Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.01.2017
 

КӢ АЗ ТОҶИКҲОИ БЕГУНОҲ ДАР РУСИЯ “ТЕРРОРИСТ” МЕСОЗАД?

1-2-2017-11-18-03-AM-1437890

Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷики Русия аз озод шудани се муҳоҷири тоҷики дар Маскав беасос ба терроризм айбдоршуда хабар дод. Ин муҳоҷирон мегӯянд, ки аз онҳо махсус мехостанд “террорист” бисозанд ва тоҷикҳоро бадном кунанд.

Шабакаи телевизионии НТВ-и Русия рӯзи 28 декабр хабар дод, ки пулиси пойтахти Русия рӯзи 27 декабр дар як минтақаи саноатӣ дар ҷануби Маскав як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷикро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” дастгир кардааст. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки пулис аз ҷои зисти ин муҳоҷирон силоҳу адабиёти мазҳабӣ ва ҳатто парчами сиёҳи “Давлати исломӣ”-ро кашф ва мусодира кардааст.

Аммо се рӯз баъди ин боздошт се тан аз ин муҳоҷирон дар сӯҳбати видеоӣ бо Каромат Шарипов, раиси Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷики Русия зоҳир шуданд.

Каромат Шарипов гуфт, ба зидди инҳо иттиҳоми сангини терроризм эълон шуда буд ва касе, аз ҷумла худи ӯ, ҷуръати дахолат ба чунин қазияро надорад. Вале омӯзиши қазия, ба гуфтаи раҳбари Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷик, нишон дод, ки тамоми ин хабари боздошти террористҳо намоишномае беш нест ва пулис ин бечораҳоро бе ягон асос ва шояд барои боло бурдани нишондиҳандаҳои кораш боздошт ва ба онҳо тамғаи террорист задааст.

Убайдулло Ҳалимов, ки рӯзи 27 декабр ҳамроҳи бародару як ҳамсояаш дастгир шуда буд, дар ин навор гуфт, ки онҳо қурбонии як бозии хеле пур аз найранги аз пеш барномарезӣ шудаанд: “Моро дар бозори мардикорон як марди рус киро кард. Бори аввал рӯзи 21 декабр буд. Гуфт, ки 5 тонна оҳанро бояд фароред. Моро рӯзи 22 декабр аз назди метрои ВДНХ гирифт, вале дар роҳ ба куҷое занг заду гуфт, ки кор нашуд. 2700 рубл ба дастамон доду мо баргаштем.”

Бори дувум ҳамон корфармо ба Убайдуллоҳу шариконаш ба рӯзи 27 декабр қарор гузошт. Боз ҳам онҳоро аз ҳамон метрои ВДНХ гирифт ва якуним соат гирд-гирди Маскав тоб дода, ба як минтақаи саноатӣ ( промзона) дар ҷануби Маскав овард.

Убайдуллоҳ мегӯяд, вақте аз мошин пойин мешуданд, корфармо ба онҳо гуфтааст, ки ҳамроҳ бо либосҳои кориатон сумкаи асбобу анҷоми кории маро ҳам бигиред: “Вақте чизҳоро гирифтем ба роҳ даромадем, дидем, ки ягон 30-40 метр дуртар аз мо як автобус истодааст. Якбора 15-20 нафар афсарони пулис бо камераҳо аз он автобус берун шуданд ва моро дастгир карданд. Моро ба як ошхона пеши чанд бачаи дигари боздоштшуда оварданд. Мо ҳайрон будем, ки чӣ гап бошад? Пурсидем, гуфтанд, ки гӯё кадом террористеро дастгир кардаанд. Мо ҳатто хабар надоштем, ки ин “террорист” худи моем.”

Баъди якуним соат пулис ба тафтиши сумкаҳои ин се муҳоҷир сар кард ва ба гуфтаи Убайдуллоҳ, “вақте бародарам сумкаи он корфарморо кушод, аз дарунаш як китобу симкарта ва як визитка баромад. Як латтае буд, онро кушоданд, ки аз дарунаш 20 тири автомат афтод. Мо даррав гуфтем, ки ин сумкаи мо нест, аз он мардест, ки моро барпои фаровардани оҳан киро карда буд.”

Аммо ба гуфтаи ин муҳоҷирон, пулис бо он корфармо зоҳиран забон як карда буд, чунки бо вуҷуди исрори онҳо ба он корфармо ҳатто занг назаданд, ки куҷост.

Каромат Шарипов хитоб ба муҳоҷирони озодшуда гуфт, аз 7800 тоҷике ки дар зиндонҳои Русия адои ҳукм мекунанд, “ба камиаш 60 дарсади онҳо бегуноҳ нишастаанд. Шумо ҳам мисли онҳо метавонистед зиндонӣ шавед. Мисли шумо дар Нижний Новгород тамоми аъзои як хонаводаро боздошт кардаанд. Ба манзили онҳо як граната партофтаанд, он ҳам гранатаи ҷангӣ не, балки як гранатаи таълимӣ. Бо ҳамин роҳҳо мардуми моро бадном мекунанд. Ман қатъиян зидди онам, ки тоҷикҳоро террорист биноманд. Мардуми мо террорист нест, мардуми тоҷик ҳатто мӯрчаро озор дода наметавонад, магар силоҳ мегираду даст ба терроризм мезанад?”

Танҳо дар моҳҳои ноябру декабр ин алакай шашумин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ҳамкорӣ бо созмон дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон мамнӯи “Давлати исломӣ” буд. Ва нахустин мавриде ки тоҷикҳои боздоштшуда тавонистанд бегуноҳии худро исбот кунанд ва ба озодӣ бирасанд.

Убайдулло Ҳалимову бародар ва ҳамсояи ӯро рӯзи 29 декабр, баъди 48 соати боздошт раҳо кардаанд. Албатта, касе барои инки ин се муҳоҷири бечораро ба тамоми ҷаҳон “террорист” эълон кард, аз онҳо маъзарат напурсидааст.

Похожие записи:

    Не найдено.

2 Комментариев to “КӢ АЗ ТОҶИКҲОИ БЕГУНОҲ ДАР РУСИЯ “ТЕРРОРИСТ” МЕСОЗАД?”

  1. Мурод Сказал(а):

    Саломалейкум инхоро бригадирои бозори ТЦ Москва поставит карданд ба хама аник аст. Хар мохе бригадирон бояд чанд нафар ба пулис би фурушанд . Ин хама кор аз дасти Хочи Самад ва охрани худ Рома (Рахим) . Ку марди точике ки ба онхо гап занад .

  2. Хусейн Сказал(а):

    Салом бародарон! то кай ин бригадиро чавонони мора гам метиян . Кай аз Джоновхо ва аз хочи Самад аз дасти ин бадбахтхо халос мешавем .

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.487 seconds.