По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 08.02.2018
 

Глава таджикской диаспоры России, Президент Федерации мигрантов СНГ, гражданин РФ Каромат Шарипов обратился к Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону

Конституция Республика Таджикистан от 06.11.1994Глава таджикской диаспоры России, Президент Федерации мигрантов СНГ, гражданин РФ, Ветеран Вооруженных сил РФ  Каромат Шарипов обратился к Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону, Председателю таджиков мира с заявлением привлечь к ответственности и наказать виновных сотрудников, которые пренебрегают и нарушают Конституцию Суверенной Республики Таджикистан.

Ба Президенти Чумхурии Точикистон,

Раиси Точикони Дунё, мухтарам Эмомали Рахмон

Ба Раиси Мачлиси Миллии Чумхурии Тољикистон

Махмадсаид Убайдуллоев

Ба Раиси Мачлиси Намояндагони Чумхурии

Точикистон Шукурчон Зухуров

Ба вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон

Аслов Сирочиддин

Ба Раиси кумитаи Амнияти Милли Чумхурии

Точикистон Ятимов Саймумин Сатторович

Ба ваколатдори оид ба хукуки инсон дар Чумхурии

Точикистон Ализода Зариф

Аз номи рохбари чамъияти умумируссиявии

чунбиши мухочирони мехнатии Точикистон

(шахрванди Федератсияи Руссия)

Шарипов Каромат Бакоевич

сурогаи мувакатии ман: шахри Душанбе нохияи

Сино 2 кучаи Тунис 9 кв. 57

раками телефонхо: 901-51-30-55; 93-474-03-71

почтаи электрони: tojikdiaspor@mail.ru

Муроҷиатнома

Ҷаноби Президент, Раиси точикони дунё!   Маро имруз қонуншиканиҳои баъзе аз ашхоси алоҳидаи сохторҳои қудратии давлатӣ, аз ҷумла  Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ҳуқуқи шаҳравандони моро бояд дар хориҷи кишвар дифоъ кунад, вале мутаассифона эҳсос мегардад, ки гоҳо қонунҳои  давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро поймол менамоянд,  пас аз муроҷиати ман ба ин сохторҳо ки нусхаҳои ҷавобҳои онҳоро дар даст дорам, маҷбур сохт то вақти пурқиммати Шумо  Чаноби президент,  асли воқеаро рӯи коғаз биёрам.

Ман  тоҷикам,  зодаи ин диёрам , гарчанде  шаҳрвандии давлати Руссияро доштам.  Айни ҳол шаҳодатномаи ҳеҷ давлатеро надорам ва муввақатан маро муқими Тоҷикистон намуданд аммо бо розигии ман дар давлати рус оиди баргардонидани  шаҳодатномаи шаҳрвандии ман ҳуқуқудонҳои (адвокат) Руссия талош доранд. Дар ҳолати барқарор нашудани адолат ман ва ваилони дифоям  ба Суди Аврупоӣ муроҷиат хоҳем кард.

Падари чор фарзанд ва се набера мебошам,  онҳо низ шаҳрвандони  Федератсияи Руссия мебошанд. Ҳамсарам низ шањрванди Руссияро дорад, дар нафақа мебошад. Хатмкардаи мактаби олии харбию сиёсӣ дар давраи Шуравӣ ва инчунин хатмкардаи Академия дар назди Президенти Федератсияи Руссия мебошам.  Аз соли 2001 то ин дам роҳбари ҷамъияти умумируссиягии Тоҷик-диаспор,  ки вазифаи ҳамаи мо аъзоёни Шуро ҳимояи ҳуқуқҳои инсонии нисбати тоҷику тоҷикистониёни муҳоҷири ба Руссия қарор дошта мебошад. Аввалин ҷамъияте аз гуфтани калимаи Тоҷик наҳаросид аз гузаштагонаш ифтихор намуд, гарчанде яке метарсиду дигаре моро маслиҳат медод аз ин ном парҳез кунем.

