По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 12.02.2018
 

Иқтибосе чанд аз суханрониҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Иқтибосе чанд аз суханрониҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев:Фото Мардихудо Давлатова.

- Даркор шавад, аз мансаб меравам, аммо имону виҷдони худро намефурӯшам.

- Шиори асосии ман:”Аввал Худо, баьд қонун!”.

- Биёед ошкор гӯем, рақамҳое, ки дар ҳисоботатон медиҳед, воқеӣ нестанд. Бадбахтии мо дар дуруғгӯист.

- Ҳангоми сафари хидматиам ба Аврупо таи 12-15 соат Қуръон хондам. Ана роҳат!

- Президентро на ман Президент кардам, на шумо. Ӯро Худованд Президент кардааст.

- Мо танҳо барои интихобот не, бояд доимӣ мисле кор кунем, ки ҳар рӯз интихобот дорем.

- Ба Худо қасам, ба писари амакам аз ҳисоби шаҳр хона надодам. Худораҳматӣ дар хонаи иҷора сафари охират кард.

- Ман қавл додам, ки пас аз 63 солагӣ гапи сахту дурушт намегӯям. Имрӯз дидед? Убайдуллоев худро контрол карда метавонад!

- Биёед имсолро соли мубориза бо дуруғгӯӣ эьлон кунем.

- Роҳи муборизаи ман бо душманонам як аст- кори масъулиятнок!

- Идеал барои мову Шумо Худованд ва Ҳазрати Муҳаммад (с в) аст.

- Шояд мепурсед, ки раиси шаҳр чаро ба нафақа намеравад? Зеро, тибқи қонунгузорӣ ин салоҳияти роҳбари давлат аст, ки маълум намояд: кӣ ба нафақа равад, кӣ не!

- Тафаккури “Ман роҳбар!”- ро бояд бо фаҳмиши “Ман дар хидмати халқам” иваз намуд.

- Синфи 8 мехондам. Ҳамсояамон барои куштани мурғ даьватам намуд. Натавонистам. Аз ҳамон вақт ҳис кардам, ки куштан кори ман нест.

- Ҳаромхӯриро бас кунед! Ман бо чашмони худ дидам, ки одамон бо чӣ азобҳо ҷон медоданд. Оқибати коратонро фикр кунед…

- Ман дар хонаам на сантехник мекобам, на электрик. Зеро худам ин ҳунарҳоро дорам.

- Ягон бор дидаву шунидаед, ки ман ягон тӯйи хонаводагиамро бодабдабаву аз талаботи қонун берун карда бошам? Аммо овозаи тӯйҳои бархе мансабдорони сатҳи паст ба мо ҳам мерасад.

- Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд.
Раҷаб Мирзо

Похожие записи:

    Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.668 seconds.