По многочисленным просьбам соотечественников размещаем мобильный номер Президента Федерации мигрантов СНГ, Каромата Шарипова в г.Душанбе +992901513055; вайбер и ватцап +79253818555
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.06.2011
 

Изҳороти Каромат Шарифов дар мавриди муҳоҷирони корӣ. karomatМаскав. 11-уми июн

karomatМаскав. 11-уми июни 2011 с. аск

TojNews – Раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирини кории тоҷик» Каромат Шарифов дар хусуси дар шуури мардуми Русия ҳамчун душмани мардуми маҳаллӣ муаррифӣ кардани симои муҳоҷирини корӣ изҳорот пахш кардааст.

«Бо ин вуҷуд, ки аз телевизиони ТНТ қаҳрамонони барномаи таҳқирии «Наша Раша» – муҳоҷирини корӣ Равшан ва Ҷамшуд бардошта шудаанд, аммо нуфуз ва манзалати он имрӯз хоби сарварони алоҳидаи сиёсиеро, ки дар мубориза барои гирифтани раъйи бештари мардум беистиҳола аз амалҳои «сотсиал- шовинизм» кор гирифта, аз мушкилоти иҷтимоии мардуми рус ба манфиати худ холи иловагӣ касб карданианд, ҳаром кардааст»,- гуфта мешавад дар изҳорот.

Каромат Шарифов дар изҳороти худ ба паҳлӯҳои дигари муҳоҷирати корӣ низ дахл кардааст.

Паҳлуҳои мазкур бад-ин тартибанд: «Аъзои ҲКФР (КПРФ), онҳое, ки дар барномаҳояшон «мусоидат ба дастгирии ҷомеаи муттаҳиди шаҳрвандӣ, суботу тартибот дар Русия» дарҷ гардида, дар гузаштаи начандон дур аз ғояҳои шӯравии ҳамзистӣ бонг мезаданд, имрӯз гирифтори бозиҳои сиёсӣ гаштаанд. Ин нафарон бо изҳоротҳои худ танҳо ба хотири дар қатори аҳзоби парлумонӣ ҷой гирифтан аз номукаммалӣ ва зиддиятҳои қонунгузории муҳоҷират, ки аз сӯи худи онҳо таҳия гардидааст, истифода бурда, низоъҳои байни миллатҳо ва байни халқҳоро асос гузошта, онро вусъат бахшида истодаанд.

Бо таассуфи зиёд барои худ, ба қатори сарварони равияҳои экстремистӣ бо назардошти изҳорот ва ҳаркатҳояшон дар радио ва телевизион метавон раҳбарони ҳизбҳои ҳам коммунистӣ ва ҳам либерал-демократиро шомил кард. Метавон барои ин андешаҳо раъйпурсии умумихалқиеро, ки имрӯзҳо Ҳизби коммунисти ФР доир карда истодааст ва чорабинии мизи гирдеро, ки дар Думаи давлатии ин кишвар аз сӯи ҲЛДР (ЛДПР) оид ба масоили мушкилоти миллати рус роҳандозӣ гардид, асос намуд.

Бо тақозои ҷавоб ба суоли рақами 10-и варақаи раъйпурсии аз сӯи коммунистон доиршаванда «Оё Шумо розиед, ки бар асари афзудани амалҳои даҳшатафканӣ ва авҷи ҷинояткорӣ миёни хориҷиён муҳоҷирати корӣ ба Маскав боздошта шавад» онҳо бо задани зарбаҳои таҳқиромез бар шонаи мардуми гуногунмиллати шӯравӣ ва ворисони онҳо ва дар симои онҳо пайдо намудани душманон, на танҳо болои тамоми дастовардҳо ва арзишҳои даврони шӯравии таърих хати сиёҳ кашида истодаанд, балки бо парвариши эҳсоси бегонаситезӣ ва дар симои шаҳрвандони собиқ СССР (имрӯза муҳоҷирини корӣ) муаррифӣ намудани душман барои рушди зиддият ва миллатгароӣ дар ин кишвар кӯшиш доранд.

Ҳамчунин ширкати Александр Белов ва Дмитрий Демушкин, ҳарду ҳам сарварони созмонҳои аз сӯи додгоҳ миллатгаро дониста, мутаваққифшуда дар сӯҳбати мизи гирди Думаи давлатӣ, ҳамчунин даъвтаи «сиёсатмадорони кӯчагӣ» ва иғвогарону балвогарони инқилобҳои «миллӣ-норинҷӣ (ранга)» далели он аст, ки ҲЛДР (ЛДПР) дар сабқати пешоинтизор барои соҳиб шудани курсиҳо дар парлумони ҷадиди Русия омодааст ҳатто тухми нифоқу низои миллатбадбиниро кишт карда, авзоъро дар Русия ба ташаннуҷ бикашад.

Саркардагони Райъпурсии умумихалқӣ – коммунистон, ки имрӯз шиори «Меҳнаткашони тамоми дунё муттаҳид шавед!»-ро ба шиори «Русия, меҳнат, мардумсолорӣ ва сотсиализм!» иваз намудаанд, оё хуб дарк кардаанд, ки бо муҷрим донистани муҳоҷирини корӣ дар даҳшатафканӣ дар Русия онҳо на ин ки ҳақиқатро мепӯшонанд (зеро Кафқози шимолӣ – қисмати ҷудонопазири Русия аст), балки вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ноором мекунанд? Фаромӯш набояд кард, ки ин кишварҳо на фақат бозори аслии нерӯи корӣ барои Русия мебошанд, балки дар ҳудуди манофеи геополитикии он қарор доранд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 800 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Дар миёни онҳо дар қатори тоҷикон узбакҳо, қирғизҳо, яҳудиҳо, русҳо, тоторҳо ва дигарон буданд. Имрӯз бо «бегона»-ву «хориҷӣ» номидани шаҳрвандони СССР ва фарзандони онҳо Русия ба ҳамчунин муносибат нисбат ба шаҳрвандонашон дар хориҷи кишвар рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Гузашта аз ин, бо изҳоротҳо ва амалҳои низоъбарангези худ нерӯҳои сиёсии мазкур ба масъулияти фаъолияти шаҳрвандии ба қавле «бегонагон», ки табаъияти Русияро дарёфт кардаанд ва ё дарёфт карданианд, латма ворид карда, онҳоро барои ширкат накардан дар маъракаҳои сиёсӣ, ба мисли интихоботҳо таҳрик медиҳад.

Феълан Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирини кории тоҷик» дар садади қабули қароре истодааст. Дар ин давраи ҳассосу тақдирсоз, дар пешорӯи интихоботҳои парлумониву президентӣ мо, муҳофизини ҳуқуқ, озодӣ ва номуси муҳоҷирини корӣ, муайян хоҳем кард, ки бо кӣ бошем ва аз кадом қувваи сиёсӣ пуштибонӣ намоем? Мо бояд бидонем, ки кадом қувваи сиёсӣ дар кори ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатиамон аз мо пуштибонӣ мекунад? Феълан аз сӯи аъзои Ҳаракат масъалаи шомил шудан ба сафи «Ҷабҳаи халқӣ» дар мавриди баррасӣ қарор дорад. Барои ин кор Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳаракат гирифтани ризоияти ҳар як узви худро хоҳад пурсид».

Абӯбакри ФАЙЗАЛӢ

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.526 seconds.