Манзили зисти ман ва ахли оилаам низ дар каламрави Руссия ҷойгир аст. Ман ҳеҷ гоҳ шаҳрвандии Тоҷикистон надоштам ва манзили зист хам дар Тоҷикистон надорам ва  ин вобастагӣ дошт аз ҳолати касбии ман. Пас аз пошхурии давлати Шуравӣ ман дар сафи Артиши Руссия мондам ва аз соли 1999 нафақахури ҳарбӣ мебошам. Зиеда аз 20 соли ҳаётам бо аҳли оилаам  дар сафи Қувваҳои муссалаҳи Артиши Шуравӣ ва Руссия гузаштааст.  Аз давлати абаркудрати Шуравӣ нишоне намонд,  дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд,  ки аз худ қурбониҳои зиёдеро гузошт ва ҳамин сабаб гашт то як қисми  мардум баробари дигар халқхои собиқи Шуравӣ барои дарёфти як бурда нон муҳоҷиратро интихоб намоянд.  Онҳое,  ки барои дарёфти ризқу рузии худ берун аз ватан рафтанд ба Шумо низ маълум аст, ки  ба мушкилотҳои зиёде ру ба ру шуданд.

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист.?

Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад .

(Мирзо Абдулкодири Бедил)

Бале,  онҳо зери таҳқиру озори худию бегона монданд аз ҳама мардуми беҳуқуқ мутаассифона халқи қадимаву пуршарафи Тоҷик ба шумор мерафт дар солҳои аввали муҳоҷират.  Љаноби Президент дар баромадҳои худ доимо оиди ҳисси баланди миллӣ, иттиҳоду ягонагӣ сухан мерондед,  мо шахсони бонангро бетараф намегузошт ва аз тоҷик буданатон ифтихор кардани Шумо низ моро  бетараф нагузошт. Ин ҳама беадолатиҳо нисбати ин мардуми аз дасти худию бегона ба дод омада,  моро водор намуд онҳоро аз чанголи бадхоҳони миллат халос намоем. Дар назди худ мақсад гузоштам ҳар коре аз дастам меомадаро дарег намедорам, роҳ як аст мегуфтам шабу руз,  ҳимояи ҳамдиёрони хеш ва раҳоӣ аз азобу шиканҷа ва таҳқири миллатам.  Ин ҳақиқате буд, ки ман бо чашми худ дидаю бо қалби худ эҳсос кардам, маҳз ҳамин  ноадолатиҳо ва саргардониҳои бачаҳои тоҷик маро  барои ташкил намудани ташкилоти ҷамъияти замина фароҳам овард

Муҳтарам Љаноби Президент! Хизматҳои ман ва ҳаммаслаконам нисбати миллати тоҷику тоҷикистониён дар мудати 17 – сол барои садҳо ҳазор ҳамдиёрони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда,  умеди наверо зинда гардонид,  ин аст интихоби ман ва дар оянда ҳам давом хоҳам дод. Чизи дигарро низ  бояд кайд намоям,  ки ҳамин меҳнати шабонарузии  Ҷамъияти Ҷунбиши Умумируссиягии муҳоҷирони меҳнатӣ  буд, ки намояндаҳои  Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 2011 таваҷҷуҳ  ба кору фаъолияти  мо,  ки ҳифзу ҳимояи мардуми муҳоҷири дурр аз Ватан  манбаи асосии кори  Тоҷик-диаспор  буд,  назари нек  намуда,   бо мо ҳамкорӣ намуданд. Ман гуфта будаму ва боз мегуям ҳар кассе, ки ғамхори ин миллату ин давлат аст ҳеҷ гоҳ кумаки худро дарег намедорам ва ҳамеша омодаам дастгириашон намоям.

Ҷаноби Президент!  Ба Шумо чун ба Раиси Тоҷикони  дунё бо мақсади асосӣ муроҷиати худро гуфтаниам,  имруз душманони миллати мову шумо ки дар дохил ва берун дар мансабҳои гуногун адои вазифа менамоянд,  худашонро шоху табъашонро вазир гумон карда,  ба беадолатию қонуншиканиҳо даст мезананд. Ман боре аз касе мансаб ё мақоме талаб накардаам,  аммо барои ҳуқуқи худаму ҳамдиёронамон  аз мубориза наҳаросидаам.  Асоси давлату давлатдори Конститутсияи ҳамон давлат мебошад ва касе ҳаққи поймол кардани онро надорад. Онҳое,  ки қонуншиканӣ мекунанд ин маънои онро дорад, ки ба халқу давлати худ хиёнат мекунанд,  ки ин суханҳо борҳо дар гуфтаҳои шумо муҳатарм президент  қайд шудааст.

