 1994 даст бар иштибоҳи нобахшидание задем,ки ҳаргиз доғаш аз дили мардуми форсӣ тоҷикӣ асил то барузи қиёмат нахохад рафт. Суиқасд ба яке муқаддасоти мо, яънӣ ба забони модариамон бо ҳирсу ҳасодату нафрати тамом “форсӣ”-ро ҳатто дар қавсайн ҳам нагузошта сарнагум карданд. Ва душманони хату забони форсӣ тоҷик дониста бошанд,ки ин хиёнаткориашон фаромӯш нашудааст ва дар таърих бо ҷузъиёташ боқӣ хоҳад монд.

Мо инро бояд донистабошем ,ки агар мо ба мантиқи ин бехирадон амал кунем мо читавре,ки са-марқанду бухорову алифбои ниёгони худро азони худ надониста аз даст додем забонроҳам аз даст дода ҳамаи шоирони класики худро форсу эрони дониста ғуломи зархариди пантуркону русо шуда мемонем. Ва ҳар як фарди тоҷикӣ асил дониста бошад,ки самарканду бухороро моли худ нашумур-дан ва ҳарфу забони форсиро ҳарфу забони худ нашумурдан ин аз модари худ руй гардонидан аст . Мо тоҷикон бе алифбои ниёгони худ ҳеҷем зеро аз 100% меҳроси гаронсанги фарҳангамон ҳамаги 5% ба хати кирилӣ дастёб асту тамом ва аз боқимондааш бехабарем. Баин аҳвол, пас чигуна метавонем аз хати форсӣ дар шинохти гузаштаи худ бениёз бошем?.

Тамбалию беэътибори ё душмани

Имруз чаро мо баҳарфи худ дубора бар гашта наметавонем .Узбако бо он содагии турконаашон та-вонистан баъди барҳам хурдани шурави аз хати кирилӣ ба лотини гузаранд. Аммо мо бошем аз хати 1000 солаи ниёгони худ руй гардонида мегуйем ин хат ба мо бегона аст ё баҳонаеро пеш оварда мегуйем агар мо бахати ниёгони худ бар гардем аз ҷомиа қафо мемонем. Бегона парастиву турктозиҳомон то ҳаде расидааст, ки писари тоҷик забону мактаби худро монда дар коледжҳои туркӣ забони туркӣ меомузад. Дар шаҳр бошад мардуми шаҳр забону ойини тоҷикиро монда сарулибоси мардуми аврупоро,ки тамоми баданаш намоён аст пушида сару руйи худро ранг карда дунбола-равии кӯр кӯрона ба бегонагон карда, усулан байни худ бо забони русӣ гуфтугӯ карда,ҳатто номҳои

худро аз тоҷикӣ ба усули русӣ гардонидаанд .Ва инчунин дар синамо бошад вақто номи як сароянда дар руйи ойинаи синамо навишта мешавад бо ҳуруфи лотини навишта намоёнда мешавад на ба кирилӣ наход,ки ҳарфи ниёгонамон беҳтар аз хати лотинии имрузаи туркнажодон набошад. Ё нуқтаи дигар ин,ки вақто дар мобил пул мегузорем дар ҷавоб аз “смс” бо ҳуруфи лотини ва бо долари амрикойи нишон дода мешавад на ба пули миллию на ба ҳуруфи ниёгон.

Дар поёни ин гуфтаҳо гуфтаниам, ки то ба хати ниёгони худ рӯ наоварем ва забонро аз барсохтаҳои пантуркизму русизм пок насозем, забони форсии худро дуст дошта забони модарии худ нашуморему дубора барқарор накунем мо тоҷикон ҳаргиз бо забони адабии хеш гуфтору навиштори солим нахоҳем дошт. Ин худбузургбиниҳои бепояву бемояро боясти канор гузошта, аз пайи баргашт ба хату забони адабии форсии тоҷикӣ гашт.

Хайриддини Абдулло

Похожие записи:

    Не найдено.

2 Комментариев to “Форсӣ ё тоҷикӣ”

  1. Сорбон Сказал(а):

    Офарин домулло бархак аст.Ахсанту саламно! Хар кас,ки ба лафзи худ забондон бувад,Донистани сад забон осон бувад.(Лоики шодравон)

  2. Салом Сказал(а):

    Окои Хайриддини Абдулло! Барои дар ин мавзуъ бахс кардан саводатон ками мекунад.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.511 seconds.