Ҷаноби Президент!  Мудати 50 руз ки ман дар Тоҷикистонам ба ҳамаи сохторҳои Қудратии кишвар муроҷиат намудаам нисбати худаму аҳли оилаам ва ҷавобҳои онҳоро низ дар дар даст дорам .Ба амали зиште ки нисбати ман ки ҳеҷ асосе надорад ва ҳамин ҳуҷатти қалбакии бо ном,  ки ман гуё шаҳрванди Чумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошам буд,  ки маро бо қарори суди давлати Руссия аз хоки Руссия берун карданд. Шахсан сафири имруза Иммомуддин Сатторович Мирзоев дар Федератсия Руссия ягон талош накард, то ҳуқуқҳои маро дифоъ кунад, ин кас хуб медонанд, ки ман ҳамеша ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳифз мекардам, дар ҳама мушкилиҳо бари онҳо будам, замоне, ки намояндаҳои Сафорати Тоҷикистон дар хобби ноз буданд, ман алакай садҳо мушкилии муҳочирони тоҷикро ҳал менамудам. Сафорат боре ҳам дунболи мушкилии муҳоҷирон намеравад ва  бештари коре ки дар салоҳияти касбии онҳо буд ман мекардам. Пас чаро дар чунин ҳолат аз ман пуштибонӣ накарданд, даъво набурданд?

Хакикатеро бояд кайд кунам, ки корманди вазорати корхои хоричи Точикистон Мухаммади Эгамзод ба миллату мардуми ман нафрат дорад, ва дар ин бозихо сахми ин шахсият зиёд аст. Ин хиёнати ошкоро мебошад.

Имруз дар Тоҷикистонам ба худ савол медиҳам, ки  чаро шахсе ки хиёнат накардааст на ба Руссияе ки қисми зиёди умрашро барои ҳимояи он давлат сарф кард  ва на Тоҷикистоне,  ки барои ҳамдиёрони худ овоз баланд карду як шахсияти беҳуҷҷату муввақатан иҷоранишин шудааст.  Танхо ҳисси баланди миллии ман сабаб шудааст,  то ин мушкилиҳои тоқатнофарсоро  болои сари ман оранд, маро борҳо гуфтанд, чаро дигарон хомушанду шумо бошед хомуш намеистед.

Ҷаноби Президент! Вақте сухан сари ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷири саргардон меравад, ман ҳеҷ гоҳ хомуш буда наметавонам, ин роҳи ман аст, роҳе, ки ман интихоб кардам, роҳе, ки барои ман мисли хонаам аст, мисли фарзандонам аст. Ман ин роҳро, ки ҳимоя аз Ҳамватанам аст, тарк карда наметавонам. Ман тули 17 соли ин кори бароям пуршараф аз назди зану фарзандонам, бо муҳоҷирон бештар будам, дар хона маро хуб мефаҳмиданд, мегуфтанд ман бояд муҳоҷири тоҷикро пуштибонӣ кунам. Ман дар кишвари дур фарзандонамро дар  руҳияи ватандустӣ ва кумак ба ҳамватанон тарбият кардам. Ва ин Ҷаноби Президент, рисолати инсонии ман назди Ватану халқам аст. Умеди ман ба Шумост! Шумо фарзанди бонанги Модари тоҷик ҳастед, ҳар амали ҷавонмардонаи Шумо муҳтарам Президент, боиси  ифтихори мо Тоҷикони руи дунёст. Мо низ бо пайрави аз Шумо кушиш мекунем, то ҳар куҷо ҳастем барои Миллату халқамон содиқона хизмат намоем.

Муҳтарам Президент!

Ин аст мақсаду мароми ман ва ҳамфикрони ман. Ва маҳз ҳамин наздикӣ  бо халқ буд,  ки имруз миллионњо мардуми тоҷик ба воситаи сомонаҳои дохилию беруна бо ман тамос доранд. Муҳаббату эҳтироми онҳо собит кард, ки меҳнати чандин солаи мо беҳуда нарафта будааст.

Ҷаноби Президент!  Ман омодаам пас аз баҳсҳои судӣ ва барқарор кардани адолат нисбати ҳуқуқҳои худ ба Шумо Раиси тољикони дунё,  дар бораи ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конститутсия кишварамон  муроҷиат намоям.

Замима : Як нусха  рузномаи  «Овози Точикистонихо», «Голос Таджикистанцев»      № 87, иборат аз  12 – сахифа.  Рузнома аз тарафи чамъияти  чунбиши умумируссиявии мухочирони мехнатии Точикистон ба чоп мерасад. Дар як мох бо адади 50- хазор нусха чоп мешавад.

Бо эҳтироми зиёд ва сипос

Роҳбари Ҷамъияти Ҷунбиши Умумируссиявии

Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон

Шарипов Каромат Бақоевич

ш. Душанбе  «05»  феврал  2018с.

IMG_1882IMG_1880IMG_1881IMG_1883

Похожие записи:

4 Комментариев to “Глава таджикской диаспоры России, Президент Федерации мигрантов СНГ, гражданин РФ Каромат Шарипов обратился к Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону”

  1. Соня Соня Сказал(а):

    САЛОМ ДУРУД АЗ НОМИ ЯК НАФАР МУХОЧИРЗАНЕ,КИ ХОЛО ДАР Ш.МОСКАВ КАРОРДОРАМ БА ЧАНОБИ ОЛИ МЕРАСОНАМ. ЧАНОБИ ОЛИ МО АЗ ДУРИХОИ ДУР ХАМЕША АЗ ДАРГОХИ ХУДО ДУОИ ЧОНИ ШУМОРРО КАРДА, ШУКРОНАИ ТИНЧИ ШУКРОНАИ ОЗОДИ, ШУКРОНАИ СУЛХРО МЕКУНЕМ, КИ АЛБАТА ИН ХАМА БО САЙРУ КУШИШИ ЗИЁДИ ШУМО ШУДААСТ. АЗ ШУМО ХОХИШ МЕКУНЕМ, КИ БА АККАИ КАРОМАТ ШАРИПОВ ЁРИ ДИХЕД, ЧУНКИ ОН КАС ХАМЕША ДАР ТАМОМИ ЧОРАБИНИХХОЕ,КИ ДАР МОСКАВ МЕГУЗАШТ АЛБАТА ПАРЧАМИ МИЛЛИ ВА ШУКРОНАИ ДАВЛАТИ СОХИБИСТИКЛОЛ ВА НОМИ ДАВЛАТУ НОМИ НЕКИ ШУМО БАР ЗАБОНИ АККАИ КАРОМАТ БУДАНД. МО ИТМИНОНДОРЕМ,КИ МАРДИ ДИЛСУЗ ХАСТЕТ, ВА МЕХРУБОН ХАСТЕД, ВА АЛБАТА НОМАИ ОН КАСРО БЕ АХАМИЯТ НАМЕГУЗОРЕД. БОКИ САРБАЛАНДУ САОДАТМАНДУ САЛОМАТ БАР САРИ МО ТОЧИКОН ХАМЧУН ОФТОБИ НУРФИШОН БАР САРИ МО БОШЕД. БО ЭХТИРОМ ЯК ГУРУХ МУХОЧИРОНЕ,КИ ХОЛО ДАР МОСКАВ КАРОР ДОРЕМ, ВА НОМАИ СИПОС БА ШУМО ИСРОР КАРДЕМ.

  2. Мая Азимова Сказал(а):

    Шумо зодаи Точикистонед! Хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар гуфтиян. Хубаш кушиш кунед, ки мардуми Точик ба Ватан баргардан ва ба ками каноат кунанд. Сад накунем гариби ва Мулки Мардум аз мо нест. Бигзор гадо бошем, дар хоки Ватан бошем. Инка Чавоноера ки мурдаяшона мебаранд, хубаш кам ебему мурдаамон дар Ватани худамон бо обруйи Мухаммади ба хок равад. Ман дуо мекунам, ки Мардуи шарифи Точик хамеша дар Ватани худ бошанду сарбаланд зиндаги кунанд! Омин!

  3. обсуждение на ютубе Сказал(а):

    RIOT_TV VEANIDO
    иншоАЛЛОх бехтарин кормешава барой Халки точикистон обу Руй точикора бардоран боломакомони чумхури точикистон каромат Шарипов барой Халки точикистон хизматхой зиёдкадагияан

    Руслан Сайтиев

    Зачем обращаться к Рахмону он все равно ничего не сделает для таджиков

  4. обсуждение на ютубе Сказал(а):

    Firuz Ziyoev

    Салом алекум!
    Ман хелло хурсанд хастам ки блогери Точик хаминхел фахмиш дорад.
    Хелло кори хуб мешид агар Правительстваи Точикистон ба Каромат Шарипов медали кахрамони Точикистонро медодан.
    И кто согласен сомной?

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.639 seconds.